• 02.05.2024

Кӯҳ моро шукӯҳ омӯзад…

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ

Шеър илм нест, аммо сарчашмаи маърифат аст. Шеър муҳаррики аслии башар барои даст ёфтан ба ҷаҳоне бартар ва беҳтар аст, зеро шеър ангезаҳоро бедор ва фикрро вусъат мебахшад. Ба қавли Мэтю Арнолд, шоир ва фарҳангшиноси англис, “На­въи башар ҳар рӯз беш аз пеш пай хоҳад бурд, ки ногузир аст ба шеър рӯй оварад, то шеър зиндагиро аз барои мо тафсир кунад, моро тасаллӣ диҳад ва пуштибонӣ кунад. Бидуни шеър илми мо ноқис хоҳад намуд. Шеър баёни пуршӯру эҳсосест, ки дар симои ҳамаи улум аст”.

“Қаламрави меҳр” маҷмуаи нисба­тан фарогири осори манзуми Рустам Ваҳҳобзода буда, анвои гуногуни ашъори ӯро, ки бар асоси жанру навъ ва аҳёнан мавзуъ гурӯҳбандӣ шуда, ашъори солҳои охири ӯро фаро меги­рад. Дар маҷмуаи мазкур маснавию қасида, ғазалу мусаммат, рубоию дубайтӣ ва такбайтҳо далолат бар тавоноӣ ва тасаллути шоир бар анвои гуногуни шеър доранд.

Рустам Ваҳҳобзода шоири анде­шаманд ва маънисаро аст. Таҳлили маҷмуи “Қаламрави меҳр” баёнгари ин нукта аст, ки Рустам бар асоси ҳа­яҷоноти зудгузар ва таъсири ҳаводиси рӯзмарра шеър намегӯяд, балки ман­шаи сурудаҳои ӯро андешаву ҳикмати хосе ташкил медиҳад. Рустам ба ҳа­водиси муҳит ва рӯзмарра низ, ки бар ҳаёти иҷтимоии мардум таъсиргузор ҳастанд, бетафовут нест, балки бо қудрати хираду андешаи баландпар­вози хеш сабақҳои ибратомӯз андӯх­та, нукоти тозаеро ба хонандаи хеш пешниҳод мекунад. Шеъри Рустам аз обишхӯри шеъри классикии тоҷик сар­чашма мегирад. Ин дилбастагӣ ҳатто дар шеърҳои нав, сапед, ашъори кӯтоҳ ва сурудҳои шоир низ ба мушоҳида мерасад. Сарояндаи “Қаламрави меҳр” суннату навовариро дар ҳамбастагӣ бо якдигар дар сурудаҳои хеш ба кор мегирад. Дар шеъри Рустам шаҳома­ти шеъри Фирдавсӣ, ҳикмати Ҳофиз, латофати ашъори Саъдӣ ва андешаи Мавлавӣ ва Иқбол бо ҳам талфиқ шу­дааст. Дар маҷмуъ, аксари сурудаҳои шоир дар маҷмуаи “Қаламрави меҳр” ҷанбаи ҳамосӣ ва ҳикамӣ доранд. Чу­нин ба назар мерасад, ки аз шоирони муосир аз назари сабку баён беш аз ҳама Рустам Ваҳҳобзода таҳти таъ­сири сурудаҳои устод Муъмин Қаноат қарор дорад.

Ҷанбаи дигари ашъори Рустам Ваҳҳобзодаро мавзуи ситоиши арзишҳои волои маънавию башарӣ ва тараннуми муқаддасоти миллию инсонӣ ташкил медиҳад. Ҳамин тао­дул дар тули фаъолияти эҷодии шоир ба таври мутаносиб риоят мешавад, ки падидаи фавқулода нодир аст. Аз ҳамин ҷиҳат дар шеъри Рустам лағ­зишҳои фикрӣ, ақидатӣ ва дугонагии афкор камтар мушоҳида мешавад. Рустам дар масоили миллию ақидатӣ мавқеи устувору сутуданӣ касб кар­да, дар тули фаъолияти эҷодиаш ин мавзуъро такмилу тақвият додааст. Сабаби истеҳкоми нигариши шоир дар он зоҳир мешавад, ки ӯ масъалаҳои миллӣ ва арзишҳои маънавию инсо­ниро бо масоили тағйирёбанда омехта намекунад, зеро арзишҳои миллию маънавӣ ва фарҳангии як миллат со­биту доимӣ ҳастанд. Тафкику таҷзияи ин ду масъала кори осоне набуда, хоси ҳар як шоир ҳам нест. Ин гуна мавзеъгирӣ ба ҳиммату ҳикмати худи сухансароён бастагӣ дорад.

Ба ҳамин тартиб, дар тамоми шеърҳои маҷмуаи “Қаламрави меҳр” ҳамин хатти сюжет ба таври мутаносиб риоят шудааст, ки ин ҳамоҳангиро дар осори камтар шоире метавон мушоҳи­да кард.

Шоирон ду гуна мешаванд; гурӯҳе, ки шеърашон аз андеша ва ҳикмат маншаъ мегирад ва шоироне, ки шеърашон таҳти таъсири эҳсосот ва ҳаяҷоноти зудгузар эҷод мешавад. Ҳар ду ин навъи шеър ҳаққи мавҷудият до­рад, мунтаҳо ашъоре, ки таҳти таъсири андеша ва ҳикмат суруда мешаванд, қобили истифода дар тамоми адвор буда, ашъори эҳсосотӣ ва шиорӣ хоси як давраи таърихӣ ҳастанд.

Рустам Ваҳҳобзода ба гурӯҳи шо­ирони ҳикматсаро дохил мешавад, ки дар сурудаҳояш талош мекунад, ки масъалаҳои амиқи башарӣ, маънавӣ ва миллиро инъикос намояд. Агар ба ашъори маҷмуаи “Қаламрави меҳр” таваҷҷуҳ шавад, ба таври возеҳ аён аст, ки он чи шоир дар даҳаи 80-и асри ХХ суруда, бо сурудаҳои кунунии вай аз назари таваҷҷуҳ ба арзишҳои мил­лию маънавӣ як навъ ҳамоҳанганд. Масалан, хатти фикрие, ки Рустам Ваҳҳобзода дар “Соқинома”-и хеш соли 1989 матраҳ мекунад, бо қасидаи “Оинаи якрӯӣ”-и шоир, ки дар соли 2020 иншо шудааст, дар ҳамоҳангии комил қарор доранд. Шоир 35 сол қабл дар “Соқинома”-и хеш гуфтааст:

Дуруде бар он пири донои Тӯс,

Ки хуршеду маҳ оядаш хокбӯс.

Ҷаҳонпаҳлавони ҷаҳони сухан,

Ҷаҳонхусрави ҷовидони сухан.

Ба сад обхези дигар Нӯҳи мост,

Ки “Шаҳнома” худ киштии руҳи мост.

Агар тоҷикеро пайи доварӣ

Ту аз чашми сӯзан бурун оварӣ,

Чу ришта шавад гар зи по то сараш,

Ҳамон “Шоҳнома” бувад дар бараш.

Шоир дар қасидаи “Оини якрӯӣ”, ки дар пайравии қасидаи маъруфи Хоқо­нии Шервонӣ эҷод кардааст, ҳамин мазмунро такмил дода, чунин ҳушдор медиҳад:

Эй толиби Сосонӣ, эй вориси Сомонӣ,

Кас домани ин давлат нагрифт ба осонӣ.

Ободии Меҳанро имрӯз ҳамебояд

Бозуи Каюмарсӣ, тадбири Сулаймонӣ…

Бар зарраи хоки мо сад чашми тамаъ боз аст,

Дар тангаи ин чашмон мову ту чу зиндонӣ.

З-ин танг ба парвоз ой, эй ақли ҷаҳонтасхир,

Симурғи ту аввал буд дар вусъати кайҳонӣ.

Яъне, дарди шоир дарди гузаро ва тамаъҷӯёна набуда, балки ҳамчун як тоҷики собитқадам бидуни манфи­атҷӯӣ ва худнамоӣ ситоиши арзишу ифтихороти миллиро ҷузъи рисолати инсонии хеш медонад. Ҳамин тавозун дар тули фаъолияти эҷодии шоир ко­милан риоят шуда, бо шеваҳои гуногун таблиғу таъкид гардидааст.

Вижагии дигари шеъри Рустам дар он аст, ки корбурди устураҳои миллию маънавӣ дар ашъораш аз ибтидо то кунун ҳамчунон ба таври мутавозин истифода мешавад. Чунин таодул бад- ин маъност, ки шоир мехоҳад барои расидан ба қуллаи муродаш бо ду бол ба сӯи ҳадафи хеш парвоз намояд.

Хусусияти дигари шеъри Рустам Ваҳҳобзода ҷанбаи ҳамосӣ ва баёни шукӯҳмандест, ки дар ашъораш ба кор мегирад. Бостонгароӣ ва истифо­да аз калимаҳои фохири классикӣ аз хусусиёти мумтози шеъри шоир аст. Дар маҷмуъ шеъри ҳамосӣ ба ин гуна калимаҳо ва баёни шукӯҳманд ниёз дорад, балки ин равиш ҷузъи хусуси­ятҳои зотии шеъри ҳамосӣ аст. Ин ра­виш дар вазни “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ фавқулода дурахшидааст ва табъи Фирдавсӣ ба ҳадде буда, ки дар зеҳн ин маъноро талаққӣ мекунад ва ангор, вазни мутақориб хоси осори ҳамосӣ бошад. Аммо воқеият ин гуна нест. Дар таърихи адабиёти тоҷик шоирони ди­гаре низ ҳастанд, ки мавзуи ҳамосаро дар авзони дигар низ ба таври мутан­тан сурудаанд. Дар асри ХХ Абулқосим Лоҳутӣ ва Муъмин Қаноат ҳамин роҳро идома дода, шеъри ҳамосиро дубора эҳё карданд. Рустам Ваҳҳобзода низ дар авзони гуногун тавони худро барои сурудани шеъри ҳамосӣ ба исбот рас­онидааст. Намунаи боризи он достони “Лозуркӯҳ” аст, ки дар шакли чаҳорпора суруда шуда, шукӯҳи ҳамосӣ дорад. Гарчанде то кунун дар робита ба ин достон нақди адабии муосир ба таври лозим изҳори назар накардааст, аммо бо муруре гузаро бо итминон метавон гуфт, ки “Лозуркӯҳ” яке аз беҳтарин достонҳои адабии даврони Истиқлол ба шумор меравад. Мавзуи достони мазкур рӯёрӯйи башар бо ду хатари азим, хатарҳои табиӣ ва маънавӣ аст. Шоир барои ҳалли хатароти ҷаҳони му­осир пешниҳод мекунад, ки кишварҳо аз сабқати ҷунуномези тасарруфи манобеи табиӣ даст кашида, бо за­хираҳои сайёра муносибати инсонӣ дошта бошанд.

Достон дар баробари матраҳ кар­дани масъалаи доғи ҷаҳони муосир, яъне гармшавии иқлим ва об шудани пиряхҳо ҳамчунин аз назари тасвир­созӣ ва тозакориҳои шоирона низ саршор аст.

Достони “Лозуркӯҳ” аз ҷиҳати мун­дариҷаву муҳтаво ва ҷанбаи ҳамосии хеш ба достони “Тоҷикистон – исми ман”-и устод Қаноат шабоҳати наздике дорад. Дар ин ду достон як руҳи муш­тарак – руҳи тоҷики озодаву бунёдкор сайр мекунад. Дар осори устод Қаноат кӯҳ ҳамчун намоди устуворӣ ва ҷови­донагии руҳи тоҷик мавриди ситоиш қарор гирифта, шоир кӯҳро ба руҳи тоҷик ташбеҳ кардааст. Дар достони “Лозуркӯҳ”-и Рустам Ваҳҳобзода низ ҳамин ташбеҳ ба ҳамон маъно ба кор рафта, ҷилваҳои тозае аз он ба намо­иш гузошта мешавад:

Кӯҳ моро шукӯҳ омӯзад,

Ҳиммат аст, он чи кӯҳ омӯзад.

Шоир дар бахши “Сафар”-и достони мазкур мавзуи фалсафаи кӯҳ ва ирти­боти он бо руҳ ва фарҳанги тоҷикро ин гуна тафсир мекунад:

Танҳо зи ту илтимоси ман ин аст,

Аз ёд мабар шукӯҳи куҳҳоро.

Магзор, ки об аз осиё афтад,

Аз решаи ҷон ҷудо шавад дарё.

Тоҷик ҳамеша мисли бӯтемор

Бар саргаҳи об шишта ғам хӯрдаст.

То қисмати дигарон нагардад кам,

Нохӯрда, ба оби худ қасам хӯрдаст.

Шоир кӯҳу дарёро, ки дар якҷоягӣ аз онҳо бо номи намодини Лозуркӯҳ ёд мекунад, ду неъмати бебаҳо медонад, ки ҳаёту мамоти миллии мо ба онҳо вобаста аст. Аз сӯи дигар, ин ду сар­вати бебаҳо дар тули таърих маншаи таҳдиди мо низ будаанд. Ин ду неъмат омили таъсиргузор дар ҳаёти башари­ят ба ҳисоб рафта, истифодаи оқилона аз онҳо имконияти фавқулодае барои ояндаи мо фароҳам хоҳад кард:

Дастони ситорарези дарёҳо

Сад чархаи нурро бигардонад,

Он қадр, ки деви зулмати инкор

Дар пойи шаҳомати ту сар монад!

Дар маҷмуаи “Қаламрави меҳр”, дар баробари достони “Лозуркӯҳ”, «Соқинома» ва қасидаи «Оинаи якрӯӣ» шеъру қасида ва маснавию мусам­матҳои дигаре, аз қабили “Кӯҳистон”, “Тоҷикистон”, “Тоҷик”, “Тоҷикӣ”, “Шаҳри Хуршед”, “Гуфтугӯ бо пайкараи парда­пӯши ҳаким Фирдавсӣ”, “Кабки дарӣ”, “Бухоро” ва ғайра ҷой гирифтаанд, ки мавзуи онҳоро ситоиши арзишҳои волои миллию маънавию башарӣ ва тараннуми муқаддасоти миллӣ ташкил медиҳад. Ҳамаи ин ашъор дар жанрҳои гуногун суруда шуда, нуқтаи муштара­ки онҳо мавзуъ ва баёни шукӯҳманди онҳо аст.

Рустам Ваҳҳобзода ба масъала ва мушкилоти дунёи муосир аз дидгоҳи умумибашарӣ ворид гардида, бо ан­дешаҳои бикру ҳикматҳои дилпазир роҳи ҳалли мушкилотро бозкушоӣ ме­кунад. Бо ҳамон усуле, ки аз бомдоди зуҳури адабиёти тоҷик роиҷ шуд ва то кунун, ин суннати шоиста тавассути адибони мунавварфикри тоҷик идома ёфтааст. Ӯ натанҳо бо силоҳи шеър, балки бо эҷоди таронаҳои ватанӣ, ки сарояндагони маъруфи кишвар онҳоро месароянд ва ҳамчунин мушорикат дар баҳсу мунозираҳои доғи рӯз, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаранд, фаъолона ширкат намуда, бо мав­зеъгириҳои хирадмандонаи хеш дар тарбияи руҳи ватанпарастии насли ҷавон ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо рисолати равшангарии хешро ба хубӣ анҷом медиҳад. Ба қавли шоири инг­лис Филип Сидни, “Шеър бо тақвияти тахайюл дорои таъсири ахлоқӣ аст ва тахайюл ҳам ба навбати худ узви табиати ахлоқии инсон аст, зеро ҳам­дилиро, ки бузургтарин василаи ахлоқ аст, мепарварад. Шоир бо тақвияти тахайюл ба таҳаққуқи хайри ахлоқӣ мадад мекунад”.

Китоби Рустам Ваҳҳобзода, Шоири халқии Тоҷикистон аз тарафи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ пешниҳод гардидааст ва биду­ни шак, китоби мазкур ва сарояндаи чунин сурудаҳои ҳикматомӯз шоистаи дарёфти ин ҷоизаи муътабари адабӣ мебошанд.

Беҳрӯзи Забеҳулло,

мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти АМИТ</