Дар меҳмонии устод Айнӣ

 Дар меҳмонии устод Айнӣ

Чанде пеш бо нависандаи маъруфамон устод Юнус Юсуфӣ ба шаҳри бостонии Самарқанд сафар доштем. Гаштугузор дар кӯчабоғҳои ин шаҳр, ки намои суннатӣ ва рангу бӯи қадимии худро дар имтидоди қарнҳо ҳифз кардаанд, беихтиёр зеҳну хаёли касро ба гузаштаҳои дури таърихӣ пайванд медиҳад. Эҳсоси наздикӣ бо гузаштаҳо, махсусан дар майдони бошукӯҳи Регистон, ки бузургтарин ҷойгоҳи таърихии Самарқанд аст, бештар шуълавар мешавад. Мадрасаҳои Шердор ва Тиллокорӣ, ки дар асри 17 бо дасти ниёгони ҳунарвару муъҷизакорамон бунёд шудаанд, ин ҷо таърихро ба як чизи диданиву ламсиданиву бӯиданӣ табдил медиҳанд. Ҳар хишту чӯби ин мадрасаҳои бузург бо забоне гӯё аз донишу дироят ва фарҳангу ҳунари беназири аҷдодамон ривоят мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки гардишгарони бисёре аз канораҳои гуногуни дунё тарҳу меъмории суннатии ин биноҳоро, ки реша дар фарҳанги қадими тоҷикӣ доранд, бо дидаи ҳайрат тамошо мекунанд ва сол ба сол шумораашон меафзояд.

Онсӯтар аз Регистон мадрасаи қадиме ҳаст бо номи Бибихонум, ки низ дар асри 17 сохта шудааст. Вақте ки дар атрофи ин мадраса қадам мезадему тамошоям мекардем, устод Юнус Юсуфӣ ҳарфи аҷибе гуфт: — Замони кӯдакиямон бузургони деҳа ривоят мекарданд, ки як вақт амир Темур берун аз Самарқанд сафари дуру дарозе доштааст. Дар набудани ӯ занаш Бибихонум ба устоҳои Самарқанд супориш додааст, ки ин мадрасаро бисозанд. Ҳамин тавр мадраса бино ёфтааст. Вақте ки Темур аз сафар баргаштааст, мадрасаи тозабунёдро дида, хашмин шуда ва савганд хӯрдааст, ки ба хок яксонаш мекунад. Чун ба ӯ хабар додаанд, ки мадрасаро ҳамсараш Бибихонум сохтааст, ғазабаш фурӯ нишастааст, вале барои он ки қасамаш нашиканад, як бурҷи онро вайрон кардааст.

— Ин ривоят дар китобҳои таърих нест, — нақлашро идома дод Юнус Юсуфӣ, — аз забони пирони рустоямон шунидаем ва онҳо низ аз падару обои худ шунидаанд. Шояд дур аз воқеият набошад…

Ҳар кӯчаву хиёбони Самарқанд ҳамин гуна нақшу асаре аз фарҳангу тамаддун ва суннату анъана дорад. Ҳарчанд ки ҳоло ин шаҳр намуди муосиртаре гирифта ва зоҳиран тағйир ёфтааст, вале ин муосир будан суннатҳои қадими шаҳрдориву тарзи анъанавии рӯзгори мардумро халалдор накарда, балки бо он мутаносиб афтодааст.

Болотар аз майдони Регистон, байни биноҳои баланду замонавӣ кӯчае ҳаст, ки онро Шоҳроҳи Регистон меноманд ва дар охиртари он манзили хоксоронае қарор дорад ва пушти дарвозааш навиштае насб шуда: «Хона-музейи Садриддин Айнӣ».

Вақте ки бо нийяти боздид аз ин манзили хеле азизу муқаддас вориди ин кӯча шудем, диламонро ҳиссу ҳаяҷони аҷибе фаро гирифт. Ин ҳамон хонаест, ки нахустқаҳрамони Тоҷикистон, муршиду пири кори тамоми суханварони тоҷик устод Садриддин Айнӣ 30 сол дар он зиндагӣ кардааст. Манзили хеле одиву назарногир дар иҳотаи биноҳои баланду бошукӯҳи шаҳр, аммо аз ҷиҳати маънавӣ басо бузургтару баландтар аз ин ҳама би- ноҳо. Зеро дар он касе зистааст, ки барои бақо ёфтани тоҷикон ҳамчун миллат дар даврони сарнавиштсоз ва ба самти матлуб равона кардани фарҳангу таъриху адаби мо нақши ҳалкунанда дошт.

Баробари ворид шудан ба ҳавлии хона-музей худро дар фазои 70-80 сол пеши Самарқанд дарёфтем. Ҳузури устод Айнӣ дар ҳар гӯшаи он равшан эҳсос мешуд. Бонуи чеҳракушоду ҳалим, корманди хона-музей Назира Ҷалилова чун донист, ки аз Тоҷикистон омадаем, бо эҳтироми хос пешвозамон гирифт ва моро ба сайри дунёи пурҳикмату пурибрати устод Айнӣ бурд. Ин бонуи айнидӯсту маърифатпарвар аз соли 1975 то ҳол дар хона-музей кор мекунад ва бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ меҳмононро бо рӯзгору осори устод Айнӣ ва таърихи хона-музей ошно менамояд.

Ин ҷо ҳама чизе, ки марбут ба ҳаёти устод аст ва ҳамарӯза онҳоро ба кор бурдааст, бо эҳтиёткории тамом ҳифзу нигаҳдорӣ шудаанд.

Диққати моро токи пире, ки дар миёнаи ҳавлӣ то ба лаби бом панҷа кашидааст, ҷалб кард ва аз Назира Ҷалилова пурсон шудем, ки оё дар замони зиндагии устод ин ток вуҷуд дошт?

— Бале, ин токро устод Айнӣ хеле дӯст медоштаанд, — посух дод ҳамсуҳбати мо. – Фарзандашон Камол Айнӣ ҳар вақте ки ин ҷо меомад, дасти навозиш ба ин ток мебурду соатҳо зераш менишаст ва мегуфт, ки онро падарам хеле азиз медоштанд.

Дар сояи ин ток, рӯи сабзаҳо курсие гузошта шудааст, ки устод Айнӣ лаҳзаҳои фароғат рӯи он менишаста ва ҳаво мехӯрдааст.

Ҳар як ҳуҷраи хона-музей назму тартиби хос дорад ва аз он мегӯяд, ки соҳиби ин манзил инсони хушзавқу хушсалиқае будааст. Меҳмонхона, ҳуҷраи хоб, ҳуҷраи кор, ошхона… ҳамагӣ бо тарзи хосси суннатӣ ороиш ёфта ва ҳолу ҳавои хубу масарратбахше доранд ва ҳангоми ворид шудан ба онҳо кас бо устод Айнӣ эҳсоси ҳамзистӣ ва ҳамзамонӣ мекунад.

Вақте ки дар ҳуҷраи кори устод қарор доштем, Юнус Юсуфӣ то дергоҳ хаёлмандона ба курсӣ ва мизи корӣ нигарист ва бо чашмони аз ғояти ҳаяҷон барқзананда гуфт: — Устод бештарини асарҳояшонро маҳз дар ҳамин ҷо нишаста, навиштаанд. Ин манзил хеле мутабаррику муқаддас аст…

Тарзи ороиши меҳмонхона, гулкориҳову кандакориҳои девору сақфи он бештар аз ҳама ҷалби диққат мекунад ва огоҳии устодро аз санъати меъмориву маданияти хонадорӣ нишон медиҳад. Тавре ки корманди хона-музей гуфт, таъмиру тазйини ин меҳмонхона аз рӯйи завқи худи устод анҷом ёфтааст.

Харидории ин хона аз тарафи устод Айнӣ таърихи аҷибе дорад. Тавре ки дар китоби «Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ»-и духтари устод Холида Айнӣ омадааст, ин хона қаблан ба Хоҷа Комилбой ном савдогари самарқандӣ, ки мардум ӯро Хушкомилбой мегуфтаанд, тааллуқ доштааст. Боми хона зимистонҳо мечакидааст ва ба ин сабаб Хуш- комилбой тасмими гирифтааст, ки онро бифурӯшад. Қаблан хонаро ба ду нафар фурӯхта будааст, вале бо фиребу найранг бозпас гирифтааст. Устод Айнӣ пеш аз харидани хона аз найрангбозии Хушкомилой воқиф мешавад ва баъдан зиракиро ба кор бурда, харидуфушӯро тариқи нотариус анҷом медиҳад. Устод он замон барои харидани хона пул надошта- аст ва аз дӯсташ Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов 150 рубл қарз гирифта, ин манзилро харидааст.

Дар китоби мазкур омадааст: «Айнӣ моҳи сентябри соли 1923 ба ин хона кӯчид ва то вопасин рӯзҳои зиндагӣ он ҷо ба сар бурд. Ҳама асарҳои пас аз сентябри соли 1923 иншогаштаи ӯ ин ҷо эҷод шудаанд. Китоби вопасини худро (қисми чоруми «Ёддоштҳо») низ моҳҳои марту апрели соли 1954 дар ҳамин хона ба поён бурд».

Нуктаи ҷолиби дигар ин аст, ки дар оғоз ин хона мактаб будааст ва устод Айнӣ муддате нозирии онро ба уҳда доштааст. Таълимгоҳ ва маскани маориф будани ин даргоҳ арзиш ва қимати таърихияшро бештар мекунад ва як марҳалаи фаъолияти маорифпарварии устодро равшан менамояд.

Мавриди зикр аст, ки китоби «Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ» соли 1974 аз тарафи духтари устод Холида Айнӣ ба забони русӣ навишта шудааст. Ин китобро соли 2017 нависандаи номвари тоҷик Юнус Юсуфӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп кард. Он маълумоти муҳимми рӯзгори устодро аз замони таваллуд то марг дар бар гирифтааст ва дорои аҳамияти хос мебошад.

… Ҳамин тавр, лаҳзае чанд дар меҳмонии устод Айнӣ будем ва аз суфраи маънавие, ки доим дар хонаи ӯ густарда аст, барои худ савғотиҳо гирифтем. Ҳар касе ки ин манзили муқаддасро зиёрат мекунад, бовар дорем, ки бо худ савғотиву дастовезҳои зиёд хоҳад овард, дастовезҳое, ки ҳамеша бо ӯ хоҳанд монд.

Толиби ЛУҚМОН, «АС»   

Дигар хабарҳо