• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

27 августи соли равон ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси ИНТ Низом Қосим ҳозиринро бо ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба кулли адибонамон комёбиҳои эҷодӣ орзу намуд. - Боиси шодмонист, ки шоирону нависандагон чун вассофони содиқи ватан, истиқлол, ваҳдату шукуфоии ҷомеа дар маҳфилу мулоқотҳои идона фаъолона ширкат меварзанд, - гуфт Раиси ИНТ.

 

Аъзои Раёсат рўзномаи ҷаласаро, ки аз масъалаҳои зерин иборат буд, тасдиқ намуданд:

1. Ҳисобот дар бораи омодагии ИНТ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Муҳокимаи Барномаи рушди адабиёти бачагон.

3. Супурдани ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода.

4. Супурдани диплом ва мукофотҳо ба ғолибони озмуни ИН бахшида ба Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Эълони озмуни асарҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Низом Қосим оид ба корҳои баъди маҷлиси қаблии Раёсат ба иҷрорасида гузориш дод:

-Чун ҳамеша, тавре ки мегўянд, адибон ҳамқадами ҳаёт буданд ва дар ҳавои руҳафзои ваҳдату ҳамраъйӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҳамнафаси халқу диёри хеш буданд.

Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки адибон вазифаи аслии хеш - эҷоди асарҳои тозаро иҷро намуданд. Далели ин нашрияҳои Иттифоқи нависандагонанд, ки дар ин давра сари вақт чоп шудаву ба хонандагон расидаанд. Дар ин қатор, хушбахтона, ҳам романҳоро мебинему ҳам қиссаву ҳикояҳо, ҳам шеъру манзума ва ҳам осори публитсистиву адабиётшиносиро. Аз ҷумла, романҳои Сафияи Носир ва Ато Мирхоҷа ба табъ расиданд, романҳои Юнус Юсуфӣ ва Анвари Олим, қиссаҳои М. Ғоиб, А. Азиз, Д. Эгамзод, Сайид Раҳмон мутолиаву муҳокима мешаванд. Дар муқоиса бо осори калонҳаҷми солҳои қабл, ки аксаран дар мавзўи таърихи дуру наздики халқамон эҷод шуда буданд, нуктаи ҷолиб он аст, ки ҳамаи ин асарҳо воқеаҳои замони моро фаро гирифтаанд.

Дар ин давра навиштаҳои зиёди публитсистӣ чоп шуданд, ки фарогири мавзўъҳои тақдирсози давлату миллат - Ваҳдат, Истиқлолият, Роғун, об, ҳунарҳои мардумӣ ва симои маънавии муосирони моянд ва дар пешниҳоди онҳо ҳамаи нашрияҳои адабӣ саҳми сазовор доранд.

Адабиёт чун инъикосгари ҳаёт як раванди мусалсал аст ва бояд пайваставу бо ҳар роҳ мавриди назар, таҳлилу муҳокима ва натиҷагириву хулосабарориҳо бошад.

Аз ин рў, мо ба пайванди наслҳои адабӣ диққати зиёд медиҳем ва ҳадафи маҳфилҳои зиёди адабӣ, ҷашнҳои адибон, муаррифии китобҳои мондагори ҳамаи давру замонҳо таҳкими ин пайванд аст. Ба ҳамин наздикӣ ҳафтавори "Адабиёт ва санъат" шуморае чоп кард, ки тақрибан пурра ба ҳаёту эҷодиёти Пўлод Толис бахшида шуда буд. Дар он намунаҳои эҷоди худи адиби бузурги ҳамешаҷавон ҳам ҷо ёфтаанду ҳам таҳқиқоту хотираву ёдномаҳо дар бораи ў ва ба хонанда оид ба ин нависандаи воқеан забардаст маълумоти кофӣ медиҳанд. Гумон мекунем, ки дар замони адами дастрасии китоб ва нашинохта мондани чеҳраҳои саршиноси адаб ин кори хуб аст ва нийят дорем, ки дар мавриди ҷашнҳои адибони маъруфамон Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, Ғ. Мирзо, Б. Фирўз ва дигарон ҳамчунин шумораҳои муфиди хонданӣ таҳия шаванд.

Самти дигари фаъолият дар ин давра таҷлили ҷашнҳои адибон ва асарҳои барҷастаи онҳо буд ва дар ин давра конфронсу ҷамъомадҳои илмию адабӣ бахшида ба 120-солагии Пайрав, 70-солагии романи машҳури Ф. Ниёзӣ "Вафо", 45-солагии нашри "Сурўши Сталинград" ва гузоришу маърўзаҳои А. Абдуманнон, А. Сатторзода, А. Ҳаким ҷолибу хотирмон сурат гирифтанд.

Ин амал натанҳо ҳамкории бахшҳои Иттифоқи нависандагонро таҳким мебахшад, балки ҷиҳати ба шахсияту асарҳои сазовор ҷалб намудани мунаққидону адабиётшиносони соҳибсухан нақши муҳим мебозад.

Мавриди зикр аст, ки дар ин кор дигар мунаққидону адабиётшиносони хуби мо хеле фаъоланд.

Дар ин давра махсуси адабиёти бачагон ҳам корҳои ҷолибе сурат гирифтанд, ки бузургтаринаш бо хоҳиши Садорати Иттифоқи нависандагон ба таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди адабиёти бачаҳо иҷоза додани Ҳукумати Ҷумҳурӣ буд. Лоиҳа омода аст ва моро мебояд, ки бо маслиҳату иловаҳои шумо онро пешниҳод бинамоем.

Амали дигари назаррас омода ва ба чоп тавсия шудани 27 асар барои бачаҳост, ки дар  ҳамкорӣ бо шарикони рушд сурат гирифт. Мулоқотҳои адибон бо мактабиён дар истироҳатгоҳҳо, силсилабарномаҳои муштараки Иттифоқи нависандагон ва телевизиони "Баҳористон" оид ба китобҳои ҷолиб ва муаллифони онҳо низ аз корҳои ҷолиби ин самт аст. Воқеан, моҳҳои охир бозори китоб, ба маънои асливу маҷозиаш, бисёр гарм буд ва дар ин кор, яъне ташкили намоишу фурўши китобҳои чопкардаи нашриёти "Адиб" адибон бисёр фаъол буданд.

Озмуни "Суруди марзбон" низ маҳз дар ҳамин давра сурат гирифт ва сазовори диплому ҷоизаҳо шудани бисёр шоирони мо бозгўи комёбии ин амал аст. Воқеан, Иттифоқи нависандагон бо Вазорати мудофиа, Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии КДАМ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад ва тибқи онҳо пайваста бо сарбозону афсарон вохўриҳои адабӣ доир мешаванд.

Робитаҳои адабӣ самти муҳими фаъолияти Иттифоқи нависандагон аст. Дар ин давра мо меҳмонҳоро аз Қазоқистон, Ўзбекистон, Қирғизистон пазируфтем ва адибонамон Равшани Махсумзод ба Нур-Султон,  Ато Ҳамдам ба Минск ва Акбар Абдулло ба Иркутск сафару бо аҳли адаби онҳо суҳбатҳо доштанд.

Ташкили муаррифии ду китоби драмнавис ва таҳиягари шинохта Т. Аҳмадхон, ки низ тавассути ин бахш сурат гирифт, ҷолибу муфиду озод буд ва дар таҳкими муносибатҳои эҷодии адибону аҳли театр нақши амиқ хоҳад дошт.

Воқеан, робитаҳои адабиёт ва театр, адабиёт ва кино мавзўъҳои мубрамест, ки бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ бошад ва бо дархости филмбардорон аз ҷониби Азизи Азиз ба сенария баргардонда шудани қиссаи тозаашро низ дар ин маврид бояд фоли нек донист.

Фаъолияти Маркази тарҷума асосан ба ду самт нигаронида шуда буд. Аввалан, албатта, ба тарҷумаи осори наву шоистаи адибони тоҷик ва асарҳои собиқадоре,  ки бо ягон сабаб то ҳол тарҷума нашудаанд. Ва, сониян, таҳияи шумораи дуюми алманахи "Литературный Таджикистан". Бояд гуфт, ки шумораи аввали он писанди ҳаводорон гардид ва тавассути сафарҳои адибони мо ба хориҷа ва ташрифи адибони хориҷӣ ба гўшаҳои гуногуни дунё расид. Инак, дар шумораи дуюм низ маводе манзур мешавад, ки бешак мавриди таваҷҷуҳи тарҷумонҳои гуногунзабон хоҳад буд.

Албатта, нақшаҳои семоҳа, шашмоҳа, солонаи Иттифоқи нависандагон иҷро мешаванд, вале ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки корҳоямон бояд хуб, таъсирбахш ва асаргузор бошанд. Барои ин ба иштироки доираи васеътари адибон дар маҳфилу ҷамъомадҳо, беҳбуди кори бахшҳои танқиду тақризи нашрияҳо, мушаххастару муассиртар намудани асарҳои публитсистӣ, ки аз назари мо, заъфи бештар доштанд, ноил шудан зарур аст. Дар иҷрои ин корҳои муҳим ба ҳамаи аъзои Иттифоқи нависандагон, бахусус Раёсати он, ки таҳиягару ташкилотчии амалҳои неки созмон аст, комёбӣ мехоҳам ва бовар дорам, ки беҳтарин кору ибтикори мо арзандатарин посух ба таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳукумати кишварамон ва сазовортарин туҳфаҳои маънавист ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, - хулоса намуд Низом қосим.

Сипас лоиҳаи Барномаи рушди адабиёти бачагон баррасӣ гардид.  Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, аъзои Раёсат Носирҷон Салимӣ, Абдураҳмони Абдуманнон, Давлат Сафар, Гулназар, Камол Насрулло, Абдулҳамид Самад, муовини раиси ИНТ Юнус Юсуфӣ андешаҳои худро баён доштанд.

Дар ҷаласа ба адибон Ато Ҳамдам, Леонид Чигрин, Абдурауф Муродӣ, Анвар Мирзоҳакими Олим нишон ва дипломҳои ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва ба Муҳтарам Ҳотам, Акбар Абдулло, Салими Зарафшонфар, Муродалӣ Собир, Абдусаттор Раҳмон  ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсунзодаи ИНТ супурда шуд.

Ибтидои соли 2019 Раёсати ИНТ бахшида ба Рўзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон озмуни адабии назму наср эълон намуда буд. Инак дар арафаи ин ҷашни бузург он ҷамъбаст ёфт. Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар, Камол Насрулло ва шоири маъруф Рустам Ваҳҳобзода барандагони озмун эълон гардида, бо мукофотҳои пулӣ шарафёб шуданд.

Дар ҷаласа бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат озмуни адабӣ эълон шуда, Низомномаи он тасдиқ карда шуд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода дар кори ҷаласа иштирок ва суханронӣ намуд.

ҚАРОРИ РАЁСАТИ ИНТ

1. Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сентябри соли 2019 то августи соли 2021 озмуни асарҳои сазовори адабӣ - шеъру ҳикоя, шеъру ҳикоя барои кўдакону наврасон, публитсистика, мақолаҳои нақду адабиётшиносӣ гузаронида шавад.

2. Низомномаи озмун ва ҳайати комиссияи баргузории озмун тасдиқ карда шавад.

3. Ҷоизаҳои озмун ва маблағгузорон тасдиқ карда шаванд.

4. Бахшҳо, шуъбаҳо ва нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарор ба зиммаи муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузошта шавад. 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved