• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

САЙИД АБДУЛЛО 15 августи соли 1935 дар деҳаи Фаркаки ноҳияи Ховалинг ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1953 Омӯзишгоҳи тиббии Душанбе, соли 1965 Донишгоҳи дорусозии Пятигорскро хатм кардааст.

Солҳои тӯлонӣ дар соҳаҳои дорусозӣ ва доруфурӯшии ҷумҳурӣ фаъолият бурдааст.

Дар ашъораш, асосан, манфиати гиёҳҳо ва хосияти шифобахшии онҳоро меситояд.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Дармони ҷон» (1983), «Мардумгиёҳ» (1985), «Дунёи дил» (1986), «Обшорон» (1989), «Дорухонаи табиат» (1991) «Даври ҳазору як дард» (1995 бо ҳамкории Ҷ. Азонзод), «Хоби равшан» (2005) ва ғ. мебошад.

 Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved