Василий Жуковский. Рустам ва Суҳроб

 Василий Жуковский.  Рустам ва Суҳроб

(Қиссае баргирифта аз «Шоҳнома»)

Василий Жуковский 29 январ (9 феврал)-и соли 1783 дар деҳаи Мишенское, уезди Бе­лёвский, губернияи Тула ба дунё омада, 12 (24) апрели соли 1852 дар герсогии Баден (Олмон) вафот кардааст.
Яке аз асосгузорони ҷараёни адабии романтизм дар назми рус, муаллифи васфияҳо, сурудҳо, ро­мансҳо, балладаҳо, марсияҳо ва осори эпикӣ.
Шогирди Н. М. Карамзин буда, дар тарбияи А. С. Пушкин саҳм дорад.
Ҳамчун тарҷумони назму наср, мунаққиди адабӣ ва омӯзгор низ маъруф аст. Аз ҷумла, «Одиссея»-и Ҳомерро ба русӣ баргардонда (1842- 1846), малика ва вориси тахту тоҷи Россияро аз забону адабиёти рус сабақ додааст.
Муаллифи матни суруди миллии империяи Россия «Худоё, ҳифз бин­мо шоҳро!» (1833), узви Академияи илмҳои Россия.

Раҳо гашта Рустам аз он ҳоли бад,
Даме монд танҳову бо фоли бад,
Ба гирдоби андеша афтоду лек
Яке муждааш омад аз бахти нек.
Суи Рахш бинҳод гоми умед,
Ки дар марғзоре накӯ мечарид.
Ба паҳлу яке кӯҳи пурсахра буд,
Ки роҳи умеди варо мекушуд.
Басо сол бигзашта аз он замон,
Ки Рустам ба бар гурзу тиру камон
Ба дидори Руҳи тавоно* расид,
Чу бар пеши як пири доно расид.
Чунон буд неруяш он дам фузун,
Ки аз он на хасмаш фақат ғарқи хун,
Худаш низ дилхаста буду ҳазин,
Ки бораш гарон буд баҳри замин –
Чу мемонд ӯ пой бар рӯйи хок,
Ҳамешуд раҳораҳ дили хок чок.
Ҳамин гуна, боре, ба бори гарон,
Ки будаш ғанимат зи тӯрониён,
Дар он роҳ мерафту аз пушти ӯ
Намеёфт он роҳ роҳи руфӯ,
Ки аз пойи ӯ чоку шудгор буд,
Худаш ҳам аз он зӯр безор буд.
Баногоҳ аз хандае раъдсон
Биларзид гӯё замину замон.
Бипурсид Рустам, ки дар ханда кист?
“Манам, — посух омад, — ба ҷуз банда нест!”
“Чаро ханда?” — гуфтову посух шунид,
Ки “То ҳол кас на шуниду на дид,
Ки нохуш зи неруи худ одам аст,
Зи неруи беҳуда ӯро ғам аст.
Бимон назди ман барзиёди варо,
Нигаҳбони неру-т бинмо маро.
Замоне ки аз пириат нотавон
Бигардиву лозим туро ояд он,
Биёву садоям бикун, дарзамон
Диҳам бозат он гоҳ зӯру тавон.”
Ва Рустам бар ӯ дод неруи хеш,
Ки буд аз зиёдии он синареш.
Кунун, к-аз гузашти замон зӯри ӯ
Зи тан рафту пирӣ гирифташ гулӯ,
Ба Руҳи тавоно зи нав рӯ намуд.
Тақозо аз ӯ зӯри бозу намуд,
Ки дигар варо он табу тоб нест,
Даме тоқати разми Суҳроб нест.
Ҳамегуфт бо худ ба хашми зиёд:
“Чунон ял дар ин давру даврон мабод,
Ки дар чашми Эрон маро кард кам,
Зи дил бурд орому афзуд ғам
Ва по монд бебок бар синаам,
Накоҳад бар ӯ ҳеҷ гаҳ кинаам!
Нагашта касе дастболои ман,
Шудам зери пойи вай, эй вои ман!
Маро он яли тоза водор кард,
Ки ҷӯям ба ҳилла илоҷи набард,
Намонам, намонам даме баъд аз ин,
Ки ӯ зинда бошад ба рӯйи замин,
Чу нанги маро зери по кардааст,
Ҳамон беҳ, ки бинад ҷаҳон — мурдааст!

II

Ҳамин гуна бо эй басо тобу тафт
Ба оғӯши он кӯҳи пурсахра рафт.
Варо дид Руҳи амон аз шикаст,
Ки бар тахти сангини худ менишаст,
Зи ошуфтагию зи ҳайрониаш
Дарак ёфт аз ҳоли вайрониаш
Ва фаҳмид: дидор меҷӯяд ӯ,
Зи дарди дарун талх мемӯяд ӯ.
Зи торӣ бурун гашт бишкастапар,
Кулаҳхӯдаш аз тирагиҳо ба сар.
Яке сард берун намуд ӯ нафас,
Ту гӯйӣ, ки шаб рӯз шуд бозпас,
Аён гашт Руҳи тавоно ҳамон
Ба симову андешаи ноаён:
“Ба назди кӣ ин сон гарон омадӣ,
Дилошуфтаву ноҷавон омадӣ?”
“Ба назди ту! — гуфтову Рустам тапид,
Ки ӯро ба он ҳоли пешин надид.
Ту, — гуфто, — ҳамон сон ҷавон мондаӣ,
Ҳамоне, ки будӣ, ҳамон мондаӣ.
Маро мешиносӣ пас аз солҳо?”
“Чи лозим, — бигуфто, — задан фолҳо,
Ки душвор бишнохтам ин дамат,
Басо пир кардаст дарду ғамат.
Ба ин пою ин руҳи бас нотавон
Чаро омадӣ пеши ман ин замон?”
Бигуфто ба ӯ Рустам: “Эй Руҳи пок,
Нахоҳӣ агар банда бошад ҳалок,
Бидеҳ зӯри пеши туям мондаро,
Ҳамон барзиёди зи тан рондаро,
Қаноат маро буд агар то ба ҳол
Аз он қисмате, дигарам гашт фол,
Кунун он ҳама зӯри дил лозим аст,
Вагарна қиёмат маро қоим аст!”
Бад-ӯ гуфт он Руҳи доно чунин,
Ки: “Эй Рустам, аҳволи кор аст ин,
Батадриҷ неру зи тан меравад,
Чунон буд агар кас, чунин мешавад.
Ту аммо зи неруи бисёри хеш,
Надониста дархурду даркори хеш,
Бимондӣ наку қисматаш пеши ман,
Нигаҳдориаш шуд дигар кеши ман.
Дар оғӯши хорои руҳи баланд,
Бубин, монда неруи ту бегазанд,
Чунон монда барҷо, аё эй азиз,
Ки дар тан чунинат намемонд низ.
Бигӯ, Рустамо, гар на кор оядат,
Чунон бори сангин чи бор оядат?
Дигар китфу бозуи ту ончунон
Набошад, ки монда ба ёди ҷаҳон,
Нашояд дигар аз сари ному нанг
Бар он китфи афгор ин бори санг.
Аё эй яли дида пур, ҳуш дор,
Макун бахти худ бад, ба ман гӯш дор.
Надорам ҳақи он, ки зӯри туро
Ба ту барнагардонам, эй порсо,
Бихоҳӣ, бигир, инак, он бори хеш,
Бирав зӯрманд аз пайи кори хеш.
Ба некӣ вале нест неруи ту,
Бадӣ ояд аз он фақат сӯи ту.
На дер аст ҳоло, шунав ин сухан,
Бимон зӯри худро ҳама пеши ман.
Фаровон туро буд разми баланд,
Кунун разми нав аз ту набвад писанд.
Маро бим аз он аст, к-аз ин набард
Туро бар дил ояд яке боди сард,
Равад низ барбод, эй номҷӯ,
Зи неруи ту асли неруи ту!”

III

Дар ин байн Суҳроби ял аз шикор
Расид аз дигар андар он корзор,
Вале Рустам он ҷо набуд он замон,
Ба дил ёфташ роҳ эй бас гумон:
Бимонад ва ё бозгардад ба ҷой,
Дар ин ҳол истод чанде ба пой.
Зи нав тирагӣ қасди дунё намуд,
Дароз аз дигар сояҳоро намуд.
Ба андеша афтод Суҳроби гурд,
Хаёлаш ба сад роҳу пайроҳа бурд.
“Саҳар шуд рақибам басо интизор,
Кунун навбати ман дар ин гирудор,
Вале шомгаҳ чун саҳаргоҳ нест,
Ба уфқаш шафақ ғайри хунхоҳ нест.
Чаро дер кард он наку размхоҳ?..”
Баногоҳ дар уфқи тору сиёҳ
Падид омад андоми он бошукӯҳ
Шафақгоҳро дар баробар чу кӯҳ.
Дили поки Суҳроб беихтиёр
Биларзид аз манзари бовиқор.
Ту гӯйӣ, рақибаш ба сеҳре ниҳон
Дигарбора буд аз қазо навҷавон.
Ба ҳайрат саропо-ш медид нек,
Куҷо буд чандин, напурсид лек…
Фақат зери лаб гуфт: “Оё зарур
Бувад боз санҷидани азму зӯр?
Фикандаст чун пардааш шоми тор,
Расидан тавон бар навин гирудор?”
“Расидан тавон!” – ҳарфи ӯро бурид
Ва Рустам ба тундӣ ба майдон расид.
Ба ҳам омаданд андар он размгоҳ
Падар кинаҷӯю писар меҳрхоҳ,
Падар бо навин зӯру неру ҳама,
Писар бо ду дил моили ӯ ҳама.
Чуноне ки ояд шаб аз баъди рӯз,
Ва рӯз аз паси шаб ба сад тобу сӯз,
Кунун навбати разми Рустам расид,
Шару шӯри Суҳроб шуд нопадид.
Дами тираи шомгаҳ пок кард
Аз андоми он ҷойи хуну набард
Ҷилои басо хираи нурро,
Сафои зи сар рафтаи дурро.
Ба дурӣ ду лашкар ситода хамӯш,
Ҳама изтиробу ҳама ҳушу гӯш,
Вале бехабар ҳарду аз асли ҳол,
На огоҳ низ аз савобу вубол…
Расиданд бо ҳам, ҷаҳон лол монд,
Зи тобу таб он наҷми иқбол монд.
Зи по Рустам афканд Суҳробро,
Зи каф дод он дурри ноёбро.
Зи хунхории теғи бехуд падар
Мададҷӯ бишуд он падарҷӯ писар.

IV

Бад-ӯ гуфт Суҳроби дар хоку хун:
“Будастӣ ба дунёи мардӣ забун,
Ба ту раҳм кардам, магар ин бувад
Туро посухи раҳмам, эй фолбад!
Ту бо номи Рустам чи кардӣ, бигӯ,
Аё дузди ҷонам, аё кинаҷӯ!
Агар мурғи авҷи самоҳо шавӣ,
Чу моҳӣ ва ё зери дарё шавӣ,
Раҳад кай туро ҷон зи Рустам дигар,
Шикофад ба қасдам туро ӯ ҷигар.
Агар бишнавад аз ту, эй носазо,
Ки фарзанди Рустам ва Таҳминаро
Ба номардиат кардаӣ ғарқи хун,
Зи дасташ бимирӣ ту хору забун!”
Аз ин ҳарф Рустам баногаҳ тапид,
Ту гӯӣ, ба ҷон раъду барқаш расид.
“Чи мегӯйӣ, эй сахт баргаштабахт, –
Бад-ӯ гуфт зору ҳаросида сахт, –
Туӣ зодаи кӣ? Бигӯ зудтар,
Туро кист дар даҳр мому падар?”
“Нишона зи Таҳминаву Рустамам, –
Чунин гуфт Суҳроби дил пуралам, –
Яке фахри барҷойи Эрон бувад,
Дигар зеби мулки Самангон бувад.
Маро модар ин сӯ бишуд раҳнамо,
Ки ёбам падарро, аё бехудо.
Падар то шиносад маро бегумон
Бишуд бозубанде зи момам нишон,
Ҳамон бозубанде, ки Рустам варо
Ба Таҳмина дода чу рамзи вафо,
Ту бикшой, инак, сари синаам,
Бубин он нишона зи Таҳминаам.”
Дили Рустам аз синааш шуд бурун
Ҳама кони дарду ҳама ғарқи хун,
Саропой ларзида, пероҳанаш
Дариду фурӯ рафта андар танаш,
Ба гирдоби хун ханҷари хеш дид,
Ҳаме дасту по хӯрду онро кашид,
Ҳамоно бизад ҷӯш фаввора хун,
Ва чун ҷон баромад аз он тан бурун.
Дурахшид дар пеши чашмаш дучанд
Зи хун арғувонранг он бозубанд.
Чу Рустам варо дид, рангаш парид,
Ва пероҳани хеш бар тан дарид,
Садояш бурун шуд базӯр аз гулӯ,
Ки қисмат буд он дам гулӯгири ӯ:
“Аё тифли уммед, Суҳроби ҷон,
Манам Рустам — он кӯру он кар, фиғон!”

V

Ва то дер, бехешу сарду карахт
Ба фарзанд медид баргаштабахт.
Баногаҳ чунон нола аз ҷон кашид,
Ки ҷуз аз палангаш касе кай шунид,
Паланге, ки дар беша аст интизор,
Ки сайде зи пешаш шавад раҳгузор,
Вайи ташнаи хун бидарронадаш,
Фурӯяш барад, кай ба ҷо монадаш.
Баногаҳ ҷигарбанди яктои ӯ,
Ба сад ранҷ бинҳода барпои ӯ
Ба бозӣ бурун з-ошёна шавад,
Ба шӯхӣ ба ҳар сӯ равона шавад,
Падар, бехуду зор аз гушнагӣ
Зи худ низ безор аз гушнагӣ
Дарафтад ба фарзанди дилбанди хеш,
Бидаррад бару дӯши фарзанди хеш
Ва он гаҳ бифаҳмад: ба чанголи ӯ
Тапад бехуд он тифли беҳоли ӯ,
Кашад ончунон наъра аз мағзи ҷон,
Ки нашнида аз ӯ касе дар ҷаҳон…
Ба чанги бади қисмати кони кин
Чунин буд афғони Рустам, чунин.
Кашида фиғону зи пой уфтод
Ба болои Суҳроб бе ҳушу ёд,
Ба ин ҳоли ҷонкоҳ якчанд буд,
Чу мурда ба паҳлуи фарзанд буд,
Кашида варо бо алам дар канор,
Зи фарзанд мерафт зӯру мадор,
Ҳанӯз аз бадан буд хунаш равон,
Ҳанӯзаш баҷо дидаву ҳушу ҷон,
Ҳамемурду дилшод буд он қадар,
Ки буд ин замон дар канори падар,
Ки меҷуст ӯро ба даҳри пареш,
Ва пайдо-ш бинмуд чун марги хеш.
Чу дар хоби тифлӣ бидид ӯ кунун
Канори падарро, вале ғарқи хун.

VI

Дар ин байн, ғофил зи ғавғою шӯр
Ду лашкар, зи ҳам истода ба дур.
Баногоҳ омад аз он размгоҳ
Яке нолаву доду фарёду оҳ.
Пас он ҳукмрон шуд хамӯшӣ зи нав,
Ба дил ҷумларо беш афтод алав.
Гувоҳӣ ҳамедод ҳар дил аён,
Ки рух дода бадбахтие бекарон.
Дар охир баҷуръат касон ҷуста роҳ,
Аҷаб ҳол диданд дар размгоҳ,
Ба Рахш аввал афтод чашми ҳама,
Буд ором чун гӯспанди рама,
Тиҳӣ дида зини варо он замон,
Зи марги савораш шуда бадгумон,
Суи лашкари хештан тохтанд,
Садо сӯи афлок андохтанд,
Ки “Рахш аст бе Рустами мо, дареғ,
Ҳалок аст аз гурз ё зарби теғ!”
Ва лашкар чу як баҳр туғён намуд,
Ба ҳар сӯй тӯфиду тӯфон намуд,
Хурӯшону тӯфондилу тунду чуст
Суи размгаҳ оқибат роҳ ҷуст.
Ба гӯши дили Рустами ноумед
Вале пеш аз лашкар ово расид,
Гарон хоби ӯйи зи ҳасрат ҳалок
Бадал шуд ба бедории дарднок,
Бинолид беҳол, аммо писар
Ба руҳу ирода тавоно писар
Варо дод таскин ба овои паст,
Ки “Расми ҷаҳон худ ҳамин буду ҳаст”
Ва оварда бо ҳам ҳама зӯри хеш,
Равони равон, ҷисми ранҷури хеш,
Суханҳо ба лабҳои бехун биронд,
Чи ширин, чи мавзун, чи маҳзун биронд,
Суханҳо ҳама аз дили чоки ӯ
Равон шуд чу хун аз дили поки ӯ.

VII

“Падар, чун ҳанӯзам равон дар тан аст,
Зи мо дур ҳам дӯсту душман аст,
Бидеҳ гӯш бар ҳарфи пурдарди дил,
Ба ширинтарин ин суханкарди дил,
Ки бори нахустин ба лаб оварам,
Ба сад ҳасрату сӯзу таб оварам.
“Падар” бошад он ҳарфи ширини ман,
Дар ин ҳасрат он аст таскини ман.
Ҳама умр мехост ҷону танам,
Ки гӯям, ки фарзанди Рустам манам,
Ба сад фахр аз зӯри афзуни ӯ
Бигӯям, ки ҳастам ман аз хуни ӯ.
Ҳамехостам ҳамраҳаш як замон
Шавам ҳукмрони тамоми ҷаҳон,
Ҳама хок бошад таҳи дасти мо,
Шудам хок ин лаҳза худ аз қазо.
Падар, дидамат гарчи бо нархи ҷон,
Маро бошад ин қимат арзон, бидон.
Чаро ин ғаму дарду афғон кунун,
На ту кардиам, эй падар, ғарқи хун,
Ки аз батни модар, дами аввалин
Насибам ҳамин буду қисмат ҳамин.
Шафоат накард он ки ӯ Синдро**
Намуд андар ин моҷаро раҳнамо,
Туро кард водор тақдири бад
Кушияш, ки моро ба ҳам н-оварад.
Хабар чун зи маргам ба модар расад,
Фиғонаш ба моҳу ба ахтар расад,
Нанолад зи ту, эй падар, модарам,
Ки буд ин ҳам аз наҳсии ахтарам.
Бубар, эй падар, ҳам ба он хунҷигар
Ту ин бозубанде, ки шуд барҳадар
Зи ту пеши модар, аз ӯ пеши ман
Чу бозии бахти бадандеши ман.
Бигӯ, эй падар, низ бо Бормон,
Ки лашкар пароканда соз ин замон,
Ки аз пушти ман он ҳама омада,
Ба рағми ту дар пушта хиргаҳ зада.
Бихоҳам зи ту, эй падар, аз Ҳаҷир
Ҳам акнун дигар интиқомат магир,
Ки бар рағми зории бисёри ман
Нашуд ҳеҷ дар ҷустанат ёри ман,
Натарсида аз ман дури ҳилла суфт,
Ба ман лек номи накуят нагуфт.
Дареғо, дар ин боб, эй ҳамбадан,
Туро ҳам басо зораҳо карда ман…
Агарчи ягона ҷигарбанди ту
Ба хок асту дигар на пайванди ту,
Расонам ба гӯшат ҳам ин арзро,
Ки ҳаштод фарзанди Гударзро
Бимон, дар замину замона зиянд,
Ба пеши падар шодмона зиянд.
Маро шуд дижи бас сияҳ дилпазир,
Диже, ки сапед аст, бод аз Ҳаҷир.
Ба ҳусн он ки мислаш ду чашмам надид
Ба бедорию хоб — Гурдофарид
Бимон, тан диҳад бар Ҳаҷир инчунин,
Намонад вале аҳди худ бар замин:
Бигиряд ба аҳволи ман зор-зор,
Чу ҳури замину чу абри баҳор.
Бубар ҷисми зори маро ин замон
Ба Зобулситон зор гирякунон,
Дар оғӯши аҷдод бар хок кун,
Маро ҳамдами он ҳама пок кун.
Бигӯ, хиргаҳатро кунун оваранд,
Ба оғӯши он ҷисми зорам баранд,
Ки бар сар маро бахт хиргаҳ надод,
Чу барқ омадам, меравам ҳамчу бод.
Ту, Рустам, ба чашми дилу чашми сар
Бубин, меравад аз барат чун писар,
Ҳанӯзаш чу ҳуш асту ин гуфтугӯ,
Ба гӯшаш бигӯ ҳарфи дилхоҳи ӯ:
Ниюшад ҳама то бани одамӣ,
Ки “Суҳроб, аз тухмаи Рустамӣ!”

VIII

Чунин гуфт ҳангоми марги яқин
Барои падар он яли нозанин.
Хамехост Рустам бигӯяд сухан,
Намешуд вале боз ӯро даҳан,
Ту гӯӣ, ки будаш ду лаб дӯхта
Зи табларзаи синаи сӯхта.
Ҳамедид хомӯшу бо изтироб,
Ки чун шамъ месӯхт, мегашт об.
Чунин бингарад марди танҳои роҳ
Ба як охирин нури хуршеду моҳ,
Бимонад, чу он нур гардад ниҳон,
Ба саҳрои танҳоияш пурфиғон.
Ягон нури уммед набвад дигар,
Ки роҳаш намояд ба вақти сафар.
Чунин баҳри Рустам ҳам ин гуна нур,
Ки Суҳроб буд, мешуд аз дида дур.
Ҳамин дам садоҳои афзун расид
Ва аз пас худи лашкар омад падид.
Ҳазин Рустами аз алам хашмгин
Саропо пур аз хуну гарди замин,
Шикаста дилаш, рангканда рухаш,
Нишоне на аз қисмати фаррухаш,
Зи ҷо хест бас тунд бар пешвоз,
Надида будаш кас ба умри дароз
Зи эрониён инчунин… Лек зуд
Ҳамин диданаш руҳу шодӣ фузуд,
Ки зинда-ст Рустам, агарчи ҳазин,
Базӯр аст истода рӯи замин.
Ҳамин гуна лашкар шавад шодмон,
Бигирад чу аз душмани беамон
Дирафши зи каф рафтаи хешро,
Ки бозаш диҳад шуҳрати пешро,
Дарида, паридаст рангаш, валек
Ҳамин бозгашташ бувад фоли нек.
Ҳамин гуна Рустам на як Рустам аст,
Яке рамзи лашкар, яке парчам аст.
Ҳамин сон пазира шудаш бас ғамин
Ҳама лашкари бо камону камин.
Чунин гуфт Рустам ба эрониён,
Ки “Бинед худ ин аёну ниҳон,
Чи хидмат, ки Рустам ба Эрон намуд,
Дили хешро канду қурбон намуд.
Дигар ёри хок аст ин номвар,
Аз ӯ ҷони Эрон шуд эмин дигар.
Басо баҳри ин хок размидаам,
Шабу рӯзу сӯзи фузун дидаам,
Барои шукӯҳи худу сарзамин
Чунин лек қурбонӣ аст аввалин:
Бубин, кишваро, Рустами зеби хок
Писарро барои ту карда ҳалок!”
Чунин гуфт Рустам ва овози ӯ
Наларзид чун боли парвози ӯ,
Ба чашмаш наме неву ором буд,
Ту гӯӣ, ба лаб ҳарфи пайғом буд.
Ҳама аҳли лашкар вале дид пас
Ба хун хуфта он ҷо яли пурҳавас,
Даме пеш лабрези ҳусни баҳор,
Шукуфону гӯё чу гул, чун ҳазор,
Ҳама зӯри парвоз ҳамчун уқоб,
Параш боз бар ҷониби офтоб.
Кунун хуфта дар пеши чашмон хазон
Яке нимаруҳу яке нимаҷон,
Зи размаш чи гӯйӣ, ки монда хамӯш,
Бувад ранги канда варо рӯйпӯш…
Нигаҳ кард Рустам ба рӯи писар
Ва “Зинда-ст! — гуфто ба шӯру ба шар, —
Фиристода бояд равад пеши шоҳ,
Нахуспад дамеву наистад ба роҳ
Ҳамон нӯшдору аз ӯ оварад.
Ки дармони дард асту ҷон парварад.
Биёред се қатра Суҳробро,
Раҳонед он дурри ноёбро!”

IX

Чунон бод омад ба наздики шоҳ
Фиристодаи пурғаму бепаноҳ,
Бигуфто, ки “Суҳроби ял кушта шуд,
Ба хуни дилаш Рустам оғушта шуд.
Аён гашт з-он пас, ки ӯро падар
Бувад Рустами пурдилу пурҷигар.
Кунун ҳамғами ӯст пиру ҷавон,
Каси бе ғамаш ку ба рӯйи ҷаҳон?
Фиристода, шоҳо, маро он ҳама,
Ба ҳирмону пурдарду гирён ҳама,
Барам то аз он нӯшдоруи ту,
Ки бошад ҳамеша ба паҳлуи ту,
Ки Рустам намонад, шаҳо, бе писар,
Дар ин ғам намирад ба ҳасрат падар.”
Ба таъхир шаҳ сард посух бидод:
“Худоро бигӯед шукри зиёд,
Ки Рустам бувад зинда, хасмаш ҳалок,
Бимон, хуфта бошад дар оғӯши хок,
Надорем чизе зи Рустам дареғ,
На аммо зи тӯронии аҳли теғ.
Ба Эрон абаргурд Рустам бас аст,
Зи ғамҳои афзун яке ҳам бас аст,
Агар бо ҳам ояд падар бо писар,
Ба Эрон шаванд он ду тан дарди сар.
Вале хоҳад ар Рустам аз ман мадад,
Зи мағрурии хеш бояд раҳад,
Худ ояд, ки бинам ба зону варо,
Диҳам дарзамон нӯшдору варо.”
Фиристода дидаш чу фориғ зи ғам,
Зи фурсат накарда ягон лаҳза кам,
Суи Рустам аз ҷону аз дил шитофт,
Вуҷуди варо бо ҷавобаш шикофт.
Бишуд Рустам аз ҳарфи шаҳ дар ғазаб,
Фитода саропой дар тобу таб,
Миёни зиёду камаш разм хост,
Миёни ғуруру ғамаш разм хост,
Чунон, к-аз саропош ғам мечакид,
Ғамаш гашта дар чеҳра нам, мечакид.
Бад-ин ҳол ин ҷо бимонад чи сон?
Худашро бари шаҳ кашонад чи сон?
Аён дид бешу ками ин ҷаҳон,
Гузашт аз дилаш сад яқину гумон,
Ба фарҷом сархам бубардошт гом,
Хамии сараш буд шаҳро ба ком,
Намонда вале даҳ қадам сӯи тахт,
Писарро, бигуфтанд, баргашт бахт.
Бишуд сархами марг он сарфароз,
Дигар як ба тобут будаш ниёз.

                                                     1846-1847

Тарҷумаи Низом Қосим

_______

* Дар «Шоҳнома» Сурӯш аст.

** Дар «Шоҳнома» масъулияти бо ҳам ошно кардани Рустаму Суҳробро Жанда­разм бар дӯш дорад, ки аз дасти Рустам кушта мешавад. Шояд шакли кӯтоҳи номи ӯ — Жанд боиси пайдоиши Синд шуда

Дигар хабарҳо