• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

 

 

Адибон, чун кулли зиёиёни миллат, ҳама умр дар орзӯи Истиқлолият, шукуфоии кишвар ва беҳбуди воқеии рӯзгори моддию маънавии мардуми хеш буданду ҳастанд.

Яъне, он чиро мехостанд, ки инак аз шарофати сиёсати созандагию бунёдкории давлату ҳукумати Тоҷикистон муҳайё шудааст. Имрӯз вазифаи ҳар фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, барои бештар шудани дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими ваҳдату муттаҳидии халқамон, афзудани обрӯю эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳон ҷаҳду талош намудан мебошад.

Идомаи: ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

МУҲТАРАМ АТО ҲАМДАМ!

 

Адибон дар ҳама давру замон ҳамқадами ҳаёт ва ҳамдами халқи хеш будаанд ва дар рӯҳияи инсондӯстию меҳанпарастӣ, худшиносии миллию ифтихор доштан аз таъриху фарҳанг ва бузургони миллати хеш тарбия намудани ҷавонону наврасон  саҳми бориз доштаанд.

Шумо низ бо дарки амиқи ин масъулият дар назди Сухану хонанда солҳо боз, ин бори гарон бар дӯш, заҳмат мекашед. Дар тӯли фаъолияти панҷоҳсолаи эҷодиатон қариб шаст маҷмӯаи очерку ҳикоя, қиссаю роман ва пйесаҳоятон дастраси хонандагон гардид. Алалхусус, очеркҳоятон, аз ҳаёти бунёдкорони иншоотҳои азим, роҳсозону ангиштканон, пахтакорону чорводорон, офарандагони нозу неъмат - деҳқонону механизаторон,  ки дар маҷаллаю рӯзнома ва маҷмӯаҳои "Хандаи бахт", "Маънии умр", "Давоми роҳ", "Дастони тиллоӣ", "Баландӣ", "Роҳи дилҳо", "Ба истиқболи субҳ", "Пеш аз борон", "Фиғон", "Фикр кардан лозим", "Дидор" ва ғайраҳо ба табъ расидаанд, хонандагон хуш пазируфтанд.

Идомаи: МУҲТАРАМ АТО ҲАМДАМ!

МАҶЛИСИ САДОРАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

31 майи соли равон дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷлиси Садорат  доир гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим  онро оғоз бахшид. Аъзои Садорат  рўзномаи маҷлисро тасдиқ намуданд, ки масъалаи зеринро дар бар мегирифт: «Устод Айнӣ ва Истиқлолияти миллии тоҷикон» (маърўзачиён: Муҳаммадюсуф Имомзода ва Аламхон Кўчаров). 

Идомаи: МАҶЛИСИ САДОРАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОРИ маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

1.Маърӯзаҳои узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламхон Кӯчаров ба эътибор гирифта шаванд.

2.Маърӯзаҳо дар нашрияҳои Иттифоқи нависандагон чоп карда шаванд.

3.Аъзои Иттифоқи нависандагон даъват карда шаванд, ки  дар тарғиби ормонҳои бузурги умумимиллии асосгузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ фаъолона иштирок намуда, дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сиёсати бунёдкориву созандагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути навиштаву суҳбатҳояшон саҳмгузор бошанд.

4.Нашрияҳои ИН вазифадор карда шаванд, ки перомуни мавзӯи мазкур мунтазам мавод ба табъ расонанд.

Поси хотири адабиётшиноси варзида

"Ба поси хотири дӯст" нишасти илмӣ-адабие буд, ки даҳҳо дӯстон ва ҳамнишину ҳамкорони устоди равоншод Ҳамроқул Шодиқулов, адабиётшинос ва мунаққиди пуркору варзидаро ба ҳам овард. Нишасти илмӣ -адабӣ ба муносибати 80-умин солгарди ин донишманди варзида ҳафтаи сипаришуда дар толори Иттифоқи нависандагон баргузор гардид. Баъд аз ифтитоҳи нишаст, ки аз ҷониби муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа сурат гирифт, маърӯзаи пурмуҳтавои адабиётшинос ва мунаққид Азимҷон Аминов дар хусуси фаъолияти илмиву адабии  Ҳамроқул Шодиқулов шунида шуд.

Идомаи: ҚАРОРИ маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

ҶАМШЕД ПИРИМОВИ АЗИЗ!

 

Номи Шумо ҳамчун шоири хушбаёну хушсухан барои хонандагони тоҷику ўзбек дер боз ошност. Шумо аз оғози фаъолияти эҷодии худ рисолати суханвариро то кунун содиқона анҷом медиҳед. Баъди хатми факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  қобилияти худро дар маслакҳои омўзгорӣ ва рўзноманигорӣ санҷида, дар ҳар вазифае, ки будаед, кори эҷодиро раҳо накарда, барои рушди бахши ўзбекии адабиёти Тоҷикистон хидматҳои сазовор анҷом додаед. Бахусус, ҳангоми фаъолиятатон ба ҳайси сармуҳаррири рўзномаи "қадрият" ба пешрафти ин соҳа ҳиммат гумоштед ва дар дили чандин насл базри сухан коштед.

Идомаи: ҶАМШЕД ПИРИМОВИ АЗИЗ!

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37