• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

HomeШЕЪР

ТАКЯГОҲ

 

Эй халқи меҳрубон, эй ёри роҳи ман,

Ҳастам гувоҳи ту, ҳастӣ гувоҳи ман.

 

Бо ман ту ҳамтанӣ, ман бо ту ҳамтанам,

Ҳам ҷони ман туӣ, ҳам ҷони ту манам.

 

Як умр мазҳабат ободкорӣ аст,

Бунёнгузорӣ аст, бунёдкорӣ аст.

 

Мондаст дини пок аз Зардуҳишти ту,

Аз дони некӣ аст сарсабз кишти ту.

 

Будем ёри нек, будем хасми бад,

Мондем ҷовидон бо санъату хирад.

 

Пиндорамон - накӯ, гуфторамон - накӯ,

Рафторамон - накӯ, осорамон - накӯ.

 

Сабз аст умри ту аз донаи сухан,

Ҳар донаи сухан - дурдонаи Ватан.

 

Таърихи ту маро додаст обутоб,

Баҳрат гузашта ман аз оташу аз об.

 

Кардам ба гуфти ту, кардӣ ба гуфти ман,

Бо туст доимо гуфтушунуфти ман.

 

Бо чашми ҷону дил ман  дидаам дуруст -

Ин мулк то абад рӯшан зи ақли туст.

 

Ман дидаам дуруст - бахтат зи ваҳдат аст,

Гар ёри ваҳдатӣ, ёрат саодат аст.

 

Эй халқи сарбаланд, собит ба мисли кӯҳ,

Асли ѓурури ту мебахшадам шукӯҳ,

 

Мебахшадам тавон, мебахшад эътимод:

Фирдавс мешавад ин сарзамини род.

 

Эй халқ, мешавӣ озодатар аз ин,

Бар сарзамини хеш дилдодатар аз ин.

 

Ман ҳамдами туям дар ин раҳи умед,

Эй дилсафеди ман, бодо раҳат сафед!

 

Дар ин раҳи умед, эй мардуми Ватан,

 

Ман - такягоҳи ту, ту - такягоҳи ман!

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37