• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

МАҲФИЛИ НАВИСАНДАИ ЗАБАРДАСТ

 

12-уми март дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ ба муносибати 75-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Саттор Турсун баргузор шуд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар оғоз изҳор дошт, ки Саттор Турсун аз зумраи он нависандагони забардастест, ки бо услуби хосаву андешаҳои тоза пояҳои насри психологии моро устувор кардаанд ва онро ба марҳалаи тоза ворид намудаанд.

Идомаи: МАҲФИЛИ НАВИСАНДАИ ЗАБАРДАСТ

ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба аҳли оилаи олим, ташкилотчӣ, ношир, тарҷумон ва публитсисти боистеъдоди тоҷик Шавкат Ниёзӣ,ки 15 марти соли 2021 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар синни 92-солагӣ аз олам даргузашт, изҳори тасаллият намуданд. Ҳамдардии Роҳбари давлат тавассути Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба пайвандони марҳум расонида шуд.

Идомаи: ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ

БА МУНОСИБАТИ 80-СОЛАГИИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН МЕҲМОН БАХТӢ

 

МУҲТАРАМ МЕҲМОН БАХТӢ!

Шумо баъди хатми Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) дар давоми солҳои гуногун ба ҳайси мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шўрои кор бо навқаламон, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва мудири бахши тарҷума ва нашри Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси бахши Тоҷикистонии Диалоги «Евро-Осиё» ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намудед.

Идомаи: БА МУНОСИБАТИ 80-СОЛАГИИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН МЕҲМОН БАХТӢ

НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ШЕРАЛӢ МЎСО 70-СОЛА ШУДАНД

 

Шумо дар фасли баҳор – 25 марти соли 1951 дар деҳаи Ганҷинаи ноҳияи Ваҳдат чашм ба олами равшан кушода, бо илҳом аз чашмаҳои хурўшони меҳан фаввораи сухан дар замиратон ҷўшон гашт. Шумо ба адабиёт аз роҳи хос – аз истеҳсолот ворид шуда, дар ин ҷода қалами нависандагӣ ва сабку салиқаи эҷодиро ҳамвора сайқал дода, бо табъу нашри силсилақиссаҳои мустанаду бадеӣ, мақолаҳои рўзмарраи публитсистӣ ва ҳикояву ҳаҷвиёти ҳадафрас худро ба алоқамандони сухани бадеъ муаррифӣ кардед. Шумо соли 1968 мактаби миёнаи №1 ноҳия ва соли 1973 бахши муҳандиси мошинсози Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро хатм карда, дар заводи “Тоҷикгидроагрегат” корҳои зиёде анҷом додед.

Идомаи: НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ШЕРАЛӢ МЎСО 70-СОЛА ШУДАНД

«ТАНҲО ИЛМ ҚУДРАТИ РЕШАКАН КАРДАНИ ХУРОФОТРО ДОРАД». Андешаҳои нависанда Садриддин Ҳасанзода

 

Дар сомонаи АМИТ «Ховар» 31 январи соли равон мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат» ба чоп расидааст. Дар арафаи Рӯзи илми тоҷик сармуҳаррири маҷаллаи «Душанбе», нависанда Садриддин ҲАСАНЗОДА андешаҳояшро дар бораи ин мақола ба АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд.

Идомаи: «ТАНҲО ИЛМ ҚУДРАТИ РЕШАКАН КАРДАНИ ХУРОФОТРО ДОРАД». Андешаҳои нависанда Садриддин Ҳасанзода

ИДОМАИ РОМАНИ ТАЪРИХӢ

 

Нашриёти “Эр-граф” қисми сеюми романи таърихии адиби шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Ато Мирхоҷаро аз чоп баровард.

Идомаи: ИДОМАИ РОМАНИ ТАЪРИХӢ

ФАЪОЛИЯТИ ДУРАХШОН

 

26-уми феврали соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 80-солагии адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода конфронси илмиву адабӣ баргузор шуд. Дар конфронс аҳли илму адаб, донишҷўёну алоқамандони адабиёт ҳузур доштанд.

Идомаи: ФАЪОЛИЯТИ ДУРАХШОН

НАШРИ КИТОБИ НАҚДИ МУНАҚҚИДИ ҶАВОН

 

Аз тариқи нашриёти «Балоғат» маҷмўаи мақолаҳои мунаққиди ҷавону пуркор Муҳриддин Сабурӣ зери унвони «Шеър дар мизони ҳунар» ба нашр расид.

Идомаи: НАШРИ КИТОБИ НАҚДИ МУНАҚҚИДИ ҶАВОН

ИРОДАИ НЕК-КАЛИДИ АМНИЯТ

 

Падидаи гароне, ки имрўз ба рушди давлатҳо ва ҳаёти инсонҳо хатар эҷод мекунад, ифротгароӣ ва терроризм мебошад. «Tеrrоr» - «тарсу ваҳм», ба воситаи куштор, таркиш, ки боиси марги даҳҳо инсон ме- шавад, байни ҷомеа даҳшат ангехтан аст. Созмонҳои минтақавӣ ё дохилии як кишвар алайҳи як гурўҳи сиёсатмадорон ё шикаст додани чанд кишвар талош карда, ҳадафи иқтисодиву сиёсии худро дар давлатҳои абарқудрат ва кўчак, бо шиорҳои гуногуни зоҳиран некниҳод – мисли адолат, озодӣ, ҳуқуқи инсон, рушди иҷтимоӣ, ҳифзи дин, поксозии дин ва ғайра пеш мебаранд, вале ба ҷои корҳои нек, созандагиву бунёдкорӣ қатл, таркиш, тазоҳуроту нофармониро истифода мебаранд. Идеологҳои созмони террористӣ аввал дар рўҳияи ҷавонҳо таркиш ба амал меоранд ва бо ташвиқ то ҳадди маргталабӣ мерасонанд. Дар натиҷа, аъзои созмони террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд, ҳам сабаби қатли садҳо ҳамдиёру ҳамдини худ мешаванд.

Идомаи: ИРОДАИ НЕК-КАЛИДИ АМНИЯТ

ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДАВУ ИН ОБШОРОН ЗИНДА БОД!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни 110-солагии адиби бузург баргузор карда шавад.

Идомаи: ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДАВУ ИН ОБШОРОН ЗИНДА БОД!

ПОСДОРИИ ХОТИРИ НЕКИ АДИБ

 

4-уми феврали соли 2021 бо ибтикори бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар толори хурди бо ширкати адибон, олимон, ҳаводорони осори бадеӣ ва намояндагони расонаҳо маҳфили ёдбуди нависандаи зиндаёд Муҳаммадзамони Солеҳ баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Ато Мирхоҷа ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти эҷодии адиб ва ҷойгоҳи ў дар насри муосири тоҷик изҳори назар намуд.

Баъдан Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон,  Абдулмуъмин Шарифӣ як пора аз романи «Девори Хуросон»-ро қироат намуд. Қироат дар зеҳнҳо андешаеро бедор кард, ки шодравон Мухаммадзамони Солеҳ, воқеан ҳам, тафаккури фароху услуби волои баён дошту донандаи хуби таъриху ҳикмату фалсафа буд. Сипас донишманди ҷавон, пажўҳишгари осори адиб Абдуҷалили Амон дар мавзўи « Вижагиҳои насри Муҳаммадзамони Солеҳ» ва нависандаву адабиётшиноси шинохта Қодири Рустам дар мавзўи «Нависандаи мутафаккир» маърўзаҳои пурмуҳтавои худро ироа намуданд.

Идомаи: ПОСДОРИИ ХОТИРИ НЕКИ АДИБ

МАҲФИЛИ ҲАМДИЛИВУ ҲАМНАЗАРӢ

 

9 феврали соли равон дар Сафорати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Тоҷикистон ба муносибати 580-солагии Мир Алишери Навоӣ маҳфили илмиву адабӣ баргузор шуд. Дар маҳфил Сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурии Ўзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов, кормандони масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар қаламкашон иштирок доштанд.

Идомаи: МАҲФИЛИ ҲАМДИЛИВУ ҲАМНАЗАРӢ

ҚАДРДОНИИ ШОИРИ ТОҶИК

 

Чанде пеш аз шаҳри Маскави Федератсия Русия ба мо навиди хурсандибахш расид. Акбар Абдулло, шоири тоҷик, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, барои тарҷумаи навиштаҳои адибони рус ба забони тоҷикӣ ва  маҷмўаи шеърҳояш ба забони русӣ  бо дипломи фахрӣ ва медали ба номи Лев Николаевич Толстой сарфароз гардонида шуд. 

 

  «АС»

 

БЕШ АЗ ПЕШ МУТТАҲИД БОШЕМ…

Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дар соли барои мардуми Тоҷикистон таърихӣ, яъне таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи кишвар ироа гардид. Ҳамагон интизор буданд, ки дар ин соли таърихӣ Сардори давлат дар Паёми хеш кадом нуктаҳоро махсус зикр хоҳад кард.

Идомаи: БЕШ АЗ ПЕШ МУТТАҲИД БОШЕМ…

УСТОДИ МАТНШИНОСИИ МУОСИР

 

2 феврали соли равон дар партави Паёми имсолаи Пешвои миллат Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии ДМТ ва ИНТ таҳти унвони «Адабиётшиносӣ ва нақди матн дар замони Истиқлол» барпо гардид.  Конфронсро декани факултаи филологияи  тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз бахшид. Муовини ректори ДМТ оид ба илм Сафармамад Сафармамадов аз номи раёсати таълимгоҳи бузургтарини мамлакат баргузории ин чорабинии илмиро, ки ба 75-умин зодрўзи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор, адабиётшиноси маъруф Аламхон Кўчарзода бахшида шудааст, ба иштироккунандагон шодбош гуфт.

Идомаи: УСТОДИ МАТНШИНОСИИ МУОСИР

МУРОҶИАТНОМАИ АНҶУМАНИ XV НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат!

Саодатмандем, ки Анҷумани понздаҳуми адибон дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизи мо дар рўҳияи баланди ватандўстӣ, садоқат ба ғояҳои пурарзиши худшиносии миллӣ ва дастгирии сиёсати ободкориву созандагӣ барои рушду нумўи Ватани маҳбубамон баргузор гардид.

Идомаи: МУРОҶИАТНОМАИ АНҶУМАНИ XV НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ...

ПРЕЗИДЕНТ БА АДИБОН: «АСАРҲОИ ҶОВИДОНА ЭҶОД КУНЕД».

 Дар Хонаи адибон Анҷумани XV нависандагони Тоҷикистон ҷараён дорад

Ин лаҳзаҳо дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода Анҷумани XV нависандагони Тоҷикистон ҷараён дорад. Дар кори анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  ширкат доранд.

Дар анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба адибон қироат намуд.

Дар паёми худ ба нависандагон, шоирон, публисистон ва мунаққидони адабӣ Сарвари давлат зикр намудаанд, ки имрӯз адибон дар ҷаҳони мураккабе  умр ба сар мебаранд, ки бо вазъияти бади равоне пайванд аст, ки метавонад ба тамоми ҷараёни фарҳангӣ  таъсир гузорад.

Дар раванди чунин мураккабӣ ва пандемияи коронавирус, Пешвои миллат муаллифонро даъват карданд, ки аз ҳувият ва арзишҳои миллӣ ҳимоят  ва  забони давлатиро  ҳифз кунанд ва дар асарҳояшон асосҳои тарбияи ахлоқиро барои наслҳои оянда  ворид созанд.

«Шоирон ва нависандагони тоҷик ҳамеша бо чашмони боз, диди фарох ва дили пурфараҳ тавассути асарҳои худ мардумро рӯҳбаланд мекарданд ва имрӯз низ онҳо бояд дар тавсифи дастовардҳои даврони Истиқлол саҳм гузоранд»,- гуфта мешавад дар паёми Сарвари давлат.

Президенти мамлакат зикр намуданд, ки ба ояндаи Иттифоқи нависандагон бовар доранд, инчунин умед ба он доранд, ки эҷоди асарҳои нав дар рушди адабиёти муосири  тоҷик нақши сазовор хоҳад дошт.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки тамоми осори барҷастаи адибони маъруф ҳамеша барои миллат азиз ва муқаддас будаанд.

«Асарҳои ҷовидонӣ эҷод кунед ва дар хидмат ба халқ ва давлати худ содиқ бошед», — гуфтанд Президент.

Иштирокчиёни анҷуман ҳисоботи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва роҳбари Комиссияи тафтишоти Иттифоқи нависандагон Раънои Муборизро шуниданд.

Дар мубоҳисаҳо шоирон ва нависандагон Абдулҳамид Самад (наср), Камол Насрулло (назм), Ҳакназар Ғоиб (аз вилояти Хатлон), Аҳматҷони Раҳматзод (аз вилояти Суғд), Лаълҷубаи Мирзоҳасан (аз ВМКБ) ва дигарон иштирок  намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Анҷумани XV нависандагони Тоҷикистон беш аз 202 узви иттифоқ, инчунин меҳмонони сершумор ширкат  доранд. Дар анҷуман роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб карда мешавад.

НИЗОМ ҚОСИМ АЗ НАВ РАИСИ ИНТ ИНТИХОБ ШУД

Имрӯз, 23 ноябр дар Хонаи адибон ба номи Мирзо Турсунзода Анҷумани XV Иттифоқи нависандагон бо ширкати беш аз 200 вакил ва меҳмонон баргузор гардид. Дар анҷуман ҳисоботи панҷсолаи Раиси ИНТ Низом Қосим ва Раиси Коммисияи тафтишоти ИНТ Раънои Мубориз шунида шуд.

Идомаи: НИЗОМ ҚОСИМ АЗ НАВ РАИСИ ИНТ ИНТИХОБ ШУД

ДУРАХШИ НАСЛИ НАВ

 

Рўзи нуҳуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» хотирмонтар ҷараён гирифт.  Ёдовар мешавем, ки дар рўзи нахустини озмун намояндагони ВМКБ, дар рўзҳои дуюму сеюм довталабони вилояти Суғд, рўзҳои чоруму панҷум намояндагони вилояти Хатлон, рўзи шашум ва ҳафтум довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рўзҳои ҳаштуму нуҳум довталабони шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Идомаи: ДУРАХШИ НАСЛИ НАВ

ХАЛҚИ МО ПАЙВАНД БОШАД БО КИТОБ

 

7-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар ин лаҳзаҳо аз рўи панҷ номинатсия идома дорад.

Дар оғози маросими бошукўҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  зикр намуд, ки  озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»  бо иқдомҳои наҷибу фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо мақсади  баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, нутқи отифӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ  тибқи Амри Президент аз рўйи панҷ номинатсия бо фарогирии мавқеъҳои бештар баргузор мешаванд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии озмун вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, президенти АМИ ҷТ Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигарон сухан гуфтанд. Баъд аз анҷоми қисмати муқаддимавӣ озмун дар ҳамаи номинатсияҳо ба кори худ шурўъ намуд.

Нахуст дар озмун аз рўйи 5 номинатсия аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон иштирок намуданд. Минбаъд бо ҳамин тартиб намояндагони вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида мешаванд.

 Дар Китобхонаи миллӣ 5 толори махсус  барои ҳар номинатсия ҷудо шудаву озмун дар онҳо ҷараён дорад.

Шумораи иштирокчиён дар даври ҷамъбастии озмун аз рўи 5 номинатсия  269 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин:

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик - 67 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик - 62 нафар;

-дар номинатсияи адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик - 54 нафар;

-дар номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон - 61 нафар;

-дар номинатсияи шоирӣ - 23 нафар мебошад.

Аз ҷумла, 9 нафар аз ВМКБ, 59 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ва 58 нафар аз шаҳри Душанбе.

Маҳорати иштирокчиёни озмунро аз рўи ҳар номинатсия  ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи мамлакат баҳогузорӣ мекунанд.

Озмуни мазкур аз озмуни соли гузашта ба куллӣ фарқ дошта, ҳар номинатсия ба се гурўҳ ҷудо шудааст, яъне теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд шудаанд, аз ҷумла;

-тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

-донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

-калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат).

 

АМИТ «Ховар»

 

САВГАНДИ ВАТАНДОРӢ

 

30 октябри соли 2020 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмӣ баргузор гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки рўзи 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Маросими мазкур дар Қасри Миллат, Кохи Сомони бўстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар майдони Дўстии пойтахт бо савгандёдкунии афроди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

АҲДИ ҶАВОНМАРДӢ

Илҳом аз маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Дасти деҳқон баски ҷунбондаст маҳди Пешво,

Содаву пурбовару сахт аст аҳди Пешво.

«Ман будам бо халқаму бо халқ ҳастам умрбод!» –

Ин шакар омад бурун аз кони шаҳди Пешво.

 

«Ҳамнафас бо халқи худ ҳастам, қасам бар Зоти Пок,

Чун маро танҳо зи халқам қудрату неру бувад».

Ҳар кӣ бошад бо Худо, оре, бувад бо халқи худ,

Ҳар кӣ бо халқ аст, оре, бо Худо ҳам ў бувад!

 

Халқи тоҷик Пешвояшро раёсат додааст,

Пешво бар халқи худ эъҷози ваҳдат додааст.

Халқи тоҷик Пешвояшро муҳаббат додааст,

Пешво бар халқи худ осуда давлат додааст.

 

Дар ҷаҳони қудрати дороиву ғавғову кин

Давлати осуда гар дорӣ, туӣ доротарин.

Давлати осуда гар дорӣ, туӣ донотарин,

Давлати осуда гар дорӣ, туӣ волотарин!

 

«Аҳди ман аҳди ҷавонмардист бо халқу Ватан,

Ҷон ба ҷон бо халқ ҳастам, бо Ватан ман – тан ба тан!»

Пешво гўяд, ки дар ҳар ҳарфи худ дорад ниҳон

Қудрати Роғуну волоии Парчам аҳди ман!

 

Гарчи ҳар дам медиҳад олам зи хавфи нав хабар,

Давлатамро ҳифз месозам ман аз хавфу хатар!

Ин амонатро хиёнат ман накардам ҳеҷ гоҳ,

Ҳам намебахшам хиёнатро ба ҳар шахси дигар!

 

Парварад андешаи ман раҳнамоии дигар,

Кори дигар, фатҳи дигар, раҳкушоии дигар.

Ман барои гулшукуфти ин Ватан дорам ҳанўз

Дар бисоти хеш сад ҷони фидоии дигар!

Ато Мирхоҷа

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved