• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

НАЗРУЛЛОҲИ АЗИЗИЁН (Азизов Назрулло Мираҳмадович) 19 октиябри соли 1967 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара таваллуд ёфта, соли 1984 мактаби миёнаи №21 зодгоҳашро хатм кардааст.

Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишоҳи миллии Тоҷикистон (1991).

Солҳои     1991-1992  дар   ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» муҳаррири шуъба ва котиби масъул, солҳои 1992-2001 омӯзгори мактаби деҳаи Ворух, 2001-2003 корманди газетаи «Нилуфар» ва муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Лочин» будааст.

Ашъораш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Чил қалам», «Армуғони ғазал» ва рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расидаанд.

Соҳиби маҷмӯаҳои шеърии «Ҷоми чашм» (2007), «Сояҳои офтобӣ» (2007) ва «Аз гил ва гул» (2008) мебошад.

Барои силсилаи шеърҳои «Хоҳам, ки дар рагҳои гул ҷорӣ шавам чун хуни гул»  беҳтарин муаллифи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар соли 1991 дониста шудааст.

Соли 2003 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved