• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

НИШОНИ САДОҚАТ

Дар қароргоҳи бинокорон мулоқоти навбатии аҳли адабу ҳунар, олимону ходимони соҳаҳои гуногун бо заҳматкашони НБО-и Роғун љараён дошт. Шеърхонии шоирону рақсу таронаҳои ҳофизони Филармонияи давлатии Тољикистон, ҳарфҳои самимию илҳомбахши меҳмонон коргарону мутахассисонро оҳиста-оҳиста љазб менамуд. Маҳфил серодамтар, шодию тараб бештар эҳсос мегардид. Меҳмонону мизбонон либоси коргарӣ ба тан доштанд. Фарқ кардан мушкил буд, ки киҳо бинокорони ҳақиқӣ ҳастанду киҳо меҳмонанд. Шоирону нависандагон, рўзноманигорон, вакилони парлумон, як гурўҳ собиқадорони  муҳтарами љумҳурӣ бо рўҳи болида ва ифтихор лаҳзае дар қатори бетонрезону нақбканон, ронандагони "Белаз"-у булдозерҳои қудратманд, муҳандисону лоиҳакашон, дар маљмўъ, бинокорони Неругоҳи  барқи обии Роғун худро дар бунёди  ин кохи нури замон саҳмгузор ҳис мекарданд.

Идомаи: НИШОНИ САДОҚАТ

СУРХ, САФЕД, САБЗ…

 

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистонро рангҳои ишқу умеду шукуфоӣ арзёбӣ мекунад

Парчам давлатии мо, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар канори Қасри миллат, дар баландии эътимоду эътиқод, дар замини меҳр ва зербуни  муҳаббати мо сар ба осмонҳо афрохтааст…

Парчаме, ки рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст;

Парчаме, ки намои дурахшон ва оинаи мусаффои таърихи ҳазоронсолаи халқи маърифатофар ва башардӯсти мост;

Идомаи: СУРХ, САФЕД, САБЗ…

НУРИ БЕНИЁЗИ СУХАН БУД

Ба тахмин ҳамин ду ҳафта пеш телефонӣ суҳбат доштем. Ҳофизи ҷавони боистеъдод Тулқун Тоҷибоев як таронаашро барои барномаи муҳимми сиёсию фарҳангие ба оҳанг дароварда буд ва баъди баррасии ҳайати эҷодӣ бо мақсади хушоҳангии бештари суруд чанд калима бояд бознигарӣ мешуд. Нурмуҳаммад телефонӣ гуфт, ки дар беморхона аст, барояд, мебинад ё шеъри нав менависад. Гуфтам, ки зуд таҳрир кардан лозим, ки аз барнома наафтад. "Набошад, худат бин, - гуфт ба оҳанги хоси худ, - мабодо ту ҳам ба беморхона афтода монӣ, ман ягон шеъратро дуруст мекунам!"

Идомаи: НУРИ БЕНИЁЗИ СУХАН БУД

СУХАН ҲАР ОН ЧИ КИ ХУШТАР БУВАД, МАНАШ ГУФТАМ!

 

Ба ифтихори 160-солагии Шамсиддин Шоҳин конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмиву адабӣ ба ифтихори 160 — солагии яке аз шоирони номвари нимаи дуюми асри Х1Х тоҷик Шамсиддин махдуми Шоҳин таҳти унвони «Шамсиддин Шоҳин ва адабиёти тоҷики асри Х1Х» доир гардид. Ҳамоиш бо  ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ, Маркази мероси хаттии АИ ҶТ ташкил гардида, дар ду бахш-забон ва адабиёт, таърих ва фарҳанг давоми рӯз ҷараён мегирад.

Идомаи: СУХАН ҲАР ОН ЧИ КИ ХУШТАР БУВАД, МАНАШ ГУФТАМ!

КАМОЛИ ИСТИҚЛОЛ

Қабл аз он, ки чизе дар бораи Истиқлол ва нақши он дар ибтикороти адибони Хатлон бинависам, мехоҳам воқеаеро аз рўзгори худ нақл намоям, ки шояд   як андоза рўҳияи истиқлолхоҳ доштани ҷавонони тоҷикро дар солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ баён намояд.

Идомаи: КАМОЛИ ИСТИҚЛОЛ

ДЎСТИРО ҶУСТУҶЎ ДОРЕМ МО

Иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи клуби матбуотии байналмилалӣ дар Тошканд

"Дар саҳифаи таърихи ҳамкории Душанбе ва Тошканд марҳилаи нав оғоз шуд. Ба шарофати иродаи сиёсии Президентҳои ҳарду давлат  робитаҳоямон  сатҳи сифатан нав  касб карданд", - иброз дошт вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни нишасти клуби матбуотии байналмилалӣ, ки рўзи панҷшанбе, 2 август дар Тошканд баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори махсуси АМИТ "Ховар" Марзия Саидзода аз пойтахти Ҷумҳурии Ўзбекистон хабар дод.

Идомаи: ДЎСТИРО ҶУСТУҶЎ ДОРЕМ МО

ТАРОНАСАРОИ МУҲАББАТ ВА БАРОДАРӢ

Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков 7-уми майи соли 1974 дар шаҳри Шаҳрихони вилояти Андиҷон ба дунё омадааст. Соли 2007-ум Донишкадаи санъати Ӯзбекистон ба номи Маннон Ӯйғурро хатм кардааст. Ӯ шогирди сарояндаи машҳури кишвари худ Муҳриддин Холиқов мебошад. Аз соли 1994 инҷониб чун ҳунарманди санъати эстрада дар рӯйи саҳна аст. Дар ҳар иди давлатии Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекунад. Аз соли 2003 ҳамчун муваффақтарин сарояндаи Ӯзбекистон шинохта мешавад.

Идомаи: ТАРОНАСАРОИ МУҲАББАТ ВА БАРОДАРӢ

ШЕЪР ЗИНДАДОРИ НОМИ ӮCТ

26-уми июни соли равон шоири машҳури рус Андрей Дмитриевич Дементев дар шаҳри Маскав аз олам даргузашт ва ҷасади ӯро дар гӯристони Кунсевск ба хок супориданд. Агар даҳ рӯзи дигар умр ба шоир вафо мекард, ӯ навадсола мешуд.

А. Дементев аз шоирони маъруфу номвари Русия буда, дар як рада бо насли бузургу навовари шоирони ин сарзамин Р. Рождествеснкий, Е. Евтушенко, Р. Казакова, А. Вознисенкий ва дигарон ном бурда мешавад. Ӯ муаллифи беш аз чил маҷмӯаи ашъор мебошад, ки дар байни онҳо  "Ман рӯшод зиндагӣ мекунам", "Лирика", "Шеърҳо", "Ҳама занон дӯстдоштаниянд" ва ғайраҳо миёни хонандагон маълуму машҳуранд ва бештари онҳо дар замони шӯравӣ бо теъдоди хеле зиёд ба чандин забонҳои дунё интишор ёфтаанд. Ба қисмати зиёди шеърҳои шоири марҳум оҳангҳои марғубу зебо низ баста шудаанд.

Идомаи: ШЕЪР ЗИНДАДОРИ НОМИ ӮCТ

ЭЙ ШАҲРИ РӮҲАФЗО, ДУШАНБЕ

 

Аз  12 то 14  июли соли 2018 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Рӯзҳои шаҳри Душанбе баргузор гардиданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ "Ховар" хабар доданд, дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург, дӯстдорони савту навои рӯҳбахши тоҷикӣ, одамони касбу кори гуногун ва намояндагони Ҷамъияти  тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург иштирок доштанд.

Идомаи: ЭЙ ШАҲРИ РӮҲАФЗО, ДУШАНБЕ

ДАР ТОШКАНД БАЙНИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО МЕРАСАД

Дар доираи баргузории  конфронси байналмилалии « Омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосири  ӯзбек  дар сатҳи байналмилалӣ ва маъруфияти он», ки рӯзҳои  7-8 август дар шаҳри Тошканд доир мешавад,  байни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Ёддошти  тафоҳум оид ба ҳамкорӣ  ба имзо  мерасад.

Дар ин хусус дар  шаҳри Тошканд зимни  суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»  муовини раиси Итифоқи нависандагони  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки  дар ҳамоиши мазкур  беш аз 40 нафар намояндагони  25 давлати дунё – шоирону нависандагон, адабиётшиносон иштирок менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  ин конфронс раиси Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим намояндагӣ мекунад.

Идомаи: ДАР ТОШКАНД БАЙНИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО МЕРАСАД

“БИЁ, ДИЛРО БА БАРГИ ГУЛ БИПЕЧОНЕМ”

Бо чунин ном маҷмӯаи ашъори Низом Қосим ба табъ расид.

Нашриёти «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчини ашъори Шоири Халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосимро  бо номи   «Биё, дилро ба барги гул бипечонем»  ба табъ расонид.

Идомаи: “БИЁ, ДИЛРО БА БАРГИ ГУЛ БИПЕЧОНЕМ”

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved