• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

НАРИМОН БАҚОЗОДА 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1960 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо баҳои аъло хатм карда, ба рӯзноманигорӣ пардохтааст.

Муддате ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», мудири шуъбаи адабиёти бачагон ва наврасони на-шриёти «Ирфон» будааст.

Соли 1971 дар мактаби филмноманависии назди Киностудияи «Тоҷикфилм» таҳсил кар-да, ба сифати сармуҳаррири филмҳои ҳуҷҷатии «Тоҷикфилм», сармуҳаррири Куми-таи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематогра-фия, котиби масъули маҷаллаи «Машъал» адои вазифа намудааст.

Солиёне корманди масъули Кумитаи муҳофизати сулҳ ва Хазинаи сулҳи ҷумҳурӣ будааст.

Нахустин шеъри ӯ соли 1954 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба табъ расидааст.

Солҳои рӯзноманигорӣ ба эҷоди фелетону мақолаҳои танқидӣ пардохта, минбаъда ба эҷоди осоре барои бачагон рӯй овардааст, ки дар маҷмӯаҳои «Гулдара» (1969), «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо» (1971), «Сурнайчӣ» (1975), «Оши ҳалол» (1978), «Шаш ҳикояти пахта» (наср, 1980), «Чӣ хуш аст?» (1983), «Дафтари мо кони «панҷ» (1985), «Алифбои дилкушо» (1997), «Иди алифбо омад» (1999), «Дунё ба умеди ман» (2003), «Озода шав!» (2005), «Сайри боғи даҳ адад» (2006) ва ғ. ин-тишор ёфтаанд.

Дар нашрияҳои Маскаву Душанбе маҷмӯаи афсонаҳо ва достону чистонҳои шоир ба забо-ни русӣ интишор ёфтаанд, ки «Хандалак» (1969), «Ишь ты, озорной!» (1974), «Что всего слаще?» (1986), «Детский парк» (1990) аз он ҷумлаанд.

Муаллифи киносенарияи «Пули ларзон» (ба русӣ), радиопйесаи «Истиқболи Барфибобо», пйесаи телевизионии «Кадри ҳавоӣ» ва силсилаи намоишномаҳост, ки дар театрҳои гуногуни ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.

Намоишномаҳои мазҳакавии «Бузаки ҷингилапо» (Театри давлатии лӯхтаки Чкалов; 1975), «Бахтатро бедор кун!» (Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ; 1985), «Ҳасанак-алфасанак» (Театри давлатии маҳзакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ; 1990, Театри ҷумҳуриявии лӯхтак; 1991), «Биё, Барфибобо, биё,Соли нав!» (ҳамроҳи Хиромон Бақозода; Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ; 2003) ҳам аз офаридаҳои ӯстанд.

Муаллифи се операи нахустини тоҷикӣ ба-рои бачагон – «Хонаи Заргӯшбибӣ» (ба тоҷикӣ ва русӣ, 1986,1987), «Ҷингилапо» (1987), ораторияи зиддиҷангии «Сӯзанда не, созанда шав! (Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, телевизиони ҷумҳурӣ; 2002) мебошад.

Як қатор шеъру достонҳои шоир ба забонҳои мардуми мамолики муштаракулма-нофеъ тарҷума ва чоп шудаанд.

Китоби «Гулдара» (1979) дар Тошканд ин-тишор ёфтааст.

Бо оҳангсозон дар офариниши суруду кантатаҳо ҳамкорӣ кардааст.

Осори як идда шоирони рус, ӯзбек, қирғиз, туркман, озар, украину белорусро барои хо-нандагони хурдсоли тоҷик тарҷума кардааст.

Аз ҷумла, афсонаи машҳури манзуми К.Чуковский «Доктор Айболит» (1984) дар тарҷумаи ӯ дастраси хонандагони хурдсоли тоҷик гардидааст.

Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.

Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Нишони Фахрӣ»-и Кумитаи сулҳхоҳони ол-монии ба номи Жолио Кюри, медалҳои тил-лойи Федератсияи байналхалқии сулҳу ризо ва Хазинаи байналхалқии сулҳ мукофотонида шудааст.

Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 2009 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved