• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 Сада ҳамасола дар рўзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.

Дар мавриди решашиносии вожаи "сада" М. Баҳор андешаи хубе пешниҳод кардааст. Ба қавли ў, калимаи "сада" аз решаи  sand-и авестоӣ ба маъноӣ "зоҳир шудан" ба вуҷуд омадааст. Яъне Митро пас аз чил рўз зоҳир мешавад, аз ғор берун меояд. 

Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба шоҳи пешдодӣ - Ҳушанг, баъзеҳо ба шоҳ Фаридун ва ҳатто ба Ардашери Бобакон низ нисбат медиҳанд. Аз он ҷумла, Фирдавсӣ дар "Шоҳнома" бунёд гузоштани ҷашни Садаро ба кашф шудани  оташ иртибот медиҳад.  Ҳушанг дар шикор бо наздиконаш мори бузургеро мебинад ва сангеро бардошта, ба сўйи он мор партоб мекунад. Мор гурехта меравад, аммо санги партобшуда ба санги дигаре бархўрда, аз он шарораҳо меҷаҳанд. Шарораҳо ба хасу хошоки хушк часпида, алангаи оташ баланд мешавад. Ва Ҳушанг:

Бигуфто: "фурўғест ин эзадӣ,

Парастид бояд, агар бихрадӣ".

Шаб омад, барафрўхт оташ чу кўҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ў бо гурўҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода хўрд,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ў дигар шаҳриёр.              

Доир ба пайдоиши ҷашни Сада Абўрайҳони Берунӣ дар "Ат-тафҳим" навиштааст: "Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Беваросб [Заҳҳок] тавзеъ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳар рўзе, то мағзашон бар он ду реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ў баромада буд. Ва ўро вазире буд номи ў Армоил, некдил ва неккирдор. Аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ўро ба Дамованд фиристодӣ. Чун Афредун ўро бигрифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонаме. Ва ҷумлаи эшон аз паси кўҳанд. Пас бо вай устуворон фиристод, то ба даъвӣ аз ў нигаранд. Ў касеро фиристоду бифармуд, то ҳар касе бар боми хонаи хеш оташ афрўхтанд. Зеро ки шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид ояд...".

Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда, то даврони салтанати ғазнавиёну Салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврўзу Меҳргон бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII шоҳону рўҳониёни мутаассиб  бисёр суннатҳои бостонии мардумони ориёиро ойинҳои ҷодуию бутпарастӣ шуморида, манъ карда буданд, ки яке аз онҳо ҳамин ҷашни Сада буд.

Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, донишманд ва мардумшиноси маъруфи тоҷик Абўрайҳони Берунӣ тарзи баргузории Садаро дар дарбори мулуки замони худ чунин тасвир мекунад. "... Оташ афрўзанд, то шарри он бартараф гардад ва гиёҳи хушбў табхир мекунанд, то масрафоти онро бартараф кунанд. Дар хонаи мулук расм шуда, ки оташ барафрўзанд ва чун шуълавар гардад, ҷонварони ваҳширо ба оташ меандозанд ва мурғҳоро дар шуълаи он мепаронанд ва дар канори ин оташ менишастанд ва ба лаҳву лаъб машғул мешуданд".

Роҷеъ ба ҷашни Сада дар адабиёти форсу тоҷики асрҳои Х-XI, махсусан, дар  қасидаҳои шоирони дарбори Ғазнавиён, аз қабили Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ ва дигарон ишораву тасвирҳои нисбатан бештар ба назар мерасанд. Е. Э. Бертелс дар мақолаи "Ҷашни Сада дар назми форс-тоҷик" қисмати насиби қасидаҳои мадҳиявии шоирони номбурдаро таҳқиқ намуда, мавқеъ ва муносибати шоҳони он давраро ба ҷашни Сада муайян кардааст. Ба ақидаи ў, баъзе аз шоҳон Садаро қабул доштанд, аммо бархе дигар аз мулук онро ҳамчун ойини бутпарастону ҷодувон ва оташпарастон мешумурданд. Аз ин лиҳоз шоирони дарбор низ мувофиқи қабулу назари ин подшоҳон қасидаҳои мадҳиявӣ мегуфтанд. Масалан,  Унсурӣ дар як қасидааш аз ҷашни Сада истиқбол карда, чунин менависад:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Замин имшаб, ту  гўӣ, кўҳи Тур аст,

К-аз ў нури таҷаллӣ ошкор аст.

Гар ин рўз аст, шаб хондаш набояд

В-агар шаб рўз шуд, хуш рўзгор аст.

Ҳамоно, к-ин диёр андар биҳишт аст,

Ки бас пурнуру рўҳонӣ диёр аст…

Ҳарчанд ки ин ҷашн ба кеши зардуштӣ хос набудааст, аммо азбаски марбут ба оташ аст ва оташ назди зардуштиён муқаддасу арҷманд аст, имрўзҳо зардуштмазҳабони устонҳои Кирмону Язди Эрон ва, умуман, зардуштиёни ҷаҳон аз ин ҷашн пазироӣ доранд.

Ин ойин бештар ба гулханафрўзии чоршанбесурӣ шабоҳат дорад. Бояд зикр кард, ки дар минтақаҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ маросими чоршанбесурӣ ё чоршанбеи охирин то ба имрўз маъмул аст, ки бозмондае аз ин ҷашни Сада маҳсуб шудааст. Мардум дар чоршанбеи охирини сол ё ба ҳисоби дигар, чоршанбеи охирини моҳи сафар, пеш аз ҷашни Наврўз гулхан афрўхта, аз болояш меҷаҳиданд. Дар ин бора аз рисолаву мақола ва маҷмўаҳои фолклорию  этнографӣ ва таърихӣ  маълумоти муфассалро пайдо кардан мумкин аст.

Этнографи рус Н. А. Кисляков соли 1935 дар деҳаҳои Нурунҷ, Деҳи Баланд, Бедаки Поён, Бедаки Боло, Бедаки Миёна, Қарақутан ва   Ҷавчӣ, ки дар поёноби дарёи Хингоб ҷойгир шудаанд, пажўҳиши этнографӣ анҷом дода, роҷеъ ба баргузории маросими моҳи ҳут ишораҳо намудааст. Мардуми ин деҳаҳо ҳамасола дар се рўзи аввали моҳи ҳут маросими оташафрўзӣ барпо мекардаанд. Дар ҳар оила то 100 дона нони чапотӣ пухта, ба табақҳои чўбин реза карда, ба он равғани зардро бо дўғ якҷоя намуда, мерехтанд. Ин хўрок  "равғанҷўшӣ"-ро  бо навбат аз ҳар хонадон ба аловхона, ки дар он ҷо ҳар рўз ҳамдеҳагону баъзе меҳмонон ҷамъ мешуданд, мебурданд. Ҷамъомадагон гулхани нисбат ба ҳаррўза калонтар афрўхта, дар атрофи он чой менўшиданд, ғизо мехўрданд.

Тибқи мушоҳидаи этнографи тоҷик М. Раҳимов, дар баъзе деҳаҳои дигар дар се рўзи нахустини моҳи ҳут мардум бо навбат таоми равғанҷўшӣ тайёр карда, ба масҷиди деҳа мебурдаанд. Инчунин баъзе шахсони доро буз ё гўсфандро низ забҳ карда, шўрбо пухта мебурдаанд. Албатта, дар он се рўз ба масҷид таом бисёр меомадааст ва як қисми онҳоро баргардонда, ба мардум медодаанд. Занҳо бошанд, дар хона ҷамъ шуда, ҳутро ҷашн мегирифтаанд.

Бегоҳи ҳар се рўз дар масҷид гулхани ғайримуқаррарӣ меафрўхтанд ва дар канораҳои он чойҷўшро гузошта, чой меҷўшониданд. Сипас хурсандиҳо шурўъ мешуд: ҳофизҳо суруд мехонданд, навозандагон соз менавохтанд, раққосҳо мерақсиданд, масхарабозҳо рақсҳои хандаовар мекарданд, саҳначаҳои драмавӣ иҷро мекарданд ва ғайра. Ба ғайр аз инҳо ҷамъшудагон якҷоя сурудеро дар васфи ҳут мехонданд.

Ҳамин тариқ, Сада ҷашни бостонии эрониён буда, мазмунҳои асотирӣ дорад ва онро ба хотири анҷомёбии чиллаи калон таҷлил менамуданд. Аз ишораҳои шоирони асрҳои 10-12 маълум аст, ки Сада дар ин қарнҳо як андоза эҳё гашта, ҳамчун як ҷашни оммавии дарборию мардумӣ аслан бо мақсади шодию нишот гузаронида мешуд. Пас аз ҳамлаи муғул ва монеъшуданҳои шоҳони турктабору мутаассибон Сада расман аз ҷашнгирӣ бозмонд. Аммо  дар байни мардуми заҳматкаш бозмондаҳои он дар шаклҳои гуногун то дергоҳ маъмул будаанд.

 

Аз таҳқиқотиДилшод РАҲИМӣ, номзади илми

Филология

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved