• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Мувофиқи Оинномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва нақшаи кори Раёсати ИНТ бояд дар охири моҳи майи соли 2020 маҷлиси Садорати ИНТ баргузор мегардид.

 

Ба сабаби вазъи ногувори санитариву эпидемиологӣ ва зарурати риояи қоидаҳои бехатарии тиббиву беҳдоштӣ Раёсати ИНТ қарор кард, ки маҷлиси мазкур ба тариқи фосилавӣ гузаронида шавад. 

27-29 май раъйи аксари аъзои Садорати Иттифоқи нависандагон тавассути телефон ва почтаҳои электронӣ аз рўи масъалаҳои зерин пурсида шуд:

«1. Даъвати Анҷумани XV нависандагони Тоҷикистон 30 ноябри соли 2020.

2. Дар сурати зарурат ба вақти дигар монондани он».

Аз рўи натиҷаҳои раъйпурсӣ маҷлиси фосилавии Садорати ИНТ қарор кард:

«1. Анҷумани XV нависандагони Тоҷикистон 30 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

2. Дар сурати зарурат даъвати он ба вақти дигар мононда шавад.»

Шаҳри Душанбе, 29 майи соли 2020

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved