• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

ЗУБДАИ ИРФОНУ ЭҲСОН.

 

Хизмати беҳамтои Раҳим Ҳошим тартиб додани китобҳои дарсӣ ва луғатҳо дар солҳои аввали асри гузашта мебошад

Ҳар касе ба фарози кӯҳи баланд баромада бошад, медонад, ки аз болои қулла манзараи пеши чашм фарохтар менамояд. Бо гузашти вақт хизмати ашхоси бузург ҳам бештар аён мешавад. Ин андеша фарогири маҳфили ёдбуди устод Раҳим Ҳошим буд, ки дирӯз бахшида ба 110-солагии зодрӯзаш дар  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барпо гардид.

Идомаи: ЗУБДАИ ИРФОНУ ЭҲСОН.

ДАР ДУШАНБЕ СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИИ «МАВЛОНО-ВАСЛГАРИ ХАЛҚҲО ВА ТАМАДДУНҲО» ОҒОЗ ЁФТ

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» ба кори худ оғоз кард. Дар он олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Германия иштирок доранд.

Идомаи: ДАР ДУШАНБЕ СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИИ «МАВЛОНО-ВАСЛГАРИ ХАЛҚҲО ВА ТАМАДДУНҲО» ОҒОЗ ЁФТ

СУХАН ҲАР ОН ЧИ КИ ХУШТАР БУВАД, МАНАШ ГУФТАМ!

 

Ба ифтихори 160-солагии Шамсиддин Шоҳин конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмиву адабӣ ба ифтихори 160 — солагии яке аз шоирони номвари нимаи дуюми асри Х1Х тоҷик Шамсиддин махдуми Шоҳин таҳти унвони «Шамсиддин Шоҳин ва адабиёти тоҷики асри Х1Х» доир гардид. Ҳамоиш бо  ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ, Маркази мероси хаттии АИ ҶТ ташкил гардида, дар ду бахш-забон ва адабиёт, таърих ва фарҳанг давоми рӯз ҷараён мегирад.

Идомаи: СУХАН ҲАР ОН ЧИ КИ ХУШТАР БУВАД, МАНАШ ГУФТАМ!

НУРМУҲАММАД НИЁЗӢ ДАРГУЗАШТ

Нурмуҳаммад Ниёзӣ, шоири халқии Тоҷикистон ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  дар синни 72-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб аз олам даргузашт.

Нурмуҳаммад Ниёзӣ яке аз шоирони маъруф ва эътирофшудаи тоҷик аст, ки соли 1980 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул шуд ва то охири ҳаёташ бо ин ниҳоди муътабари адабӣ ҳамкорӣ дошт.  Шеър ва навиштаҳои Нурмуҳаммад Ниёзӣ дар маҷаллаи "Садои шарқ" ва рӯзномаи "Адабиёт ва санъат" ҳамеша нашр мешуд.

Идомаи: НУРМУҲАММАД НИЁЗӢ ДАРГУЗАШТ

ШЕЪР БУНЁДИ ЗАБОНИ МОДАРИСТ...

Дар Маркази фарҳангии "Бохтар-Бактрия", ки тайи чандин сол пурсамар фаъолият дорад, муаррифии китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рўдакӣ Гулрухсор Сафиева таҳти унвони "Лабчанг" доир гардид.

Идомаи: ШЕЪР БУНЁДИ ЗАБОНИ МОДАРИСТ...

НИГОРАҲОИ БЕНАЗИРИ ТОҶИКИСТОН

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири Франсия дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар, муҳофизи фонди осорхонавии Осорхонаи "Гиме"-и шаҳри Париж Валери Залески ва сардори шуъбаи намоишгоҳҳои осорхонаи мазкур Кати Молле мулоқот намуд.

Идомаи: НИГОРАҲОИ БЕНАЗИРИ ТОҶИКИСТОН

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37