• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ОДИНА АЗИМӢ 5 майи соли 1952 дар деҳаи Самҷони шӯрои деҳоти Ланглифи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳи вилояти Суғд таваллуд ёфтааст.

Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳаи Зарафшони ноҳияи Пролетар, соли 1969, вориди факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1973 ба итмом расондааст.

Баъди хатми донишкада муддате дар нашриёти «Ирфон» адои вазифа намуда, соле чанд дар мактабҳои ноҳияи Пролетар муаллимӣ кардааст. Аз соли 1987 то рӯзи вафоташ мудири шуъбаи рӯзномаи ноҳиявии «Пролетар тонгӣ» будааст.

Бо шеърнависӣ асосан аз охири солҳои шастум оғоз намуда, аввалин сурудаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва алманахҳои «Шукуфаҳои умедбахш»-у «Модарнома» чоп шудаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Ману ту» (1984), «Умеди сур» (1991), «Деҳаи мо» (1992), «Ашки сапеда» (1995), «Нигоҳи дил» (1998) ва ғ. мебошад.

Чанде аз шеърҳояш бо забонҳои булғорӣ ва ӯзбекию қирғизӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

15 апрели соли 2000 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved