АЗ ХУБ БА ХУБТАР ШИТОБЕМ… Гузориши Раиси ИНТ Низом Қосим
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2023 фаъолияти хешро тибқи нақшаи кори Раёсат ба роҳ монда, пеш аз ҳама, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супориш, амр ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ташвиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи давлат, сазовор пешвоз гирифтани 26-солагии Ваҳдати миллӣ, 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ташвиқи меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ, ваҳдату дӯстӣ, пешгирӣ намудани ифротгароӣ, зиёдаравии динию мазҳабӣ, ғояҳои бегонаю бегонапарастӣ, пайравии кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегона фаъолият кард. Дар ин доира адибон бо сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар, ҳамчунин афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ мулоқоту вохӯрӣ ва маҳфилҳои зиёде барпо намуда, дар васоити ахбори умум мақолаю мусоҳибаҳо чоп карданд.
Сол бо нашри фикру ақидаҳои адибон дар нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вобаста ба нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат оғоз ёфт. Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар бораи ин санади муҳим мақолаҳои Муҳриддин Низомӣ «Дастури раҳнамо ба хотири ормонҳои миллӣ», Маҷид Салим «Обу табиати сайёра – неъмати башарият», Абдуллоҳи Раҳнамо «Чаро паём муҳим аст?», «Забон ва сарнавишти сиёсии тоҷикон», Эмомалӣ Насриддинзода «Башорати шукуфоии халқ», Саидмуъмин Ятимов «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад», Бахтиёр Муртазо «Вазифаҳои шаҳрвандӣ ва рисолати имонӣ», Равшан Махсумзод «Ватандӯстӣ ва рушд мароми мост», Аслиддин Низомӣ «Истиқлолият – айёми сарбаландиҳо», Бахтиёри Қутбиддин «Азамати НБО-и «Роғун»», Парда Ҳабиб «Адабиёт рамзи Истиқлол аст!», Саида Назарзода «Нақши Пешвои миллат дар рушди адабиёт бесобиқа аст» (суҳбат бо А. Ҳаким) ва ғайраро ба табъ расонд.
Дар шумораи аввали маҷаллаи “Садои Шарқ” Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба чоп расида, дар пайи он мақолаи тафсирии сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо “Дар Паёми имсола кадом нуктаҳои муҳим ҳаст?” дар шарҳи коршиносонаи Паём дарҷ гардидааст. Шумораи чоруми “Садои Шарқ” бо мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СNN шуруъ мегардад ва дар пайи он муҳимтарин нукоти ин мусоҳиба ҷой дода шудааст.
Мақолаҳои Рустам Ҳайдаров “Кафили зиндагии осоишта дар ҷаҳон”(№1), Номвар Қурбон “Нақши Тоҷикистон дар ҳифзи иқлими сайёра” (№2), Рустам Ваҳҳобзода “Наврӯз – ҷашни навсозӣ ва паймони башар”(№3) ва “Адабиёти ваҳдатофарин” (№6), Нозир Ёдгорӣ “Корнамоӣ дар марзи номус” (№4), Холназар Муҳаббатов “Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон кори таъхирнопазир аст” (№5), Саидмурод Фаттоҳзода ва Хайриддин Усмонзода “Ваҳдат ва рушди ҷомеа” (№6), Фарҳод Раҳимӣ “Истиқлоли давлатӣ ормони таърихии халқи тоҷик аст” (№9), Ҳамроҳхон Дӯстзода “Саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои забони тоҷикӣ” (№10) фарогири матолиби тавзеҳотии муҳимтарин нукоти Паём ва суханрониҳои раҳбарияти олии кишвар мебошанд.
Ташкили маҳфили доимоамалкунандаи “Гуфтугӯ аз эҷод”, дарси маҳорат барои иштиёқмандони сухани бадеъ ва ҷустуҷӯи тарҷумонони ҷавон дар миёни донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ, ҷустани роҳҳои нав барои таҳкими бахши танқиди адабӣ чорабиниҳои умдае буданд.
Моҳи май маҷлиси Садорати ИН барпо гардид, ки дар он мавзуи барои ҳар як адиб муҳим – “Мушкилоти чоп ва интишори асарҳои бадеӣ” мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор гирифт. Аъзои Садорат доир ба бартараф намудани монеаҳои чопу дастраси мардум гардондани асарҳои бадеӣ ба унвони масъулини соҳа пешниҳодҳои мушаххаси худро равон намуданд.
Моҳи марти соли равон маҷлиси раёсати ИН асарҳои адибонро барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи С. Айнӣ ва М. Турсунзода пешниҳод намуд. Пас аз муҳокимаи васеи онҳо дар матбуот маҷлиси моҳи июнии раёсат асарҳои Сироҷиддин Икромӣ, Шодӣ Раҷабзод, Диловари Мирзо, Шераки Ориён, Сипеҳр Ҳасанзод, Маҳбуба Неъматзода, Уринбой Усмон, Ҳасани Султон, Абдуллоҳи Раҳнамо, Гулнози Тоҳириён, Хушомади Алидод ва Мисбоҳиддини Нарзиқулро сазовори ҷоизаҳои мазкур донист.
ИН ба муносибати рӯзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Наврӯзи соли 2024 ва дигар ҷашну чорабиниҳои муҳимми сатҳи давлатӣ корҳои вобаста — навиштани матни суруд ва иштирок дар таълифи сенарияҳоро иҷро кард.
Дар семоҳаи аввал ҳамчунин маҷлисҳои муҳокимаи муҳтавои нашрияҳои ИН баргузор шуданд, ки дар онҳо дар баробари таъкиди дастовардҳо, роҷеъ ба беҳтар намудани маводҳои нашрияҳо пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.
Моҳи май дар маҷлиси васеи кормандони ИН ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” масъалаи “Беҳтар намудани тарзи коргузорӣ ва сифати маводҳои ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” баррасӣ ва барои ислоҳи нуқсонҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Бахши назм дар моҳи январ нишасти аввали маҳфили «Гуфтугӯ аз эҷод»-ро, ки ба мавзуи ғазал бахшида шуда буд, дар сатҳи баланд ва бо иштироки васеи шоирону мухлисони шеър баргузор кард, Ба муносибати ҷашни Наврӯз, Рӯзҳои Рӯдакиву Мавлоно, Рӯзҳои Президент, ҷавонон, Парчами давлатӣ дар толори калони ИНТ маҳфилҳо барпо гардиданд. Ба муносибати ҷашнҳои шоирон Ҳақназар Ғоиб, Аҳмадҷон Раҳматзод, Бозор Собир, Баҳриннисо, Султон Шоҳзода, Ҷӯра Ҳошимӣ, Розия Озод, Неъмат Оташ, Ҷамшед Пирим, Саъдулло Рабиӣ, Ҳикмат Раҳмат, Ҳайрат Шанбезода, Шафоати Назар, Озод Аминзода, Лутфишо Додо, Иззатбек Идизод дар сатҳҳои гуногун маҳфилҳо баргузор шуда, дар бораи ҳаёту эҷодиёташон дар нашрияҳои ИН мақолаҳо ба табъ расиданд.
Ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар ҳамдастӣ бо Раёсати кор бо ҷавонони пойтахт маҳфили барандагони Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе Сурайё Аҳмадзод ва Шаҳриёр Олимӣ барпо шуд, ки дар муаррифии эҷодкорони фаъоли соҳибистеъдод иқдоми муҳим мебошад.
Бо қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи май дар Академияи миллӣ ва Иттифоқи нависандагон маҳфилҳои бузургдошти Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ барпо шуданд. Ба муносибати 100-солагии шоир мунтахаби осори ӯ аз нав чоп ва асарҳои мондагораш бори дигар ба ҷомеа ёдрас гардиданд.
Ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо мусоидати бахши назм як гурӯҳ шоирон дар чорабиниҳо ширкат ва суханронӣ карданд. Дар моҳи сентябр ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи Мавлоно дар маҷлисгоҳи ИНТ маҳфили бошукӯҳи адабӣ бо иштироки адибону донишмандони тоҷик, эронӣ ва афғонистонӣ, моҳи ноябр дар мавзуи «Шеъри нав дар Тоҷикистон: нуқтаҳои қувват ва заъф» мизи мудаввар барпо гардид.
Дар давоми сол аъзои созмон дар тамоми марҳалаҳои озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” фаъолона иштирок намуда, натанҳо иштироккунандагонро роҳнамоӣ ва доварӣ карданд, балки дониши худро низ такмил дода, барои навиштани асарҳои замонавӣ идеяҳои тоза ёфтанд.
Моҳи октябр дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати намояндагони аҳли адаб аз тамоми кишвар 70-солагии шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардида, ба тантана ва таҷаллии дастовардҳои адабиёти мо дар партави Истиқлолияти давлатӣ табдил ёфт.
Бахши наср дар моҳи феврал нишасти илмиву адабии “Бурду бохти жанри детектив дар адабиёти даврони соҳибистиқлолӣ” ва моҳи июн маҳфили илмӣ-адабии «Жанри қисса ва инкишофи он дар насри муосир»-ро доир намуд.
Ба муносибати ҷашнҳои нависандагон Аширмат Назаров, Раҳим Ҳайдар, Мирзо Насриддин, Ҳилолиён Аскар, Раҳмон Остон, Баҳодур Файзуллоев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Бобо Насриддин, Ҳакималии Назаралӣ маҳфилҳо баргузор шуда, дар бораи ҳаёту эҷодиёташон дар нашрияҳои ИН мақолаҳо ба табъ расиданд.
Дар доираи ҳамкориҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ду қиссаи нависандаи ӯзбек Нуралӣ Қобул, “Осмони кӯдакии ту” ва “Салом, кӯҳҳо!” тарҷума ва дар маҷаллаҳои “Садои Шарқ” ва “Паёми Суғд” нашр шуд.
Ҷиҳати дастгирӣ ва дилгармии адибони ҷавон намунаи осори ғолибони бахшҳои эҷоди насру назми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Шаҳёда, Мижгона, Диловар ва дигарон чоп шуданд.
Бо ибтикори бахши наср дар Маркази ҷумҳуриявии кӯдакону наврасон ҷиҳати дарёфт ва тарбияи нависандаҳои наврас маҳфили доимоамалкунандаи “Маҳорати суханварӣ ва эҷоди наср” ба кор шуруъ намуд.
Аз зодрӯзи Розия Озод 130 сол гузашта бошад ҳам, номи неки ӯ чун як зани ватандӯст ва модари мушфиқу тарбиятгари фарзанди бузурги миллат Бобоҷон Ғафуров ҳамеша дар ёдҳост. Ин нукта тавассути маҳфил ва як қатор мақолаҳо, аз ҷумла дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, бори дигар бозгӯ шуд.
28-уми январ дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» дар ҳамкорӣ бо шуъбаи нақди ИНТ рӯнамоии китобномаи шарҳиҳолии адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аҳмад Абдуллоев баргузор гардид. Шодравон узви созмон набошад ҳам, тамоми умр барои рушди танқиду тақризи корагар заҳмат кашида, дар нақди адабиву адабиётшиносӣ мақоми хос дорад.
16 март шуъбаҳои нақд ва публитсистика бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати пиряхҳо ва қатъномаи СММ «Оид ба муҳофизати пиряхҳо» мизи мудаввар баргузор намуданд. Дар он адибон, олимон, рӯзноманигорон, донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигорӣ ва бахши обуҳавосанҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
21 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» мизи мудаввар баргузор ва феҳристи «Ваҳдати миллӣ» рӯнамоӣ гардид. Дар ҷамъомади мазкур намояндагони ИНТ, хоса аъзои шурои нақди адабӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар давоми соли ҷорӣ тақризҳои зиёде ҷиҳати дастгирии маводи пешбаришуда ба ҷоизаҳои адабии ба номи С. Айнӣ ва М. Турсунзода чоп шуданд. Навиштаҳои Абдунабӣ Сатторзода, Муҳаммад Шодиев, Шамсиддин Солеҳ, Рустами Тағоймурод, Муҳтарам Ҳотам, Насимбек Қурбонзода, Мухтор Мирзоаҳмадов, Носирҷон Салимӣ, Сурайё Ҳакимова, Муҳриддин Сабурӣ, Азизи Азиз роҷеъ ба китобҳои “Кайфар”-и Диловари Мирзо, “Дасти боло”-и Шодӣ Раҷабзод, “Ҷусторҳо дар назму наср ва нақди адабии муосир”-и Мисбоҳиддини Нарзиқул, “Ҳар давру ҳар мард”-и Тоҳири Муҳаммадризо, “Лозар”-и Хушомади Алидод, “Метин”-и Урунбой Усмон, “Чароғи ҳидоят”-и Сипеҳри Ҳасанзод, “Барфи хунолуд”-и Сироҷиддин Икромӣ, “Дӯст дор зистан”-и Абдуллоҳи Раҳнамо, “Афсонаи себ”-и Ҳасани Султон, “Шакардара”-и Маҳбуба Неъматзода бо умқу воқеънигорӣ имтиёз доранд.
Бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ танҳо бо маҳфилу маъракаҳои илмиву адабӣ маҳдуд нагардида, робитаи худро бо донишмандони ҳирфаӣ торафт хубтар ба роҳ мемонад. Имсол маъракаи васеи бознигарии осори узви ИНТ дар 10 соли охир баргузор гашт ва аз ҷумла бо ибтикори шуъбаи мазкур осори 40 нафар аъзои ИНТ баррасӣ шуд.
Дар давоми сол мактубҳо, аз ҷумла аз сафоратҳои Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Фаластин, Туркия, иттифоқҳои нависандагони Беларус ва Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои гуногун ворид гардида, мавриди корбарӣ қарор гирифтанд. Хурсандибахш аст, ки бо таваҷҷуҳи сафоратҳои кишварҳои дӯст робитаҳои адабӣ бо мамлакатҳои мазкур беш аз пеш мушаххастару пурбортар мешаванд.
Моҳи июн гуруҳи адибони маъруфи ӯзбек, аз ҷумла Нависандаи халқии Ӯзбекистон Эркин Аъзам, Шоири халқии Ӯзбекистон Усмон Азим, Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон Салим Кенҷа, доктори илми филология Олимҷон Давлатзода барои изҳори таслият ба адибони тоҷик дар робита ба даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ташриф оварданд. 10 июн дар ИНТ бо онҳо мулоқоти самимие барпо шуд, ки дар он масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи судманди адабӣ баррасӣ гардиданд.
Бо мақсади шинос кардани хонандагони рус ва русизабони Россия асарҳои адибони тоҷик Муъмин Қаноат, Гулназар, Аскар Ҳаким, Рустам Ваҳҳобзода, Фарзона, Муҳтарам Ҳотам, Азизи Азиз, Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод, Ато Ҳамдам, Абдурофеъ Рабизода дар сомонаи расмии Иттифоқи нависандагони Россия – Стихи. Ру ва Проза.Ру гузошта шуд.
Имсол Равшан Махсумзод, Толиби Луқмон, Азизи Азиз, Сироҷиддин Икромӣ, Бузургмеҳри Ҳаким дар маҷлисҳо, ҷашнҳо ва намоишҳои китоб дар Доғистон, Санкт-Петербург, Эрону Қазоқистон иштирок намуда, оид ба адабиёти тоҷик ва робитаҳои адабӣ суханронӣ карданд ва дар муаррифии китобҳои адибони тоҷик ва тарҷумаи асарҳои адибони кишварҳои мазкур ширкат варзиданд.
Соле, ки мегузарад, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии “Наҷоти Арал” таҳти Раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба ин муносибат тарҷума ва чопи шеъру ҳикояҳои шоирони ин кишварҳо сурат гирифт ва дар бораи ин баҳри барои минтақа муҳим шеъру таронаҳо эҷод шуда, дар “Шоми дӯстӣ”, ки аз ҷумла адибон даъват шуда буданд, садо доданд.
Моҳи октябр Намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе” барпо шуд. Ба сифати меҳмони вижа адибони шинохтаи Россия Сергей Шаргунов, Максим Замшев, Афанасий Мамедов ва Алёна Каримова дар он ширкат варзиданд. Дар Осорхонаи миллӣ ва Иттифоқи нависандагон бо онҳо ва адибони эронӣ вохӯриҳо баргузор гашта, масъалаҳои ҳамкориҳои адабӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ба ҳамин муносибат намунаҳои асарҳои нависанда, депутати Думаи давлатӣ, раиси Иттифоқи нависандагон ва ноширони Россия Сергей Шаргунов, сиёсатмадор ва фарҳангшиноси машҳури рус Михаил Швидкой, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Литературная газета” Максим Замшев, нависанда Афанасий Мамедов ва шоиру тарҷумон Алёна Каримова дар тарҷумаи Камол Насрулло, Салими Зарафшонфар, Сироҷиддин Икромӣ ва Сурайё Аҳмадзод ба нашр расиданд.
Бояд гуфт, ки ба шарофати таҳкими робитаҳои ҳасанаи кишварҳоямон ҳамкориҳои адабӣ байни адибони тоҷику эронӣ густариш ёфта истодаанд. Адибони ҳарду ҷониб дар таҷлили рӯзҳои бузургдошти устод Рӯдакӣ, Мавлоно, Саъдӣ ва Шаби Ялдо маҳфилҳои муштарак барпо намуда, барои тақвияти равобит заминаи бештар мегузоранд.
Бо хоҳиши сафири нави Арабистони Саудӣ мулоқоти ӯ бо раиси Иттифоқи нависандагон доир гардид. Масъалаҳои ҳамкориҳои адабӣ, аз ҷумла тарҷумаи асарҳои ҳамдигар ва иштироки адибон дар чорабиниҳои адабию фарҳангии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар хусуси чоп ва муаррифии китоби шеърҳои шоири муосири араб Холид ал-Файсал мувофиқа ҳосил шуд.
Дар доираи сафари Президенти Эрон ба Тоҷикистон мулоқоти хонуми ӯ Ҷамила Содот Аламулҳудо бо гурӯҳи калони адибон барпо шуд. Мубодилаи васеи афкор сурат гирифт ва дар хусуси баргузории кунгураи адибони форсизабони дунё, ки бо навбат дар кишварҳои форсизабон, аз ҷумла соли 2024 дар Эрон доир мегардад, мувофиқа карда шуд.
Бо дастури раҳбарияти ИНТ муаррифиномаи мухтасари ИНТ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои ба созмонҳои эҷодии дигар давлатҳо фиристонидан омода гардид.
Тибқи муроҷиати сафорати Қирғизистон ва дастури ДИПҶТ охири моҳи декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ ба муносибати 95-солагии адиби маъруф Чингиз Айтматов барпо шуд. Дар он раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо маъруза дар бораи робитаҳои адиби маъруф бо Тоҷикистон ва адабиёти тоҷик баромад ва адибон Гулрухсор Сафӣ, Бахтиёр Муртазо, Абдуғаффор Абдуҷаббор, Мансури Сурӯш дар мубодилаи афкор иштирок намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ кор бо навқаламон, аз ҷумла драматургони ҷавон, дар мадди назар буд. Сабаби ин иқдом ба жанри душворписанди драма бисёр кам рӯ овардани ҷавонони эҷодкор аст. Ба хотири беҳбуди вазъ шурои драматургияи ИН таваҷҷуҳашро ба дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои ҷавон равона сохтааст. Дар доираи ин ташаббус аз байни иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” навқаламони боистеъдод пайдо намуда, осори драматургони ҷавон Дорои Суҳроб, Мунаввара Саъдуллоева, Таманно Шокирова ва Беҳрӯз Қайюмӣ мавриди муҳокима ва таҳрир қарор дода шуд.
Ҳамчунин, бахши драматургия дар маҷлиси муҳокимаи намоишномаҳои “Зан ва дузд” ва “Пораабри сафеди Чингизхон”-и Театри Лоҳутӣ ва намоишҳои Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту-23” иштирок ва ибрози андеша дошт.
Бахши адабиёти кӯдакон ва наврасон ба 100 асари нави бачагонае, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм пешниҳод шуданд, тақриз навишта, ҳусну қубҳ ва арзиши бадеии онҳоро муайян кард. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм барои хонандагони синфҳои поинии мактабҳои Тоҷикистон 4 хрестоматияи рангаю калонҳаҷм омода гардид, ки барои таҳияи китоби хониши синфҳои ибтидоӣ заминаи хубанд.
Адибони бачаҳо дар чорабиниҳои фарҳангии кишвар фаъолона ширкат варзида, дар ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич, Истаравшан, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Варзоб, аз ҷумла дар мавсими тобистон дар истироҳатгоҳҳои бачагон, бо хонандагони хурдсол вохӯрию суҳбатҳо доир намуданд.
Бахш дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Баҳористон» чандин барнома вобаста ба тарғиби китобу китобхонӣ, ба муносибати 100-солагии нависандаи машҳури бачаҳо Аминҷон Шукӯҳӣ маҳфилҳои зиёд барпо намуд.
Адибон дар доираи Фестивали китоби бачаҳо ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар ва бо хонандагон мулоқотҳо доир карданд. Барои эҷоди китоби хурдсолон дар соли 2023 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагон озмун эълон карда буд. Ба он 30 асари нав пешбарӣ шуда, муҳокимаашон моҳи январи соли 2024 баргузор мегардад.
Маркази тарҷумаи бадеӣ дар соли ҷорӣ дар доираи нақшаи кории худ шумораи панҷуми солномаи «Литературный Таджикистан»-ро ба чоп супурд. Дар он, ки аз 12,5 ҷузъи чопӣ, яъне 199 саҳифаи компютерӣ ва ҳафт бахш — «Из наследия мастеров современности», «Проза», «Поэзия», «Литература для детей и юношества», «Из творчества русскоязычных литераторов Таджикистана», «Очерк и публицистика», «Критика и литературоведение» иборат аст, асарҳои адибони гузашта ва муосири тоҷик ба забони русӣ тарҷума шуда, ба табъ мерасанд. Аз ҷумла осори устод Садриддин Айнӣ, Абдуҷаббор Каҳҳорӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Жола Бадеъ, Ғаффор Мирзо, Баҳром Фирӯз, Гулчеҳра Сулаймонова, Абдураҳмон Абдуманнон, Аламхон Кучарзода, Муҳиддин Хоҷазод, Зиё Абдулло, Азизи Азиз, Гурез Сафар, Гулноз, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Матлубаи Ёрмирзо ва дигарон, инчунин асарҳои адибони русизабони Тоҷикистон Ҷамила Мурувватиён ва Комила Камолова чоп шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ Маркази тарҷумаи Иттифоқ дар доираи татбиқи лоиҳа оид ба таҳия ва омода намудани тазкираи адабиёти муосири Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз ду қисм (наср ва назм) иборат аст, ҳамчун ҳамоҳангсоз иштирок намуда, тарҷумаи намунаҳои осори 48 нависанда ва 36 шоири шинохтаи муосири русро ба забони тоҷикӣ сари вақт таъмин кард. Ҳамин буд, ки кумитаи масъул ба нишони қаноатмандиву сипос яке аз фаъолони ин кори муҳим, адиби маъруфамон Абдураҳмон Абдуманнонро бо дипломи Шекспир мукофотонид.
Ходимони Марказ Амонбой Ҷуманов ва Интизор Умарова асарҳои Азизи Азиз, Абдулҳамид Самад, Сироҷиддин Икромиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума карданд. Ходими Марказ Нарзулло Назар ба тарҷумаи ҳикоя ва афсонаҳои Азизи Азиз ба забони арабӣ машғул аст. Ҳамчунин, аз рӯи тарҷумаи таҳтуллафзи ӯ китоби шеърҳои шоири машҳури араб Холид ал-Файсал дар тарҷумаи бадеӣ ба чоп омода гардид.
Дар соли 2023 Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллӣ эҳё гардида, ба фаъолияти густарда оғоз кард. Марказ дар муддати соли равон бештар аз 100 чорабинии гуногуни фарҳангӣ доир намуд. Адибон тибқи нақша дар тадбирҳои фарҳангӣ ба муносибати ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, рӯзҳои Ваҳдат, Истиқлолият, Забони давлатӣ, Конститутсия, Президент, Парчами давлатӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Силсилаи суҳбатҳо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон”, “Давлатдории миллӣ ва сарнавишти тоҷикон”, “Аҳаммияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаҳои об ва иқлим”, “Об — омили калидӣ дар муттаҳидсозии халқу миллатҳо”, “Айнӣ — сиёсатмадор”, “Давлатдорӣ ва ойини ватандорӣ”, “Нақши худшиносии миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ”, силсилаи суханрониҳо дар семинари бозомӯзии имомхатибони шаҳру ноҳияҳои кишвар, «Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат — раҳнамои ҷавонон», “Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Осорхонаи миллӣ”, “Таъмини амнияти иттилоотӣ бахши муҳимми таҳкими истиқлоли давлатӣ”, “Шукӯҳи истиқлол”, Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ, “Ташаббусҳои ҷаҳонии ҶТ дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо”, Рӯзи забони давлатӣ, “Мавлоно ва забони тоҷикӣ”, “Забон – ҳастии миллат”, “Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро”, “Ифротгароии динӣ — таҳдид ба амнияти Осиёи Миёна”, «Нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ», шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МО ҶТ, мулоқотҳо бо сарбозон ва афсарони неруҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд, суханрониҳо дар ҳамоишҳои “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон — омили муттаҳидии миллат”, “Мақоми зан дар адабиёти тоҷик” муассиру судманд буданд. Дар мулоқоту вохӯриҳо адибон Абдуллоҳи Раҳнамо, Ато Мирхоҷа, Озарахш, Ато Ҳамдам, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Рудобаи Мукаррам, Мирзо Шукурзода, Толиби Луқмон, Сироҷиддин Икромӣ, Насимбек Қурбонзода ва дигарон фаъолона иштирок намуданд.
Марказ инчунин ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, водии Яғноб гурӯҳҳои таблиғотӣ фиристода, дар сафари 10-рӯзаи ҳайати бонуфуз ба ВМКБ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок намуд.
Нашрияҳои ИНТ дар соли ҳисоботӣ сари вақт чоп шуда, дар тарғиби сиёсати фарҳангии давлат ва амалӣ намудани нақшаи кори Раёсати созмон саҳм гузоштанд. Тибқи анъана, ҳисоботи онҳо дар семоҳаи аввали соли нав дар ҷаласаҳои баррасии фаъолияти яксолаашон мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.
Шуъбаҳои вилоятии ИН низ дар соли гузашта фаъолияти пурсамар доштанд ва ҳисоботҳояшон шунидаву муҳокима хоҳанд шуд.
Мо ҳанӯз таҳти таъсири файзбахши Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҳастем. Он масъалаҳои муҳимми чанд соли фаъолияти давлату миллати моро мавриди баррасӣ қарор дода, вазифаҳои давраи минбаъдаро муайян кард. Дар Паём, аз ҷумла шеъру шоир, сухану суханвар, мактабу китоб ва тарбияи завқу мавқеи устувори иҷтимоӣ, ки яке аз вазифаҳои муҳимми адабиёт ҳам ҳаст, зикр шуд, ки далели таваҷҷуҳи накоҳандаи Пешвои миллат ба адибон ва фаъолияти барои ҷомеа зарури онҳост. Ин водорамон месозад, ки ҳамеша вассофи Ватани чун чаман, мардуми бофару фарҳангофар ва давлату сиёсати ободсози Ватану бунёдсози халқамон бошем. Дар иҷрои ин вазифаи пурифтихору пурмасъулият, амалӣ намудани нақшаи тозаи кори созмонамон, ки аз ҷумла беҳбуди минбаъдаи фаъолият, таҷлилу бузургдошти санаву шахсиятҳои бузурги давлату миллатамонро дар назар дорад, ба аҳли қалами кишвар дар соли нав муваффақиятҳо орзу мекунам.