Ҳаҷви нишонрас куҷост?

 Ҳаҷви нишонрас куҷост?

Солҳост, ки вазъи ҳаҷву мутоиба, сатҳи саҳнаҳои ба ном ҳаҷвии «ҳаҷвнигорон» дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сурудҳои ҳаҷвӣ, намоишномаву филмҳои мазҳакавии театру синамои кишвар ва мавҷуд набудани барномаҳои хосаи ҳаҷвӣ дар симо ва садои кишвар мавриди таҳлил ва нақди коршиносони соҳа қарор гирифта, нигаронкунанда арзёбӣ мешавад. Хулосаи ҳама баҳсу интиқоди соҳибназарон ин аст, ки дар Тоҷикистон қаламкашони ҳаҷвнавис камшумор шудаанд. Вале дар ин баробар андешаву пешниҳодҳои дигар низ вуҷуд доранд, ки амалӣ намудани онҳо вазъи ҳаҷвро дар фазои адабӣ ва ҳунарии Тоҷикистон метавонанд беҳбуд бахшанд. Назари чанде аз адибон ва намояндагони соҳаи ҳаҷвро перомуни ин масъала пурсидем.

Абдурауф МУРОДӢ, адиби ҳаҷвнавис:
– “Духтур баъди муоина ба зане маслиҳат медиҳад:
– Асабҳоятон хаста шудааст, хуб мешавад, ки ба шавҳар бароед.
– О, духтур, ман шавҳар дорам!
– А?! Ин хел бошад, аз шавҳаратон ҷудо шавед!”

Дар ин латифа, ки албатта, хандазост, ҳадаф эътироз ҳам нисбат ба табибони саҳлангору тасодуфӣ ва ҳам нисбат ба шавҳарони занозору бепарвост. Ва аз он бардоште низ метавон дошт, ки барои маҳкуму масхара кардани ашхоси каҷамал ва ҳар гуна аъмоли ношоиста ҳаҷв чи тавону имконеро дорост. Воқеан, ҳаҷв силоҳи муқтадир бо тири ҳадафгир аст. Ҳар гоҳ ки сухани “ҳамвор”-у беозор корагар намешавад, рӯ ба лафзи “хордор”-у муассир меоваранд, яъне аз ҳаҷв кор мегиранд. Аз ин рӯ, нақши ин жанри “мухолиф”-у муборизи адабиёт дар ошкору рафъсозии бисёр сактаю ноҷӯриҳо, нақсу носозгориҳои зиндагӣ бағоят бузург аст. Адабиётшиносон борҳо таъкид кардаанд, ки адибони маъруфи ҳаҷвнигор Салтиков-Шедрин, Гогол, Чехов, Я. Гашек, М. Твен, А. Несин… бо осори “тунду тез”-и худ баҳри фошу бартараф сохтани бисёр камбудиҳои ҷомеа, маҳкум кардани рафтори зиёнбори иддае аз одамони бадтинату зиштаъмол чӣ хидматҳои мондагору пурсудеро анҷом додаанд.

Зумрае аз адибони муосири тоҷик, ки теъдодашон чандон зиёд нест, кӯшиш бар он доранд, ки посдору идомабахши шоистаи анъанаи ҳаҷвнигории ниёгони ҳаҷвнависи хеш бошанд. Эшон ҳам ба насру ҳам ба назм асарҳои ҳаҷвӣ офарида, намегузоранд, ки шамъи ин жанри пуртавон хомӯш гардад, вале ин шамъ алҳол чандон шуълавар нест, хирасӯз аст. Адабиёти муосири тоҷик расман пас аз Инқилоби Октябр, аз солҳои 20-уми садаи 20 оғоз меёбад. Аз чопи қиссаи ҳаҷвии устод Айнӣ “Марги судхур” наздик ба 90 сол сипарӣ мешавад, вале ин асари устод боз ҳам ба гунаи беҳтарин асари ҳаҷвии адабиёти муосири тоҷик боқӣ мондааст ва дар гумон аст, ки минбаъд низ ҳамсанги он асари ҳаҷвие офарида шавад. Воқеияти рӯзгорони мо тақозои онро дорад, ки ба рағми бадхоҳони миллат, нотавонбинони комёбиҳои халқи тоҷик, туҳматгарону ҳарзагӯён, иғвогарону бадсириштон, ҳаннотону порахӯрон, алоқамандони маводи мухаддир ва пархошҷӯёну кинаварон асарҳои барҷастаю неруманд ва бозарбаи ҳаҷвӣ нигошта шаванд. Ин муҳимтарин вазифаи ҳаҷви имрӯз аст. Дареғ, ки чун дар чанд бахши дигари адабиёти муосирамон ҳаҷв низ дар он сатҳе нест, ки бояд бошад. Ҳаҷв имрӯз мавзуи маҳдуд, забони камранг ва бандубасти нокомил дорад, камҷасорат аст. “Беморӣ”-и умумигӯӣ ба арсаи ҳаҷву танз низ “сар халондааст”. Аз касрати касодии бозори ҳаҷв нашрияҳо бештар аз тарҷума кор мегиранд, ҳаҷвиёти пешину маъмулро бознашр мекунанд ва ё ба ном ҳаҷвияю танзномаҳоеро пешкаш ба хонандагон менамоянд, ки аслан иртиботе ба ин жанри пуровозаю писандида ва “кӯбанда”-ю гиреҳкушо надоранд.

Холиқназар ҶУМЪАЕВ, адиби ҳаҷвнигор:
– Имрӯз вақте аз нишонрас набудани ҳаҷв сухан меронем, пеш аз ҳама бояд андеша кунем, ки барои рушди ин соҳа мо чӣ кор кардем ва ё чӣ кор карда истодаем? Оё мо мактаби ҳаҷв дорем? Оё дар донишгоҳҳо курсҳои омӯзиши ҳаҷву ҳаҷвнигорӣ вуҷуд доранд? Агар чунин заминаҳо барои омӯзиши ин жанри пур аз лутфи адабӣ мавҷуд мебуд, он вақт ҳаҷв ҳам хуб мебаромаду ҳам нишонрас.

Аз таҷрибаи худ мегӯям, ки ҳаҷвнигорони мо бе мактаб тарбия меёбанд. Онҳо аз миёни халқ зуҳур мекунанд ва ин аст, ки зуд ба дили халқ роҳ меёбанд. Алъон шабакаҳои телевизионии мо барномаҳои хоси ҳаҷвӣ надоранд, ки тамошобинро ба ваҷд оранд. Тамошобин ҳанӯз ҳаҷви солҳои пешро тамошо мекунад, яъне ҳаҷви ҳаҷвнигоронеро, ки имрӯз дар байни мо нестанд. Ҳаҷви нав дар шабакаҳои телевизионӣ қариб дида намешавад. Мо алъон саҳнаҳои хоми ҳаҷвнигорони кӯчабозориро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинему халос. Инҳоро низ набояд маҳкум намуд. Фикр мекунам, баръакс онҳоро бояд дастгирӣ ва тарбия кунем. Чунки аз тамошои чунин саҳнаҳо дарк кардан мумкин аст, ки истеъдодҳо ҳастанд. Бояд онҳоро ҷамъ оварем ва тарбия кунем. Ҳамаи онҳо ба дастгирӣ ниёз доранд. Барои баланд бардоштани сатҳи ҳаҷву ҳаҷвнигорӣ нахуст ба мо мактаб зарур аст. Масалан, мо факултаи журналистика дорем, факултаи забон ва адабиёт дорем, вале дар куҷо мо факултаи ҳаҷвнигорӣ дорем? Кадом устодони ҳаҷвнигорро медонед, ки ба донишҷӯён аз ҳаҷву мутоиба дарс гӯянд? То он ҷое, ки хабар дорем, танҳо дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода ихтисосе бо номи “Санъати актёрӣ, мусиқӣ ва мазҳакавӣ” вуҷуд дорад, ки ин хеле кам аст. Бояд дар аксари факултаҳои филологии донишгоҳҳо ихтисосҳои ҳаҷвнигорӣ, мазҳака, ҳаҷвнависӣ ва ғайра таъсис дода шаванд ва ба муҳассилин ин жанрро хуб омӯзонанд.

Инчунин, дар Иттифоқи нависандагон агар шуъбаи ҳаҷв таъсис ёбад, кори хубе мешавад.

Мирзоумари МИРЗОАҲМАД, ҳунарманди театру синамо:
– Имрӯз адибони ҳаҷвнавис хеле кам дорем. Шояд як сабаби камтаваҷҷуҳии адибон ба иншои осору ашъори ҳаҷвӣ набудани минбарҳои таблиғи ҳаҷв дар симову садо ва матбуоти кишвар бошад. Мисли солҳои пеш фаъолияти маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» чашмрас нест.

Дар аксари матбуоти даврии кишвар гӯшае барои чопи латифаҳо ҷудо шудааст, ки бо хонданашон, намедонам бигирям ё бихандам. Дар телевизионҳои кишвар ҳам барномаҳои хос ва доимии ҳаҷвӣ надорем, ки ҳар ҳафта соати пахшашонро мунтазир шавем. Соле пеш ҳаҷвнигори тоҷик Муқимҷон Абдуфаттоев дар Телевизиони «Сафина» барномаи ҳаҷвиеро бо номи «Шодона» пеш мебурд, ки ҳоло намебинам.

Дигар мушкили напардохтани адибон ба ҳаҷвнависӣ пешниҳоди ҳаққи қалами ночиз аз ҷониби идораи матбуот, телевизион, радио ва дигар ниҳодҳои эҷодист. Ҳамин аст, ки ҳаҷвнависони касбии кишвар барои иншои осори ҳаҷвӣ шавқманд намешаванд. Ҳатто театрҳои мусиқӣ-мазҳакавӣ ва филмофарон харидору талабгори осори ҳаҷвии тоза нестанд.

Ҳаҷви касбӣ, ки надорем, корҳои хому хаталаи ба ном ҳаҷвнигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурҳаводор шудааст. Масале ҳаст, ки дар ҷангали холӣ аз шер рӯбоҳ худро шер мехонад. Шояд дигар роҳҳои муассире барои гирифтани пеши роҳи ҳаҷвҳои кӯчабозорӣ вуҷуд дошта бошад, вале ягона василаи камхаридор шудани чунин «ҳаҷв» ба майдон овардани ҳаҷвҳои созандаву касбист.

Дигар хабарҳо