• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

ЮНЕСКО таҷлили 1050-солагии олими бузурги асримиёнагӣ Абўрайҳони Беруниро маъқул донист.

1050-солагии зодрўзи олим ва файласуф Абўрайҳони Берунӣ (973-1048) солҳои 2022-2023 бо иштироки ЮНЕСКО ба таври густарда таҷлил хоҳад шуд. Ин тасмим мутобиқи пешниҳоди Тоҷикистон, Ўзбекистон, Эрон ва Туркия 17 апрел дар иҷлосияи 211-уми Шўрои иҷроияи ЮНЕСКО маъқул дониста шуд. Акнун ин масъала моҳи ноябри соли равон барои тасдиқ намудан ба иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Франсия пешниҳод хоҳад шуд.

«Абўрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ олими бузурги асримиёнагӣ - энсиклопедист, мунаҷҷим, риёзидон, файласуф, географ, этнограф, антрополог, геолог, таърихнигор, ботаник, фармаколог ва гуманист буд», - зикр шудааст дар дархосте, ки шўро онро баррасӣ кардааст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved