• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Муҳтарам Шавкат Миромонович! Хуш келипсиз, азиз дўстлар!

Дўстон ва меҳмонони азиз!

Хуш омадед!

Шуморо бо камоли самимият дар Қасри «Арбоб»-и вилояти Суғд хайрамақдам мегўям!

 Имрўз мо шоҳиди рўйдоди таърихӣ ҳастем. Бори нахуст дар таърихи муосири муносиботи Тоҷикистон ва Ўзбекистон роҳбари давлати ба мо ҳамсоя ва дўсти Ўзбекистон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҳузур доранд. Бисёр муҳим аст, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба кишвари мо дар соли 30-юмин солгарди соҳибистиқлолии давлатҳои мо сурат мегирад.

Бо истифода аз имконият, дар шахси Шумо, Шавкат Миромоновичи азиз, мехоҳам тамоми мардуми наҷиби Ўзбекистони бародарро бо ин ҷашни таърихӣ самимона табрик намоям.

***

Истиқлолияти давлатӣ ба халқиТоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Халқи Тоҷикистон фоҷиаи муқовимати шаҳрвандиро, ки мамлакати мо дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ бо он мувоҷеҳ шуд, ҳаргиз фаромўш нахоҳад кард. Он боиси харобиҳои азим ва маҳрумиятҳо гардид.

Тавре маълум аст, маҳз дар Қасри фарҳанги «Арбоб» воқеаҳое рух доданд, ки дар ташаккули Тоҷикистони нави соҳибистиқлол ва мустақил нақши таърихӣ доштанд. Маҳз дар ҳамин ҷо қарорҳое қабул шуданд, ки пойдевори давлатдории навини тоҷиконро гузоштанд.

Дар дохили деворҳои ин қаср роҳи қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози мусолиҳаи миллӣ интихоб шуд. Басо рамзист, ки имрўз дар ин бинои таърихӣ, ки таҷассуми сулҳ, ризоият ва созандагӣ мебошад, мо бо дўст ва бародари азизам муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев бо фаъолон, намояндагони ҷомеа, аҳли илм ва зиёиёни эҷодкори вилояти Суғд мулоқот мекунем.

Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои сафари расмии кунунии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон пойдевори боэътимоди дўстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ўзбекистонро мустаҳкамтар хоҳанд кард. Байни Тоҷикистон ва Ўзбекистон муносиботи боэътимод вуҷуд доранд ва ба мо имкон медиҳанд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобила мутобиқи нақша инкишоф бидиҳем.

Ҷоиз аст, ки сатҳи баланди ҳамкории мутақобила ва тавсеаи робитаҳо байни минтақаҳо, инчунин минтақаҳои наздимарзии ду кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд ба таври хос зикр карда шавад.

Дар ин замина, мехостам аз номи сокинони вилояти Суғд ба муҳтарам Шавкат Миромонович барои саҳми бузургашон дар фароҳам овардани шароит барои ҳамлу нақли озоди одамон ва молҳо дар байни кишварҳоямон миннатдорӣ баён намоям.

Таърихи муносиботи мутақобилаи халқҳои тоҷик ва ўзбек аз анъанаҳои неки ҳамсоягӣ, дўстӣ, дастгирии якдигар ва кумак ба ҳамдигар ғанӣ аст.

Мо дар хотир дорем, ки дар лаҳзаҳои барои кишвари мо душвортарин халқи ўзбек ҳамеша ба мо дасти ёрӣ дароз мекард.

Дўстони азиз!

Дар саргаҳи анъанаҳои неки башардўстона дар муносибот байни Тоҷикистон ва Ўзбекистон ниёгони маъруфи мо, чунин шахсиятҳои бомаърифати даврони худ, ба мисли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доштанд.

Бинобар ин, вазифаи мо дар марҳилаи кунунӣ идома додани рисолатест, ки ниёгони бузургамон онро оғоз бахшида буданд. Дар ҳама давру замон моликони дониш ва принсипҳои олии ахлоқӣ, ки намояндагони аҳли зиё мебошанд, дар рушди давлатҳо, ташаккул ва тарбияи ҷомеа дар рўҳияи сулҳу ризоият ва таъмини фазои дўстӣ ва муносиботи неки ҳамҷаворӣ байни халқҳо нақши калидӣ доштаанд.

Шоири бузурги мо Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ андешаҳояшро дар мавриди аҳамияти дониш чунин баён кардааст:

Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Ин суханони шоир ва мутафаккирибузург моро водор месозанд, ки тамоми қувва ва воситаҳоро барои таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа ҳамчун заминаи асосии ташаккули давлати неруманд ва сифатан баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ сафарбар намоем.

Мо аз тамосҳои рўзафзуни илмӣ ва фарҳангии байни кишварҳоямон дар солҳои охир самимона хурсандем.

Боварӣ дорам, ки дар солҳои оянда роҳи татбиқи амалии чорабиниҳои муштараки илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ идома хоҳад ёфт.

Ҳукуматҳои ду кишвар барои фароҳам овардани шароити зарурӣ кўшиши зарурӣ ба харҷ хоҳанд дод.

Дўстони азиз!

Дўстии тоҷикон ва ўзбекҳо манбаифанонопазири қувва, неру ва илҳом барои халқҳои мо аст.

Дўстии мо калиди ҳалли ҳамаи масъалаҳо ва вазифаҳои ҳалнашаванда аст. Мо муваззафем, ки дўстии халқҳоямонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Дар кори наҷиби ҳифз ва таҳкими минбаъдаи он мо аз тамоми қишрҳои фаъоли ҷомеаи кишварҳоямон, ба шумули зиёиён, умеди калон дорем.

Дар фарҷом иҷозат фармоед бори дигар Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович ва тамоми бародарони ўзбекамонро дар вилояти Суғд хайрамақдам бигўям.

Поянда бод дўстии халқҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон!

Бигзор сулҳу субот дар хонадони мо ҳамеша устувор бошад!

Бигзор бахту саодат ҳамеша насиби мо бошад!

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved