Назари устод Рӯдакӣ ба маърифати шоирона
Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ
Барои касе имрӯз пӯшида нест, ки вожаи шеър бо шуур реша дар як мафҳум доранд. Шеър ҳам гунае ё бахше аз шуур аст. Аммо маърифати шеърӣ тамомтар ва комилтар аз дигар навъҳои маърифат дониста шудааст. Аз он ҷо, ки маърифати шеърӣ ба ҷуз истидлоли ақлӣ ба унсурҳои тахайюл ва тасаввур ва фарз ороста шуда, бар асоси қиёс ва тамсил ҳақиқати мавриди назарро аз умқи жарфтари шуъур нигариста ва комилтару тамомтар муҷассам месозад. Ин нукта дар як қитъаи устод Рӯдакӣ ба таври барҷаста баён шудааст. Манзур ин қитъаи машҳур мебошад, ки он тарҷумаи шоири арабизабони нимаи дуюми асри Х Абулҳасан Аҳмад ибни Муаммил (баъзе манбаъҳо – Муъмин) буда, онро Саид Нафисӣ ба забони порсӣ тарҷума кардааст.
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Матни арабӣ:
Тасаввар аддунё биъайни-л-ҳаҷҷӣ,
Ло биаллатӣ анта биҳо танзар.
Аддаҳру баҳрун, фатаххаз заврақан
Мин амали-л-хайри, биҳи таъбар.
Зимнан, саргузашти ин шеъри ноби устод Рӯдакӣ гувоҳи равшани ин ҳақиқат аст, ки ашъори ҳикматомӯзи Одамушшуаро натанҳо дар Аҷам, балки дар ҷаҳони Араб ҳам шуҳрату эътибори комил доштааст.
Нуктаи басо нодиру ҷолиб ин аст, ки дар аввали қитъа имтиёз ба “чашми хирад”, дар кулл – хирад дода мешавад ва дар идома натиҷаи дидан ба чашми хирад ва ҳосили амали хирадварзона тавре шарҳу баст меёбад, ки он дар айни замон сирфан диди шоирона, пардохти шоирона, нигоҳи шоирона аст. Ба таъбири дигар, ин сухани устод Рӯдакӣ, бо таваҷҷуҳ ба шарҳи баъдии ҳунарии он дар худи матни шеър, комилан баробари он аст, ки гуфта шавад: “Ин ҷаҳонро нигар ба чашми шеър”.
Яъне дунёро ба ташбеҳ дидан – дарё тасаввур кардан ва киштие ба маҷозу тамсил пардохтан, ки он накукорист ва ба ин ташбеҳу тамсилу маҷоз аз ин дарёи маҷозӣ гузари маҷозӣ (умр ба сар бурдан) кардан ҳамагӣ шеър ва ороста ба аносири шеърист. Ва ин ҳамаро Рӯдакӣ диди хирад мешуморад. Ва ин диди зоҳирӣ ва одии чашм, яъне диди сирф ҳиссии моддиро бинише, ки хирад дар он саҳм надорад. Ин “чашми хирад” ҳамон аст, ки дар қитъаи дигар устод Рӯдакӣ аз он ба унвони “чашми дил” ёд кардааст:
Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми сари ту набинад ниҳон.
Бад-ин ошкорат бубин ошкор,
Ниҳони-тро бар ниҳонӣ гумор.
Носири Хусрави Қубодиёнӣ низ зоҳиран мутаассир аз ин қитъаи устод Рӯдакӣ ба ҳамин мавзуъ рӯй оварда, он нуктаро ба навбати худ “чашми ниҳон” меномад:
Ба чашми ниҳон бин ниҳони ҷаҳонро,
Ки чашми аёнбин набинад ниҳонро.
Ниҳон дар ҷаҳон чист? Озода мардум,
Бубинӣ ниҳонро, набинӣ аёнро.
Ҷаҳонро ба оҳан нашояд-ш бастан,
Ба занҷири ҳикмат бибанд ин ҷаҳонро.
Ва дар идомаи ин қасида Носири Хусрав низ барои ошкор кардани ҳақиқатҳои нуҳуфтаи ҷаҳон ба забони шоирона – маҷозу ташбеҳу тамсил мепардозад, то назокатҳои маънавиро ба тамому камол таҷассум созад. Ба иборати дигар, он “чашми ниҳонбин”-и Носири Хусрав низ батамом ба “диди шоирона” айният меёбад.
Биноан, ба таври хулоса метавон гуфт, ки асли даъвати ин шоирони бузург қабл аз ҳама маърифати комили ҳастӣ мебошад ва василаи ин маърифати амиқу комил диди ғайриодӣ, диди шуурӣ ва шеърӣ ва маънавию моҳиятӣ на сирф шайъиву зоҳирӣ шумурда мешавад.
Маънои дигаре, ки дар хилоли ин сатрҳои шоирона ҳаст, ин аст, ки чунин диди шоиронаи хирадбунён беш аз ҳар воситаи дигар бояд, ки моро ба моҳияти аслии падидаҳо ва ашёи мавриди тасвир наздиктар бикунад, на ин ки баръакс танҳо ба хотири ҳунарпардозии маҳз аз моҳияти онҳо дур созад.
Шоир Хоҷа чунин назар баён кардааст, ки ин қитъаи ба забони арабӣ тарҷумашуда бемуносибат ба порае аз достони “Калила ва Димна”-и устод Рӯдакӣ нест, ки дар шумори байтҳои бозмонда аз ӯ ҷой дорад:
Киштие бар обу киштибон-ш бод,
Рафтан андар водие яксонниҳод.
На хала бояд-шу на ангехтан,
Не зи киштӣ биму на з-овехтан.
Наздик ба ин мазмунро дар ашъори шоирони ҳаким ва хирадпарвари адабиёти форсу тоҷик зиёд метавон пайдо кард. Хусусан, ҳаким Фирдавсӣ:
Чу дидор ёбӣ ба шохи сухун,
Бидонӣ, ки дониш наёяд ба бун.
Аммо ҳамин қитъаи Рӯдакӣ беш аз ҳар мавриди дигар ин нуктаро, ки мурод аз шеър қабл аз ҳар чизе маърифат ва он ҳам маърифати моҳиятомӯз аст, барҷаставу дурахшон хулоса менамояд.
Рустам Ваҳҳобзода