Аҳаммияти мулоқотҳои наврӯзии Пешвои миллат бо зиёиён

 Аҳаммияти мулоқотҳои наврӯзии Пешвои миллат бо зиёиён

Яке аз ҳуҷҷатҳои аввалине, ки оид ба санъати кино дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» буд. Вакилони халқ 14 майи соли 1999 дар Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум ба банди 5-уми қонуни мазкур илова ворид намуданд ва минбаъд 16 октябр ҳамчун Рӯзи кинои тоҷик ба ҳукми қонун даромад. Бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон киносозони тоҷик ҳар сол 16 октябр иди касбии худро ҷашн мегиранд. Вале ходимон ва кормандони кинои миллии тоҷик бо ҷашнгирии як иди касбиашон маҳдуд нашуданд. Аз оғози ҷашни Наврӯзи фаррухпайи соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки бо намояндагони аҳли зиёи кишвар мулоқот ва вохӯрӣ доир намоянд. 20 марти соли 2001 дар яке аз мулоқотҳои аввалинашон бо намояндагони зиёиёни кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари дигар соҳаҳои илму фарҳанг дар бораи санъати кинои тоҷик низ сухан ронда, баҳри пешбурди соҳа чанд пешниҳоди ҷолиб ва ибрози андеша намуданд:

«… Кинои тоҷик марҳалаи душвори фаъолияти худро аз сар мегузаронад. Маҳдуд будани имконияти маблағгузорӣ, пароканда шудани ихтисосмандон, куҳна ва корношоям гардидани дастгоҳҳои филмбардорӣ фаъолияти киностудияи «Тоҷикфилм»-ро хеле суст кардаанд. Таҷрибаи самарабахши истеҳсоли филмҳои ҳунарии телевизионӣ низ, мутаассифона, аз байн рафтааст. Барқарор кардани ин соҳа хеле зарур мебошад. Имрӯз лозим аст, ки соҳаи кино – ин соҳаи бисёр муассир ва фарогири фарҳанги мо аз ҷониби Ҳукумат дастгирӣ ёбад. Ба корҳои эҷодӣ ҷалб намудани маблағҳои сарватмандони дохилӣ ва хориҷӣ низ барои пешрафти кинои тоҷик бисёр муҳим аст». Ва агар ин санаро эҳёи нави кинои тоҷик дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гӯем, хато нахоҳем кард.

Баъди ин вохӯрии барои киносозони тоҷик таърихӣ кори киностудияи «Тоҷикфилм» оҳиста-оҳиста ҷоннок гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон минбаъд ҳар сол барои соҳаи кино маблағи муайян ҷудо мекард. Ниҳоят, аввалин видеофилмҳои бадеии «Муҷассамаи ишқ»-и Умед Мирзоширинов соли 2003, «Ангуштарини номзадӣ» соли 2003 ва «Тақвими интизорӣ»-и Сафарбек Солеҳов соли 2005, «Овора»-и Г. Муҳаббатова ва Д. Раҳматов соли 2005 ва ягона филми ҳунарие, ки дар плёнкаи кино (35мм) ба навор бардошта буданд, филми ҳунарии «Қиёми рӯз»-и Носир Саидов соли 2009 эҷод шуданд.

Ғамхории дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки барои боз ҳам вусъат бахшидан ба кори кинои тоҷик, тарбияи мутахассисони соҳа, сохтмони кинотеатрҳои замонавӣ ва ғайраҳо зарурати таҳия ва омода намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 декабри соли 2004, № 67) ба имзо расид.

Дар баробари ин, дар бадали ин солҳо чор санад – «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2006-2010», «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2011-2015» ва «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2018-2021», «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2023-2027» қабул ва дар амал татбиқ шуданд ва шуда истодаанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, № 355 Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ таъсис дода шуд. Бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ва КВД кино ва видеои «Тоҷиккино» Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ташкил шуд.

«Тоҷикфилм имконият пайдо кард, ки шуъбаву раёсатҳои хешро дар вилоятҳои Суғду Хатлон , ВМКБ ва ноҳияҳои водии Рашт таъсис диҳад. Муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкориҳои киносозони тоҷик бо ҳампешагони хориҷӣ сол то сол пурсамар таршуда истодааст. Масалан, МД «Тоҷикфилм» соли 2018 бо Агентии миллии «Ӯзбеккино» Меморандиуми ҳамкории дутарафаро ба имзо расонид. Соли 2019 МД «Тоҷикфилм» бо Раёсати давлатии кинематографияи Ҷумҳурии халқии Хитой «Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи филмбардории муштарак»-ро ба тасвиб расонд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти навбатиашон бо намояндагони зиёиёни кишвар (аз 20 марти соли 2002) таъкид намуданд, ки дастранҷи эҷодӣ ва ҳамкориҳои аҳли зиёи тоҷик, кормандони фарҳанг ва адибон ҳанӯз ба таври кофӣ дилхоҳ нест. Иттифоқҳои эҷодӣ (аз ҷумла Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон) бояд дар тарғиби таърихи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва натиҷаҳои он асарҳо эҷод намоянд:

«… Ё худ иттиҳодияҳои дигари эҷодиро мисол мегирем, ки ҳар кадомашон собиқаи беш аз нимасра доранд. Ман иттифоқҳои оҳангсозон, меъморон, синамогарон, журналистон, ходимони театр ва дигар созмонҳои эҷодию ҷамъиятиро дар назар дорам, ки неруҳои бузурги зиёиён ва офарандагони асарҳои санъати нафисаро гирд овардаанд. Модом, ки ҳадафи асосии мо бунёди давлати соҳибистиқлоли миллии демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд бошад, бояд аз таърихи истиқлолият, бурду бохт, мушкилию дардҳо ва роҳҳои бартарафсозии онҳо асарҳо эҷод намоем».

Ходимон ва эҷодкорони фарҳанг, адибон ҳар як мулоқоти Президенти кишварро бо зиёиёни эҷодкор бесаброна интизор мешаванд. Зеро дар ин гуна мулоқотҳо ҳатман маслиҳат, пешниҳодҳо ё ягон сухани тоза ва ибратбахш аз баромади муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад, ки дар давоми сол онро чун дастури муфид истифода хоҳанд кард.

Пешвои миллат низ дар баробари хуб донистани таърих, фарҳанг ва адабиёти пурғановати тоҷик андеша ва пешниҳодҳои ҷолибе доранд, ки дар сурати аз тарафи киносозони тоҷик ва МД «Тоҷикфилм» иҷро кардани онҳо насли имрӯза маънавиёти хубе аз тамошои чунин филмҳои ҳунарӣ хоҳанд бардошт.

Заҳматҳои фидокоронаи устодон Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Бобоҷон Ғафуров, Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров, Ато Муҳаммадҷонов, Бахтиёр Худоназаров, Ҷамшед Усмонов, Оқил Ҳомидов ва дигар ҳунарпешаҳои театру кино хеле шоиста қадрдонӣ шуда, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ мебошад:

«Мо имрӯз бо номи адибону ҳунармандони забардасти тоҷик Темур Зулфиқоров, Фаррух Рузиматову Фирӯз Баҳор, Адҳам Холиқову Рустам Дуллоев, Бахтиёр Худоназаров, Оқил Ҳомидов, Амрӣ Аминову Ҷамшед Усмонов ва дигарон ифтихор мекунем, ки чун байрақбардорони фарҳанги тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ маъруф гардидаанд».  (19 марти соли 2008)

Оре, Бахтиёр Худоназаров ва Ҷамшед Усмонов чун режиссёри кино, Фирӯз Баҳор – оҳангсози як силсила филмҳои ҳунарии тоҷикӣ дар Олмон, Оқил Ҳомидов оператор, продюссер ва режиссёри телевизиони маҳаллии Вратслави Полша, Амрӣ Аминов рассоми мониқалами муқими Фаронса,  Фаррух Рӯзиматов дар шаҳри Санкт-Петербургу Адҳам Холиқов ва Рустам Дуллоев дар кишвари Италия маълуму машҳуранд. Ба василаи ҳунарнамоӣ ва эҷодкориашон номи тоҷику тоҷикистониёнро баланд мебардоранд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои эшонро ҳамеша қадрдонӣ мекунанд. Ситораи кинои тоҷик ва таҳиягари маъруф Марат Орипов дар собиқ Иттифоқи Советӣ хеле маҳбуб ва машҳур буд. Филми ҳунарии «Қисмати шоир» бо шарофати бозии беҳамтои ӯ дар нақши устод Рӯдакӣ кинои тоҷикро соли 1960 дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, дар Миср, машҳур ва сазовори Ҷоизаи асосӣ – «Уқоби тиллоӣ» гардонид. Соли 1961 ба Марат Орипов унвони Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон доданду халос.

Танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ, яъне баъди қариб 50 сол (соли 2008) Ҷаноби Олӣ ҳунарпешаи дӯстдоштаи моро бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба таври ҳаққонӣ қадрдонӣ намуданд. Масалан, ҳунарпешаҳои маъруфи театру кино Ҳошим Гадоев, Ато Муҳаммадҷонов, Убайдуллоҳ Раҷабов бо ордени олии Тоҷикистон — ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» сарфароз гардиданд. Таҳиягари навҷӯю навовари тоҷик Бахтиёр Худоназаров бо ордени «Шараф» ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд. Оҳангсози шинохтаи тоҷик Фирӯз Баҳор, ки алъон дар Олмон кору зиндагӣ дорад, ба ордени «Дӯстӣ» шарафёб гардид. Ин рӯйхатро давом додан мумкин…

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатто он ходимони санъати киноро, ки аз ҷумҳуриҳои бародарӣ ё шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург дар инкишофи кинои тоҷик ва тарбияи шогирдон саҳм доштанд, қадр карданд. Дар гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Душанбе дар шаҳри Москва (27 марти соли 1997) бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кинорежиссёри маъруфи рус Владимир Яковлевич Мотил барои хизматҳои арзандааш дар инкишофи санъати кинои тоҷик унвони олии Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон дода шуд. В.Я. Мотил таҳиягари филми машҳури «Бачагони Помир» (Истеҳсоли МД «Тоҷикфилм», соли 1963) мебошад. Ин филм номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон, дар кинофестивалҳои машҳуртарин муаррифӣ намуда, сазовори ҷоизаи якум ва дипломҳо гардид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 19 марти соли 2008 дар суханрониашон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар гуфта буданд: «Имрӯз дар тамоми қаламрави собиқ Давлати Шуравӣ суруди «Дидам ҷамоле» аз филми ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам» машҳур аст, ки матну оҳанги он ба қалами шоири машҳури тоҷик Мирзо Турсунзода ва бастакори озарӣ Андрей Бобоев тааллуқ доранд. Ин мисолҳо намунаи барҷастаи ҳамкориҳои илмию эҷодӣ мебошанд ва ин бурди ҳамаи мост». Агар хизматҳои оҳангсоз Андрей Бобоевро дар мисоли дигар киностудияҳои собиқ СССР муқоиса намоем, бемуболиға, аз ҳама беш бо киносозони тоҷик ҳамкорӣ кардааст ва он асарҳои  эҷодкардааш (манзури мо сурудҳо ба кинофилмҳо) ҳамеша мавриди назари сарояндагон, мутахассисони кино ё тамошобинон буданд ва имрӯз низ ҳастанд.

«Мо бояд меҳру муҳаббати устод Рӯдакиро дар қалби насли наврас маҳз дар ҳамин руҳия, руҳияи чунин асарҳои пурмазмун, ба монанди драмаи таърихии «Рӯдакӣ» ва киноповести «Қисмати шоир»-и Сотим Улуғзода барафрӯзем, дониши ҷавононро дар бораи осору аҳволи поягузори адабиётамон тавассути тадқиқоти пурарзиши ховаршиносони маъруф афзун намоем». (19 марти соли 2008). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 марти соли 2008 хеле муфассал ва самимона дар бораи ҳамкориҳои киносозони тоҷик ва озарӣ дар мисоли муносибати эҷодии устод Мирзо Турсунзода ва оҳангсози озарӣ Андрей Бобоев, хизматҳои устод Сотим Улуғзода ва таҳиягари кино Борис Кимёгаров сухан ронда, пешниҳодҳои манфиатбахше карда буданд. Бахусус, нисбат ба таҳиягари номвар ва нотакрори тоҷик Борис Алексеевич Кимёгаров. Ҳол он ки дар замони Ҳокимияти Советӣ хизматҳои бениҳоят арзандаи ин таҳиягар ба таври ҳаққонӣ ва шоиста қадрдонӣ нашуд.

«Ба фаъолияти арбобони илму фарҳанг бархилофи ҳама андешаҳои солим аз рӯйи нишонаҳои миллию нажодӣ баҳо додан ва дастовардҳоеро, ки бо номи онҳо марбутанд, ботил сохтан ғалати маҳз аст. Магар метавон аз баҳри филмҳои нотакрори Борис Кимёгаров, ки аз рӯйи достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таълиф ёфтанду ба фонди тиллоии «Тоҷикфилм» ворид гардидаанд ва дар солҳои 70-уми асри гузашта ба раванди худшиносии миллии як насли том мусоидат намуданд, бидуни ягон андеша баромад?

Ё саҳми бисёр ашхоси дигарро, сарфи назар аз мансубияти миллиашон, дар рушди илму фарҳанги тоҷик ва соҳаҳои дигар метавон фаромӯш кард? Албатта, не! Ин як пораи таърихи мост, як ҳалқаи занҷираи тиллоиест, ки дар сурати аз байн бурдани он гусаста шудани занҷираву пайванди наслҳо ба миён меояд. Аз ин рӯ, бори дигар таъкид месозам, ки мо бояд ифтихори миллиро аз ғурури кӯркӯронаи миллӣ фарқ кунем ва дар ин замина ба муқобилгузории миллатҳо роҳ надиҳем» (19 марти соли 2022).

Оре, хизматҳои ин таҳиягари бузургро халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Ғамхории навбатии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаққи ин эҷодкори асил дар он буд, ки соли 2021 дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон 100-солагии Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои давлатии СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Б. А. Кимёгаров ҷашн гирифта шуд. Бахшида ба ин санаи фархунда дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми Кимёгаров дар инкишофи кинои тоҷик» доир гардид.  Ба ҷуз ин, роҳбарияти МД «Тоҷикфилм» шумораи дуюми маҷаллаи рангаи «Кино»-ро ба ҳаёт ва эҷодиёти Борис Кимёгаров бахшид.

Бояд зикр намоям, ки мулоқоти ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли зиёи кишвар худ як барномаи мушаххаси фарҳангӣ ва илмӣ-адабӣ буда, баҳри таҳким бахшидан ба соҳаҳои номбаршуда як раҳнамои хубест. Агар ин мулоқотҳоро аз нигоҳи илмӣ таҳлил намоем, китоби бузурге хоҳад шуд.

Дар мулоқоте, ки 20 марти соли 2007 дар толори маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, дар баробари дигар пешниҳоду андешаҳо Эмомалӣ Раҳмон соли 2008-ро «Соли бузургдошти фарҳанг» эълон намуданд:  «Бо назардошти нақши ин озодамардони миллат дар таърихи тамаддуни башарӣ ва ба муносибати ин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2008 дар Тоҷикистон «Соли бузургдошти фарҳанг» эълон карда шавад. Бовар дорам, ки ин тадбир мақоми илму фарҳанг ва арзишҳои миллии моро рушду нумуи тоза бахшида, шукуҳу шаҳомати маъракаҳои дар пешистода, аз ҷумла ҷашни қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс устод Рӯдакиро болотар хоҳад бурд». (20 марти соли 2007).

Шурӯъ аз соли 2007 дар ҷумҳурии мо тантанаву ҷашнҳои хеле зиёде таҷлил гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи мулоқоти ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли зиё шоирон, нависандагон, олимон, санъаткорон, омӯзгорон ва дигарҳо мебошад.

Айёме, ки Осорхонаи миллии Тоҷикистон дари хешро боз намуд, тамошбинони аввалинаш иштирокчиёни мулоқоти Ҷаноби Олӣ бо аҳли зиё буданд. Ва Ҷаноби Олӣ боз таъкид намуданд, ки: «… Ҳамчунин, зиёиёни эҷодкори моро зарур аст, ки масъалаҳои нав ва мубрами ҳаёт, офаридани чеҳраҳои одамони даврони истиқлолиятро дар илм, адабиёт ва театру кино ҷасурона ба миён гузоранд». Роҳбарияти МД «Тоҷикфилм», Шурои бадеӣ ва Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон сол то сол чеҳраҳои диловарони даврони соҳибистиқлолии кишварро дар филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатӣ инъикос менамоянд.

Муносибати ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба эҷодкорон сол то сол зиёд мешавад. Минбаъд натанҳо дар мулоқоти ҳарсола бо аҳли зиё, балки дар Паёми ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаҳои ҳалталаб ва эроду пешниҳодҳо оид ба беҳбуди кори санъати кинои тоҷик низ садо медод. Ин албатта, баёнгари таваҷҷуҳи зиёди Ҷаноби Олӣ нисбати  ходимон ва кормандони кино мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш (аз 23 январи соли 2015) гуфта буданд: «… Дар ин росто, кинои тоҷик ба рушди ҷиддӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос намоянд, масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеаро тасвир созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқамонро тарғиб кунанд, кам ба назар мерасанд. Бинобар ин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ чораҳои зарурӣ андешанд».

Агар аз як мулоқот то мулоқоти навбатӣ баромадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳлил ва муқоиса намоем, дар як мулоқот пешниҳоде ё андешае баён карда бошанд, дар мулоқоти навбатӣ Ҷаноби Олӣ аз гузашта ёдовар мешаванд ва натиҷаашро дидан мехоҳанд. Яъне вобаста ба имкониятҳои молӣ ва техникӣ талабот ба истеҳсоли филмҳои нави ҳунарӣ низ зиёд мешавад:

«Яке аз омилҳои муҳимми густариши андешаи миллӣ ташаккул додани мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва руҳияи ифтихор аз Ватан ва давлати соҳибихтиёр дар байни наврасону ҷавонон аст. Дар ин самт истифодаи васеъ аз зарфияти зеҳнии зиёиён бисёр муҳим аст, зеро маҳз шумо бо офаридани рамзҳои шахсиятсоз метавонед ба ин раванд мусоидат кунед.

Яке аз мисолҳои он таҳияи филмҳои бадеиву тасвирӣ дар бораи шахсиятҳои асотириву таърихӣ – Рустами Достон, Суҳроб, Сиёвуш, Спитамен, Деваштич, Шерак, Томирис, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Саъдӣ, Камол, Ҷомӣ, Бедил, Темурмалик, Восеъ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар қаҳрамонони осори классикҳо ва муосири мо мебошад. Иқдоми мазкур ба он мусоидат мекунад, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳо ва ҳувияти миллӣ бо роҳу усулҳои муосир ба роҳ монда шавад». (20 марти соли 2014).

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин талаботи мардуми фарҳангдӯсту зебоипарасти тоҷикро нисбати санъати кино ва ҳунарпешаҳо, ситораҳои маҳбуби кинои тоҷик, шуравӣ ва ҷаҳониро ба инобат гирифта, Шабакаи алоҳидаи Муассисаи давлатии «Телевизиони «Синамо»-ро (1 марти соли 2016) таъсис доданд. Ҳангоми ифтитоҳи Шабакаи нави телевизионӣ Ҷаноби Олӣ бо кормандони телевизион радио ва МД «Тоҷикфилм» мулоқот доштанд ва боз ба масъалаҳои кино хеле ҷиддӣ рӯ оварданд: «Вақти он расидааст, ки филмҳои дарбаргиранда ва ифодагари арзишҳои неку созандаи миллӣ наворбардорӣ шуда, дар онҳо таъриху фарҳанг ва пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос гарданд ва ба ҳамин васила пеши роҳи бозори филмҳои дорои хислат ва мазмуни фаҳшу зӯроварӣ ва таблиғи арзишҳои барои мо бегона гирифта шавад».

Имрӯзҳо МД «Телевизиони Синамо» яке аз шабакаҳои писандида ва дӯстдоштаи мардуми Тоҷикистон ва умуман кишварҳои ҳамзабони мо дар миқёси ҷаҳон гардидааст. МД «Телевизиони Синамо» яке аз меваҳои пурбор ва шаҳдрези соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизи мо мебошад. Ҳар он чизе, ки баҳри беҳбуд бахшидан ба кори кинои тоҷик дар мулоқоти ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, бенатиҷа намондааст ва ҳар эроду пешниҳод натиҷагирӣ мешавад, иҷрои се барномаи рушди кинои тоҷик аз ҷониби шахсони масъул санҷида мешавад. Боз чораҳои иловагӣ дида шудаанд. Масалан, дар мулоқоти навбатӣ бо зиёиёни кишвар 20 марти соли 2017 дар Кохи Наврӯзи шаҳри Душанбе Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд:

«Имрӯз рушди санъати кино низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад. Кинои тоҷик бояд дар мавзуъҳои таърихӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва проблемаҳои муосир филмҳои замонавиро ба навор гирад. Вале чунонки мебинем, аксари филмҳо ба завқи тамошобини имрӯза мувофиқ нестанд. Бо ташаббуси мо моҳи майи соли 2015 Шурои рушди кинематография таъсис дода шуд. Вале ҳарчанд, ки аз байн ду сол сипарӣ гардид, шурои мазкур то ба ҳол ягон филмномаро баррасӣ накарда, аз ҷониби адибони кишвар низ асаре пешниҳод нашудааст».

Як мужда, падидаи гуворо, ки киносозони Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро хурсанд ва руҳбаланд мекунад, ин бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев (аз 11 июни соли 2021) ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истеҳсоли филми ҳунарии муштарак дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ мебошад. Таҳияи сенарияи филм бо номи «Дурахши ахгарон» ба охир расид ва рӯзҳои наздик банаворгирии филми нави таърихӣ оғоз меёбад. Бояд қайд намуд, ки мулоқоти ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли зиёи кишвар дар ҳамаи соҳаҳо – илм, санъат, таърих, театр ва ғайраҳо натиҷаҳои хеле баланд ва назаррас доданд. Мо ин навбат танҳо соҳаи кинои миллиро мавриди таҳлил қарор додему бас. Ва минбаъд низ пешрафт ва инкишофи кинои миллиро аз нигоҳи Пешвои миллат мавриди омӯзиш қарор хоҳем дод. Танҳо ин мемонад, ки андешаҳову таҳлилҳоямонро бо нуктае аз яке аз аввалин мулоқотҳои Президенти кишвар, ки 20 марти соли 2002 гузашта буд, ҷамъбаст намоем:

«Ман эътимоди комил дорам, ки  даҳҳо ҳазор зиёиёни бедордилу ватанпарвар, алалхусус, эҷодкорону аҳли илму фарҳанг, кормандони соҳаи маориф дар ин марҳалаи тақдирсози эҳёи давлатдории миллӣ, пуштибонии истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, ҳифзи муқаддасоти миллат ва мероси таърихию маънавӣ саҳми арзанда мегузоранд».

Тилло Некқадамов,

киношинос

 

 

 

Дигар хабарҳо