Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи нависандагон ва Донишгоҳи миллӣ рўнамоии асарҳои «Марги судхўр» ва «Ҷаллодони Бухоро»-и Садриддин Айнӣ, ки соли равон ба забони англисӣ тарҷума ва нашр шуданд, баргузор гашт. Тарҷумаи асарҳои мазкурро адиб ва тарҷумон Абдусалом Мамадназаров анҷом додааст. Дар ҳамоиш адибон, адабиётшиносон, айнишиносон ширкат карданд. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоља, […]Идома...
20-уми декабр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии се китоб аз адибони Афғонистон – «Айёре аз Хуросон»-и Халилуллоҳи Халилӣ, «Гувоҳнома»-и Хайрмуҳаммадаймани Санчовакӣ ва «Гулчини ашъор»-и Восифи Бохтарӣ баргузор гардид. Маҳфилро муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа оғоз бахшид. Гардонандаи чорабинӣ Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар бораи ин китобҳо маълумоти муфид дод. Гуфта шуд, ки […]Идома...
19 декабр дар Иттифоқи нависандагон ба муносибати 70-солагии нависанда ва рӯзноманигор Мансур Суруш маҳфили адабӣ баргузор гардид. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар суханронии ифтитоҳояш М. Сурушро нависандаи чирадаст, рӯзноманигори варзидаву пуркор, тарҷумони пуртаҷриба ва намоишноманависи хуб ба шумор оварда, махсусан асарҳои ба забони русӣ навиштаи ӯро пурарзиш донист. Ба гуфтаи номбурда, ҷойгоҳи М. […]Идома...
14-уми декабр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адибону ноқидон барои таҳлилу баррасии вазъи нақди адабии имрӯз ба даври як миз нишастанд. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа мизи гирдро оғоз намуда, дар бораи доғу мубрам будани мавзуъ ва мушкилоти нақди адабии имрӯз батафсил сухан гуфт. Ӯ иброз дошт, ки агарчи дар умум вазъи нақди адабиямон чандон […]Идома...
Рӯзи 30-уми ноябр дар толори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии нависанда Зариф Ғулом маҳфили эҷодӣ барпо гардид. Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Равшан Махсумзод маҳфилро ифтитоҳ намуд. Гардонандаи ин рухдод нависанда Баҳманёр Муродӣ буд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, адабиётшинос Шоҳзамон Раҳмон, ҳамқаламону ҳамсабақон ва ҳамкорони соҳибҷашн дар бораи […]Идома...
Рӯзи 26-уми ноябр дар толори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагон ба муносибати 100-солагии мунтақиди саршинос, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа конфронсро ифтитоҳ бахшид. Гардонандаи маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар раванди конфронс дар бораи шахсият ва пажӯҳишҳои […]Идома...
15 ноябр Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Президент – кафили сулҳу амният ва рушди кишвар»-ро баргузор намуд. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, прокуратура, вазорату идораҳои дахлдор низ иштирок карданд. Чорабинии идонаро муовини аввали раиси […]Идома...
8-уми ноябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 95-солагии адиб, тарҷумон, мунаққид ва публитсист Масъуд Муллоҷонов маҳфили поси хотир доир гашт. Гардонандаи маҳфил муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар сухани муқаддимавӣ аз хидматҳои мавсуф дар соҳаи адабиёт ва рӯзноманигорӣ ёдовар шуд. Сардабири маҷаллаи «Помир» Саид Сангин дар мавзуи «Саҳми Масъуд Муллоҷонов дар рушди адабиёти русизабони […]Идома...
31 октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 50-солагии нашри романи «Тахти вожгун»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ нишасти илмиву адабӣ баргузор гардид. Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар оғоз гуфт: «Аз романҳои сегонаи машҳури Ҷалол Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», «Духтари оташ» ва «Тахти вожгун» чандин насли хонандагон ва адибони мо баҳраҳо бардоштаанд, ки аз […]Идома...
26 октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии ин созмони адабӣ маҷлиси садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим маҷлисро оғоз бахшида, зикр намуд, ки дар тӯли 90 сол Иттифоқи нависандагонро 9 нафар роҳбарӣ кардаанд. Дар давраи роҳбарии ҳамаашон корҳои муҳимми ташкиливу эҷодӣ анҷом ёфтаанд. Иттифоқ рушд намуд, мустаҳкам шуд, […]Идома...