• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Устод Айнӣ яке аз ситораҳои дурахшони назми ўзбек Ҳамид Олимҷонро, ки  бо шеърҳои дилкаши  худ ба бўстони адабиёти ўзбек  ҳусну таровати дигар бахшидааст, бо меҳри падарӣ ва устодӣ  дўст медошт. Дар навбати худ  дар қалби  Ҳамид Олимҷони ҷавон нисбат ба инсони табаррук устод Садриддин Айнӣ  меҳру муҳаббати беандоза  ҷўш мезад.

 

Адабиётшиноси маъруф ва шоир Ҷўра Аҳмадҷонов дар хотираҳои худ дар бораи Ҳамид Олимҷон доир ба ин мавзўъ як воқеаи аҷибро нақл мекунад. Ба гуфти ў, Ҳамид Олимҷон аввали солҳои 20-ум, ки мактабхон буд, Айниро надида бошад ҳам,  ғоибона шинохта, дўст дошта  буд. Зеро ҳамон солҳо дар байни мардум  "Марши ҳуррият"-и устод Садриддин Айнӣ машҳур буд. Ҳамид Олимҷон ин шеърро аз ёд медонист ва тарҷумаи ўзбекии онро  бо завқ замзама мекард:     

Кўп жафолар чекиб зулм  ичинда

Йиғладик, инградик неча йил.

Музладик намли зиндон ичинда,

Эй адолат ўти, яшнагил!

Баъди  аз муаллимон  шунидани  ҳикоятҳо доир ба ҳаёти  устод Садриддин Айнӣ ҳаваси дидан ва суҳбат кардан бо ў дар дили  Ҳамид Олимҷон зиёд гашт. Ин ихлос ва муҳаббат ўро билохира  ба  дидори устод  Айнӣ мушарраф гардонд.

Ҳамид Олимҷон бисёр хислатҳои некро аз устод Садриддин Айнӣ  омўхта буд гўем, хато намешавад.  Ин андешаро  яке аз шоирони бузурги ўзбек Миртемир  тасдиқ мекунад. Ў дар "Хотираҳо дар бораи дўст ва ҳамзамон" ном мақолааш қайд мекунад, ки устод Айнӣ  ў ва Ҳамид Олимҷон барин қаламкашони ҷавонро дастгирӣ намуда,  ба онҳо ёрии амалӣ расондааст.  Садриддин Айнӣ дар ҷамъомадҳои ташкилоти "Қизил қалам" иштирок намуда, беҳтарин эҷодкорони навқаламро интихоб карда,  ба онҳо ҳамчун устод ва мураббӣ  маслиҳатҳо медод, аз муваффақиятҳои онҳо шод гашта, истеъдоди баланди онҳоро бо мамнуният эътироф  мекард. Аз ин суҳбатҳо эҷодкорони ҷавон рўҳбаланд мешуданд. Устод Садриддин Айнӣ машқҳои онҳоро бо диққат  хонда, муваффақият ва камбудиҳояшонро  бо самимият  нишон медоданд.  Ба туфайли маслиҳатҳои падаронаи домулло Айнӣ  Ҳамид Олимҷон барин эҷодкорон баъдтар шуҳрат ёфта, ба дараҷаи арбобони адабиёти ўзбек расиданд. Бо заҳмати зиёди устод Айнӣ адабиёти миллии ду халқ   ривоҷу равнақ ёфта, ба зинаҳои баланд бардошта шуд.

Ҳар як дастоварди Ҳамид Олимҷон Садриддин Айниро, ки таҷрибаи калони эҷодӣ дошт, шод мегардонд. Адабиётшинос Насрулло Охундӣ дар хотираҳояш дар бораи як шеъри Ҳамид Олимҷон ва таъсири он ба мухлисони назм нақл мекунад. Ба гуфтаи ў, соли 1929 ба  муносибати иди анъанавии  Наврўз  дар соҳили Сиёб сайри лолаи навбатӣ  гузаронда мешавад. Ин сайр бо иштироки шоирон, адабиётшиносон, ҳофизон мегузашт ва дар он  мушоира сурат мегирад. Дар ин ҷамъомад  Ҳамид Олимҷон, Уйғун, Ойдин барин навқаламон, устод Садриддин Айнӣ, устоди "Шашмақом"  Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, адабиётшинос Соттӣ Ҳусайнӣ ва дигарон иштирок кардаанд.

"Вақте ки навбат ба Ҳамид Олимҷон расид, - ҳикоя мекунад иштирокчии  ин базми шеър шоир Насрулло Охундӣ, -  домулло Айнӣ, ки то ин дам каме парешонҳол менамуд, аз ҷо шоҳин барин як ҷунбиду боз маҳкамтар нишаста, ба давра баромадани  Ҳамид Олимҷонро  нигоҳ кард.  Нигоҳ карду риши мошубиринҷи ў андак ларзид ва  чашмонаш нур  пошиданд.   Акнун танҳо чашми домулло Айнӣ не, чашми ҳама ба Ҳамид Олимҷон нигаронида  шуда буд. Дар нигоҳи баъзе шоирони ҳамон давра, ки худашонро аз ҳама боло медиданд, бепарвоӣ, кибр, нописандӣ нисбати шоири ҷавон ҳис карда мешуд".

Насрулло Охундӣ дар бораи шеъри Ҳамид Олимҷон, маҳорати шеърхонии ў андешаҳояшро баён намуда,  воқеаи аҷиби баъди хотимаи шеър рухдодаро тасвир менамояд.

"Дар давра шодӣ ва ҳасад ҳукмрон буд, - менависад Насрулло Охундӣ, - домулло Айнӣ давида омада, Ҳамид Олимҷонро ба оғўш гирифт. Аз қафои адиби бузург шоирони пешқадам навбат ба навбат шоири ҷавонро табрик намуданд ва ба истеъдоди ў тан доданд".

Аз ҳикоя маълум мегардад, ки ба муваффақият ноил  гардидани шогирд  аз нигоҳи устод Айнӣ берун намондааст. Шеъри "Сиёб"-и Ҳамид Олимҷон сазовори таҳсини  Сариддин Айнӣ гашта,  меҳри падаронаи устод ба ояндаи шоири ҷавон таъсири мусбат расонидааст.

Ҳамид Олимҷон, ки домулло Айнӣ ба эҷодиёти   ў баҳои баланд дода,  дастгирӣ намуда, дар боғи адабиёт сабзидани ўро назорат мекард,  натанҳо дар соҳаи назм, балки дар соҳаи адабиётшиносӣ низ ҳиссаи худро гузошт.  Соли 1938 ҳукумати Ўзбекистон барои тантанавор ҷашн гирифтани 500-солагии шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ   комиссияи ваколатдор ташкил намуд.  Котиби илмии ин комиссия Ҳамид Олимҷон буд. Ҳамон давра домулло Айнӣ ҳамчун  олими навоишинос шуҳрат пайдо карда, асари машҳури Навоӣ "Хамса"-ро   бо шарҳаш чоп намуда буд. Ў бо ин тадбири  муҳим маслиҳатгўйи аввалини  Ҳамид Олимҷон гашт.

Сулаймон Эрматов, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved