Матлаи субҳи зебоӣ

 Матлаи субҳи зебоӣ

Бардоштҳое аз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Инак соли шашум мешавад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Ин таваҷҷуҳи басо маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ва саодати баланди мардуми кишвар аст. Зеро бо хондани китоби зиёду иштирок кардан дар озмун ҳар иштирокчӣ соҳиби донишу фаҳмишу биниши афзун мешавад, неруи зеҳниаш тақвият меёбад. Инчунин иштирокчӣ, бешубҳа, қобилияти эҷодӣ пайдо мекунад, захираи луғавиаш такмил меёбад, суханвару сухандон мегардад. Ва агар сидқан омодагӣ дида бошаду дар озмун пирӯз шавад, маблағи хуберо ҳам ба даст меорад. Волидоне, ки фарзандони онҳо дар даври ҷумҳуриявии озмун соҳиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ё Шоҳҷоиза мешаванд, бо нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ сазовор мегарданд. Дар баробари ин омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун ба зинаҳои баланди муваффақият мебароянд, бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва маблағ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида мешаванд. Яъне аз хондани китоб ҳам фоидаи маънавӣ мегиранд, ҳам моддӣ. Ба ин хотир шумораи китобхонҳо дар кишвар сол аз сол меафзояд.

Имсол ҳам озмун аз рӯи шаш номина баргузор гардид, ки чунин тақсимбандӣ шудаанд: номинаҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ; адабиёти классикии тоҷик; адабиёти муосири тоҷик; адабиёти ҷаҳон; эҷоди назм; эҷоди наср. Довталабони номинаҳо аз рӯи синну сол ба бахшҳои хонандагони мактаб, донишҷӯён ва бахши калонсолон ҷудо шудаанд. Дар бахши калонсолон омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмиву адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат ва намояндагони касбу кори гуногун шомил буданд.

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар нимаи дувуми моҳи август дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта, даҳ рӯз тӯл кашид. Дар ин муддат қариб 500 нафар иштирокчӣ аз санҷиши ҳакамон гузаштанд. Ба ҳайати ҳакамони даври шаҳрӣ шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон, намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва иттифоқҳои касаба ворид гардида буданд. Чун як нафар узви ҳайати ҳакамон медидам, ки тамоми доварон бо масъулияти баланд рисолати довариашонро ба иҷро мерасонанд. Мо ҳамроҳи Шоири халқии Тоҷикистон устод Рустам Ваҳҳобзода ва номзади илмҳои филологӣ, омӯзгори Дошишгоҳи давлатии Данғара Муродгул Саъдуллоева доварони номинаи бахши эҷоди назм будем. Аз ин рӯ бештар аз хусуси ҳамин номина ҳарф мезанам. Ин бахш аз зеботарин ва айни замон аз мушкилтарин бахшҳои озмун буд. Зеро шеър эҷод кардан чи истеъдоду маҳорату масъулияте металабад, ба ҳамагон маълум аст. Барои шоир шудан танҳо китоб хондан басанда нест. Шоиршаванда бояд истеъдоди модарзодӣ дошта бошад. Аммо чунин ҳам иттифоқ меафтад, ки одам аз мутолиаи хеле зиёди китоби бадеӣ эҷодкор мешавад. Зеро китоб калиди сарчашмаи ақл, дониш, идрок ва ҳатто илҳом аст. Илҳоме, ки ба шарофати он назми хубу насри хуб рӯйи сафҳа меояд.

Ҳамин нозукиҳоро ҳангоми баҳогузорӣ ба маҳорати довталабон ба назар гирифтем ва ниҳоят, бо овоздиҳии кушода ғолибонро муайян намуда, барои ширкат варзидан дар даври чоруми ҷумҳуриявии озмун дастурашон додем. Бояд гуфт, ки дар бахши эҷоди назм, дар байни се насли иштирокчӣ-хонандагони мактаб, донишҷӯён ва калонсолон бахши калонсолон каме пешқадамтар буд. Вале дар маҷмуъ бозёфти нодиреро рӯ ба рӯи худ надидем. Яъне нафаре дар миёни 43 нафар иштирокчии номинаи назм пайдо нашуд, ки бо истеъдоду маҳорати баланди шеърнависиаш ҳайати ҳакамонро қаноат дода бошад.

29 августи соли равон маросими ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ғолибон бо маблағҳои аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд ва моҳи декабр дар даври чоруми озмун иштирок хоҳанд кард. Итминон дорем, ки дар даври ҷумҳуриявӣ иштирокдорон заҳмати бештаре мекашанд ва натиҷаҳои хуб ба даст меоранд. Муваффақият ёрашон бод!

Раънои МУБОРИЗ, «АС»

Дигар хабарҳо