Офарин Фаррух Ҳасан, сад офарин!
Рўзи 24-уми ноябри соли равон тавассути барномаи телевизиони Маскав сабқати овозхонони ҷавонро намоиш доданд. Унвони барнома «Биёед, ҳама якҷо бошем!» буда, онро овозхони номдори Русия Сергей Лазерев ташкил намудааст. Ҳунарпешагони хеле машҳури Русия Жасмин, Филипп Киркоров, Николай Басков дар ҳайати доварони ин сабқат буданд.
Хабари ниҳоят фараҳбахш он аст, ки овозхони ҷавон ва хеле моҳири тоҷик, сокини шаҳри Душанбе Фаррух Ҳасанов дар ин сабқат ғолибияти комил ба даст оварда, соҳиби 6 миллион рубл гардид. Дар Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии ТоҶикистони азиз ин воқеа моро ниҳоят шоду масрур намуд.
Ҳунарпешагони халқии Федератсияи Русия Филипп Киркоров ва Николай Басков ба маҳорати овозхони ҳамдиёри мо баҳои баланд доданд.
– Фаррух ба дараҷаи ҳунарпешаи маслакӣ расидааст, — гуфт Филипп Киркоров.
Дар ин зимн овозхони сарбаланди тоҷик Фаррух Ҳасанов чунин иброз дошт:
– Ман ба Маскав барои амалӣ гардидани орзуҳои худ омадаам. Ва исбот кардан мехоҳам, ки ҷавонони тоҷик на танҳо дар сохтмон, балки дар санъат ҳам пирўзӣ ба даст меоваранд ва соҳиби ҷойи аввалин мешаванд. Ин туҳфаи ман дар Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистони ба ҷон баробарам мебошад!
Бахтиёр Муртазо