• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Хабарнигори ӮзА бо раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, шоири мардумии Тоҷикистон Низом ҚОСИМ, ки дар айни ҳол дар кишварамон аст, доир ба робитаҳои адабии халқҳои ӯзбеку тоҷик суҳбат орост. Ӯ аз ҷумла гуфт:

– Муносибатҳои халқҳои ӯзбеку тоҷик, ки дину ҷаҳонбинӣ, урфу одат ва анъанаҳояшон муштарак аст, дар бӯстони адабиёт низ шабоҳатҳои зиёде пайдо кардааст. Намунаҳои фолклор, достонсароӣ ва адабиёти муосири ду халқ низ ҳаммазмунанд.

 Вақте сухан аз адабиёти ӯзбек меравад, Мир Алишери Навоӣ пеши назар меояд. Осори ӯ сарвату дороии халқҳои туркизабон мебошад. Мисли ҳамин Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ намояндаи бузурги адабиёти тоҷик маҳсуб меёбад. Тарғибу ташвиқ намудан ва пешниҳоди осори ду мутафаккири бузург ба дигар халқҳо кори басе савоб, дар айни замон пурмасъул аст.

Мавриди омӯзиш қарор гирифтани маҳсули эҷоди намояндагони адабиёти классикии тоҷик дар мактаб, коллеҷ ва муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон мояи дилхушии кулли эҷодкорони тоҷик ва халқи тоҷик аст. Осори Алишер Навоӣ низ ба ҳар як хонадони тоҷик ворид шудаанд. Имрӯз бо камоли ифтихор гуфта метавонам, ки ба туфайли меҳнати пурсамари эҷодкорон ва тарҷумонҳои чирадаст адабиёти ду халқ қиёфаи нав касб менамояд, ба зинаи нав бардошта мешавад.

– Масъалаҳои муҳими омӯзиш ва тарғиби адабиёти ӯзбек, аз нигоҳи шумо, дар кадом ҷиҳатҳо намудор мегардад?

– Машаққати тарҷумон намоёнгари қимати асари хуби бадеӣ ва ғановати сарвати маънавӣ мебошад. Агар тарҷумон истеъдод ва таҷрибаи кофӣ дошта бошад, хонанда  асари тарҷумашударо мисли нусхаи асл равон мехонад. Онҳое, ки ба тозагӣ ба олами тарҷума ворид шудаанд, ё ба дараҷаи кофӣ бо шеъри классикӣ ошно нестанд, бояд ба ин кори нозук бо масъулият қаробат ҷӯянд. Аз ҳама муҳимаш, тарҷумон бояд бори адабиро ҳис кунад. Биноан, ташаккул додани гурӯҳи тарҷумонҳо мувофиқи матлаб аст. Зеро шоиру нависандаи хуб ҳар қадар нанависад, агар осораш  тарғиб карда нашаванд, дар доираи маҳдуди хонандагон мемонад.

– Тарҷумаи бадеӣ чӣ мушкилиҳо дорад? Ба сифати иштирокдор ва тарҷумон аз конфронс чиҳоро мунтазиред?

– Тарҷума санъати эҳсосоти нафистаринро бо амри дил ба дасти хаёл супурда, бо роҳи ақл рӯйи коғаз рехтан аст. Тарҷумаи бадеӣ чунин муъҷизаест, ки шумо дар асоси асари тарҷумавӣ асари наве меофаред. Мураккабии он ҳам аз ин ҷо сар мезанад. Ашъори намояндагони барҷастаи адабиёти ӯзбек: Ғафур Ғулом, Зулфия, Шуҳрат, Абдулло Ориповро ба тоҷикӣ баргардонидаам. Ин анъана имрӯз низ аз ҷониби эҷодкорони тоҷик идома дорад.

Итминон дорам, конфронси байналхалқие, ки таҳти мавзӯи «Масъалаҳои омӯзиш ва тарғиби адабиёти классикию муосири ӯзбек дар хориҷи кишвар» баргузор мешавад,  дар ташаккулёбии мактаби намунавии тарҷума, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими адабиёт, аз ҳама муҳимаш рушди арзишҳои муштараки халқҳои дунё хидмат хоҳад кард.

Суҳбаторо

Дилобар МАҲМАТОВА,

хабарнигори ӮзА.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved