• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

САФАРМУҲАММАД АЙЮБӢ 20 декабри соли 1945 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷой, соли 1976 Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба итмом расондааст.

Баъдан               мухбири рӯзномаю   оҷонсиҳои         «Бо   роҳиЛенинӣ», «Хатлон», ТоҷикТА, ТАСС ва ИтарТАСС (1976-1993), сармуҳаррири шуъбаи фарҳангу адабиёти ТВС (1993-1995), сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (1995- 1997) ва мудири шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (1997-2008), аз соли 2008 бознишаста ва машғули фаъолияти эҷодӣ будааст.

Нахустин шеърҳои ӯ аз аввали солҳои 70- уми асри гузашта дар рӯзномаю маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Помир», «Маориф ва маданият», «Тоҷикистони Советӣ», «Адабиёт ва санъат», дигар расонаҳои хабарию адабӣ мунташир гардидаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои «Гули гандум» (1980),   «Роҳи  сафар»  (1984),   «Шохаи барқ» (1986),     «Фалаки   роғӣ»        (1990),       достонҳои

«Хоҳиши  дарё»   (1990),    «Мунзим»   (1990), «Вафои Зарробӣ» (2001), «Маснавии мирӣ» (2001), «Шаҳриёрнома» (2002) ва ғ. мебошад.

Бештар аз 200 драмаи манзум офаридааст, ки аз он ҷумла «Фишор» (1984)-у «Заволи Чамбули Мастон» (1997) дар Фестивали театрҳои касбии Тоҷикистон беҳтарин шумурда, соҳиби ҷоизаи олии фестивал «Гран-при» гардонида шудаанд.

 Ҳамчунин,   асарҳои   манзуми   драмавии ӯ «Хатои охирини Афлотун» (1990, дар Душанбе), «Алии Сонӣ» (1994, дар Қаратоғ),

«МеъроҷиШоҳин      (1995,         дар   Қайроққум), «Айюби Собир дар шаҳри бесуннат» (1996, дар Қайроққум), «Амир Балъамӣ» (1997, дар Панҷакент)        дар         машварат-озмунҳои драманависони касбии Тоҷикистон ғолиб омадаанд.

Драмаҳои манзуми «Дақиқӣ», «Торикӣ»,«Фиғони чашмҳои пардашин», «Сакароти Қорун», «Ҳайкал», «Алии Сонӣ», «То қафас бишкаст, булбул пир шуд», «Камоли Хуҷандӣ», «Харобот» ва ғ. дар театрҳо ва телевизиони мамлакат аз ҷониби беҳтарин режисёрон саҳнагузорӣ шуда, сазовори баҳои баланди мухлисон гардидаанд.

Дар заминаи сенарияҳои Сафармуҳаммад Айюбӣ 10 филми телевизионӣ ба навор гирифта, калонтарин чорабиниҳои тантанавии давлатии солҳои 1994-1997-и пойтахт ва консертҳои ҳукуматӣ таҳия ва баргузор шудаанд.

Ашъори ҷудогонаи Н.Доризо, Р. Рождественский, М.Геттуев, Миртемир ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Оҳангсозони тоҷик ба бештар аз 200 шеъри ӯ оҳанг бастаанд, ки аз ҷониби сарояндагони мумтози кишвар суруда мешаванд.

Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1995), Шоири халқии Тоҷикистон (1999), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000), Ҷоизаи олии Иттиҳодияи арбобони театрии Тоҷикистон «Ноҳид» (1994).

Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1981 узви Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон аст.

22 феврали соли 2011 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved