• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Вақте ки оби равони ду ҷўй як мешавад, дарёи пуробе ба вуҷуд меояд. Он дарё ба одамони зиёд манфиат мебахшад ва имкони хушбахтона ва пурсамар зиндагӣ карданро ато менамояд. Ин ташбеҳ ба сафари Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар даҳаи аввали моҳи марти соли равон ҷараён гирифт, комилан муносиб аст. Ин сафар ба шарофати даъвати Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид. Фурсате фаро расид, ки офтоб  зулмотеро, ки муддати чандин сол ду халқи бародарро аз ҳам ҷудо мекард, пароканда  намояд.

 Мо аз хирадмандиву дурандешии Пешвои миллати худ  ҳамеша ҳарф мезанем. Ин хирадмандиву дурандешии он кас, ки ба талаботи замон мувофиқати тааҷҷубоваре дорад, дигарбора вақте ки имкони барқарор кардани муносибатҳо бо халқи бародари ўзбек пеш омад, зоҳир гардид.

Мо китоберо, ки аз ҳаёт  ва фаъолияти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ҳикоят мекунад, "Корномаи Эмомалӣ Раҳмон" ном гузоштем. Вале нафақат сиёсати хирадмандонаву озмуда, нафақат қарорҳои дурандешонаву тақдирсоз,  балки ҳамчунин тамоми зиндагии он кас, ки баҳри хизмат кардан ба халқу ватани худ бахшида шудааст, қаҳрамонӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ягонагии мамлакати худ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба халқи тоҷикро пеш бурда, дар солҳои пур аз изтироб на як бору ду бор  ҷони худро зери хатар гузоштанд ва дар чунин ҳолатҳо  дар мавқеи худ ҳамеша қавииродаву устувор буданд, ҳамеша аниқ медонистанд, ки чӣ бояд кард, то мамлакат пароканда нашавад.

Гўё  мо дар бораи Президент бисёр медонем. Аз хусуси сафарҳои давлатӣ ва кориашон ба мамлакатҳои хориҷа мехонем ва мешунавем. Сафарҳояшонро ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вохўриҳояшонро бо заҳматкашони саҳро ва зиёиён аз "оинаи нилгун" мебинем, он кас ба халқ бо суханҳое муроҷиат менамоянд, ки дар он тактика ва стратегияи тараққиёти мамлакат дар ояндаи наздик ва дур возеҳ ифода ёфтаанд. Мо қарорҳои фаҳмо ва фарогири масъалаҳои  муҳимми он касро эътироф мекунем ва мефаҳмем, ки роҳбари давлат шахсияти барҷаста мебошанд.

Имрўз мо ба оянда бо итминон назар карда метавонем. Тавре ки Исмоили Сомонӣ давлати нахустини тоҷиконро даҳсолаҳо идора кард ва он давра дар таърих давраи ў номида мешавад, ҳамин тавр солҳое, ки Президенти мо нагузоштанд мамлакат завол ёбад, роҳи фаъолияти ояндаро дар сиёсат, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар муайян намуданд, давраи Эмомалӣ  Раҳмон номида хоҳад шуд.

Ана, боз як қаҳрамонии Пешвои миллати мо - барқарор кардани муносибатҳои дўстиву ҳамкорӣ бо халқи бародари ўзбек. Лекин ин дафъа  якҷоя бо Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев. Дар нишон додани қаҳрамонии муштарак ибтикори  роҳбари давлати ўзбекон низ мусоидат намуд, ки  тавонист ба мушкилоти идомаёфта якбора хотима бахшад. Ў ба  дарҷ намудани корномаҳои худ ба таърихи пуршараф  дар давраи роҳбари давлати ўзбекон буданаш оғоз бахшид.

Гуфтан душвор аст, ки ягон рўйдоди дигар метавонад дар ҳаёти ду халқи бародар чунин муассир бошад. Сафари Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳарду мамлакат мардум бо умеду ҳаяҷони зиёд истиқбол мекарданд. Ин комилан  фаҳмо аст. Дар муддати ду даҳсола тоҷикону ўзбекон аз ҳам дур буданд. Охир, онҳоро нафақат муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳам наздик карда буд, онҳо хешу табор низ буданд ва ҳастанд.  Тоҷикистон ватани бисёр ўзбекон аст, инчунин Ўзбекистон барои ҳазорҳо тоҷик диёри азиз мебошад.

Аз ҷараёни сафари давлатии Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои матбуоти ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ўзбекистон  хабарҳо ба нашр расиданд. Онҳо аз тариқи радио ва нашрҳои таъҷилии шабакаҳои телевизионӣ садо доданд. Ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ўзбекистон: дар кўчаҳо, дар нақлиёти ҷамъиятӣ одамон бо ҳам вохўрда, аз ин хусус ҳарф мезаданд.  Ҳама як хусусияти фараҳбахшро зикр мекарданд: сафари Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  расмӣ ва давлатӣ буд, аммо натанҳо расмият дар вохўрии роҳбарони ҳарду давлат дида мешуд. Онҳо ҳам зимни мулоқот ва ҳам дар вақти саёҳати шаҳри Душанбе  ва атрофи он ошкоро ва дўстона табассум мекарданд, дасти ҳамдигарро мегирифтанд. Вохўрии онҳо ба вохўрии дўстони деринае монанд буд, ки ахиран имкони  суҳбати самимона кардан ёфтанд ва муносибатҳои нави  некуҳамсоягиву ҳамкориро шурўъ мекунанд.

Роҳи тўлонии  мақсуд аз қадамҳои устувори аввал оғоз мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ўзбекистон Шавкат  Мирзиёев ба истиқболи ҳамдигар чунин қадамҳои устувор ниҳоданд. Муболиға намешавад, агар гўем, ки Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев аз рўзҳои аввали дар маснади баланд  фаъолият намуданаш худро ҳамчун сиёсатмадори оқилу баркамол нишон дод, ки  масъулияти якчанд қарорҳои қабулшудаи тақдирсозро ба дўш дорад.

Сафари Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев рўзҳои башумор идома ёфт, вале кас  дар тааҷҷуб мемонад, ки  дар ин муддати кўтоҳ аз тарафи роҳбарони  ҳарду давлат чӣ қадар корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Аз натиҷаи  мулоқотҳояшон бо Президенти Ҷумҳурии  Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба воситаҳои ахбори омма  изҳорот доданд.

- Аз рўи натиҷаи мулоқоту музокирот мо бастаи муҳимми санадҳои дуҷонибаро,  ки тақрибан аз 30 созишнома иборат мебошад ва аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои моро дар бар мегирад, ба имзо расонидем, - изҳор намуданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.   -   Ин баста фарогири муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин соҳаҳои мудофиа ва амнияти мо мебошад.  Мо имрўз қариб ҳамаи масъалаҳои давоми беш аз 20 сол ҷамъшударо ҳал намудем. Мутмаинам, ки натиҷаҳои сафари таърихии муҳтарам Шавкат Мирамонович ба Тоҷикистон ба рушди босуръат ва ҳамаҷонибаи тамоми маҷмўи муносибатҳоямон дар асоси дарозмуддат такони сифатан нав мебахшанд.

Пешвои асили миллат танҳо он арбоби  давлатӣ ва сиёсатмадори баркамол шуда метавонад, ки мамлакат ва халқи худро самимона дўст медорад, бо умеду ормонҳои онҳо умр ба сар мебарад ва ба ҳамаи талаботу хусусиятҳои замони худ комилан муносиб аст.  Президентҳои ҳарду давлат  -  Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев худро чун Пешвоёни миллат, сиёсатмадорон ва ходимони баркамоли давлатӣ нишон доданд.

Бинои муҳташам аз пайвандҳо таркиб ёфтааст. Маҳз санадҳои имзокардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин пайвандҳо дар бинои дўстии ду халқ шуданд. Аз аҳаммияти санадҳои дуҷонибаи қабулшуда  худ қазоват намоед:

Ҷонибҳо доир ба иқдоми муштарак ҷиҳати ҳар чӣ зудтар пурра барқарор намудани фаъолияти роҳҳои оҳан, мошингард ва ҳавоӣ, паст намудани тарифҳо барои интиқоли транзитӣ ба мувофиқа расиданд. Дар робита ба ин аҳаммияти барқарорсозии фаъолияти роҳи оҳани "Ғалаба-Амуранг" зикр карда шуд. Дар фазои тантанавӣ ин қитъаи роҳ ба истифода дода шуд. Афзоиши гардиши  боркашонӣ  миёни ҳарду кишвар ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон, ки шумораи аҳолии онҳо аз се миллион нафар зиёд мебошад, замина фароҳам меорад. Дар айни ҳол роҳҳои оҳани мустақим миёни ҳарду кишвар фаъоланд, дар ояндаи наздик робитаҳои ҳавоӣ ва автомобилӣ миёни дигар шаҳрҳо низ барқарор хоҳанд шуд. Минбаъд барои густариши мутақобилаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ тадбирҳои муассир ба кор бурда мешаванд. Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Ўзбекистон дорои тамоюли рушди устувор мебошад. Вақтҳои охир он шаш маротиба афзуд. Ҳарду мамлакат тасмим доранд, ки солҳои наздик савдои мутақобиларо то ним миллиард доллари ИМА расонанд. Роҳбарони ҳарду давлат қариб ҳамаи масъалаҳои вобаста ба сарҳадро мувофиқа намуданд. Оид  ба доираи васеи масъалаҳои минтақавӣ суҳбати пурмуҳтаво доштанд, ки зимни он муносибатҳояшонро ба масъалаҳои  барои Осиёи Марказӣ мубрам  муайян намуданд. Ҳарду ҷониб оид ба он, ки иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва сохташудаистода ба ҳалли мушкилоти обию энергетикии минтақа муосидат менамоянд, ҳамфикр буданд. Алҳол Ўзбекистон тарақиёти иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла неругоҳи барқи обии Роғунро дастгирӣ менамояд. Ин барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро монеаҳое, ки пеш аз ин  ба сохтмони азими неругоҳи барқи обии Роғун халал мерасониданд, бартараф мешаванд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ин қарорҳоро халқҳои тоҷику ўзбек солҳои зиёд интизор буданд ва ин қарорҳо ба манфиати онҳо комилан ҷавобгў мебошад. Табиист, ки зимни мулоқоту музокирот зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг  таъкид гардид. Масъалаҳои ҳифзи мероси маънавии ду халқи бародар, фароҳам овардани шароити  мусоид барои ба роҳ мондани робитаҳо миёни ходимони фарҳанг, илм ва маориф баррасӣ гардид.

Дар вақти суҳбатҳо ба ҳарду Президент кушодадиливу эътимоднокӣ хос буд. Онҳо чашмикордонанд, фарзандони халқҳои худанд, умеду ормонҳои онҳоро фаромўш намекунанд. Ин ҳаммонандӣ  ба онҳо ёрӣ расонд, ки дар вақти музокирот ҳамдигарро фаҳманду ҳамфикр шаванд.

Музокироти сатҳи баланди онрўзаро коршиносон ҳамчун давраи нави таърихии муносибатҳои дўстонаи тоҷикону ўзбекҳо ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи  онҳо арзёбӣ намуданд. Ба саҳми Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев барои фароҳам овардан  ва ташаккули шароити зарурӣ ҷиҳати ба маҷрои сифатан нав баровардани ҳамкориҳои мутақобила баҳои баланд дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари Президенти  Ўзбекистон  Шавкат Мирзиёевро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карда, қайд намуданд, ки  ибтикороти Президенти Ўзбекистон ба беҳтар шудани робитаҳо дар ҳамаи масъалаҳои калидии  ҳамкориҳои тоҷикону ўзбекон мусоидат мекунад.

Дар оғози ин навиштаҳо қаҳрамонии ду Президентро, ки тавонистанд дар муддати кўтоҳ монеаҳои  вуҷуддоштаро бартараф созанд,  баҳри барқароркунии фазои дўстӣ ва ҳамкориҳои мутақобила замина гузоранд, зикр кардем. Ин бемуҳобот қаҳрамонӣ аст. Ин рўйдод дар сиёсати ҷаҳонӣ собиқа надорад. Акнун коршиносони байналмилалии  сиёсӣ зарурати паст кардани шиддати муносибатҳои мураккаби байни давлатҳоро баррасӣ карда, аз қаҳрамонии нишондодаи ду Президенти Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ибрат мегиранд, аз ҷасорат ва дурандешии онҳо, ки ба ҳал намудани бисёр масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон ёрӣ расонданд, ҳарф мезананд.

Ва беихтиёр суоле ба миён меояд: Агар сиёсати пурсамар ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намебуд, оё ин қаҳрамонии муштарак ба амал меомад? Дар давраи барои Тоҷикистон душвор, вақте ки ҷумҳурӣ  дар дами харобшавӣ қарор дошт, Пешвои миллат ҷасорат нишон дода, бори вазнини масъулияти ягонагии давлат ва муттаҳид кардани халқро ба дўши худ гирифтанд. Он кас оташи душмании тарафҳои даргирро хомўш карданд, ба замини тоҷикон сулҳ оварданд ва тараққиёти  ботадриҷи иқтисодиёти ба буҳрони амиқ дучоршударо таъмин намуданд. Эмомалӣ Раҳмон зимоми ҳукуматдориро ба даст гирифта, ба тамоми ҷаҳон нишон доданд, ки танҳо  бо  роҳи сулҳ рафта, тараққиёти мамлакат ва некуаҳволии халқро таъмин кардан мумкин аст. Маҳз ин ташаббусҳо ба сафари бобарори Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба корномаи муштараки ду роҳбари муътабар мусоидат намуданд.

Сафари давлатии Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт. Он воқеаи таърихӣ дониста шуд.  Вале  чунин мулоҳиза кардан, ки он воқеаи замони гузашта аст, ҷоиз нест. Баръакс, сафари Президенти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғози муносибатҳои самараноки халқҳои тоҷику ўзбек аст,  ки ҳамкориҳои манфиатбахши зичу мутақобилаи минбаъдаи  ду ҷумҳурии бародарро таъмин мекунад.

Ба қарибӣ сафари ҷавобии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон доир мегардад. Ва комилан табиист, ки  он низ таърихӣ дониста мешавад, зеро он созишномаҳоеро, ки зимни вохўрии  доиргардидаи роҳбарони ду давлат қабул шудаанд, вусъат ва тақвият мебахшад. Мо ба сафари дар пеш истодаи Пешвои миллати худ ба Ҷумҳурии Ўзбекистон баҳои пешакӣ доданӣ нестем, ба он сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, иқтисодчиён, коршиносон, олимон баҳои сазовор хоҳанд дод. Мо қайд кардан мехоҳем, ки қаҳрамонии муштараке, ки роҳбарони ду давлат ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба ҷумҳурии мо нишон доданд,  кўтоҳмуддат нест. Он қисми таркибии корномаи бузурги роҳбарони ду давлат мебошад. Корномае, ки ташаккул меёбад ва ба манфиати халқҳои бародари ҳамсоя амалӣ мегардад.

Леонид Чигрин,

  Ато Ҳамдам

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved