• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Муъмин ҚАНОАТ

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

Барои Мирзо Турсунзода

 

Барои ҳурмати мўи сафедаш,

Ки ҳар тораш чу як роҳи сафед аст,

Барои дил, дили оинавораш,

Ки аз чашму нигоҳи ў падид аст,

 

Барои хотири шеъраш, ки онро

Ба роҳи хеш болу пар намудам,

Барои шеъри мардумошнояш,

Ки аз он шеъри худро сар намудам,

 

 

Барои ҳиммату номи баландаш,

Баландиҳои чун чархи баринаш,

Барои хоксориҳои покаш,

Таҳаммулнокии ҳамчун заминаш,

 

Қасам бо ҷону виҷдони ҷавонам:

Агар дар шеър қутби нав кушоям,

Аз он ҳар субҳ чун ахтар бароям,

Ба пеши пои ў таъзим намоям!

 


Лоиқ ШЕРАЛӢ

Чу Турсунзода бо боли замона

Накардам сайр ақсои ҷаҳонро.

Надидам обшорони Ниагар,

На Эронрову на Ҳиндустонро.

 

Нахурдам оби Гангу Зиндарўдаш,

Нашустам рў дар уқёнуси Ором,

Ба чашмам санги асвадро надидам,

Накардам ламс боре санги аҳром.

 

Ман аз ашъори ў хондам, ки дунёст

Кашокашхонаи мағлубу фирўз;

Ки дунё нест танҳо хурду хобе

Ва ё як рангбозии шабу рўз.

 

Ман аз ашъори ў хондам, ки дунё

Ба рўзи бад надорад хатти масдуд.

Дар ў як хона аз як шуъла сўзад,

Бигардад сад ҳазорон хона нобуд...

 

Агарчи хоб мебинам ҳама шаб

Чу рўъё шаҳрҳои дурдасте,

Агарчи ларза дар ҷонам фикандаст

Ҷаҳон бо ин ҳама зарбу шикасте,

 

Дилам хоҳад равам пеш аз сапеда,

Бихонам лавҳи гўри мурдаҳоро.

Бидонам то чӣ фарҷом асту подош

Фузунхурда ва ё камхурдаҳоро...

 

Дар он ҷо ҷумла яксонанду якранг,

Чаро ин ҷо ҳама ҳар ранг бошанд?

Чу битвон беҷидолу ҷанг ҳам мурд,

Чаро мардум фидои ҷанг бошанд?

 

Агар ин ҷангу ғавғою такутоз

Барои қисмати ганҷи ҷаҳонист,

Ба дунё ҳеҷ ганҷе беҳ зи ҳастӣ –

Зи умри одаму аз одамон нест.

 

Замин яктост ҳамчун Модар, аммо

Фақат фарқе миёни ину он аст.

Барои ман Замин сарҳад надорад,

Фақат сарҳад миёни ду ҷаҳон аст...

 

Ҳама зўру ҳама доност, аммо

Касе аз зиндагӣ пирўзтар нест.

Касе бар зиндагӣ пирўзӣ хоҳад,

Аз ў мағлубтар, бадрўзтар нест.

 

... Намондам хориҷ аз ҳадди

Ватан пой, Накардам сайр ақсои ҷаҳонро.

Вале монанди ҳар фарзанди инсон

Хурам ҳар лаҳза ғамҳои ҷаҳонро...

1974


 

                                                      Сайидалӣ МАЪМУР

ТАРОНАИ ВАРЗОБ

Ба ёди устод Мирзо Турсунзода

 

Бар гўш чун таронаи Варзоб мерасад,

Чун шеърҳои пухтаву ҷаззоб мерасад,

Бар ёдам он суханвари бехоб мерасад.

 

Дар Чорбед хонаи ў буд назди рўд,

Шабҳо нишаста шоири дил шеър месуруд,

Он хонаи муқаддаси ҳар ташнашеър буд.

 

Дар назди хона чашмаи шаффоф менамуд,

Он чашма ҳамчу чашмаи шеъраш равона буд,

Мерехт оби поку зулолаш ба ҳалқи рўд.

 

Дар назди хона буд басе нахли борвар

Ҳамчун дарахти шеър намудор дар назар,

Буд андалеб дар сари ҳар шоха нағмагар.

 

Имрўз нест хонаву нахлеву чашмасор,

Аз Чорбед мерасад оҳанги рўдбор,

Такрор мекунад ғазалу шеъри ёдгор.

 

 ДАР СОҲИЛИ ҚАРОТОҒ

Имрўз ман нишаста

Дар соҳили Қаротоғ,

Дар ҷўш рўди кўҳӣ,

Ҳамчун дили Қаротоғ.

Дарё равонаву ман

Дорам варо тамошо.

Ҳар қатра медурахшад

Чун резаҳои тилло.

Имрўз агар бароям

Дарё таронахон аст,

Дарёи шеъри Мирзо

Аз қалби ман равон аст.

Ман бо навои дарё

Хонда суруди шоир,

Бар рўд мерасонам

Гўё дуруди шоир.

Бишнида рўди кўҳӣ

Аз ман паёми Мирзо,

Аз нав хўруш бинмуд

Бо шеъру номи Мирзо.

Дар ҷустуҷўи шоир

Дарё шитоб мекард.

Боло шуда садояш,

Ўро хитоб мекард.

Чун шоираш намеёфт,

Мешуд зи нав парешон.

Сарро ба санг мезад,

Мекард шўру афғон.

Бархостам мушавваш

Аз соҳили Қаротоғ.

Аз дурие ба гўшам

Омад суруди "Ман доғ".

 


 

ГУЛРУХСОР

УМЕД*

Барои устод Мирзо Турсунзода

Дар ин дунё агар танҳо барои хеш мезистам

Ва аз неку бади он мегузаштам чашм пўшида,

Зи рўи хор не, аз рўи сабза роҳ мерафтам,

Ба ҷои оби сарди ҷўй шири гарм нўшида.

Аҷаб не, умри ман чун арча доим сабзу хуррам буд.

 

Агар дар рўзи шодӣ ёди рўзи ғам намекардам,

Барои мурдаи бегона ҳам мотам намекардам,

Фақат имрўз мегуфтам, ғами фардо намехўрдам.

Таноби умри худ бо сўхтан кўтаҳ намекардам,

Аҷаб не, умри ман чун арча доим сабзу хуррам буд.

 

Ҳазар дорам ман аз умри дарози бесамар, ёрон,

Ҳазар аз одами бедарду айшу нўши безаҳмат.

Ҳазар аз он ки дашти ташналаб дар ҳасрати об аст,

Вале ў дар паноҳи шаҳчаноре мекунад роҳат,

Чӣ суд аз омаду аз рафтани ин фарди беҳиммат!

 

Чӣ суд аз машъале, ки гирди худро мекунад равшан,

Чӣ суд аз хандае, ки хира созад табъи инсонро,

Чӣ суд аз чашмҳои дилбару зебои луъбатҳо,

Чӣ суд аз зиндае, ки мурдааст андар дили ёрон?

В-аз он бахте, ки нимашро надодастӣ ба бадбахтон?

 

Ҳама хобанду ман бо дидаи бедор биншинам,

Намеҷўям валекин бахтро аз гардиши гардун.

Парастам ман сари пасти туро, эй хўшаи гандум.

Бимон, кўтоҳ гардад умри ман чун шамъ аз сўзиш,

Ба уммеде, ки монам зинда андар хотири мардум!

*Ин шеър соли 1971 ба ҷашни 60-солагии устод Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.


 

 Абдулҳамид САМАД

- Барҳақ, устод Мирзо Турсунзода мураббии воқеии адибони ҷавон буданд ва як зумра шоиру нависандагони барҷастаи муосири мо шогирдони эшон мебошанд. Аз он давроне, ки устод ба курсии раиси Иттифоқи нависандагон нишастанд, аз соли 1947, ҷиддан ба кашф, тарбия ва сарпарастии истеъдо- дҳои ҷавон камар баста, то нафаси охирин ҳамин ҳадафро пайгирӣ карданд.

Ёд дорам, ки боре дар маҷлиси Иттифоқи нависандагон шоир Ғаффор Мирзо гуфта буданд: «Мирзо Турсунзода моро аз кўчаҳо гирд оварда, ба Иттифоқи нависандагон ворид карданд ва роҳ кушоданд, ки мо шоиру нависанда шавем».


 

 ШЕЪРИ ВАТАН

Аскар ҲАКИМ

Рўзи ман сар мешавад ҳар рўз бо шеъри Ватан,

Шод бодо рўҳи ту, то нек бошад рўзи ман.

Мекунад шеъри дилошўбат маро аз худ бадар,

То ба даҳрам мекунад сад решапайванди дигар.

Як-ду тан дар шеър аз шеъри ту пайғом оваранд,

Як-ду тан дар шеъри ҳассон баъди ту номоваранд.

Дона ҳар соле бирўяд дар талу дар ёлаҳо,

Шоире аммо нарўяд тўли чандинсолаҳо.

Шод мебош, эй Ҳисори шодмон, дар рўзгор,

Бо ғазалҳои равону чашмаҳои кўҳсор.

Накҳати ашъори Турсунзода дорад шеъри мо,

Сарзамини Тоҷикистон мекунад атри Ҳисор.

Сабз монӣ дар дили деҳ, эй дарахти тозарў,

Эй чинор, эй ошёни мурғакони шеъри ў.

Гар надорад шоире шаҳболи парвози сухан,

Ошён чун мениҳад ў дар баландои Ватан?!

Зинда бошӣ, эй Ҳасан, эй ҷўраи дерини ман,

Бо ароба бигзарӣ гоҳо ту аз мошини ман.

Нестам аз ҳамраҳон гарчи ақибафтодае,

Ё наям аз давру даврон бехабар ё содае,

Аспи зебои туро бисёр мехоҳад дилам,

Ҳар замоне дар хаёлам коҳад он, коҳад дилам.

Шод бодо рўҳи ту, эй шоири шеъри замон,

Гарчи н-ояд доимо бе сакта шеъри шоирон,

Сактаҳои ту вале на дар сухан, дар дил буданд,

Эй басо ҳам сактаҳои беамон, қотил буданд.

Мекашид андуҳу дарде он дили бечораат,

Ту фақат бо он дили ғамхораат, садпораат

Дил тавонистӣ диҳӣ бар дигарон,

Бо ҳама дарди гарон.

«Ҷони ширин,

Бе ту танҳоӣ кашидам, дарди ман боло гирифт»,

Ман бихонам қиссаи дарди ту, монам дар шигифт.

Қиссаат бо ғуссаи олам биомезад ба ҳам,

Лашкарони неку бад дар он биовезад ба ҳам.

Ҷони ширин, дурии ту захми носури ман аст,

Боз дар дил ғуссаи ёрони раҳдури ман аст.

Дар ҷаҳони бевафое ман вафо кардам ба ту,

Умри ман гар бевафоӣ кард, маъзури ман аст.

Баъди ман фарзандҳою ворисони шеъри ман,

Хоҳам аз Яздонатон умри дарозу пурсамар.

Рафтанам боз омадан дорад ба умри ҷовидон,

Ҳар яке бошед баъди ман ба ҷойи ман падар.


 

 МИРЗО ТУРСУНЗОДА                                            

Муҳаммад ҒОИБ

Ту будӣ қосиди сулҳу амонӣ дар замони худ,

Туро буд обрўи осмонӣ дар замони худ.

Ба ҳар ҷое, ки мерафтӣ, дар он ҷо сулҳу созиш буд,

Алайҳи марг будӣ зиндагонӣ дар замони худ.

 

Ту мегуфтӣ, ки орад дўстӣ бар аҳли олам бахт,

Вале орад ба мардум душманӣ ҳар лаҳза рўзи сахт.

Қалам дар байни дафтар аз дирафше ёд меорад,

Сухан бошад барои ҳар сухангў минбару ҳам тахт.

 

Зи боби сулҳу ваҳдат буд умре гуфтугўи ту,

Дилат пур аз ғаму буд оҳи олам дар гулўи ту.

Суроби бахту осоиш, ки буд дар шишаи чашмат,

Ба ҳар ҷо боз мекарданд дарҳоро ба рўи ту.

 

Зи сози гуфтугўҳо карда ҳис оҳанги дигарро,

Ту медидӣ ба ҳар нақши замон найранги дигарро.

Ҷаҳон аз достонат мешунид оҳангу оҳи Ганг,

Ту медидӣ ба ашки бенавоён Ганги дигарро.

 

Ту пеш аз бод тўфони замони хеш медидӣ,

Ба ҳар мулке ҳазорон синаҳои реш медидӣ.

Сабабгори ҳама ҷанг аст ғасби хоки мулки ғайр,

Ба ҷоми давр ҷои нўши ҳастӣ неш медидӣ.

 

Замон медид дунёи дигарро дар ҷаҳони ту,

Адолатхоҳро чун қаҳрамони достони ту.

Садои Осиёро мешунидӣ аз гулўи давр,

Дигарҳо ин садоро мешуниданд аз забони ту.

 

Набудат шиква аз роҳи гарону бори сангин ҳам,

Зи ёрон фарқ мекардӣ ба пуртобию тамкин ҳам.

Ҷаҳони меҳру раҳми давр будӣ, қисса мегуфтӣ

Зи талхии ҳаёти дигарон бар «Ҷони ширин» ҳам.

 

Қаноатпешаро изҳори меҳри одамин кофист,

Ба шоҳи ҳусн агар гўяд: ғуломат ман, ҳамин кофист.

Дами парвоз ҳам чашм аз замин як дам намекандӣ,

Пайи парвози мурғи фикри дунёбин замин кофист.

 

Зи баски баҳраманд аз пандҳои Рўдакӣ будӣ,

Нигоҳи меҳр сўи волидайн аз кўдакӣ будӣ.

Зимоми киштии некӣ ба дасти хеш бигрифта,

Зи тўфони ҳаводис бохабар будӣ, закӣ будӣ.

 

Ту меҷустӣ ба дарди бенизоми даври худ дармон,

Ту мебахшидӣ аз нав зиндагӣ бар тифлаки армон.

Зи ночорӣ ба ҷои халқ рўди ман ту мегуфтӣ,

Ҳамонӣ ту, дигар шуд давр, буд ин рағми ҳар фармон.

 

Сафар дорад хатар, ними ҳаётат дар сафар бигзашт,

Миёни мардуми бегона, дар сад кўю дар бигзашт.

Вале боре нахўрдӣ аз шароби фанди мулки ғайр,

Аз он ки бо Ватан будӣ, набардат бо зафар бигзашт.

 

Баланд аз об гаштан аз ғами даҳр обрўят шуд,

Сафед аз фикри ҳастии башар ҳар тори мўят шуд.

Ба рағми душманӣ дар ҷустуҷўи дўстӣ будӣ,

Китоби дўстӣ пайдо зи ранҷу ҷустуҷўят шуд.

 

Шавад осудагӣ, монад ба ҳар ҷо сулҳ агар пояш,

Ҳама ҷанги ҷаҳонро менишонад сулҳ дар ҷояш.

Ба майдони набарди офаридан Қаҳрамон гаштӣ,

Ба эҷоде, ки даргоҳи дили дунёст маъвояш...


 

 МОДАРИ ТОҶИК ТУРСУНЗОДА ЁФТ

Ато МИРХОҶА

Дар замоне, ки замон афтода буд,

Номи тоҷик аз забон афтода буд.

Бо нишону бо забони зиндааш

Безабону бенишон афтода буд,

Шаҳсуворе миллати афтода ёфт,

Модари тоҷик Турсунзода ёфт.

 

Дар замоне, ки сафедӣ тира шуд,

Шеъри нав андар сафедӣ хира шуд,

Мурдаашро ин сафедӣ шуд кафан,

Шеърро хоби сафеде чира шуд,

Шоире бедору фавқулода ёфт,

Модари тоҷик Турсунзода ёфт.

 

Дар замоне, ки табу тоби сиёҳ

Меравонд аз дида селоби сиёҳ,

Миллати моро сиёҳӣ пахш кард,

Чашми ў пур гашт аз хоби сиёҳ,

Шеъри рангорангу софу сода ёфт,

 Модари тоҷик Турсунзода ёфт.

 

Дар замоне, ки ҷаҳон аз мо рамид,

Дар замин тўфони сурх омад падид.

Миллати ман сар ба хоби сурх монд,

Сурхиаш чун сурхакон дар мо дамид,

Ў алайҳи бандагӣ озода ёфт,

Модари тоҷик Турсунзода ёфт.

 

Шеъри ў гарчи сиёсат будааст,

Ҳам фасоҳат, ҳам фаросат будааст.

Баъди Айнӣ иртифои номи ў

Миллати моро раёсат будааст.

Дар сиёсат ахтари сарвода ёфт,

Модари тоҷик Турсунзода ёфт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved