• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

ИСТИҚЛОЛИЯТ ОРМОНИ ҲАМЕШАГИИ ЗИЁИЁНИ АСТ...

-Дар оғоз, лутфан, бигўед, ки мавзўи соҳибихтиёрии давлатамон дар эҷодиёти адибон чӣ гуна инъикос ёфтааст?

-Истиқлолияти давлатӣ барои тамоми мардуми тоҷик, аз ҷумла, аҳли қалам, рухдоди хосаест. Он ормони ҳамешагии зиёиёни эҷодкор буд, ҳаст, хоҳад монд ва ин мавзўъ дар адабиёти тоҷик, бахусус баъд аз солҳои 90, мақоми вижа дорад.

Махсусияти солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар адабиёти миллӣ афзунии асарҳои калонҳаҷм мебошад. Бахусус, жанри роман хеле густариш ёфт. Нависандагон ҳодисоти гузаштаро аз дидгоҳи таҷрибаи таърихиамон баррасӣ намуданд ва дар ин замина адабиёти тоҷик бо як қатор романҳои  фарогири мавзўи таърих ғанӣ гардид.

Масалан, романи таърихии Нависандаи халқии Тоҷикистон Ўрун Кўҳзод "Ҳайҷо" воқеаҳои муҳимми асри гузаштаи ин қаламравро дар бар гирифтааст. Романи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад "Гардиши девбод" низ, аз Инқилоби Октябр то  Истиқлолияти  давлатӣ ба даст овардани Тоҷикистон,  қариб сад солро фаро мегирад ва дарку эҳсоси амиқи ҳодисоти замон ва пайванди онро ба имрўзу фардои миллат инъикос менамояд.Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон чанд асари калонҳаҷм офарид ва, дар доираи анъанаи эҷодии худ, аз зикру муҳокимаи масъалаҳои зоҳиран ҷузъии ҳаёти халқамон ба хулосаҳои амиқи бадеӣ раҳ бурд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Барот Абдураҳмон романҳои хонданбоби "Искандару Спитамен" ва "Рухшона", адибони шинохта Ато ҳамдам ва Леонид Чигрин романи "Спитамен"-ро навишта, назари хоси хешро ба мавзўъҳои маълуми таърихӣ изҳор намуданд. "Марги бегуноҳ"-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо романест, ки роҷеъ ба ҷанги шаҳрвандӣ иншо шуда, асоси филми ҳунариеро низ ташкил додааст.

Давраи аввали Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нависандагонро ба мавзўи таърих ҷалб намуд, зеро халқи кишварро дар мисоли таърих, қаҳрамонони миллат ва фидокориҳои онҳо тарбия кардан, рўҳияи мардумро бардоштан, ба муттаҳидӣ ва комёбиҳо хондан зарур буд. Ин ҳама романҳо оид ба рўзгори одамони одӣ ҳикоят мекунанд ва дар мисоли қаҳрамонони онҳо душвориҳо, мусибатҳо, фоҷиаҳои инсонӣ, аз ҳама муҳим, рўҳи бешикасти инсон воқеӣ, муассир ва омўзанда нишон дода шудаанд,  нахустромани шоири шинохта Ато Мирхоҷа «Саройи санг» лаҳзаву симоҳои таърихии Бадахшонро хонданиву хотирмон бозгў мекунад.

Мутаассифона, ҷавононе, ки ба наср шуғл меварзанд, нисбатан каманд. Аз ҷумлаи носирони нисбатан ҷавони маъруф Равшан Махсумзод, Баҳманёр Муродӣ, Шариф Халил, Сироҷиддин Икромӣ, Бастурро номбар кардан метавон. Иншои наср заҳмати сангини зеҳнист, ки тоқату таҳаммул, кор бо ҳуҷҷатҳо ва тақдири одамонро талаб менамояд. Ва, боиси хушбахтист, ки нависандагони ҷавон доир ба ҳаёти ҳамсолону ҳамболони бунёдкори хеш менависанд, дар осорашон ғояи  ҷустуҷўи шахсият дар ҷомеа ва ташаккули он зуҳур мекунад.

-Дар ин давра дар арсаи шоирӣ кадом асарҳо аз худ дарак доданд?

-Дар замони Истиқлолият асосан маҷмўаҳои шеър ба чоп расиданд ва тавассути онҳо шоирони воқеан мардумии мо - Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафӣ, Гулназар Келдӣ, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Доро Наҷот, Фарзонаи Хуҷандӣ ба кулли мардуми тоҷик бештар қарибу қарин шуданд.Истиқлолият, Ваҳдат, Ватан, қарзи фарзандӣ, ишқи поки инсонӣ дар навиштаҳои ин шоирон ҳамеша аз мавзўъҳои  асосӣ буданду ҳастанд. Аз самимияти ин ашъор он нукта ҳам далолат мекунад, ки бар матнашон сурудҳои дилрасу муассире иншо шудаанд.

ҳамчунин, хонанда ба нахустин силсилашеър ва маҷмўаҳои ашъори шоирони ҷавонамон Баҳром Раҳматзод, Толиби Луқмон, Муҳриддин Сабурӣ, Мафтунаи қосим, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Эҳсон Раҷабӣ, Бобаки Суғдӣ, Насимбек қурбонзода ошно гардид.

- Оё яке аз мавзўъҳои муҳимми ҳаёти имрўза - муҳоҷирати меҳнатӣ дар адабиёти мо инъикос ёфтааст?

- Доир ба ҳаёти муҳоҷирон асарҳои зиёди гуногунжанр эҷод шудаанд ва ҷолиб он аст, ки аз байни муҳоҷирон ҳам шоирону нависандагони хушқалам падид омадаанд. Масалан, нависандаи ҷавон Шариф Халил оид ба рўзгор  шаҳрвандони Тоҷикистон дур аз Ватан ҳикоя менависад, Нусратуллоҳи Бобо дар ин мавзўъ шеърҳои хонданӣ эҷод мекунад. Ин ду нафар худ солҳои мадид дар муҳоҷират зистаанд ва на аз рўйи шунид таълиф мекунанд. Шеъру ҳикояҳои онҳо ба рухдодҳои воқеӣ асос ёфтаанд, дар бораи онанд, ки чӣ гуна одамон, новобаста аз ҳама чиз, инсонигариашонро гум намекунанд, ахлоқу одоби миллиро пос медоранд ва дар асли худ боқӣ мемонанд.

-Дар давоми ин солҳо оё навигарие дар шеъри тоҷик падид омад?

-Ҷустуҷўю бозёфтҳо кам нестанд. Вале, аз назари ман, нафаре, ки  дар ин давра бо махсусияти сабкаш фарқ мекунад, Шоири халқии Тоҷикистон Доро  Наҷот аст. Солиёни зиёд ў ашъори суннатӣ менавишт ва аз оғози Истиқлолияти давлатии кишвар ба иншои шеър дар шакли дигар пардохт. Вижагии шеъри Доро Наҷот дар вазни хос, вожаҳои дигаргуна ва тарзи нави баён ифода меёбад. Муҳимтар аз ҳама, дар шеъри ў образҳо ғайрианъанавианд. Имрўз ба ин шаклу тарз иддае аз шоирони ҷавон ҳам мегараванд ва умеди мо ин аст, ки ин корҳо дар маҳдудаи шаклпарастиву зоҳирбинӣ намонанд.

-Доир ба жанрҳои масал ва нақиза чӣ гуфта метавонед?

-Саволи аҷиб… Бояд гуфт, ки дар ин самт классикони адабиётамон Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Саййидои Насафӣ корҳои ҷовидона кардаанд. Дар ҳақиқат, масал ва нақиза жанрҳои ҷолиби адабӣ, воситаҳои хуби баёни рамзии мақсади адибанд ва барои адибони муосирамон низ бегона нестанд. Масалан. Мирзо Файзалӣ нафақат масал, балки ҳамчунин ба  ашъори  ҳампешагон нақизаҳои сазовор низ менавишт. Имрўз ин кори зарури адабиро устод Гулназар Келдӣ, адибони шинохтаи мо Гурез Сафар, Абдусаттори Раҳмон, Азизи Азиз, Абдурауф Муродӣ ва чанд тани дигар дар шаклҳои гуногун идома медиҳанд. 

-Президенти мамлакат дар вохўрӣ бо зиёиён оид ба жанрҳои драматургия ва  публитсистика баъзе эродҳо арз намуд.Оё онҳо ба назар гирифта шуданд?

-Бояд гуфт, ки эродҳо басо барҷову саривақтӣ буданд ва мо рўи ин масъала кор карда истодаем. Аз ҷумла, чорабиниҳои мушаххас  мегузаронем ва дар рафти онҳо  роҳҳои инкишофи ин жанрҳои муҳимми адабиро  баррасӣ мекунем, норасоиҳои мавҷударо якҷоя бо коргардонҳо ва мутахассисони шинохтаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳаллу фасл менамоем.

Публитсистика дар адабиёти даврони шўравӣ, ки имрўз ҳам чун яке аз адабиётҳои беҳтарину бузургтарини дунё эътироф мешавад, мақоми вижа дошт. Маълум аст, ки ҳанўз Максим Горкий - асосгузори адабиёти бузурги шўравӣ очеркро "жанри ҷанговари адабӣ" гуфта буд. Дар ҳақиқат, жанрест он, ки  симову хислатҳои қаҳрамонони воқеиро таҷассум месозад ва аксаран зинаву заминае барои эҷоди асарҳои бузурги насрист. Мутаассифона, дар замони мо очеркҳои комиле, чун очеркҳои адабии устодон Айнӣ, Улуғзода, Икромӣ, Толис, Муҳаммадиев, Сидқӣ, Наҷмиддинов, Кўҳзод, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, ки бо рағбат хонда шаванд ва қаҳрамононе дошта бошанд, ки насли ҷавони замон ба онҳо пайравӣ кунад, хеле каманд.

Аммо ковишҳо дар ин самт ба назар мерасад. Масалан, адиби шинохтаамон Бахтиёр Муртазо доир ба Неругоҳи барқи Роғун хеле очеркҳо навишт. Дар онҳо қаҳрамонони мушаххас, дар шахси роҳбарони сохтмон, муҳандисон, бинокорон, ронандагони мошинҳои азим, амал  мекунанд. Дар ин навиштаҳо натанҳо ҳаёту маишати қаҳрамонҳо тасвир ёфтааст, балки ҳамчунин  ғояи бузурги миллӣ, муттаҳидии халқ дар атрофи идеяи беназири Пешвои миллат, рўҳи баланду созандаи ҳамзамонони мо  тасвиру талқин мешавад.

Таърихи ин жанр мисолҳои зиёде дорад, ки он натанҳо таҷассумгару вассофи қаҳрамонҳои воқеӣ, балки инъикосгари ҳаёту фаъолияти инсонҳои одӣ ҳам ҳаст, инсонҳое, ки зоҳиран аз мову шумо фарқе надоранд, қаҳрамоние накардаанд, зиндагии муқаррарие ба сар мебаранд, лекин ботинан таҷассуми инсонияти ҳақиқиву маънавияти аслианд. Масалан, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад баъди сафар ба ноҳияи Кўҳистони Масчоҳ очерке навишт дар он хусус, ки одамони некхоҳ, поквиҷдон, дўстдорони анъанаҳои миллии худ дар музофот  чӣ сон зиндагӣ мекунанд. Мавзўи мақолаҳои публитсистии адибони маъруф Ўрун Кўҳзод, Саттор Турсун, Юнус Юсуфӣ, Ато Мирхоҷа, Равшан Махсумзод ва чанд нафари дигар низ мавзўъҳои мубраме чун нақши маънавиёт дар ҳаёти ҷомеа, одобу ахлоқи миллӣ, ифтихору масъулияти ватандорӣ ташкил медиҳанд. Яъне, очерку публитсистика, ки аз касофати манфиатҷўиву зоҳирбинии ба ном "адибоне" ба воситаи васфу таърифи хушку холии як зумра табдил ёфта буд, батадриҷ ба мавқеи асливу шоистаи худ - инъикоси рўзгори инсонҳои сазовору созанда бармегардад. 

-Ба фикри Шумо, тақдири китоби "чопӣ" чӣ хоҳад буд?

-Аз назари ман, китоб сеҳру афсуни вижае дорад  ва ҳатто варақгардонии он ба кас ҳаловат мебахшад. Вале, гапи дигар аст, ки  мо кадом китобҳоро интишор медиҳем? Оё ба онҳо талабот ҳаст? Масалан, имрўз ҳам китобҳои классикони мо, маҷмўаҳои ашъори Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир аз рафи мағозаҳои китобфурўшӣ  зуд ғайб мезананд. Пас, онҳо серталаботанд, онҳоро мехонанд!

-Оё имрўз асарҳои  нависандагони мо дар хориҷа ба табъ мерасанд?

-Солҳои навад бисёр китобҳои  адибони мо  дар Эрон интишор ёфтанд, чунки забони адабиёти мо як аст, алалхусус забони шеър. Ҳамчунин, китобҳои зиёди адибони тоҷик дар Русия, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон чоп шуданд. Аммо дар маҷмўъ тарҷумаву чопи осори арзандаи адабиёти муосири тоҷик таваҷҷуҳи бештареро сазовор аст. Аз ин рў, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар назди Иттифоқи нависандагон  Маркази тарҷумаи бадеӣ таъсис ёфт. Дар он тарҷумонҳои касбӣ ба баргардони асарҳои арзандаи адабиёти муосирамон ба забонҳои гуногун, аз ҷумла русӣ, ўзбекӣ, англисӣ,  арабӣ, фаронсавӣ, ҳиндӣ, гурҷӣ шуғл меварзанд. То имрўз асосан маҷмўаҳои шеъру ҳикояҳо тарҷума шудаанд ва дар оянда ният дорем, ки асарҳои арзандаи нависандагони алоҳида мавриди  тарҷума қарор бигиранд.

-Имрўз  нависандагоне ҳастанд, ки  асарҳои бачагона - шеър, афсона, ҳикоя… бинависанд?

-Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид  Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Наримон Бақозода, Нуъмон Розиқ… номҳое мебошанд, ки ҳама медонанд ва дар партави осори онҳо наслҳои комили Ватани мо ба воя расидаанд. Имрўз ҳам ин анъана идома дорад ва аз адибони наврасону ҷавонон Ҷўра Ҳошимӣ, Насим Раҷаб, Юсуфҷон Аҳмадзода, Латофат Кенҷаева, Абдусаттори Раҳмон ва чанд тани дигарро ном бурдан мумкин аст, ки асарҳои шавқовари бачагона менависанд. Азизи Азиз барои бачаҳо дар рўҳи замон ҳикояву афсонаҳо менависад  ва ҳамзамон дар телевизиони «Баҳористон» барномаеро мебарад, ки дар ниҳоди кўдакон шавқу ҳаваси хонданро парвариш медиҳад.

Дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва завқи бадеии бачаҳо афсонаҳои халқӣ мақоми хос доранд. Дар даврони шўравӣ афсонаҳои бачагонаро академик Раҷаб Амон ҷамъ овардаву таҳрир намуда,  ба табъ  мерасонд. Хушбахтона, имрўз ҳам, новобаста аз мушкилоти хоси замон, ин кори хайр идома дорад ва узви Иттифоқи нависандагон, профессор Равшан Раҳмонӣ пайваста бо он машғул аст. 

-Оё тавсеаи фаъолияти Иттифоқи нависандагон дар назар ҳаст?

-Бе тавсеаву густариши ҳамешагии доираи фаъолият кори ташкилоти зеҳние чун Иттифоқи нависандагон маъно надорад. Имрўз  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ҳамтоҳои хориҷии худ, аз ҷумла иттиҳодияҳои нависандагони ИДМ, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Гурҷистон, Арманистон, Беларус робитаи эҷодӣ барқарор кардааст, ки дар шаклҳои иштироки адибон дар чорабиниҳои ҳамдигар, чопи шумораҳои муштараки нашрияҳои адабӣ, вохўриҳои якҷоя бо хонандагон, тарҷумаву нашри осори ҳамдигар амалӣ мешавад.

Барои фаъолияти воқеии касбӣ боз бисёр корҳо бояд кард. Аз ҷумла, орзу дорем, ки бо маъруфтарин боргоҳи тарбияи адибон - Донишкадаи адабии шаҳри Москва ба номи Максим Горкий ба мувофиқае бирасем, ки нависандагону шоирони умедбахшамон ақаллан дар курсҳои кўтоҳмуддати он донишу ҷаҳонбиниашонро такмил бидиҳанд, то дар сатҳу савияи замон ва, албатта, дар доираи анъанаҳои устувори миллӣ, асарҳои сазовор биофаранд.

- Барои суҳбати самимиатон ташаккур.

- Ба Шумо низ. Бо истифода аз ин фурсат,тамоми адибони мамлакат ва аз номи аҳли қалам халқи азизи Тоҷикистонро бо ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон аз таҳти дил табрик мегўям ва барояшон барори кору рўзгор таманно мекунам. 

Суҳбатнигор Елена Батенкова,

(Таҳияи Салими Зарафшонфар)

ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ЯК ГУРӯҲ ХОДИМОНИ ДАВЛАТӣ, НАМОЯНДАГОНИ СОҲАИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОНРО БО МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИИ ӮЗБЕКИСТОН САРФАРОЗ ГАРДОНИД

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатии Ӯзбекистон сарфароз гардонид.

Аз ҷумла, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» («Барои хизматҳои фидокорона») сарфароз гардонида шуданд.

Низом Қосим – Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Тошпӯлод Гулмуродов – мудири кафедраи кардиохирургияи Донишкадаи таҳсили баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустӣ бо ордени  «Меҳнат шуҳрати» қадршиносӣ шуданд.

Идомаи: ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ЯК ГУРӯҲ ХОДИМОНИ ДАВЛАТӣ, НАМОЯНДАГОНИ СОҲАИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ...

ИФТИТОҲИ БОҒИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТИИ БА НОМИ АБДУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

5 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-ро дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароиту имконияти мавҷудаи муассиса баъди навсозӣ шинос шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва пос доштани хотираи неки саромадони адабиёти тоҷик дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ гулчанбар гузоштанд.

Зимни суҳбат бо сокинони шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки минбаъд боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ба номи Абулқосим Фирдавсӣ номгузорӣ карда шавад.

Идомаи: ИФТИТОҲИ БОҒИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТИИ БА НОМИ АБДУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

УСТОД АЙНӢ – МУҲАҚҚИҚИ ОСОРИ А, НАВОӢ

Яке аз муҳимтарин вежагиҳои осори адабиётшиносии устод Садриддин Айнӣ инсонпарварӣ ё ба истилоҳ гуманизм мебошад, ки махсусан дар мақолоти мухталиф ва рисолаи бузурге, ки бахшида ба ҳаёту эҷодиёти асосгузори адабиёти классикии ўзбек Алишери Навоӣ таълиф намудааст, ба хубӣ аён аст.

Идомаи: УСТОД АЙНӢ – МУҲАҚҚИҚИ ОСОРИ А, НАВОӢ

САҲИФАҲОИ ДУРАХШОНИ ҚАРОБАТУ РАФОҚАТ

 

Низом Қосим,

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Суханронӣ дар Конфронси байналмилалии "Масъалаҳои умдаи омўзиш ва тарғиби адабиёти классикӣ ва муосири ўзбек дар миқёси байналхалқӣ",

Тошканд, 7 августи соли 2018

 

Иди бузурги Наврўз, ки аз қаъри замонҳо расида, арзандаву сазовор  мақоми ҷашни байналмилалӣ касб намудааст, бо фарорасии хеш натанҳо табиатро бехазону дилҳоро ҷавон месозад, балки пайваста ба оламу одам муждаву пайғомҳои нек меорад ва туҳфаҳои ғайриинтизор тақдим мекунад.  Наврўзи имсола, бахусус барои ду халқи қариндилу қаринҷон - тоҷикону ўзбекон, ҳадяи бемисоле овард, ки ҳамагон дер боз интизораш буданд.

Идомаи: САҲИФАҲОИ ДУРАХШОНИ ҚАРОБАТУ РАФОҚАТ

АРМУҒОНИ БАРОДАРӢ

Иқдоми неку наҷиберо, ки Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти  Ҷумҳурии  Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв дар самти барқарор  намудани  муносибатҳои неки ҳусни ҳамҷаворӣ,  дўстиву рафоқат байни ду кишвари  дўсту бародар роҳандозӣ намуданд, онро аҳли илму адаби ҳарду давлат  хуш пазируфта,  бо тариқи худ тарғиб мекунанд. Ниҳоли дўстиро бо барпо намудани мулоқоту вохўриҳо, суҳбат,  тавсеаи ҳамкории илмию фарҳангӣ об медиҳанд  ва боровар мегардонанд, ки ин хеле муҳим аст .

Идомаи: АРМУҒОНИ БАРОДАРӢ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37