• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

9-уми апрели соли ҷорӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону донишмандон ва алоқамандони каломи манзум маҷмўаи ашъори тозанашри шоири шинохта, мудири бахши робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи ИНТ Абдуллоҳи Раҳнамо - «Дўст дор зистан» рўнамоӣ шуд.

 

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар оғоз иброз дошт, ки китоби мазкур фарогири ашъори солҳои гуногун эҷодшудаи шоир буда, дар он як давраи эҷодиёти муаллиф ҷамъбаст шудааст. Номбурда зикр кард, ки ашъори ин китоб А. Раҳнаморо чун шоири донишманду пухтагўву нуктасанҷ нишон медиҳад. Гардонандагии маҳфилро доктори илмҳои филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода ба уҳда дошт. Ў бо зикри намунаҳои ҷолиб аз китоб баён намуд, ки А. Раҳнамо дар баробари донишманди хуб будан шоири боистеъдод низ мебошад.

Дар бораи арзиши бадеии китоб, махсусан силсилаи ашъори ба Бадахшон бахшидаи он шоир ва пажўҳишгари маъруф Рустам Ваҳҳобзода ба тафсил сухан ронда, аз ҷумла изҳор дошт, ки муаллиф манзараҳо, урфу одатҳо, таъриху фарҳанги мардуми кўҳистонро хелеогоҳонаву ҳунармандона тасвир кардааст.

Перомуни хусусиятҳо ва ҷиҳатҳои хуби китоби мавриди назар адибону донишмандон Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, Ато Ҳамдам, Муртазо Зайниддинзода, Салими Зарафшонфар, Баҳроми Раҳматзод, Муҳриддин Сабурӣ, Толиби Луқмон ва дигарон андешаҳояшонро изҳор намуданд. Зикр гардид, ки Абдуллоҳи Раҳнамо аз оғоз дар роҳи эҷод қадамҳои устувор гузошта буд ва ба ашъораш устодони маъруфи назм Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Низом Қосим ва дигарон баҳои хуб дода буданд. Дар маҳфил ҳамчунин сарояндаи хушовоз Сайфиддин Акрам аз рўи шеърҳои А. Раҳнамо сурудҳои дилрас хонд ва табъи ҳамагонро болида намуд. Ғолибони озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» Шероз Бобохонов, Шабеҳаи Раҳнамо ва Муҳаммади Раҳнамо аз китоби тозанашр шеърҳо қироат карданд.

Маҷмўаи ашъори Абдуллоҳи Раҳнамо –« Дўст дор зистан» чанде пеш аз тариқи нашриёти «Эр-граф» бо сарсухани шоири шинохта Ато Мирхоҷа ба табъ расид. Китоби мазкур армуғони хубест барои алоқамандони адабиёт.

 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved