• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

10-уми марти соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили ширу шакар бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода ва сарояндагони шинохта баргузор гардид.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бо сухани муқаддимавӣ дар бораи фазои хуби фарҳангии кишварамон ва пазироӣ аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳфилро ифтитоҳ намуд.

Рустам Ваҳҳобзода бо қироати ашъори зебо дар бораи модар, Ватан, баҳор ва суҳбати олимона дар атрофи махсусиятҳои ҷашни Наврўз маҳфилро гардонандагӣ намуд.

Сарояндагони шинохта Амриддини Кабир, Гулбаҳор Шокирова, Мадина Қадамова ва ҳунарпешагони ансамбли «Ориё» бо сурудҳои ҷаззоби ватандўстона ба маҳфил шукўҳи хоса бахшиданд.

Дар ҷараёни маҳфил ҷавонони адабдўст шеърҳои Рустам Ваҳҳобзодаро зебову муассир қироат намуданд.

Маҳфил ба ҳамагон таассуроти неку фаромўшношуданӣ гузошт.

 «АС»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved