• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

ҲАМНИШИНЕ БЕҲ АЗ КИТОБ МАХОҲ!

 Ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон АМИТ «Ховар» ба Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» 300 нусха китоб ҳадя намуд

Тавре пештар хабар додем, ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба имзо расид. Ҷиҳати татбиқи амалии ин озмун имрӯз АМИТ «Ховар» ба МД Маркази  таълимии “Чароғи ҳидоят” 300 нусха китоб ҳалдя намуд.

Идомаи: ҲАМНИШИНЕ БЕҲ АЗ КИТОБ МАХОҲ!

ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӣ РАҲМОН БО РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӣ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

5 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои пойтахт бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъиноти гуногуни пойтахт, тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, шинос шуданд.

Идомаи: ШИНОСОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӣ РАҲМОН БО РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӣ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ҶАМШЕД ШАНБЕЗОДА – ЧАҲОРУМИН РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

Агар хонандаи закӣ диққат дода бошад, дар мақолаву таърихчаҳое, ки дар бораи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таълиф ёфтаанд, дар боби сарварони созмони мазкур дар фосилаи байни солҳои 1937 – 1944 халое вуҷуд дорад, яъне равшан нест, ки Иттифоқро аз соли 1937 то соли 1944 киҳо роҳбарӣ кардаанд. Ҳафт сол муддати кам нест ва ба чунин муддати тӯлонӣ бесардор мондани ниҳоди барои давлати шӯроҳо ниҳоят зарурие чун Иттифоқи нависандагон ба мантиқи солим рост намеояд. Бахусус дар солҳое, ки давлати ҷавони Шӯравӣ бо баъзе давлатҳои аврупоии ҳамҷавораш дар ҳоли ҷанг қарор дошт, ба ҳоли худ вогузоштани дастгоҳи пуртаъсири таблиғотие, ки шоирону нависандагони оташинсуханро барои дифоъ намудан аз Ватан сафарбар менамуд, ҳеҷ мумкин нест.

Идомаи: ҶАМШЕД ШАНБЕЗОДА – ЧАҲОРУМИН РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН

САДОИ НАБЗИ ШЕЪРИ МУОСИР ДАР “САДОИ ШАРҚ” 2018

Камол НАСРУЛЛО

Шоири халқии Тоҷикистон

Баррасии ашъори интишорёфта дар маҷаллаи “Садои Шарқ” бояд то ҷойе арзёбии як соли шеъри муосир бошад, бо назардошти он ки дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чун анъана бояд намунаҳои беҳтарини шеъри шоирони муосири тоҷик ба табъ расанд, агар ин меъёр аз ҷониби масъулини маҷалла риоя шуда бошад.

Дар арзёбии мо ба шеъри як соли маҷалла танҳо арзиши шеър ҳамчун шеър, сифатҳои бадеӣ, дастовардҳои тоза, бозёфтҳои ҳунарии шоирон ба назар гирифта мешаванд, новобаста ба шахси шоир, мавзӯи интихобшуда ва талаботи сиёсӣ. Ҳарчанд ки тозагии мавзӯъ ва ҳадафҳои баланди ғоявӣ дар шеъри муосири тоҷик қимати на андак доранд.

Идомаи: САДОИ НАБЗИ ШЕЪРИ МУОСИР ДАР “САДОИ ШАРҚ” 2018

ГИРОМИДОШТИ 110-СОЛАГИИ А. МИРЗОЕВ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти 110-солагии донишманди фақиди тоҷик академик Абдулғанӣ Мирзоев бо ширкати адибон, муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёну рӯзноманигорон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

      Дар ин нишасти илмӣ Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, профессор Абдунабӣ Сатторзода, Муртазо Зайниддинов, Сироҷиддин Эмомалӣ, декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон df  устодону донишҷӯён ширкат ва суханронӣ намуданд.

Идомаи: ГИРОМИДОШТИ 110-СОЛАГИИ А. МИРЗОЕВ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

ШОҲБОНУИ САҲНА

Мусоҳибае, ки солиёни зиёд ба он омодагӣ мегирифтам ва ниҳоят ба ҳамин қарибӣ, дар айёме, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мавлуда Обидова ба синни мубораки ҳафтод бирасид, баргузор гардид.

 

- Мавлуда-бону. Мо медонем, ки бисёр ҳунарпешагони асил ба ҷодаи ҳунар аз даричае ворид мешаванд, ки барояшон ошно ва наздик аст: ба дигар маънӣ, дар пайравӣ ба ин ё он аҳли хонадон, ки аслан ҳунарпешаанд...

Идомаи: ШОҲБОНУИ САҲНА

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37