• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Рўйдодҳо дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус ҳалокати одамон, тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла адибонро сахт ба ташвиш овард.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, тамоми адибони мамлакат ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон ҳамдардии амиқ баён намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳанд.

 Сабаби ин воқеаҳо асосан маълум аст – номуайяниҳо дар сарҳад, ки дар марзҳои баъзе ҷумҳуриҳои дигар низ ба мушоҳида мерасанд ва мероси мушкилзои давраи шўравианд.

Ҳамагон медонанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳост дар ин самт пурталош кор мекунад ва аломатгузорӣ шудани қисми зиёди хати марз бо ҷумҳуриҳои ҳамҳудуд далели ин аст. Фақат тасаввур кардан мумкин, ки ин кор бо чӣ душворӣ даст медиҳад!

Имрўзҳо низ ҳамагон шоҳидем, ки Сарвари давлат, дипломатҳо, сарҳадбонону кормандони соҳаи амният талоши фаровон доранд, ки дар ҳалли дурусти масъала қадамҳои устувор гузошта бишаванд. Мо ба онҳо эътимоди комил дорем ва аминем, ки бо корбасти асолатҳои  ватандорӣ, башардўстӣ ва ҳамсоягии нек, ки меъёрҳои давлатдории моянд, ба ин ҳадафи нек мерасем.

Бо истифода аз фурсат, ба адибони ҳарду кишвар муроҷиат мекунем, ки ҳиссиётписандии хоси нафароне аз аҳли адабро фурў нишонанд, лаҳзаҳои фаровони мулоқоту дидорҳо, тарҷумаву муаррифии осори ҳамдигар, рафоқати инсониву робитаи ҳасанаи эҷодиро ба хотир биёранд ва бо навиштаҳову назарбаёнкуниҳои амиқу санҷида дар паҳлўи давлатмардони содиқи кишварҳои худ бошанд.

Афзудани сафи ҳангомахоҳон,  дурўғпароканӣ, айбҷўӣ, душмантарошӣ, назари нопоку муғризонаи баъзе «коршиносон», беш аз ин – талоши силоҳ намудани бархе аз шаҳрвандони ду кишвар боиси нигаронист. Биёед, ба оташи хонумонсўзи муқобилат доман назанему бо сатрҳои обдори хеш дар пайи хомўш кардани он бошем!

Биёед, ба ёд биёрем, ки Айтматови забардаст Айнии бузургро яке аз ду устоди худ медонист. Биёед, фаромўш накунем, ки Турсунзодаи дар ҷаҳон машҳур бо Чингизе, ки ҷаҳонро бо шамшер не, бо қалам гирифта буд, чӣ гуна рафоқати самимӣ дошт. Чунин нуқтаҳои пайванд зиёданд байни халқҳои мо, биёед, онҳоро мустаҳкамтар бикунем, то арвоҳи бузургонамон озурда набошанд!

Асрҳост, ки халқҳои тоҷику қирғиз дар паҳлўи ҳам зиндагӣ мекунанд. Беш аз ин, тоҷикони зиёде шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонанду қирғизони зиёде шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳамқисмативу ҳамзистӣ хоставу доди Худованд аст ва аз он гурехтан имкон надорад. Фақат хиради азалии халқҳоямонро ба кор бурдан, фарҳанги озмудаи ҳусни ҳамзистиву маданияти ҳамҷавориро риоят кардан, ба ҳар маънӣ дар паҳлўи ҳам будан боиси рўсурхиву сарбаландии мо шуда метавонад. Биёед, ин таърихи омўзанда, ин таҷрибаи раҳнамо, ин ганҷинаи беҳамторо дар ин лаҳзаҳои мушкил ба манфиати миллату давлатҳоямон пурсамар ба кор бибарем!

Рухдоде дар ин рўзҳо моро ҳам сахт мутаассир кард. Бар асари ҳодисаҳои нохуш пайвандон бачаҳояшонро аз парваришгоҳи наздисарҳадии кўдакон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз гуфтану шунидан маҳруманд, муваққатан ба хонаҳояшон бурданӣ мешаванд. Дар байни онҳо ду қирғизбача ҳам будаанд, ки бинобар нооромиҳо дар марз пайвандонашон ин корро карда наметавонанд. Бачаҳои тоҷик ҳар яке бо талош он ду нафарро ба хонаҳои худ мехонанд ва имрўзҳо он ду қирғизбача дар оилаҳои тоҷик бо ҳамқисматони худ зиндагӣ доранд. Оё ин саҳифаи пурмаънову ибратбахши китоби ҳамзистиву ҳамқисматӣ, рафоқату садоқати инсонӣ нест?

Баъди ин кӣ он бачаҳоро безабону ношунаво гуфта метавонад, чун ҳамдигарро чунин нағз дидаву нағз шунидаанд!?

Биёед, мо, бузургсолон, ҳам воқеиятро боре бо дили бузурги тифлони худ эҳсос бикунем, самимона ба чашми ҳам бингарему самимона ҳарфи ҳамдигарро бишнавем! Биёед, аз ояндаи фарзандони хеш, аз фардои давлату миллатҳои худ биандешем!

Сиёсатмадорони арҷманд, рўзноманигорони гиромӣ, фаъолони муҳтарами шабакаҳои иҷтимоӣ, коршиносони пурдон, шаҳрвандони хайрандешу некнияти ҳарду мамлакат! Биёед, дар ибрози назар бисёр эҳтиёткор бошем, бо эҳсоси халқҳо бозӣ накунем, агар ёрӣ карда натавонем, ба сарварони кишварҳоямон, ниҳодҳои марбут, шахсоне, ки масъулияти бузурги қисмати ояндаи ду миллату ду давлатро бар дўш доранд, халал нарасонем ва самимона орзўманди муваффақияташон бошем!

 Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved