Музокираҳо ва андешаҳо

 Музокираҳо ва андешаҳо

Абдураҳмони АБДУМАННОН:

Маърузае, ки аз Рустам Ваҳҳобзода шунидем, хеле фарогир буд ва қариб ба тамоми ҷанбаҳо ва махсусиятҳои нақди адабии кунунӣ равшанӣ андохт. Ҳамчунин мақолае, ки дирӯз аз Бадриддин Мақсудзода вобаста ба баррасии маводи нақд дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» дар соли 2021 нашр шуд, бурду бохти ин соҳаро хеле ҳирфаӣ ва одилона ошкор кард. Дар заминаи мушоҳидаҳо ва андак таҷрибае, ки дар соҳаи нақди адабӣ дорам, мехоҳам оид ба вазъ ва тамоюлоти асосии ин соҳа чанд мулоҳизаамро бигӯям.

Аввалан, ба ақидаи нафароне, ки дар мақола, гузориш ва мусоҳибаҳояшон гоҳе аз набудани нақди воқеӣ дар ҳаёти адабии мо сухан мегӯянд, мувофиқ нестам. Сатҳу сифати нақд ба сатҳу сифати адабиёт ва ҳаёти ҷомеа мутаносиб аст.

Тамоюлоти асосии нақди адабии кунунӣ, ба назари мо, инҳоянд: а) нақди тафсирӣ, ки бо шарҳу эзоҳи мазмуни асар ва ҳадафи муаллиф маҳдуд аст. Дар бисёр мавридҳо чунин шарҳу эзоҳҳо нолозим ва содалавҳонаанд, биноан арзиши кироӣ надоранд; б) нақди тавсифӣ, ки аз сифатчинӣ нисбат ба асар ва муаллифи он фароҳам меояд ва орӣ аз арзиши адабиву илмист; в) нақди маърифатӣ, ки бурду бохти ҳам мундариҷавӣ ва ҳам бадеии асарро баррасӣ мекунад. Беҳтарин намунааш мақолаи (тақризи) Шиблии Нуъмонӣ дар ҷилди 4-уми «Шеър- ул-аҷам» дар бораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст.

Зарур медонем, ки дар мавриди тақриз ва китобиёт як мизи гирди махсус дар маҷлиси якҷояи «Садои Шарқ» ва «Адабиёт ва санъат» баргузор гардад.

Абдулҳамид САМАД:

Мавзуи маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагон «Вазъи нақди адабӣ дар даҳ соли охир» басо муҳим буд. Гузориши густардаи ироанамудаи муҳаққиқи тавоно Рустам Ваҳҳобзода перомуни ин мавзуъ бурду бохти нақди адабиро дар ин муддат басо мушаххас равшан сохт. Ба назари банда гуфтани ҳақиқат перомуни арзиши асари бадеӣ осон ҳам нест. Ковишу пажуҳиши зиёд ва ҳукму хулосаи қотеъ мебояд, то ки муаллиф ва хонанда бипазирад. Аз ҷониби дигар шунидану қабул кардани ҳақиқати талх низ душвор мебошад. Тамкину иродаи маҳками тан додан ба эроду танқиди сахти мунаққидро на ҳар адиб дорост. Барои таҳаммул ва ҳазми танқид дар радифи истеъдод фазилату тамкини дигар мебояд. Вагарна муаллиф эҳсосотӣ, худхоҳ ва зудранҷ бошад, ба фармуди Унсурулмаолии Кайковус «Сухани ҳақ дар гӯши ҷоҳил чун тири сӯзон мерасад» ва моҷаро меангезад. Дар ҳар сурат пешаи аҳли нақд масъулияти бузург дорад; бештар дил меозорад, гоҳе диле низ шод мекунад. Ин сарнавишти азалии аҳли нақди асил будаасту мебошад.

Зимнан дар сарчашмаҳои муътабар, аз ҷумла Қуръони карим таъкид шудааст: «Ҳар гоҳ сухан гӯед, одилона гӯед, ҳарчанд ба зиёни хешовандон бошад». (Сураи «Анъом», ояти 152). Ва ё «Сухани пок чун дарахти пок аст». (Сураи «Иброҳим», ояти 24). Ибни Сино низ дар «Қонун…» таъкиде дорад: «Чун инсофро ҳакимон поймол бикунанд, бовари раият мекоҳад».

Ибрози ҳақиқат дар ҳама ҳолат муқаддас аст.

Баъзан ноқидони ошнобоз ва «хайрхоҳ» бо ситоишҳои бебаркаши назарфиреб: «нависанда ё шоири беҳтарину нотакрор» бисёр истеъдодҳоро таърифзада ва гумроҳ месозанд, ба нарму ҳамвор пеш рафтани эҷодиёт ва ташаккули шахсияти адабии онҳо халал мерасонанд. Хизмати хирсона. Аз лой ҳалво сохтан дар адабиёт ба суди адиб нест. Ба назарам хуб мешуд, ки муҳаққиқ на бо таоруфҳои обшустаи умумӣ, балки нарму мунсифона афзалияти осор, тозакориву бозёфтҳои адиби «беҳтарин ё бузургу нотакрор»-ро ба хонанда кашф намояд. Дар акси ҳол пас аз сипарӣ шудани чанд сол ситоиши бепоя фош мегардад. Дар ин маврид таъкиди Э. Хеменгуэй ба гӯш мерасад: «Адабиёт муросоро намепарварад».

Дар ҳар сурат сире ниҳон аст: ҳар эҷодгар, хоҳ пир бошад, хоҳ ҷавон, ҳамеша дар андешаи офаридани осори муъҷизавист, муъҷиза аз иншои осори хурду бузурги хеш, муъҷиза аз истиқболи гарми хонанда ва муҳити адабӣ, муъҷиза аз таърифи аҳли нақд. Бешак, мунаққиди соҳибтаҷриба ё ҷавон низ ҳангоми навиштани мақолаи тунду дандондор ё пуравсоф дар дилу сар дорад.

Ҳадафи хуб. Бошад, ки ин ният боҳунарона, бо бинишу хулосаҳои солим аз рӯйи инсоф амалӣ шаваду ба равнақи эҷодиёти бадеӣ, баланд шудани сатҳу сифати адабиётамон мусоидат бикунад. Умед аст, ки мавзуи мавриди баҳс ва андешаҳои холисонаи ҳамқаламон ба роҳу равиши эҷоди асарҳои хонданбобу пурмағз таконе мебахшад.

ОЗАР:

Ташаккур мегӯем ба устод Рустам Ваҳҳобзода барои маърузаи пурмуҳтаво. Дар маъруза бисёр масъалаҳои муҳимми нақди имрӯз баррасӣ ва таҳқиқ гардиданд, ки холӣ аз манфиат нестанд.

Аслан, нақд кардан кори саҳлу сода нест, зеро маънои луғавии он ҷудо кардани саҳеҳ аз носаҳеҳ ва холис аз нохолис аст. Ба баёни дигар ноқид набояд танҳо ба нишон додани паҳлуҳои хуби як навишта иктифо кунад, балки аз баёни заъф ва сустиҳои он низ парҳез нафармояд. Аммо ин кор бисёр душвор аст ва метавонад аз ҷониби баъзе афрод ба қавле “душманона” ва “муғризона” пазируфта гардад. Агар чунин кор иттифоқ афтод, вокунишҳое, ки ба миён меоянд, ҳам ба руҳияи ноқид ва ҳам ба рӯҳияи муаллифи матн метавонанд осеб расонанд. Аз ин лиҳоз, бисёр муҳим аст, ки мунтақид ба равиши эътидол содиқ бимонад, на ба ифрот даст занад ва на ба тафрит, бахусус аз нақди ба истилоҳ “мухарраб” канорагир бошад. Ба қавли Бедил:

Назар ҳамчунон дар баҳори зуҳур,

Ба ифрот аҳвал, ба тафрит кӯр.

Ба ҳар ҷо зи нуқсон биёбӣ нишон,

Асарҳои беэътидолист он.

Аммо ин гуфтаҳо маънои онро надоранд, ки соҳиби нақд ба нуқсони асар ишора накунад, зеро нишон додани навоқиси як навишта метавонад хеле муҳим бошад ва муаллифи асарро ба- рои шинохти заъфи осораш раҳнамоӣ кунад.

Ба фикри донишмандони соҳа беҳтарин равиш дар кори нақд кор гирифтан аз нақди пешниҳодӣ мебошад. Ба ин маъно, ки ноқид ҳангоме ки заъфи байтеро мехоҳад нишон диҳад, гузинаи ислоҳи онро ҳам бояд пешкаш намояд. Масалан, нишон диҳад, ки шоир дар фалон байт калимаи мавриди эрод қарор ёфтаро бо фалон калима иваз намояд, ишколи вазн аз миён меравад, ё агар аз фалон калима истифода шавад, маъно равшантару хубтар ифода мегардад. Вале барои анҷоми чунин кор мунаққид бояд завқи хуби шоирӣ ҳам дошта бошад, то ислоҳаш писанди умум биояд. Дар тазкираи “Калимот-уш-шуаро” Муҳаммад Афзали Сархуш вақте дар бораи Рафеъ ном шоир маълумот медиҳад, мегӯяд, ки ин байташ бисёр машҳур аст:

Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,

В-ар ба нохуш гузарад, ним нафас бисёр аст.

Дар идома Сархуш менависад, ки калимаи “ба нохуш” саҳеҳ нест. Бояд “ба нохушӣ” ва ё “нохуш” гуфт. Ҳазрати Мирзо чунин ислоҳ фармуданд:

Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,

В-ар ба талхӣ гузарад, ним нафас бисёр аст.

Аммо Сархуш ҳамчун як суханшиноси хуб мунсифона қайд мекунад, ки байт аз ҷиҳати лафз дуруст шуд, аммо ширинии он аз байн рафт.

Аз нигоҳи ман ҳамаи ноқидон ва суханшиносони ҷавон бояд тазкираҳои қадимии моро зери даст дошта бошанд, зеро онҳо ба ҷуз он, ки маълумоти бисёр муфиде доранд, ҳамчунин мактаби бузурги суханшиносӣ низ ба шумор мераванд.

Чизи аҷибе, ки имрӯзҳо дар олами шеъри тоҷик дида мешавад, ба коргирии ибораҳои аҷибу ғариб мебошад. Ин чизҳо бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мегардад. Мо мехоҳем-намехоҳем, имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойро барои ҳама гуна нашрияҳо танг намудаанд ва ҳар кас, ки ниёзманди дарёфти шеъри мувофиқе бошад, аввал ба ҳамин ҷо сар мезанад.

Мураттибони маҷмуаи “Шеъристон” ки як маҷмуаи шеърҳои аз интернет гулчиншуда мебошад, дуруст қайд мекунанд, ки муддати ҳазор сол завқи ҳоким аз ҷониби дарбор муайян мешуд, зеро дарбори подшоҳон макони парвариш ва рушди истеъдоди шоирон ба шумор мерафт. Асри интернет бошад ин низомро барҳам зад ва акнун дар олами маҷозӣ завқи омма дар ҳукм кардан бартарӣ дорад. Ба қавли дигар:

Гуфтем, ки мардум бибарем аз пайи худ,

Афсӯс, ки худ аз пайи мардум рафтем.

Яке аз ҳамин гуна ибораҳои аҷибу ғариб “ишқи лаънатӣ” мебошад, ки шояд аз адабиёти ҳамзабонон ба мо гузашта бошад. Шоири ҷавон бояд донад, ки адабиёти мо давоми садсолаҳо дар атрофи вожаи “ишқ” мечархид ва ишқ ҳамеша дар нигоҳи шоирон муҳтарам будааст. Мо намегӯем, ки шоир ин ибораро ба кор набарад, аммо чун ба кор мебарад, бояд онро бо мантиқи қавие пойбанд гардонад, то хонандаро ба лаънатӣ будани он мутақоид гардонида тавонад.

Дар анҷом арз медорем, ки рисолати мунаққид аз навиштани нақд, пеш аз ҳама, роҳнамоии шоир ва нависанда ба роҳи дуруст мебошад. Яъне мунаққид ба ҳайси як устод аст, ки набояд дили шогирдро аз навиштаҳояш сард гардонад, балки тавоноию заъфи истеъдоди адибро дар самтҳои мухталиф муайян намояд ва ӯро бо тавсияҳои солим ба каъбаи мурод равона созад. Амир Хусрав таъкиди барҷое ба ин маъно дорад, ки шоир мисли як чоҳи амиқ аст, як-ду далви аввали оби он ба сабаби сарпӯшида набуданаш шояд хасу хошок дошта бошад, аммо далвҳои минбаъдаи об ҳама поку соф хоҳанд буд.

Камол НАСРУЛЛО:

Борҳо шунидаам, ки мегӯянд нақди адабии имрӯзи мо ҳамаҷониба ва ба пуррагӣ бозгӯи талаботи замон нест. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Аммо мушкили нақди адабиву адабиётшиносии мо ин нест, ки мо олимони соҳибҳунару муваффақ надорем, мо чунин адабиётшиносон, ки тавонанд дар пажуҳиши шеъри муосир саҳми бузург гузоранд, нақди адабии моро ба пояҳои баланду даркорӣ бардоранд, дорем. Барои исботи ин даъвометавон ду-се мақолаи алоҳидаи ин муҳаққиқо- ни муҳтарамро мисол овард. Масалан, чанде пеш мақолаи проффессор Абдунаби Сатторзода, ки таҳти унвони “Аз фарши иҷтимоъ то арши кибриё», дар мавриди шеъри Фарзона, дар маҷаллаи “Адиб” нашр шуд. Ё мақолаҳои ахиран навиштаи Абдураҳмон Абдуманнон низ далели пажуҳиш, таҳлилу тадқиқи ҳамаҷонибаи шеъри муосиранд. Ҳамчунон метавон аз пажуҳишҳои донишманди муваффақи дигарамон Рустам Ваҳҳобзода дар мавзуи шеъри рӯз ёдовар шуд. Кофист рисолаи он касро таҳти унвони “Шеър ва дониш”, ки тайи чандин моҳ дар ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” чоп шуд, мисол орем, ба ҷуз мақолаҳои алоҳида. Ҷойи афсӯс аст, ки устод Аскар Ҳаким, ки яке аз адабиётшиносони муваффақи мо ба ҳисоб меравад, низ бозгашти тозае ба ин майдонро накард. Таассуф дар он ҷост, ки ин мунаққидони муҳтарам, ба сабаби он ки гирифтори корҳо ва иҷрои супоришҳои зиёди дигаре ҳастанд, ками дар кам ба таҳқиқи ҷиддии шеъри муосири мо даст мезананд.

Хусусан ду китоби пажуҳишӣ ва адабиётшиносии Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим таҳти номҳои “Меҳру сеҳри шеър” ва “Аз ҳақиқат, аз маҳорат, аз ҷасорат” низ нақши боризе дар шинохт ва пажуҳиши шеъри муосири тоҷик мегузорад.

Аммо, бо таассуф бояд гуфт, ки адабиёти бадеӣ ва шеъри муосири мо аксар дур аз пажуҳиши адабиётшиносону мунаққидони касбӣ мондааст. Имрӯз як асаре фарогири масъалаҳои шеъри муосир чун “Тилло дар мис”-и Ризо Бароҳанӣ ва ё “Мусиқии шеър”-и Шафеии Кадканӣ, муҳаққиқони барҷастаи эронӣ, надорем. Ман танҳо ду китобро ном бурдам, ҳол он ки теъдоди чунин асарҳо дар адабиёти ҳамзабонони мо бешуморанд.

Мо имрӯз наметавонем гӯем, ки нақди адабӣ ва адабиётшиносии муосири мо по ба пои шеъри муосирамон қадам мезанад. Ё тасвирнок карда гӯем, нақди адабӣ ва адабиётшиносии муосири мо, мутаассифона, он оинае нест, ки дар он ҳама бурду бохту дастовардҳои шеъри муосирамон муҷалло инъикос ёфта бошанд.

Ман гумон мекунам, ки дар шинохту баррасии шеър мунаққид бояд ҳам олим бошаду ҳам шоир, зеро агар худи мунаққид шеърро аз ношеър натавонад сара кунад, чӣ гуна метавонад ба адабиёт баҳогузорӣ намояд. Он замоне, ки мунаққиду адабиётшиносони мо дар пажуҳиши шеър танҳо ба таҳлили мазмуну мундариҷа аҳаммият медоданд, кайҳо гузаштааст. Имрӯз бояд бештар баҳогузорӣ ба сатҳи бадеӣ, ба ҳунар, дастоварду бозёфтҳои шоир сурат гирад. Маъзарат мехоҳам, аммо ба назар чунин мерасад, ки ба баъзе мунаққиду адабиётшиносони мо дарки шоиронаи шеър намерасад, сода карда гӯем, шеърро аз ношеър на ҳамеша тафриқа мегузоранд. Ин мусаллам аст, ки шеъру шоирӣ ҳунар аст ва мунаққид аввалан бояд худ дар байни шеъри асил ва назми муқаррарӣ тафриқа бигузорад.

Солҳои охир нақди адабии мо ба чунон сатҳе фаромадааст, ки бисёре аз мақолаҳои танқидиро мехонед, саропо аз айбҷӯӣву камбудкобӣ иборатанд. Як гурӯҳ гумон кардаанд, ки вазифаву рисолати танқиди адабӣ танҳо аз ҳамин ошкор сохтани камбудҳо иборат асту бас. Таҳлил нест, баррасӣ, андешаронӣ, ворид шудан ба умқи навиштаҳо, нишон додани дастоварду ҳунарро намебинем. Саволе ба миён меояд, ки агар асари адабӣ ягон дастоварди ҳунарӣ ва ҳадафи баланд надошта бошаду фақат аз камбудиҳо иборат бошад, оё арзише дорад, ки дар бораи он нависанд?

Агар даст ба рӯи сина гузошта, иқрор шавему рости гапро гӯем, мо нақди адабии комилан касбиву сатҳи баланду сазовори рӯз надорем, ба истиснои баъзе мақолаву баъзе пажуҳишҳо. Иллаташ чист? Иллаташ ин аст, ки мунаққидону адабиётшиносони мо, онҳое, ки метавонанд нақди адабии моро ба майдони асли худ бароранд, дастгирӣ ва ҳавасмандӣ надоранд. Ман аминам, ки агар мо Абдураҳмон Абдуманнон, Абдунабӣ Сатторзода ва ё донишманди дигари дарки шеъру сухандоштаро аз ҳама корҳои дигар озод мекардему шароит муҳайё месохтему маблағгузории сазовор мекардем ва вазифадор мекардем, ки дар ду-се сол пажуҳиши арзандае дар бораи шеъри муосири тоҷик, ҳунар, бурду бохт, дастовардои арзандаи он,масалан шабеҳи “Тилло дар мис”-и Ризо Бароҳанӣ ва ё “Мусиқии шеър”-и Шафеии Кадканӣ бинависанд, ман аминам, то ҷое шеъри муосири мо пажуҳиш меёфт ва ин кор аз дасти мунақидони мо меомад.

Кас мехоҳад, ки имрӯз дар муҳити адабии мо мунаққидоне мисли Андрей Сидоров, Александр Михайлов ва ё пажуҳишгарони зиёди ҳамзабононамон дошта бошем, то баҳогузорӣ ва раҳнамоии асил ба шеъри рӯзи мо дошта бошанд, чунонки дар солҳои 60-у 70-у 80-и даврони шуравӣ буд. Ва нақди адабӣ соҳиби майдон буду раҳнамои адабиёт.

Сабаби ба навиштани мақолаҳои пажуҳишӣ рӯ овардани банда ҳам тасодуфӣ набуд. Боре мо ҳамроҳи Раҳмат Назрӣ нишастему дар ҳамин мавзуъ — пажуҳиши ҳамаҷониба надоштани адабиёти муосир, хусусан назми муосир сухан кардем. Гуфтем, ки, охир, шоирони хуб дорем, дастовардҳо дорем, аммо чаро даҳсолаҳо гузашта истодаанду ягон пажуҳиши арзандае надоранд. Шеъри муосири мо баъд аз устодон Муъмин Қаноату Лоиқу Бозор имрӯз тозагиҳову дастовардҳои худро дорад, аммо чаро ҳеҷ кас инҳоро намебинаду намегӯяд. Ҳатто мунаққидону адабиётшиносони номвари мо, вақте дар мавриди шеъри муосир сухан мекунанд, бо номҳои Гулназар Гулрухсор ва дигарон иктифо мекунанду ин кор солҳо идома дорад. Киҳоянд он дигарон, ягон дастовард доранд, надоранд? Оё ягон шоири сазовор ва шоистаи ном бурдан дигар нест?

Он вақт мо аҳд кардем, ки бояд худамон ба навиштани мақолаҳо ва ҳатталимкон нишон додани дастовардҳои шеъри муосир машғул шавем. Банда ин корро мувофиқи ҳамон аҳд шуруъ кардам, ҳарчанд дӯсти ман Раҳмат Назрӣ накард. Аммо ман то имрӯз идома медиҳам. Борҳо гуфтам, ки ҳадафи ман нимта кардани нони набудагии мунақиддон нест ва даъвои адабиётшиносӣ ҳам надорам. Аз навиштаҳои банда баъзеҳо ҳатто бар он ақида омаданд, ки шоир бурду бохти шоирро беҳтар мефаҳмаду дастовардҳояшо хубтар дарк мекунад ва аз ин ҷиҳат хонандаи ин мақолаҳо дар бораи бурду бохти ин ё он шоир, дастовардҳои шеъраш таассурот ва тасаввуроти хубтару комилтар ҳосил мекунад. Аммо ман худ эҳсос мекунам, ки ин амали ман, яъне навиштани мақолаҳои таҳлиливу пажуҳишӣ дар бораи шоирони муосир на ба ҳама мунаққидони мо форид. Аммо дареғ! Ман, ки ин коррро холисона кардам ва даъвои гирифтани ҷойи ягон мунаққи- дро надорам (хандаовар). Барои ман ҷойи худам бас. Охир, мунаққидони азиз, шумо сар кунед навиштанро, ман бас мекунам. Ҳисоб кунам, дар ду се соли охир банда дар бораи 38 шоири муосир мақола навиштаам, ба ҷуз он ки китобе дар пажуҳиши шеъри устод Лоиқ бо номи “Шаҳписари Хайём” ва рисолаи кӯчаке дар шинохти шеър ва шоир бо номи “Шеър чист ва шоир кист” навиштаам. Ман даъвои олимӣ надорам, ҳадафи ягонаи ман нишон додани дастовардҳои шеър ва адабиёти муосир буд, то хонанда фаҳмад, ки кӯлабори шоирони мо аз дастовезҳои шоиста тиҳӣ нест.

Гумон мекунам, вақти он расидааст, ки ба шеър ҳамчун ба ҳунар нигоҳ кунем. Бидуни шубҳа, бе ҳадафҳои баланд, бе мазмуну муҳтаво ва андешаҳои арзишманд, адабиёт ва асари бадеӣ қимате нахоҳанд дошт, аммо бе ҳунар бе санъат, бе бадеият ва ба ин васила бе дастовардҳои тоза асари бадеӣ наметавонад дар ҷаҳони муосир баҳое дошта бошад. Агар мо сухани тозаву нав нагӯем, агар мо дар пайи инъикоси шоиронаи зиндагии имрӯз, розу ниёзу дарду мушкили ҳамзамонон, ҳадафҳои волои миллии халқи худ набошем, чӣ суд аз навиштаҳои мо!?

Лаълҷубаи МИРЗОҲАСАН:

Дар илми адабиётшиносӣ нақди адабӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳим маҳсуб мешавад, ки баҳри рушди устувор ва бенуқсони самтҳои гуногуни адабиёт (назму наср, драматургия) кумак мекунад.

Мунаққид, шахсияти эҷодкор ва осори эҷодгар се самти меҳварие мебошанд, ки нақди адабӣ аз сӯи мунаққид ба ҷониби осори адиб ё драматург равона мегардад, ё ин ки маҳсули эҷоди адибу драматург мавриди нақди адабии мунаққид қарор хоҳад гирифт.

Муҳимтарин мақсади нақди адабӣ ва мунаққид равшану мушаххас нишон додани бурду бохти асари эҷодкунанда буда, аз як тараф, барои минбаъд гирифтани пеши роҳи иштибоҳоти забонӣ, маъноӣ ва чеҳраофаринӣ кумак менамояд, аз ҷониби дигар, баҳри ошкор сохтани бурду муваффақият ва бозёфтҳои шахси эҷодкунанда дар эҷоди асари мавриди назар сабаб мегардад.

Ин амали мунаққид ба тавассути нақди адабӣ аввалан барои худи муаллифи асар нишондоди хубе хоҳад шуд ва сониян, раҳнамое баҳри эҷодкунандагони ҷавону навкор ва умуман, мактаби адабӣ дастури хубе мешавад.

Нақди адабӣ як самти илм мебошад ва бояд ҳамеша боадолатона, мунсифона аз тарафи мунаққид сурат гирад ва ҳеҷ гуна амали муғризона дар ин амал ҷой надошта бошад.

Чи тавре ки мегӯянд, мунаққид бояд аз муаллифи асар аз нигоҳи фарогир будани дониш дар самтҳои мухталиф хеле пешрафта бошад, то сухани интиқодӣ ва ё тавсифии ӯ перомуни асари муаллиф бо далелҳои муътамаду амиқ тасдиқи худро пайдо кунанд.

Дар адабиёти классикии тоҷик нақди адабӣ собиқаи тӯлонӣ дошта, шоирон ва устодони адаб дар мактабҳои адабӣ, маҳфилҳо, ба воситаи номаҳо ва шарҳномаҳо ашъори шуарои асрҳои гуногун ва ҳамдигарро шарҳу тафсир намуда, ҳусну қубҳи осорро бо далелҳо нишон медоданд, ки, хушбахтона, аксари ин осори нақди адабӣ имрӯз дастрас мебошад.

Дар адабиёти муосири тоҷик ин анъана аз ҷониби донишмандони варзида идома ёфта, маҳсули ковишҳои илми нақди адабии онон барои аҳли илму адаб пешкаш карда шудаанд.

Дар оғози адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар ривоҷи илми нақди адабии тоҷик саҳми сазовору шоиста гузоштаанд.

Мехоҳем, ки як нигоҳи сабуке кунем ба як эроду нақди устод Садриддин Айнӣ ба адибони ҷавон. Боре устод Айнӣ ба адиби онвақта ҷавон ва баъдҳо нависандаи маъруфи тоҷик Раҳим Ҷалил, ки вожаҳои “подабон” ва “чӯпон”-ро ҳамчун муродиф дар чанд ҷои навиштааш истифода намудааст, эрод гирифта, дар асоси такя намудан ба фаҳмиши мардумӣ ин тавр шарҳ додааст: “Подабон” чаронандаи рама ва подае мебошад, ки саҳар аз мардум онҳоро қабул мекунаду бегоҳӣ ба соҳибонаш бармегардонад, аммо “чӯпон” чаронандаи доимии рама мебошад. Албатта, ин шарҳи устод Садриддин Айнӣ барои тамоми адибони ҷавон то ба имрӯз низ мисли чароғе дар кори эҷод равшанӣ эҳдо менамояд.

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ:

Агар вазъи бисёр ҳам ташвишовари театр ва драматургияи миллиро тағйир доданӣ шавем, бояд аз ду роҳи муҳим кор бигирем: яке маърифат ва масъулияти кормандони театрро боло барем, дигар нақди театрӣ ва ҳамвора драматургияро дубора эҳё намоем. Ҳайати эҷодӣ ва техникии театрро танҳо дар донишкадаи алоҳида ва махсусгардонидашуда метавон тарбият намуд. Вобаста ба масъалаи эҳёи нақд бояд зарурати онро низ сарфи назар насозем. Аз лиҳози назариявӣ, албатта, зарур аст, аммо дар амал мо эҳтиёҷеро ба мунтақидони соҳа намебинем. Тӯли солиёни гузашта кӯшише ҷиҳати тар- бияи чунин мутахассисон нашуд. Дар ин муддат масъалаҳои зиёди эҷодӣ ва ташкилие ҷамъ шудаанд, ки таҳлил, таҳқиқ ва хулосабарориву пешниҳоди мушаххасро баҳри рафъи вазъи баамаломада интизоранд.

Дар тамоми дунё гирди як эҷодкор чандин муҳаққиқ кор мебарад ва эҷоди ӯро аз паҳлуҳои мухталиф мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Дар мо як ё ду нафар дар бораи даҳҳо нафар, он ҳам дар шакли сарсухан ба маҷмуи асарҳои саҳнавии алоҳидаву дастаҷамъона, мақолаҳои таърифӣ дар шакли портретҳои эҷодӣ бахшида ба ҷашни драматургону хулосаи озмуну ҷашнвораҳои ҳунарӣ. Чунонки драматургия шакли алоҳидаи тафаккури бадеӣ аст, нақд низ фаъолияти махсуси илмӣ ва эҷодист. Барои рушди он истеъдодҳои воқеиро дарёфт намудан, онҳоро тарбият додан ва барои фаъолияташон замина фароҳам овардан лозим аст. Мутаассифона, мо нақдро ба пуле миёни муаллифу театр ва саҳнаву тамошогар табдил дода натавонистем. Пас, муҳимтарин мушкилоти драматургия ва театри мо ҳамин набудани нақди солим ва созанда мебошад. Яке аз масъалаҳои дигар ин аст, ки мо драматургияро ба як муҳити маҳдуди адабӣ табдил додаем. Тақрибан дар 20 соли охир ба он адиби наве кӯшиши ворид шудан ҳам накардааст. Вале онҳое низ ки вориди ин майдон ҳастанд, худро дар адабиёт ва ҳунар шахси нодаркор меҳисобанд. Чаро ин тавр шуд? Албатта, театр роҳҳои баромадан аз вазъи кунуниро ҷустуҷӯ дорад, вале воқеият ин аст, ки то ба ҳол рисолати дар наздаш гузоштаро дуруст иҷро карда наметавонад. Механизме, ки дар давраи шуравӣ кор мекард, аз байн рафт. Арзишҳои маънавӣ дигар шуданду вазифаҳои драматургия ва театр низ тағйир хӯрданд. Бояд ин нуктаро низ ба эътибор бигирем, ки сохтори театри барномавӣ ба деформатсияи шадид гирифтор шудааст. Асоси театри моро сегонаи муаллиф, коргардон ва бозигар ташкил медод, набояд он аз байн биравад. Бадбахтона, коргардонҳои мо эгосентрист шудаанд, онҳо фикр мекунанд, ки дар театр шахси асосӣ онҳоянд. Драматург, давраи таҳти таҳқиқи бадеӣ қарордодаи ӯ, андешаҳояш ва, билохира, дардаш ҳам барои коргардонҳо муҳим нест. Коргардони тоҷик аз булдозеристе, ки бераҳмона бинои муҳташамеро ба хок яксон менамояд, фарқе надорад. Онҳо кохи бо меҳр сохтаи драматургро дар як он ба ғарами партоб табдил медиҳанд. Дар ин ҳол на нишоне аз услуби фардии муаллиф мемонаду на мақсади барои он офарида шуданаш. Шаклгароӣ барои коргардонҳои мо муҳимтар аз мавзуъ ва муҳтаво гардидааст.

Театр осорхона нест, театр озмоишгоҳест, ки дар он руҳи инсон ва набзи замон таҳқиқ мешавад. Драматургияи мо бошад, дастовардҳои замони шуравиашро аз даст дода, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ шуда натавонист. Баъзе насимҳои драматургияи муосир то ба мо ҳам расиданд, вале фикр мекунам, ки муваққатӣ хоҳанд буд. Онҳо, дар маҷмуъ, натавонистанд театри моро тағйир бидиҳанд.

Дар бораи муосиронамон асари саҳнавӣ қариб ки нест. Офаридани асар дар бораи муосирон на мушкилоти иҷтимоиро рӯйи саҳна баровардан, балки омезиши воқеият ва бадеиятро тақозо менамояд. Барои инро амалӣ кардан, пеш аз ҳама, истеъдод лозим аст. Мо, истеъдодҳои хуб дорем, вале дар сайқал додани малакаву маҳорати эҷодии онҳо ва ҷалби ин неруи қавӣ барои иҷрои корҳои арзишманд механизми дурустеро ба кор надаровардем. Нашрияҳои Иттифоқи нависандагон асарҳои саҳнавиро ё умуман нашр наменамоянд, ё аҳён-аҳён. Нақди драматургия аз куҷо пайдо шавад. Дар натиҷа хонанда дар бораи равандҳое, ки дар ин ҷинси адабӣ ба амал меоянд, маълумоти пурра надорад. Пас, ҷойи тааҷҷуб ҳам нест, ки ҳар кас бо табъи худ ва барои худ асар меофарад. Мо дар бораи офаридаҳои драматургоне, ки дар музофот барои театрҳои маҳаллии худ чун драматургони марказӣ асарҳои фармоишӣ меофаранд, қариб ки чизе намедонем. Кинодраматургия ва либреттои барои операву балетҳо офаридашуда, умуман, мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд.

Ба драматургон ва мунаққидони соҳа озодӣ расад ҳам, ҷуръат ва ҳисси масъулият намерасад. Яке аз вазифаи асосии мо дар ин давра нигоҳ доштани дастовардҳои драматургияи замони пеш мебошад. Намояндагони воқеии он хеле кам мондаанд. Набояд фаромӯш сохт, ки маънии аслии драматургия, ки инсонсозӣ аст, оҳиста-оҳиста аз байн меравад. Пеши роҳи ин раванди номатлубро гирифтан маҳз вазифаи нақд аст. Жанру услубҳо метавонанд мухталиф бошанд, вале муҳим он ки дар асари саҳнавӣ мо бо инсони воқеӣ рӯбарӯ шавем. Суолҳои ҳамзамони мо кист ва он чӣ мехоҳаду дар раванди тағйир додани худу ҷомеа чӣ коре карда метавонад, бояд дар маркази асарҳои драмавӣ қарор бигиранд. Дар ин ҷода роҳнамои ягона ва муътамади онҳо маҳз мунаққидони кордон хоҳанд буд.

Ба ҳама маълум аст, ки асоси драмаро амал ташкил медиҳад, таҳрикдиҳандаи амал бошад низоъ аст.

Дар раванди умумитеатрии мо, ки драматургия низ ҷузъи он аст, ягона неруе, ки метавонад ҷонибҳоро ба муколама даъват намояду барои пеш рафтани он шароит фароҳам орад, ҳамин нақд аст.

Шераки ОРИЁН:

Нақд ин магар таъриф аст, ё таҳлил, ё баҳо додан? Яъне баҳо чизи муҳим бошад. Яъне хубро хуб гуфтану бадро бад гуфтан лозим. Чунонки дар эҷод баҳо додан ҳамчунин нақши муҳим мебозад. Яъне агар баҳо сазовор бошад, эҷоди сазовор ба миён биёяд ва агар носазо бошад, дар таъсираш эҷодҳои носазо афзоиш биёбанд. Ана, ҳоло, ироакунандаи маъруза Рустам Ваҳҳобзода кайд карданд, ки дар як сол доир баэҷодиёти адибе даҳ тақриз нашр гардида, аммо аҷибаш, ин ки дар бораи бузургтарин адиби мо Сотим Улуғзода (агар мақолаҳои вобастаи ҷашнашонро ба эътибор нагирем) дар даҳ сол ҳатто даҳ мақолаи нақдӣ нашр нагашта, ё навишта нашудааст.

Устод Айнӣ, ки дар шуъбаи самарқандии нашриёт ба сифати сармуҳаррир хизмат мекард, дар мактубаш коркунони инҷоии нашриётро аз ваҷҳи бемасъулиятона рафтор карданашон ба нигоҳдории дастнависҳо сарзаниш менамуд ва навишта буд, ки тарҷумаи ҳикояи «Сам ва Дик» аз байни кадом материалҳои архиви аз филиали шуъбаи дар Тошкандбуда расидае, тасодуфан баромада мондааст ва дар он на имзои мутарҷим аст, на санаю на ягон ишорати дигар».

Баъд мазмуни мактуб чунин буд: «тарҷума агарчи айбу нуқсонҳо дорад ва тарҷумонаш ҷавони бетаҷриба менамояд, вале қобили таваҷҷуҳ аст ва тарҷумон матлаби ҳикояро ба хубӣ фаҳмида, маъниҳои борики онро бо таври худ ифода карда тавонистааст».

Ва Улуғзода давом дода: «Ҳоҷати зикр ҳам нест, ки ман аз ин таваҷҷуҳи неки Айнӣ нисбат ба кори нахустини худам, ки аслан аз машқи шогирдона беш набуд, ниҳоят мутаассир ва муташаккир будам. Ба ҳамин тариқ, аз нависандаи калон, шахси соҳибдил, мушоҳидакор ва дақиқ Садриддин Айнӣ аввалин танқид ва аввалин таърифро шунидам, ки касро ҳам меомӯзонд ва ҳам пару бол мебахшид».

Вобаста ба романи Ҷумъа Одина «Гузашти айём» баҳои нодурусти нақд сабаб гардид, ки китоб дупора ва риштаи умри адиб канда шавад. Ҳол он, ки китоби арзанда буд.

Ва оё мо, умуман, қудрати баҳои дуруст додан дорем?

Масалан, китоби «Саргузашти Собир»-и Улуғзодаро, ки дар ҷузвдоне (папкае) буд, мунаққиде ба даст гирифта, ба минбар баромада, аз ҳар бобу қисмати он гуноҳу ҷурм мекофт ва он саҳифаҳои дастнависро дар минбар истода, дарронда, поён мепартофт, ин китобро ноарзанда, муаллифро адиби ношуд меномид. Ин боис шуд, ки чоп гаштани чунин китобро дар Тоҷикистон манъ бикунанд.

Вале ҳамин китоб баъдтар дар Маскав бо номи «Утро нашей жизни» ба табъ расид ва дар Шуравӣ маълуму машҳур гардид ва фақат баъди чанд сол дар Тоҷикистон ба табъ расид ва баъди ҳамон мунақидони мо гуфтанд, ки ин асари Улуғзода (яъне «Саргузашти Собир», ё «Субҳи ҷавонии мо») баъди «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ китоби дувумини насрии мо мебошад.

Дар муносибат ба романҳои « Ман гунаҳкорам» ва «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ низ чунин шуда буд ва нақди мо онҳоро бо найзаҳо «пешвоз» гирифт. То даме ки дар Маскав бо пешгуфтори адиби номвари қазоқ Мухтор Авезов нашр шуд ва фақат баъди он мунакқидони мо гуфтанд, ки «асари хуб будааст!»

Ин ҳама магар аз он нест, ки ҳарчанд назми мо нақди дақиқ ва саҳеҳ ва фарогир дорад, аммо насри мо чунин нақдро ҳанӯз пайдо накардааст.

Ҳамчунин нақди театр ва кино заиф мебошад, яъне мунаққидони ин соҳа каманд, ё ангуштшумор. Албатта, дром ва кино як хубие доранд, ки тамошобин мебинад ва бидуни баҳои нақд баҳои худашро ҳам бароварда метавонад ва бо тарзи худ ҳамл мекунад, зеро театр ва кино адабиёти пеши назаранд, яъне адабиёти диданӣ.

Баробари ин, театру кино моли адабиёт низ бошанд. Яъне, агар драма ё филмномаи бадеӣ набошад, чиро ба саҳна монанд ва чиро рӯи навор оваранд? Яъне, дром ва филмномаро нахуст қаламкаш рӯи варақ меоварад. Яъне драматург ин нависанда аст барои театр ва сенариянавис ин нависанда бошад барои синамо. Вобаста ба ин, агар ба олами азимтар нигоҳ андозем, нисфи мағозаҳои китоби хориҷиён китобҳои драмавӣ бошанд ва хосса асарҳои синамоӣ, 42 фоизи китобҳо, ки дар хориҷаи муттарақӣ ба нашр мерасанд, филмномаанд, ки насли нави одамон ба онҳо бештар таваҷҷуҳ доранд, яъне барои фишурда буданашон, барои сюжаи қавӣ доштанашон, барои равшантар будани амалиёту қаҳрамонҳояшон.

Пас на вобаста ба чӣ баҳо дода тавонистан ё натавонистани мунаққидони соҳаи театр ва кино чопи китобҳои синамоӣ, яъне филмномаҳо ва чопи китобҳои асарҳои саҳнавӣ — драмаҳоро афзунтар кардан меарзад, Ва барои ин мунаққидони мо низ бояд саҳм бигиранд, на ин ки халал ворид созанд бо баҳои нодурусту ғаразноку худписандона… Зеро баҳои рост ба ростӣ бубарад, ки ин муҳим аст. Ва росту ростӣ наҷотбахш аст.

Муртазо ЗАЙНИДДИНЗОДА:

Дар давраи нав замина гузори танқиди адабӣ устод Садриддин Айнӣ буда, ӯ назари танқидии худро шуруъ аз «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) дар мақолаҳову андешаҳо оид ба осори ҳамзамононаш навиштаву изҳор ва дар мактубҳои сершумораш таъкид кардааст.

Ин замон, ки теъдоди носирону шоирон ва асарҳои адабӣ дар қиёс ба давраҳои пеш афзудааст, аз мунаққидони адабӣ низ фаъолиятмандии бештарро тақозо дорад. Вале теъдоди адабиётшиносони касбӣ, ки нақди арзишманд менависанд, кам буда, барои арзишдоварии китобҳои зиёди насру шеър фурсат намеёбанд. Дар гузаштаи на чандон дур адабиётшиносони донишманде чун М. Шакурӣ, Худоӣ Шарифзода, Юсуфҷон Акбарзода, Валӣ Самад, Ҳамроқул Шодиқулов, Маъруф Раҷабӣ, Абдувалӣ Давронов ва … ба кори танқиди адабӣ муносибати дилгармона доштанд ва бо навиштани тақризу мақолаҳои хуби таҳлилӣ барои ислоҳи нуқсу камбудиҳои китобҳои шоиру нависандагон саҳм гузоштанд. Ҳолиё ҳамин тарзи сараро аз носара ҷудо намудан аз ҷониби адабпажуҳон Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Абдураҳмони Абдуманнон, Абдухолиқ Набавӣ, А. Кучарзода, Матлубаи Мирзоюнус, Рустам Ваҳҳобзода, Шамсиддин Солеҳ, Мисбоҳиддини Нарзиқул… роҳандозӣ мешавад.

Ба манфиати адабиёт аст, ки гурӯҳе аз эҷодкорон низ барои нишон додани бартарӣ ва костагии асарҳои ҳампешагони худ ибрози назар менамоянд. Парешонӣ аз кори танқиди адабӣ, ки дар маъруза ва музокираҳо ба гуфта омад, натиҷаи аз ҷониби нафарони аз қонуниятмандии танқиди адабӣ ноогоҳ навиштану нашр кардани тақризҳои бепояву суст мебошад. Ба ин андеша афзудан мумкин аст, ки дар аҳди шуравӣ адабиётшиносону мунаққидон дар марказҳои бонуфузи илмӣ таҳсил карда, аз мактабу ҷараёнҳои илмӣ огоҳ мешуданд. Як василаи дигар, ки барои суфта гардидани асари адабӣ таъсиррасон буду имрӯзҳо ба ҳукми нестӣ расидаст, мукотибаи мунаққидону адибон мебошад.

Ба гуфта омад , ки андешаҳои танқидии С. Айнӣ дар мактубҳои эшон ба шоиру нависандагон, адабиётшиносону забоншиносон баён гардидааст. Масалан, дар мукотиботи С. Айниву А. Лоҳутӣ фикру андешаҳои зиёди ҷолиб оид ба асарҳои адибон, шеърҳо ва ҳатто байту вожаҳо изҳор шудаанд.

Мунаққиди номдор Соҳиб Табаров дар асараш «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ» (1999) мактубро жанри нақди адабӣ дониста, мушаххасан онро «руқаоти нақди адабӣ» гуфтааст. Беш аз ҳар вақти дигар зарур аст, ки идораи нашрияҳои расмӣ ва шуъбаи танқиди адабии ИН ҷиҳати саривақт мавриди арзишдоварӣ қарор гирифтани асарҳои нашршуда ва ташкили кори танқиди адабӣ мусоидат намоянд. Зеро яке аз самтҳои муҳимми адабиётшиносӣ будани танқиди адабӣ қазияи бебаҳс аст.

Тоҷибой СУЛТОНӢ:

Шеър дар ҳар давру замон завқу тафаккур ва ҷаҳонбинии афроди ҷомеа ба ҳисоб рафта, зимнан раҳнамо ва ғизобахши маънавии руҳи инсони эҷодкор низ маҳсуб мешавад. Гузаштагони мо аз шеър ба унвони беҳта- рин ва латифтарин зодаи тафаккури инсонӣ ёд оварда, онро сухани олами улвӣ ва забони такаллуми фариштагон арзёбӣ намудаанд.

Офариниши шеър кори саҳлу сода нест, ба гуфти донишманде, «дар ҳама кор инсон бо инсоне сарукор дорад, ҷуз шеър, ки дар он бо Худой панҷа дар панҷа мезанад».

Дар баробари машаққати эҷод гузаштагон ба масъалаи дарку фаҳм ва маърифати шеър низ ишороти фаровон кардаанд. Аз ҷумла, суханваре дар ин маврид мегӯяд:

Шеър гуфтан гарчи дур суфтан бувад,

Лек фаҳмидан беҳ аз гуфтан бувад.

Бинобар ин, баҳо додан ҳам ба офаридаҳои завқу табъи аҳли сухан аз ҳамин дидгоҳ, яъне холисона, олимона, муҳаққиқона ва мунсифона бояд сурат бигирад.

Пеш аз ҳама, эҷодкор бояд доираи васеи мутолиот дошта бошад. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола»-и худ дар бораи ҳунари шоирӣ ҳарф зада, аз бар намудани бист ҳазор байт аз ашъори мутақаддимин ва «пеши чашм кардан»-и даҳ ҳазор байт аз ашъори мутааххиринро аз шурути шоирӣ дониста буд. Ин нишондод дар замони мо шояд тағйир ҳам ёфта бошад, яъне шояд аз меъёри муқаррар намудаи Низомии Арӯзӣ ҳам камтар шеър донист ва эҷод намуд. Вале офариниши маънӣ ва чигунагии баёни афкору андешаи шоирӣ, ки аз шартҳои муҳимми суханварист, бе доштани истеъдод ва табъи салим имкон надорад. Ба гуфтаи Мирзо Бедил:

Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад,

Табъи салим фазл аст, ирси падар набошад.

Дар кори шеър баёни фикр ва мазмунсозиву мазмунофарӣ мақоми махсус дорад. Ба гуфтаи Соиби Табрезӣ:

Маънии барҷастае чун сарв мебояд баланд,

В-арна ҳар кас метавонад мисрае мавзун кунад.

Яъне, бо истифода аз низоми сухан ва корбурди мизони қофияю радиф падид овардани тавозуни мисраҳо кори сангин набуда, танҳо бо доштани дониши касбии соҳавӣ имкони арзи ҳастӣ намудан пайдо менамояд, вале мавзунии калом ҳанӯз шеър офаридан нест.

Бояд гуфт, ки нақди адабӣ дар баробари илми таърихи адабиёт ва назарияи адабиёт ба унвони яке аз шохаҳои бисёр қавӣ ва асосии илми адабиётшиносӣ мебошад, ки дар адабиёти мо пешинаи таърихӣ дорад. Дар ин замина, осори Шамси Қайси Розӣ, Низомии Арӯзӣ, Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ ва дигарон аз сарчашмаҳои муҳимме мебошанд, ки дар онҳо равишҳои баҳодиҳӣ ба осори адабӣ ва махсусан ба сухан баён гардида, метавонанд барои ноқидону сухансанҷони имрӯз дастури раҳнамо бошанд.

Дар гузориши Садорати ИНТ дар робита ба нақди наср, нақди назм, нақди шоирона, нақди осори публитсистӣ ва ғайра андеша ва таҳлилҳои васеъ манзур гардида, зимнан дар поёни гузориш хулосаҳо ва пешниҳодҳои бисёр ҷолиб низ баён шуданд. Гузоришгар воқеан дуруст таъкид намуданд, ки дар адабиёти имрӯз нақдҳои тавсифӣ, пур аз иғроқ, мавсимӣ… зиёд шуда, ин ҳолат ба андозаест, ки агар аз баъзе навиштаҳо номи муаллиф, номи асар ва макону замонҳо иваз карда шавад, он нигоштаро метавон ба ҳар нафари дигар низ татбиқ намуд. Дар ин маврид ба хотири банда мақолаи «Шеъри ҷадвалӣ»-и адабиётшинос Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ мерасад, ки тибқи ҷадвали мураттабнамуда ва бо иваз намудани хусусияти ҳисҳои панҷгона намунаҳоеро аз «шеъри мудерн» ба вуҷуд оварда, гӯяндагони чунин «ашъор»-ро таҳти мазаммат қарор дода буд.

Чунонки устод Рустам Ваҳҳобзода ба андешаҳои устодон ва мунаққидони сухан профессор Абдунабӣ Сатторзода ва Абдухолиқи Набавӣ ишора намуданд, имрӯз ҳарчанд ноқидони соҳибқалам ва тавоное дорем, нақди асил ба андозаи рушди адабиёт пешрав набуда, дар аксари маврид дар нақди бархе қаламкашон муболиғаву ғулувв роҳ ёфта, «танқиди адабӣ» ба «таърифи адабӣ» табдил ёфтааст.

Аз тарафи дигар, дар замони имрӯз ба иллати он ки офаридаҳои завқу табъи аҳли қалам саривақт ба хонанда дастрас намегардад, аксаран хонандагони минтақаҳои гуногуни кишвар аз таълифоти адибон бехабар мемонанд.

Хушбахтона, новобаста аз равандҳои номатлубе, ки дар ин замина ба мушоҳида мерасад, дар саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат» ва «Садои Шарқ» ба намунаҳои бисёр хуби нақди адабӣ низ дучор мешавем. Намунаи чунин нақдҳоро метавон дар навиштаҳои донишманд ва адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон мушоҳида намуд, ки баёнгари дидгоҳи фарох, доираи васеи мутолиа, нигоҳи воқеӣ, мунсифона ва инфиродии муаллиф ба осори адабӣ мебошад.

Хеле бамаврид таъкид гардид, ки дар рушди нақди муосир шоирон низ, ки андешаҳои хешро нисбат ба ашъори ҳамкасбони худ баён менамоянд, нақши равшан мегузоранд. Агар чунин намуди нақдро, ки аз аносири бадеият низ холӣ нест, шартан «нақди шоирона» номгузорӣ намоем, метавон гуфт, ки он нисбат ба нақди касбӣ пешрав мебошад. Китобҳои «Растохези сухан»-и устод Гулназар, «Шаҳписари Хайём» ва «Шеър чист ва шоир кист?»-и Камол Насрулло, «Меҳру сеҳри шеър» ва «Аз ҳақиқат, аз маҳорат, аз ҷасорат»-и Низом Қосим, «Дарёи сӯзон»-и Фарзонаи Хуҷандӣ аз ҳамин қабиланд.

Дар гузориши мазкур дар бораи тарҷумаҳо низ изҳори андеша карда шуд ва зарур аст, ки роҷеъ ба сатҳи тарҷума ва забони тарҷумаҳо низ андеша карда шавад, зеро тарҷумаҳо дар як поя нестанд. Дар маҷмуъ, матлаби пешниҳодшуда роҷеъ ба вазъи нақди адабӣ қобили таваҷҷуҳ мебошад.

Дигар хабарҳо