• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

ИМРӯЗ ДАР ДУШАНБЕ 110-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

 

 

Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» намоишгоҳ оғоз гардид.

Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ташкилкунандагони намоишгоҳи мазкур вазоратҳои корҳои хориҷӣ, фарҳанг ва Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи  Федератсияи Россия мебошанд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони Ҳукумат, Парлумон ва ходимони илму фарҳанги Тоҷикистону Россия иштирок менамоянд. Инчунин паёмҳои табрикотии президентҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба иштирокдорону меҳмонон манзур гардида, китоб–феҳрасти ёдгориҳои намоишгоҳ рӯнамоӣ карда мешавад.

Ҳамзамон дар доираи ҷамъомад ба муносибати 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров Конфронси байналмилалии  илмӣ  баргузор мегардад.

Идомаи: ИМРӯЗ ДАР ДУШАНБЕ 110-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

«ШЕЪР ДАР ҲАЛҚАМ БИМИРАМ, ШОИРИ ХАЛҚАМ БИМИРАМ…».

 

Баифтихори 80-солагиизодрӯзишоиримардумӣБозорСобирмаҳфилиадабӣбаргузормегардад

Пагоҳ, 23 ноябрисоли 2018, соати 14:00 дартолорибузургиИттифоқинависандагониТоҷикистонбахшидаба 80-солагиишоиримаъруфи  тоҷик, дорандаиҶоизаидавлатиибаномиАбуабдуллоҳРӯдакӣустодБозорСобирмаҳфилишеърусурудбаргузормегардад.

ТавремудиришуъбаиназмиИттифоқинависандагониТоҷикистонМуҳаммадалииАҷамӣбамухбириАМИТ «Ховар» хабардод, дармаҳфилнависандагонушоирон, ҳунармандон, пайвандонваҳаводорониосоришоириштирокхоҳандкард. ДарҳамоишиадабӣҲунармандиХалқииТоҷикистонСаидқулБилолвадигарҳунармандонимаъруфсурудҳоихешробарашъориустодБозорманзуриалоқамандонишеърибаландииншоиризиндаёдменамоянд.

Идомаи: «ШЕЪР ДАР ҲАЛҚАМ БИМИРАМ, ШОИРИ ХАЛҚАМ БИМИРАМ…».

БАЛЛАДАИ РОҒУН

Низом ҚОСИМ

Аё Роғун,
Аё эй ормони осмонӣ –
Ҳамдаму ёри ҳазоронсолаи шабҳои тору тираи тоҷик!

Аё Роғун,
Аё эй ҳамғами садасраи шамъу чароғи хираи тоҷик!

Аё Роғун,
Аё эй ҷовидона шарҳи рӯшанфикрӣ,
эй тафсираи тоҷик!

Ту дар андешаи ин халқи нуронӣ
Ҳазорон сол будӣ Кохи анвораш,
Ҳазорон сол –
Андар зулматистони замонҳо
Будаӣ ҳамдарду ҳамдам,
ёру дилдораш.

Идомаи: БАЛЛАДАИ РОҒУН

МАРОСИМИ БА КОР ДАРОВАРДАНИ АГРЕГАТИ ЯКУМИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН»

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Идомаи: МАРОСИМИ БА КОР ДАРОВАРДАНИ АГРЕГАТИ ЯКУМИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН»

ШОҲИНЕ ДАР ҲАВОИ БАЛАНДПАРВОЗОН

Низом ҚОСИМ

Шамсиддини Шоҳин аз охирин ҳалқаҳои заррини силсилаи шоирони классики мост, ки як давраи бузурги адабиётамонро анҷом мебахшад ва ҳамроҳ бо Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Нақибхони Туғрал, Ҳоҷӣ Ҳусайн ва Зуфархон Ҷавҳарӣ ҳусни хотимаи он мебошад. Дар ин ҳамоиши илмию адабӣ ҷиҳатҳои муҳимми ҳаёту эҷодиёти ў ҳатман мавриди таҳлил қарор мегиранд, мо танҳо як ҷиҳати он - эҳсосу идроки шахсияти адабии хеш ва фарозу фуруди тафохури шоирии Шамсиддини Шоҳинро иҷмолан зикр кардан мехоҳем.

Маълум аст, ки Шоҳин дар оғози фаъолияти шоирӣ аз эҷодиёти пурбори Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз ва Мирзо Бедил сахт мутаассир шудааст. Дар ин ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, чунки кутуби он бузургворон китобҳои дарсии мактабу мадрасаҳои замон буданд ва Шоҳини наврас аз онҳо хуб баҳра бардоштааст.  Таассурот аз Хоҷа Ҳофизу Мирзо Бедил дар ду ғазали аввали девони шоир равшан ба назар мерасад. Бо ишора ба ин дар байте тасвирӣ мефармояд:

Маро зи файзи бузургон бувад таваққуъ аз он,

Ки оби баҳр талотум кунад, ба ҷў гузарад.

Идомаи: ШОҲИНЕ ДАР ҲАВОИ БАЛАНДПАРВОЗОН

НУРИ БЕНИЁЗИ СУХАН БУД

Ба тахмин ҳамин ду ҳафта пеш телефонӣ суҳбат доштем. Ҳофизи ҷавони боистеъдод Тулқун Тоҷибоев як таронаашро барои барномаи муҳимми сиёсию фарҳангие ба оҳанг дароварда буд ва баъди баррасии ҳайати эҷодӣ бо мақсади хушоҳангии бештари суруд чанд калима бояд бознигарӣ мешуд. Нурмуҳаммад телефонӣ гуфт, ки дар беморхона аст, барояд, мебинад ё шеъри нав менависад. Гуфтам, ки зуд таҳрир кардан лозим, ки аз барнома наафтад. "Набошад, худат бин, - гуфт ба оҳанги хоси худ, - мабодо ту ҳам ба беморхона афтода монӣ, ман ягон шеъратро дуруст мекунам!"

Идомаи: НУРИ БЕНИЁЗИ СУХАН БУД

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37