Биё бар “Хонаи дарё”. Муаррифии китоби ғазалҳои Гулрухсор

 Биё бар “Хонаи дарё”.  Муаррифии китоби ғазалҳои Гулрухсор

14-уми сентябр дар Маркази фарҳангии “Бохтар” муаррифии гулчини ғазалҳои Шоири халқии Тоҷикистон, Гулрухсор таҳти унвони “Хонаи дарё” баргузор гардид. Маҷмуаи мазкур фарогири 350 ғазалест, ки дар солҳои гуногун эҷод шудаанд. Дар рӯнамоӣ Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Толиб Шаҳидӣ ва мунаққиди маъруф Абдураҳмони Абдуманнон суханронӣ намуданд. Дар ҳошияи рӯнамоӣ намоиш ва фурӯши китобҳои шоир баргузор гардид.

С. ШАРАФӢ

Дигар хабарҳо