• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Дар Толори сафеди Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ - бинои мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Маҷмааи тандурустии “Дўстии Тоҷикистону Ўзбекистон” бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдомҳои саховатмандонаи сарони давлатҳо аз тарафи ҳукуматҳои ду кишвар бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 Мактаби муосири таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон дар масоҳати 1,5 гектар сохта шуда, аз се ошёна ва синфхонаҳои муосир, варзишгоҳ, толорҳои варзишӣ, синфхонаҳои фаннӣ, ошхонаи барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Ин даргоҳи илму маърифат туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони шаҳри Самарқанди Ўзбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дўсту ҳамсоя бунёд шудааст.

Маҷмааи тандурустии “Дўстии Тоҷикистону Ўзбекистон” бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Маҷмааи тандурустӣ 19 шуъба дошта, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ки барои ташхиси дақиқу муолиҷаи саривақтии беморон муҳим мебошад.

Бо таъмини чунин шароити муосир акнун сокинон дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Он дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, фавти модару кўдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кумакҳои аввалияи тиб- биро дастраси сокинон менамояд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як мактаби нав барои шашсаду сӣ ҷой, ки онро дўстони ўзбек сохтаанд, ба истифода дода шуд. Сохтмони як муассисаи томактабӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар шаҳри Риштони вилояти Фарғона барои 200 ҷой дар арафаи анҷомёбист.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved