Пайвандгари ду миллат

Дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 585-солагии асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Алишер Навоӣ маҳфили адабӣ таҳти унвони «Алишери Навоӣ – пайвандгари дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек» баргузор гардид.

Ҳамоиш бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадафи  он таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши дӯстии деринаи ду миллати ҳамҷавор буд.

Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси фонди ҷамъиятии «Ватандошлар»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Одилҷон Сатторов, аҳли илму адаб, инчунин меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Онҳо аз ҷойгоҳи баланди Навоӣ дар адабиёти тоҷику ӯзбек сухан ронданд.

Донишҷӯён аз ашъори ӯ қироат карданд. Ҳамчунин, иҷрои сурудҳо ва барномаҳои бадеӣ аз ҷониби ҳунармандони Тоҷикистону Ӯзбекистон собит сохт, ки осори Алишери Навоӣ имрӯз низ рамзи пайванди ду миллат аст.

Дигар хабарҳо