• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ВОРИСИ ТАРЗИ АДИБОНИ САМАРҚАНД

 

Адаш ИСТАД

дар аввали асри XX мактаби адабии неруманде дошт. Дар ин мактаби адабӣ Нақибхони Туғрал, Саидаҳмади Васлӣ, Фахриддини Роҷӣ, Саидаҳмади Аҷзӣ, Сипандӣ ва Писандӣ, Гулханӣ ва Ҷавдат барин шоирони машҳур гирд омада буданд. Дар бораи обрўи баланди мактаби адабии Самарқанди аввали асри XX Тамҳид дар як шеъраш гуфтааст:

Бувад табъи баландашро баназму наср устодӣ,

Касе гар пайрави тарзиадибони Самарқанд аст.

Идомаи: ВОРИСИ ТАРЗИ АДИБОНИ САМАРҚАНД

ОЗМУНИ БЕҲТАРИН МУСАВВАРАИ НБО

 

Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 ва ҷиҳати мукаммал гардонидани маҷмўи асарҳои санъати тасвирии фонди осорхона миёни рассомони касбии кишвар озмуни «Беҳтарин мусаввараи НБО»-ро эълон намудааст.

Тибқи талаботи озмун, мусаввараҳои офаридаи рассомон бояд дастовардҳои даврони муосир дар соҳаи энергетикаи мамлакат, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Варзоб», «Қайроққум», «Шаршар», «Сарбанд», «Марказӣ» ва «Норак», бахусус НБО-и пуриқтидори солҳои соҳибистиқлолӣ сохташудаи «Помир-1», «Сангтўда-1», «Сангтўда-2» ва «Роғун», рўйдодҳои муҳимми таърихии дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ (аз ҷумла, ба истифода додани чархаи якуму дуюми НБО-и «Роғун») ва лаҳзаҳои ҷолибу хотирмони онҳоро дар бар гиранд.

Ҳамчунин дар мусаввараҳо бояд ҷараёни кори сохтмони иншооти замони муосир, симои қаҳрамонони бригадаҳои бузургу номдори сохтмон ва арсаи меҳнат, ҷамъомаду вохўриҳои аҳли адабу ҳунар ва сиёсатмадорони кишвар бо сохтмончиён, инчунин манзараҳои дилошўби неругоҳҳои барқи обӣ таҷассум ёфта, бинандаро ба андешаи ифтихор аз ватану ватандорӣ ва ободии кишвар водор созанд.

Беҳтарин асарҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссияи хариди МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» тибқи муқаррарот харидорӣ ва дар фонди муассиса ҳифз гардида, дар намоишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар ба тамошо гузошта мешаванд.

Озмун то 10 марти соли равон идома ёфта, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврўз ҷамъбаст мегардад.

«ТОҶИКИСТОН - КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӣ»

Тавре қаблан хабар додем, баъд аз се моҳи намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса 8 январ маросими пўшидашавии он баргузор гардид, ки дар он раиси Ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Фаронса «Равзана», скрипканавози маъруф Шафақ Фаррухзод андешаҳояшро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Мавсуф зикр кард, ки «баргузории намоишгоҳи осори таърихии «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Фаронса шахсан дар дили ман ҳисси ифтихорро бедор намуд. Ман дар консерватория ба донишҷўён мусиқии тоҷикиро дарс медиҳам, оид ба фарҳангу тамаддунамон нақл мекунам. Бо ташкили ин намоишгоҳ онҳо тавонистанд нигораҳоро бо чашмони худ бубинанд ва бо порае аз таъриху фарҳанги мо шинос шаванд».

Сокинони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо тўли се моҳ имкон пайдо карданд, ки бо бозёфтҳои таърихии Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, деворнигораи Панҷакенти бостонӣ, ёдгории машҳури Аҷинатеппа, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, осори нодири тиллою нуқрагин ва дигар нигораҳо аз наздик шинос шаванд.

«Барои дар чунин сатҳи баланд гузарондани ин намоишгоҳ корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Ташаккури зиёд ба ҳамаи онҳое, ки дар тўли зиёда аз як сол кор карда, сарфи назар аз пандемияи коронавирус ин рисолатро иҷро намуданд. Дар чунин замони барои ҳама душвор, ки ҳатто ба ҷое рафтан осон нест, онҳо тавонистанд як ҳавопаймо нигораҳоро аз Тоҷикистон биёранд», - иброз намуд Шафақ Фаррухзод.

Маросими ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса 13 октябр бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид.

ГИРОМИДОШТИ АДАБИЁТШИНОСИ АСИЛ

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии адабиётшиноси маъруф равоншод Худойназар Асозода конфронси илмиву адабӣ баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаб, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва устодону донишҷўёни факултаи филологияи донишгоҳ иштирок доштанд.

Идомаи: ГИРОМИДОШТИ АДАБИЁТШИНОСИ АСИЛ

ЯК СОЛИ БОБАРОРИ НАҚДИ АДАБӢ

 

Пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар адабиёт ҳақиқатнигорӣ ва асолати сухан ба маротиб рушд меёбад ва мавзўъҳое вобаста ба худшиносиву худогоҳии миллӣ дар меҳвари адабиёт қарор гирифта, як адабиёти комилан миллӣ, ки ниёзи ҷомеаи гузаштаву имрўзи мост, арзи ҳастӣ мекунад.

Идомаи: ЯК СОЛИ БОБАРОРИ НАҚДИ АДАБӢ

БЕ РУШДИ МАОРИФ ПЕШ НАМЕРАВЕМ…

 

 

Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва дар маҷмўъ ба сокинони ҷумҳурӣ дар соли барои мардуми кишварамон бисёр ҳам муҳим – яъне таҷлили 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистони азиз ироа шуд. Роҳбари давлат дар оғози Паёми хеш мухтасар дар бораи дастовардҳои мардуми мо дар давоми сӣ сол маълумот дода, хотиррасон карданд, ки ҳама пешравиҳои мо маҳз баъди барқарор шудани сулҳу салоҳ ва суботи сиёсӣ ба даст омад. Ва мо асосан аз оғози соли 2000-ум ба корҳои бунёдкорӣ ва расидан ба се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворию дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии мамлакат оғоз намудем, ки онҳо тадриҷан амалӣ шуда истодаанд.

Идомаи: БЕ РУШДИ МАОРИФ ПЕШ НАМЕРАВЕМ…

РЕШАИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК ДАР АФҒОНИСТОН

 

Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,

Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

Мавлоно БАЛХӢ

Тоҷикон бо фарҳанги дунёмадор ва ҳаётсозашон қалби халқи ҷаҳонро ҳақбаҷонибона дар тўли таърих тасхир намудаанд. Ҷавҳари ин фарҳанги оламшумул аз гуфтумони боадолат ва дархўри манфиатҳои ҳама қавму миллатҳое, ки ҳақдор ва соҳибони номбардори он ҳастанд, иборат мебошад. Дар замони муосир бо каме тағйир он «гуфтугўи тамаддунҳо» ва «таъсирпазирии фарҳангҳо» номгузорӣ шудааст.

Идомаи: РЕШАИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК ДАР АФҒОНИСТОН

ШОИР АНДАР СИНАИ МИЛЛАТ ЧУ ДИЛ

 

Дар асоси қарори вакилони халқи ноҳияи Файзобод ва қарори раиси ноҳия боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод ба номи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд.

Идомаи: ШОИР АНДАР СИНАИ МИЛЛАТ ЧУ ДИЛ

ТУЛЎИ ЧЕҲРАҲОИ НАВ

 

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо Амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм роҳандозӣ мешавад, баргузор гардид.

Идомаи: ТУЛЎИ ЧЕҲРАҲОИ НАВ

РАВШАНИИ ДИЛУ ДИДА

 

Тавре қаблан иттилоъ додем, рўзи панҷум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Тибқи нақша, дар номинаи адабиёти муосир ва адабиёти классикии тоҷику форс пурсиши донишҷўён оғоз гардид. Дар номинаҳои адабиёти бачагона ва адабиёти ҷаҳон ҳанўз ҳам хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баромад намуда истодаанд, зеро шумораи хонандагони мактабҳо дар ин номинаҳо зиёд аст.

Идомаи: РАВШАНИИ ДИЛУ ДИДА

ГИРОМИДОШТИ БОЗОР СОБИР

 

27-уми ноябр дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ бо ҳузури аҳли адаб ва мухлисони адабиёт маҳфили ёдбуди шоири маъруф устод Бозор Собир баргузор шуд. Шеърҳои шоири зиндаёд аз забони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, гардонандаи маҳфил Ортиқи Қодир муассир садо доданд.

Идомаи: ГИРОМИДОШТИ БОЗОР СОБИР

ШАРОРАҲОИ «ОТАШИ ТАСВИР»

 

«Оташи тасвир» унвони китоби тозаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон устод Низом Қосим аст, ки нашриёти «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд чанде пеш ба табъ расонд. Дар ин китоб, дар баробари шеърҳои нав, ашъори солҳои гуногун сурудаи шоир аз маҷмўаҳои пешинаш гулчин шудаанд. Метавон гуфт, ки он беҳтарин шеърҳои шоирро фаро гирифта ва аз ҳар дидгоҳ ҳунари шоирии ўро пеши чашми хонандагон ошкор мекунад. Бо иттико ба ин китоб, доир ба вижагиҳои муҳимтарини ашъор ва рамзу рози коргоҳи эҷодии муаллиф қазоват кардан мумкин аст.

Идомаи: ШАРОРАҲОИ «ОТАШИ ТАСВИР»

ДИДОР БО АДИБОН

Бо дарназардошти таъсиргузории каломи мавзун дар баланд бурдани рўҳияи ватандўстии ҷавонон, адибони минтақаи Бохтар чанде пеш меҳмони чандин нишастҳову ҷамъомадҳои идона буданд. Аз ҷумла, дар конфронси илмиву адабие, ки Раёсати маорифи вилояти Хатлон бахшида ба Рўзи парчами миллӣ баргузор карда буд, адибон Озар Салим, Сайидҷаъфар Баёзӣ ва Амиршоҳи Хатлонӣ иштирок намуда, дар рафти он оид ба таърихи парчамдории миллати тоҷик ва ҷойгоҳи он дар шеъри замони истиқлол сухан ронданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим зимни суханронии худ қайд намуд, ки парчамдории тоҷикон таърихи дуру дароз дошта, тибқи навиштаи таърихнигорон оғози он ба ҳазораи қабл аз милоди Масеҳ пай- ванд мегирад. Таҳқиқоти дар ин самт анҷомшуда ба он далолат мекунад, ки ҳанўз 950 сол пеш аз омадани арабҳо, нақши парчами ковиёнӣ дар сиккаҳои замони шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён дида мешавад. Мутаассифона, ин парчаме, ки мувофиқи навиштаи Балъамӣ қимати ду милион динорро доштааст, бо барчида шудани дурру гавҳар аз он, аз ҷониби аъроб сўзонида мешавад. Бо шарофати истиқлол ҳоло давлати мо соҳиби яке аз баландтарин парчамҳост, ки рамзи шуҷоату озодидўстии миллати тоҷик мебошад. Адибон Сайидҷаъ- фар Баёзӣ ва Амиршоҳи Хатлонӣ низ дар мавзўи парчам суханронӣ карда, сипас шеърҳои ба ин мавзўъ бахшидаи худро қироат намуданд.

Чунин конфронсҳои идона дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Раёсати корҳои дохилии вилоят низ баргузор шуданд, ки шоирон Рустами Хомарахш, Чўпон Бадал, Сафармуҳаммади Аҳмад ва Офоқ дар онҳо иштирок ва шеърхонӣ карданд.

БА МУНОСИБАТИ 70-СОЛАГИИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН РАҲМАТ НАЗРӢ

 

РАҲМАТ НАЗРИИ ГИРОМӢ!

Шумо ҳанўз аз даврони мактабхонӣ ба адабиёт ишқу алоқаи зиёд доштед ва чакидаҳои нахустини қаламатон ҳамон айём дар маҷаллаи «Машъал» нашр мешуданд. Муҳаббататон ба шеър баъд аз донишҷўи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллӣ) шуданатон афзунтар гашту доираи огоҳи- ятон аз назокатҳои он густариш ёфт. Баъди хатми донишгоҳ дар рўзномаи «Маориф ва маданият», ки он замон арсаи ҷавлони қаламкашони асил ва минбари баланди суханварон ба шумор мерафт, ба мухбирӣ пардохтед. Сипас як муддат коргузори Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будед ва ворид шуданатон ба доираи адибон боиси пешрафту такомули эҷодии бештаратон гардид. Маҳз дар ҳамон замон, соли 1977 нахустмаҷмўаи шеърҳои Шумо – «Барги сабз» бо ҳидоят ва сарсухани шоири маъруфи давр, тарбиятгари адибони ҷавон устод Боқӣ Раҳимзода ба нашр расид ва аз сўи суханшиносону хонандагон баҳои хуб гирифт.

Идомаи: БА МУНОСИБАТИ 70-СОЛАГИИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН РАҲМАТ НАЗРӢ

АРҶГУЗОРӢ БА УСТОД СОТИМ УЛУҒЗОДА

 

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи нависандагони кишвар ва кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултаи филология конфронси байналмилалии илмию амалӣ бо унвони “Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ” баргузор шуд, ки дар он муҳаққиқони саршиноси адабиёт натанҳо аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, балки берун аз марзҳои он иштирок доштанд.

Идомаи: АРҶГУЗОРӢ БА УСТОД СОТИМ УЛУҒЗОДА

ПАДИДАҲОИ АДАБИИ СӢ СОЛ

 

Дар тўли 30 соли соҳибистиқлолӣ падидаву рўйдодҳои зиёди  адабие ба вуқўъ пайвастанд, ки ба рушди адабиёти имрўз ва умуман ба маънавиёти мардум таъсиргузор буданд. Аз ҳамон оғози давлатдории навин Ҳукумати мамлакат гиромидошти бузургони адаб ва таҷлили солҷашнҳоро дар маркази диққати сиёсати фарҳангии худ қарор дода буд ва ин ибтикорот сол ба сол бо устувортар шудани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон бештару фаротар амалӣ мешуданд.

Идомаи: ПАДИДАҲОИ АДАБИИ СӢ СОЛ

АЗ ПАНҶРӮД ТО ПАНҶОБ

 

Баъди суханронии пурмуҳтавову пурмеҳру муҳаббати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва оғози Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврўз, суҳбатҳо, мулоқотҳо, вохўриву сухангўиҳову шеърхоние, ки меҳмонон тавассути расонаҳо ва мустақиман бо ихлосмандони шеъру адаб доштанд, 22 март як гурўҳи муътабари эшон рў ба зодгоҳи саромади шеъри порсӣ устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Панҷакенти бостонӣ оварданд.

Идомаи: АЗ ПАНҶРӮД ТО ПАНҶОБ

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

 

Аз 9 то 12 август дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Идомаи: «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

САИДАЛӢ МАЪМУР ДАРГУЗАШТ

 

24 июли соли равон хабари даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Саидалӣ Маъмур дили ҳамагонро реш намуд. Шоир ва инсоне аз олам рахти сафар баст, ки умре бо дасту дили пок, садоқату самимият ва ҳиммати баланд ба сухан муносибат дошт ва сароишгару ситоишгари футуввату ҷавонмардӣ, покизагиву ҳалолкорӣ ва хисоли ҳамидаи инсонӣ буд.

Идомаи: САИДАЛӢ МАЪМУР ДАРГУЗАШТ

ШУМОРАИ НАВИ МАҶАЛЛАИ «ПАМИР»

Маҷаллаи адабӣ-бадеӣ, ҷамъиятӣ - сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Памир» дар фазои фарҳангии кишвари мо мавқеи хоси худро касб кардааст.

Идомаи: ШУМОРАИ НАВИ МАҶАЛЛАИ «ПАМИР»

НУР ТАБАР - ДАР САТРҲОИ МУХТАСАР

МУҲТАРАМ НУР ТАБАР!

Шумо дар деҳаи Ғешии ноҳияи Кофарниҳон (алъон Ваҳдат) ба дунё омада, соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, соли 1970 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Маскавро бомуваффақият хатм намуда, солҳои тўлонӣ корманди матбуот, аз ҷумла ҷонишини сармуҳаррири рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», хабарнигори махсуси рўзномаи «Комсомольская правда», сармуҳаррири рўзномаҳои «Комсомолец Таджикистана», «Тоҷикистони советӣ» будед. Чанд сол вазифаҳои мудири шуъбаи тарғиботи Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи фарҳанги Кумитаи марказии Ҳизби Тоҷикистон, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ҷонишин ва раиси Иттиҳодияи «Тоҷиккино» ва ғайра будед.

Аз соли 1960 ба корҳои эҷодӣ машғул шуда, то ба имрўз осори мансуру драмавии зиёди Шумо дар маҷмўаҳои «Роҳҳои дуру наздик», «Ин баҳор чӣ меорад?», «Дар чорсў» ва ғайра ба нашр расидаанд. Драмаи «Дар чорсў» (соли 1985) дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ, Театри давлатии ба номи Мулло Непеси шаҳри Ашқобод, театрҳои Кўлобу Хуҷанд рўи саҳна омада, аз ҷониби тамошобинони сершумор хуш истиқбол гирифта шуданд. Пйесаҳои «Мусичаро напарон» (1987), драмаи таърихии «Қисмат» (1997), «Паёми Зардушт» (2001), «Тарс» (1998) натанҳо рўи саҳна омаданд, балки дар бисёр маҷаллаҳои бонуфуз ба табъ расиданд.

Ба қалами Шумо тарҷумаи бисёр асарҳои адибони маъруфи олам низ мансубанд. Асарҳои А. П. Чехов «Се хоҳарон», А. Чхеидзе «Вақте ки шаҳр хуфта буд», М. Шатров «Лавҳаҳои инқилобӣ», А. Абдулло «Вопасин падаршоҳ», Т. Зулфиқоров «Шабпарак хоб дид», С. Хонзодян «Манзили сўхта», шеърҳои мансури И. Тургенев, романи Г. Марков «Шарбати Замин» ва ғ. аз маҳсули зиёди тарҷумонии Шумо дарак медиҳанд.

Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед. Соли 2011 ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мушарраф гардидед. Корманди шоистаи Тоҷикистон мебошед. Хизмати Шумо бо медали «Остона»-и Ҷумҳурии Қазоқистон қадрдонӣ шудааст.

Ҳамқалами гиромиқадр Нур Табар! Бори дигар Шуморо аз номи ҳамқаламон ба муносибати 80-солагии зодрўзатон муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандии бардавом, умри дароз ва дастовардҳои нави эҷодӣ таманно дорем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН


НУР ТАБАР - ДАР САТРҲОИ МУХТАСАР

Драмнавис Нур Табар ҳам ба зоҳир ва ҳам дар сиришти худ марди зиёӣ ва мартабаи ў мартабаи зиёист. Ба пиндори ориёиёни аҳди қадим, зиё аз нури биҳишт равшан аст.

Солҳои 70-уми асри гузашта ҳикояҳои хурди лирикӣ, соли 1977 нахустин маҷмўаи ҳикоёт «Роҳҳои дуру наздик»; соли 1983 маҷмўаи дуюмаш «Ин баҳор чӣ меорад?»-ро чоп намудааст.

Солҳои 80-ум ба драматургия рў овард ва беш аз 30 асари саҳнавӣ - «Кафшҳои Абулқосим» (бо ҳамкории Т. Аҳмадхонов), «Дар чорсў», «Шикори аҷинаҳо» (бо ҳамкории С. Юрев), «Тўй ё ишқи духтари ҳамсоя» (бо ҳамкории Ҳ. Абдураззоқов ва М. Миров), «Қисмат», «Тарс», «Хўса», «Амир Исмоил», «Шикасти ташнагӣ», (либретто, бо ҳамкории Низом Қосим), «Паёми Зардушт», «Му- сичаро напарон», «Суробҳо», «Чашмони бародари қиёматӣ», «Маздак ё шоми дарахтони сарнагун», «Девона», «Коба ва Николай», «Гирдоб» ва ғайраро эҷод намуд.

Аксари театрҳои Тоҷикистон, театрҳои ба номи Мулло Непеси шаҳри Ашқободи Туркманистон, ба номи С. Айнии ш. Бухорои Ўзбекистон, «Офтоб»-и Кобули Афғонистон осорашро таҳия кардаанд. Филмномаи «Субҳи рўшан, шоми торик» (Кобул, 2008) ва маҷмўаи драмаҳояш ба забонҳои русӣ, туркманӣ, қазоқӣ, ба ҳуруфи форсӣ нашр шудаанд.

Ҳадафи асосии асарҳои драмавии ў инъикоси симои қаҳрамонҳои миллӣ ва азми онҳо барои расидан ба озодӣ, истиқлоли ватан, баррасии масоили муҳими иҷтимоӣ, ахлоқӣ, хирад ва пешгирии ҷаҳолат мебошад.

Асарҳои зерини саҳнавии Нур Табар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар театр таҳаввулоти муҳимро ба вуҷуд оварданд: драмаи «Дар чорсў», бо фош кардани дурўягии аъзои ҳизби ҳокими коммунистӣ; «Тарс» ва «Суро- бҳо», солҳои 90-ум, бо зикри мушкилоти замон, «Паёми Зардушт» ва «Чашмони бародари қиёматӣ», бо диди нав ба таърихи миллӣ.


 

АНДЕШАҲОИ ҲАМҚАЛАМОН ВА МУҲАҚҚИҚОН:

Меҳмон БАХТӢ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, драмнавис: - Драмаҳои Нур Табар ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ахлоқӣ бахшида шудаанд. Дар мар- кази онҳо муборизаи хирад ва нодонӣ меистад. Хусусият ва симоҳои миллии қаҳрамонҳояш, нақши онҳо дар инкишофи роҳи беҳбудии инсоният, озодии он барҷаста буда, Ватан ва ҳимояи халқ дар мадди аввал қарор дорад.


 

Иброҳим УСМОНОВ, доктори илми таърих: - Дар 35 соли охир фаъолияти драматургии Нур Табаров бештар назаррас аст. Драмаҳои “Дар чорсў”, “Чархи гардон”, “Паёми Зардушт”, “Куруши Кабир”, “Малика Томирис”, ки дар саҳнаҳои театр ба намоиш гузошта шудаанд, бештар ғояҳои ватандўстиву таърихӣ доранд. Аммо драмаи “Гирдоб”, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти Садриддин Айнӣ бахшида шудааст, ба андешаи адибон, бештар ҷанбаҳои сиёсӣ дорад. Драмаи дигари ў «Чархи гардон» моро ба асрҳои миёна мебарад ва бисёр масъалаҳояш имрўз ҳам ҳалталабанд. Дар асари дигари таърихиаш Куруши Кабирро меситояд, вале бузургии Малика Томирис ҳам нигоҳ дошта шуда, барои ҳимояи меҳан талош кардани ўро нишон медиҳад, ҳисси меҳанпарастии худи муаллиф равшан эҳсос мегардад.


 

Тамара АБДУШУКУРОВА, санъатшинос: - Як нафари сахтгир ва ташаббускор буд, маҳз дар давраи вазирии Табаров ҷашнвораи театрии “Парасту” ва “Наврўз” ба миён омад, ки бевосита устод дар он саҳм дорад. Баъдан ин ҷашнвора байналмилалӣ шуд ва кишварҳои ҳамсоя ҳам дар он ширкат мекунанд.

Муҳаммадулло ТАБАРОВ, номзади илми санъатшиносӣ: - Драмнависони тоҷик, аз ҷумла, Нур Табаров, мавзўи муосир, мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони солҳои 90-ро тасвир наму- да, асарҳои нави театрӣ-публитсистӣ офариданд, мисли «Вагони охирин» дар Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский (2003). Дар замони истиқло- лият театр дар мавзўи муосир натанҳо масъалаҳои муҳимро пайгирӣ намуд, инчунин эстетикаи нави театриро ба вуҷуд овард. Ба ин қатор асарҳои Н. Табаров низ дохил мешаванд, ки тавонист қолабҳои пешинаро дигар намояд ва услуби нави саҳнавии муосир ташаккул ёбад.


 

Мансур СУРУШ, публитсист ва драмнавис: - Агар инсон қобилият дошта бошад ба коре даст занад, муваффақ мегардад. Ин сифати хоси Нур Табаров мебошад. Ҳар кори анҷомдодаи ин нависанда, драматург, журналист ба ҳадаф расидааст. Дар пйесаи «Дар чорсў» камбудиҳои сохти шўравӣ танқид шудааст. Асари ба устод С. Айнӣ бахшидаи ў низ дар Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов хеле ҷолиб аст. Вожаи устод ҳамвазни вожаи русии «мастер», «наставник» - омўзгор, роҳнамо, тарбиятгар, ҳамрадифи вожаи фаронсавии «метр», итолиёии «маэстро» - устоди ҳунар аст. Баъзан ба ҳар кас бо ин сухан муроҷиат мекунанд ва қадрашро костаанд, аммо нисбат ба Нур Табаров дилпурона устод гуфтан мумкин аст.


 

Аз гуфтаҳои Нур ТАБАР: Мувофиқи табиати драма ва театрасари драмнавис дар театр коргардонӣ мешавад, зарур меояд, ки вобаста ба имконоти театр ва актёр дигаргуниҳо ворид шавад, шакли ниҳоии он сурат бигирад. Ва маълум аст, ки коргардонҳои асосии театр дар ин ҷода таҳсилкардаи марказҳои театрии Маскаву Ленинград ҳастанд ва аз қонунҳои театр бештар огоҳанд. Вале ҳамин кор ба тариқи устоду шогирд сурат мегирад ва режиссёрҳои мо то охир ҳамин ҳисро нигоҳ медоранд.

Дар маҷмўаи «Роҳҳои дуру наздик», «Ин баҳор чӣ меорад?» чанд лавҳа ва ҳикояҳои хурде ҳастанд, ки бароям ҳоло ҳам ба таври хоса садо медиҳанд, зеро қаҳрамонҳояшон аҳли деҳоте, ки дар он айёми тифлӣ, бачагиву ҷавониам гузашта буд, мебошанд. Ҳоло ҳам, ки ёдашон мекунам, дилам гум мезанад…

Асарҳои бунёдии режиссёри машҳури гурҷӣ Михаил Туманишвили "Роҳ- намои режиссёр", "Режиссёр аз театр меравад"-ро низ ба тоҷикӣ тарҷума намудам. Аз ин ду кори кардаам на фақат устодону шогирдони соҳаи театр, балки худам ҳам шодам.

Пас аз анҷоми хидмат дар сафиартиш, бо ҳидояти равоншод Отахон Латифӣ, мухбири махсуси рўзномаи "Комсомольская правда" дар Осиёи Миёна, маро бо ҳамон либоси лейтенанти ВДВ ба Маскав, ба редаксияи ин нашрияи ҷавонони умумииттифоқ хонданд. Чанде пас нахустин мақолаи маро бо номи "Ман афсар!" чоп карданд ва чун вакили худ ба Тоҷикистон фири- стоданд. Дертар бо пешниҳоди Ибодат Раҳимова - котиби идеологии он замон муҳаррири рўзномаи "Комсомолец Таджикистана" таъйин гардидам.

Солҳое, ки мо дар рўзномаи рақами яки ҷумҳурӣ кор мекардем, давраи пур аз ҷўшу хурўш буд, ки ном бурдани як сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак басанда аст. Илова бар он, тамоми соҳаҳои агросаноатӣ барои мо муҳимта- рин буданд, зеро аксари хонандаҳои мо мардуми деҳот ба шумор мерафтанд, даҳҳо ҳазор обуначӣ доштем…

Ҳайрон нашавед, яке аз сарчашмаҳои ғаноманди мавзўъ - ҷаласаҳои Бюрои КМ ПК ва суҳбатҳои хосаи Котиби якуми онвақта Ҷаббор Расулов буд. Ма- салан, боре ў дар яке аз чунин суҳбатҳо чандин нафар деҳқонзодаҳои асилро номбар карда, махсус таъкид намуд: - «Ба деҳаи Унҷӣ, колхози Ўрунхоҷаев равед, он ҷо набераи оброни машҳур бухгалтер шуда, кор мекунад. Қиссаи марги бобояшро пурсед…»

Васоити ахбори умум - ҳокимияти чаҳорум як василаи нодири ба худ хос, аммо басо муассир дорад - сухан! Ва ин сухан бояд сухани рост (ҳақиқат) ва адолатпаноҳ бошад, дар акси ҳол боиси харобии маънавӣ ва моддии ҷомеа мегардад. Муҳимтарин ҷиҳати кори мо оҳанги созандаву бунёдкорӣ доштани сухани мост. Ҳақиқатнигорию адолатпарварӣ беҳтарин ҳадафҳои матбуот хоҳанд монд.

Муҳимаш, азизон, дил пир нашавад! Дилро эҳтиёт кардан лозим.

Мо ба такомули маънавии ҷомеа масъулем.

Гирдоваранда Ҷумъа ҚУДДУС

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved