РАЗИЮЛЛО АБДУЛЛОЗОДА (Расмӣ) 13 марти соли 1912 дар шаҳри Итаравшани вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) таваллуд ёфтааст. Соли 1930 Техникуми иқтисоду саноати Тошканд, соли 1941 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст. Аз соли 1930 то охири умраш омӯзгорӣ кардааст. Дар Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент, Омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа ва мактаби миёнаи ба номи М.Горкийи шаҳри Истаравшан дарс гуфтааст. […]Идома...
КАРИМ АБДУЛОВ 26 феврали соли 1939 дар деҳаи Сурхкати Кӯҳистони Масчоҳ ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Техникуми молияи Сталинобод, сипас дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. То соли 1967 сарварии комсомолону ҷавонони ҳамин даргоҳи бузурги донишро бар уҳда доштааст. Соли 1970 ба кори ҳизбӣ сафарбар шудааст. Солҳои 1988-1990 […]Идома...
ВЛАДИМИР ФРОЛОВ 23 марти соли 1935 дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) ба ҷаҳон омадааст, зеро падарашро баъди хатми Омӯзишгоҳи ҳавопаймойии Балашов ба Тоҷикистон фиристодаанд. Баъди хатми мактаби миёна соҳиби дипломи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ва шуъбаи журналистикаи Академияи улуми иҷтимоъии ҲКИШ гардидааст. Аз октябри соли 1957 дар вазифаҳои масъули васоити […]Идома...
НАҶМИДДИНИ ШОҲИНБОД 21 ноябри соли 1952 дар деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳа таҳсилашро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома дода, баъди хатми он дар рӯзномаи «Бадахшони Советӣ» кор кардааст. Солҳои 1980-1983 ва 1984-1987 тарҷумони Созмони ҷавонони Ҷумҳурии Демократии Афғонистон будааст. Соли 1989 […]Идома...
ДОДОХОНИ ЭГАМЗОД 1 апрели соли 1951 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, соли 1969, вориди шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1974 ба поён расондааст. Фаъолияти меҳнатиро аз моҳи августи соли 1973 ба ҳайси ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намудааст. […]Идома...