• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Мисбоҳиддин Нарзиқул

Рӯзи чоруми майи 2018, субҳи зуд бо мақсади сафар ба шаҳри Самарқанди бостонӣ бо гурӯҳе аз ҳамкорон ба самти Пахтаобод ҳаракат кардем. Аз марзи миёни ҳарду кишвар - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, гузаргоҳи "Дӯстӣ" ба зудӣ ва осон гузаштем. Таваҷҷуҳи бандаро, пеш аз ҳама, муносибати масъулини ҳарду ҷониби марз ба худ ҷалб кард, ки бисёр дар сатҳи баланд ва маданӣ буд.

 

Ҳатто аскароне, ки дар даромадгоҳҳо меистоданд, моро бо салом ва хушомадед қабул мекарданд. Он лаҳзаҳо ба хотирам гузаштаи начандон дуре омад, ки он замон убур аз ин марз чандон ба осонӣ муяссар намешуд, муносибатҳои масъулин ҳам хайрхоҳона набуд, ҷомадонҳо чандин бор такурӯ мешуданд, суолу ҷавобҳои лозиму нолозими зиёде радду бадал мешуданд... Бори охир убури банда аз марзи мазкур тирамоҳи соли 1999 сурат гирифта ва "фаромӯшнашаванда" буд. Он вақт ба воситаи Панҷакенту Самарқанд ба Сариосиё омада будем, ҳамроҳамон кӯдаки ҳафтмоҳа доштем ва дертар ба марз расидем. Иҷозати гузаштан надоданд, то субҳ дар даромадгоҳи нуқтаи посбонӣ мунтазир мондем. Ҳамроҳи мо боз нафарони зиёди дигаре ҳам буданд. Интизорие буд бадтар аз нигаронӣ.

Манзараи мазкур ва чандин лаҳзаҳои дигарро пеши назар оварда, аз хуб шудани муносибатҳои миёни ду кишвари ҳамсоя ва хидматҳои дар ин самт анҷомдодаи роҳбарони ҳарду кишвар - Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  муҳтарам Шавкат Мирзиёев шукрона мекардем. Дар ҳар нишасте, ки бо намояндагони аҳли фарҳанг ва донишмандони Самарқанд сурат мегирифт, сухани аввал аз шукру сипос ба Сарварони ҳарду кишвари дӯст оғоз мешуд.     

Баъди убур аз сарҳад роҳамонро ба ҷониби Самарқанд идома додем. Ҳеч кадом аз ҳамсафарон саросема набуданд, нигароние ҳам надоштанд, бинобар ин, дар Деҳқонобод, дар манзили Нор Тоҷиддин (додарзодаи профессор Ҷумъа Ҳамроҳ) таваққуф доштем, маконҳои таърихӣ ва тафреҳгоҳҳои Шаҳрисабз: қасру кӯшк, мақбараҳои падари Амир Темур - Тарағай ва устоди даврони наврасии Темур, қароргоҳи тобистонаи амири Бухоро, қатлгоҳи Восеъи қаҳрамон ва боғи навро тамошо кардем, аз чашмаи ағбаи Китоб об хӯрдем, бозорчаи сари ағбаро давр задем ва аввали шаб вориди Самарқанд шудем. Моро дар шаҳр доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ пешвоз гирифтанд ва дар тӯли ду рӯз бо ду нафар ҳамкори дигарашон ба ҳузури мо мусоидат, дар саёҳатамон роҳнамоӣ ва меҳрубониҳои зиёди дигар карданд, ки сидқан ташаккур арз мекунем. Ҷумъа Ҳамроҳ дар миёни аҳли илму адаби кишвари мо, махсусан адабиётшиносон, шахсияти шинохта аст, ҳамнишину ҳамкори устодони фақиди мо ва бо меҳру муҳаббати бепоён аз устодони марҳуми мо, бахусус, профессор Худоӣ Шарифзода ба некӣ ёд мекард.   

То оғози кори конференсия дар рӯзи баъдӣ аз маконҳои таърихии зерини шаҳри Самарқанд ва атрофи он дидан намуда, аз  зиёратгоҳҳо дидан намудем: хиёбони Хоҷа Аҳрори Валӣ (Тошохур), мақбараи Махдуми Аъзам (1461-1542) дар Даҳбед, мақбараи Имом ал-Бухорӣ дар ноҳияи Оқдарё, Мақбараи Имом ал-Бухорӣ тақрибан бист километр дуртар аз шаҳр, дар Миёнколи таърихӣ ҷойгир аст, ки имрӯз номи он мавзеъ иваз шудааст. Дар ин макон ба анбӯҳи зиёди одамон дучор шудем, зиёраткунандагон аз дохили кишвар ва хориҷ аз он хеле зиёд буданд.

Баъд аз зиёрати мақбараи Имом ал-Бухорӣ ба ҷониби Самарқанд, ки ҳаракат мекардем, дар роҳ ба чунин шиор дучор шудем: "ӯзбеку тоҷик дӯсти қаринанд. Ш. Мирзиёев". Ин лавҳа ба забони тоҷикӣ буд ва мо онро айнан нақл кардем, ки гувоҳест дигар ба ҳусни таваҷҷуҳи тарафайн дар муносибатҳои дӯстонаи ду халқи ҳамсоя.

Конференсияи илмӣ ба муносибати 90-солагии доктори илми филология, профессор Расул Ҳодизода дар толори факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд бургузор шуд. Ҷараёни конференсия бо ду забон: ӯзбекӣ ва тоҷикӣ сурат гирифт. Дар кори конференсия ба ғайр аз донишмандони ӯзбеку тоҷик фарзанди устод Расул Ҳодизода - Фаридун Ҳодизода, набераи устод, дигар хешовандони самарқандиашон, аҳли адаб, намояндаи ҳокими шаҳр ва дигарон ширкат доштанд. Он ҷо бо нависанда Адаш Истад, адабиётшиноси машҳур Садрӣ Саъдиев, адабиётшинос Аслиддин Қамарзода, бародари устод Ҷӯрахон Бақозода, ки ба худашон хеле монанданд, Амон Воҳидов, Ато Аҳроров, Баҳора Хуррамова вохӯрдем.

Дар рафти конференсия суханрониҳои ҷолибу шоёни таваҷҷуҳ зиёд буданд. Аз ҷумла, Ҷумъа Ҳамроҳ қайд карданд, ки агар имкон медоштам, муҷассамаи Аълохон Афсаҳзодро дар шаҳрҳои Ҳироту Панҷакенту Душанбе ва Расул Ҳодизодаро дар шаҳрҳои Самарқанду Тошканду Душанбе мегузоштам. Таъкид шуд, ки донишмандони мазкур, албатта, муҷассамаҳои худро дар илму адаб гузоштаанд.

Амон Воҳидов, собиқ корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон суханро аз он шурӯъ карданд, ки "се рӯз пеш, баъд аз бисту шаш сол, ба Душанбе рафта омадам, як рафиқи беморамро дидам, ба ҷойи кори собиқам рафтам, суҳбат кардем, озодона рафтуомад карда, омадем". Ин донишманд дарси забон ва адабиётро аз Ҳодизодаҳо омӯхтаанд, бинобар ин, ҳам усод Расул Ҳодизода ва ҳам падарашонро устодони худ медонанд. Чунин суханони Амон Воҳидов ҷолиб буданд: "Ҳар халқ забони худашро дӯст медорад. Мо, тоҷикон, ҳам забони худро дӯст медорем. Боз ҳақ дорем бештар фахрем, ки ба забони тоҷикии мо адабиёти бузурге офарида шудааст. Забони тоҷикӣ дар Самарқанд ҳанӯз солҳо пеш аз ба сифати забони илму адаб қарор ёфтани забони порсии дарӣ роиҷ будааст. Имрӯз забони ноби тоҷикӣ дар Самарқанд ганҷинаҳои ноби забони тоҷикиро нигоҳ доштааст". 

Суханрониҳои адабиётшиносон Сироҷиддини Эмомалӣ, Абдулҳай Маҳмадаминов, Аслиддин Қамарзода, Баҳора Хуррамова, Фаридун Ҳодизода, ки ба тартиби мазкур сурат гирифт, перомуни зиндагинома ва паҳлуҳои гуногуни фаъолияти серсоҳаи устод Расул Ҳодизода мечархид. Аслиддин Қамарзода китоби "Самарқанднома"-и Расул Ҳодизодаро қомуси хурди Самарқанд номид.

Баъд аз нисфирӯзӣ саёҳатро дар шаҳри бостонии Самарқанд идома дода, бо роҳбаладии номзади илми филология, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи Самарқанд Ҳамроқулака Бердиқулов аз мавзеъҳои таърихӣ дидан кардем: Мадрасаи Нодир Девонбегӣ (асри XVII). Ин мадраса ба номи Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрори Валӣ сохта шуда, ба номи Нодир Девонбегӣ номида шудааст. Ин ҷо мадрасае ҳам ҳаст, ки Тиллокории берун номида мешавад. Мавзеи баъдӣ мақоми Хоҷа Аҳрори Валӣ аст, ки дар назди мадрасаи Нодир Девонбегӣ ҷойгир аст; мақбараи Амир Темур, маҷмааи Регистон, ки дар он ҷо мадрасаҳои Шерзод, Тиллокорӣ ва Мирзо Улуғбек чойгиранд, маҷмааи зиёратгоҳи Шоҳи зинда ва расадхонаи Улуғбек, манзараи шоми Регистон ва майдони навсохти паҳлуи он ба назар бисёр ҷолиб менамояд. Мардуми зиёд, аз ҷумлаи хурду бузург, барои истироҳат омада, гурӯҳ-гурӯҳ миёни ҳам суҳбат доранд, кӯдакон ба дучархаронию дигар бозиҳои шавқовар машғуланд.

Субҳи рӯзи дигар бо ташвиқи адабиётшинос Аслиддин Қамарзода ба қароргоҳи филиали Академияи Тӯрон дар Самарқанд рафтем. Бино ба тавзеҳи раиси академияи мазкур Фарҳод Аҳмадҷонов, ин академия ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ буда, асосан донишмандонеро муттаҳид кардааст, ки аз корҳои давлатӣ ба нафақа баромадаанд. Марказ якуним сол инҷониб фаъолият дошта, дар боғи устод Айнӣ ҷойгир аст, ки айни замон моликияти шахси дигар мебошад. 

Бозори Самарқанд охирин маконе буд, ки он ҷо рафтем ва пас аз хариди дастовез ба самти Панҷакент роҳ пеш гирифтем. Дар гузаргоҳҳои марзи миёни Самарқанду Панҷакент ҳам ба зудию осонӣ гузаштем ва аз он убур низ хотираи нек дорем. Он ҷо ҳам муносибати масъулин дар ҳарду гузаргоҳ дар сатҳи бисёр баланди коргузорӣ ва маданӣ сурат гирифт. Махсусан, сарулибос, коргузорӣ ва муносибати ду нафар масъули нозири шиносномаҳо дар марзи Саразм бисёр ситуданӣ буд.

Бо ҳамин сафари кӯтоҳи мо ба Самарқанд ба охир расид. Пас аз зиёрати ҳайкали устод Лоиқ Шералӣ дар Панҷакент  ба самти Душанбе ҳаракат кардем. Ҳаракати мошин дар роҳи байналмилалии Панҷакент - Душанбе ҳаловати дигаре дошт, ки он низ аз ҷумлаи дастовардҳои даврони Истиқлол ва шукӯҳи сиёсати оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Чанде пеш як сафари дигар ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доштем. Муқаддимаи ин сафари мо дар рӯзҳои истироҳатии 16-17-уми июни соли ҷорӣ аз ҷониби дӯсти азиз, номзади илмҳои филологӣ, дотсени кафедраи адабиёти классикии  тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ш.Тоҷибоев ва Рустам Иқбол, муҳаррири рӯзномаи "Даракчӣ" фароҳам оварда шуд.  Бо убур аз гузаргоҳи "Фотеҳобод" ва "Ойбек" вориди Бекобод гардидем. Дар гузаргоҳи аввал беш аз панҷоҳ нафар дар навбати убур аз марз меистоданд ва танҳо як нафар масъули шиносномасанҷ ва содир кардани муҳри иҷозаи убур аз сарҳад сари кор буд, ки бо тамкини хоссе корашро идома медод. Дар муддати наздики ним соат навбати мо ҳам фаро расид ва дигар то гузаштан аз сарҳад фосилаи замонии зиёде сипарӣ нагардид. 

Дар Бекобод моро Рустам Иқбол пешвоз гирифт. Бо мошини сабукраве ба самти Тошканд ҳаракат кардем. Ронанда ҷавони чолоку дидадаро Адҳам бо лаҳни омехтаи тоҷикию ӯзбекӣ суҳбат ва мошинро хеле моҳирона идора мекард. Дар маркази ноҳияи Бука таваққуф доштем. Нишасти сарироҳӣ дар чойхонаи барҳавои "Баҳор", воқеъ дар боғи зебоорододашудае, ҳамроҳ бо лутфу меҳрубониҳои мизбонон кайфияти хоссе дошт. Баъд аз Бука ҳаракати мо ба самти тумонҳои Пискент, ӯртачирчиқ ва вилояти Тошканду шаҳри Тошканд идома ёфт. Аввалин ҷойи боздиди мо "Музейи давлатии таърихии Ӯзбекистон" ("Ӯзбекистон таърихи давлат музейи") буд. Аксарияти экспонатҳои марбут ба таърихи пеш аз садаи бисти милодӣ ба  ёдгориҳои мавҷуд дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон монанд аст, мунтаҳо дар шарҳу тавзеҳ фарқият мушоҳида мешавад, ки ҷузъист. Дар толори марбут ба давраи муосир сафҳаҳое аз таърихи навин ва дастовардҳои кишвари ҳамсоя муаррифӣ шудаанд.    

Хӯроки нисфирӯзиро дар тарабхонаи "Райҳон" тановул кардем. Хӯроки норин - ғизои махсуси тошкандӣ ба таври махсус омода шуда ва болаззат буд. Умуман, дар шаҳри Тошканд хӯрокҳои махсуси тошкандӣ ва ё ғизоҳои ба шеваи хосси он шаҳр омодашуда зиёд будааст. Дар ин ҷо ба ҷамъи мо нафари дигар - дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Олим Давлатов пайваст.

Маҷмааи ёдгории "Хотираи шаҳидон" ("Шаҳидлар хотираси") ва музейи ҳамноми он, ки махсуси шаҳидони роҳи озодӣ номида шудааст, макони дигари боздиди мо буд. Майдони хотира бо ибтикори Ислом Каримов бо мақсади поси хотираи шаҳидоне, ки дар солҳои ҳабсу табъиди даҳаи сеюми асри гузашта ҷони худро аз даст додаанд, қомат афрохтааст. Гулгашти зебои он маҷмаа ба ҳусни мавзеи мазкур ҳусни дигаре зам мекунад. Дар ин музей мошине нигоҳ дошта мешавад, ки бо он одамони махсуси НКВД дар соли 1937 сари чандин зиёиёнро хӯрдаанд. Иқтибосҳое, ки дар лавҳафарши атрофи мошини мазкур аз саҳифаҳои хунини амру фармони зимомдорони вақт ва аъмоли шаҳидон оварда шудаанд, бозгӯи таърихи дардноки он рӯзгорон мебошанд, ки ба ҳар ду халқи қарини тоҷику ӯзбек баробар тааллуқ мегиранд.

Аз музейи мазкур баромада, ба майдони сайргоҳ рафтем. Дар он ҷо одамони зиёд, аз ҷумла хориҷиён, рафтуомад мекарданд, мусаввараҳои зиёд ба намоишу фурӯш гузошта шуда буданд, атиқафурӯшону рассомон банди корҳои худ ва гурӯҳи ҷавонон ба ҳар гуна бозӣ машғул буданд. Андаке дуртар аз он ҷо ба метро нишаста, аз майдони Истиқлол ба хиёбони Амир Темур рафтем. Бегоҳӣ дар ошхонаи "Мингчинор", воқеъ дар маҳаллаи Челонзор, даври ҳам нишастем ва то дер суҳбат кардем.

Субҳи рӯзи дигар, баъд аз сайри кӯтоҳе, бо мақсади зиёрати адабиётшиноси варзида, фозили 83-сола, доктори илми филология, профессор Ҳамидҷон Ҳомидови Косонсойӣ ба манзили эшон рафтем. Бист рӯз қабл хонумашон фавтидаанд, ба рӯҳи марҳума фотиҳа хондем. Писаронашон даври мӯйсафед ҷамъ буданд. Яке аз фарзандонашон дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст. Суҳбати кӯтоҳи пурборе доштем бо эшон, дар воқеъ:

Чун субҳ файзи суҳбати соҳибдилон

                                                   дамест,

Аммо даме ки боиси эҳёи оламест.

Донишманди мазкурро банда аз солҳои аспирантӣ мешиносам. Вақте ки дар соли 1995 ҷиҳати ҷамъоварии мавод барои таълифи рисолаи номзадиам ба захираи дастнависҳои Шарқи китобхонаи Институти шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунӣ ба сафари хидматӣ рафта будам, бандаро эшон раҳнамоӣ карда буданд, ки сипосгузор ва миннатдор ҳастам. Ҳамидҷон Ҳомидов аз ҷумлаи донишмандони ҳамсаф ва ҳамкори устодони банда ба ҳисоб мераванд ва бо муҳаққиқони дигари тоҷик низ алоқаи зиёд доштаанд. Аз Абдулғанӣ Мирзоев ва Муҳаммад Осимӣ ба сифати устод ва аз устодони марҳум Аълохон Афсаҳзод, Раҳим Мусулмонқулов, Худойназар Асозода, Худоӣ Шарифзода ҳамчун ҳамкор ёд карданд. Ба устод Абдуннабӣ Сатторзода салом гуфтанд. Дар бораи Аълохон Афсаҳзод бо номи "Ҷомишиноси забардаст" ва оид ба Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони "Марди фозил" матолибе навиштаанд, ки зевари табъ ба бар карда. 

Профессор Ҳамидҷон Ҳомидов дар ҷодаи илм хидматҳои арзандаеро анҷом додаанд. Мавзӯи меҳварии таҳқиқоти эшон робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек буда, дар ин замина беш аз сӣ номгӯй асари калонҳаҷм таълиф ва чоп кардаанд. Аз ҷумла, ҳанӯз дар даврони Шӯравии собиқ афсонаҳои халқи тоҷикро ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва бо номи "Гунҷишки айёр" чоп карда будаанд. Ин китоб он замон ба теъдоди сесад ҳазор нусха чоп шуда буд. Афсонаҳои халқи тоҷик аз нав дар ду ҷилд такмил шудааст, ки ҷилди аввалаш чоп ва ҷилди дувумаш дар арафаи чоп қарор дорад. Фолклори (афсона) тоҷикони Тошқурғонро ҳам ҷамъ оварда, ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва чоп кардаанд. Китобҳои "Тасаввуф алломалари", ки то кунун се карат чоп шудааст, "Қасри абадзинда", "Давраи даҳоён" (дар бораи мутафаккирони гузашта, ба монанди Рӯдакӣ, Амир Хусрав, Ҷомӣ ва дигарон), "Фирдавсӣ ва адабиёти ӯзбек", "Аз "Авесто" то "Шоҳнома", "Таърихи тоҷикони Косонсой", "Адибони Намангон" аз ҷумлаи таълифоти мондагори донишманди сермаҳсул маҳсуб мешаванд. Афсӯс хӯрданд, ки то ҳанӯз фолклори водии Фарғона тадқиқ нашудааст. Пешниҳод шуд, ки дар мавзӯи "Фолклори бачагонаи водии Фарғона" нафаре кори таҳқиқӣ анҷом диҳад, маводи ҷолиби фаровон ба даст оварда метавонад.

Риштаи дигари суҳбат бо профессор Ҳамидҷон Ҳомидов атрофи донишмандони машҳури муқими Тошканд гираҳ хӯрд. Аз чандин муҳаққиқон ёдовар шуданд, ки дар соҳаҳои гуногуни илм корҳои шоиста анҷом додаанд. Масалан, аз Наҷмиддин Комилов ва корҳои илмии эшон ёд шуд, ки оид ба тасаввуф дар ду ҷилд китоб чоп кардаанд. Донишманди дигари тоҷик, ки дар Тошканд ба сар мебарад, Шоқаҳҳор Салимов мебошад.

Нисфирӯзӣ бо даъвати инсони бениҳоят меҳрубону хоксор Шоқаҳҳор Салимов дар хонаи эшон меҳмон будем. Оши тоҷикиро ба сабки тошкандӣ, яъне дар коса хӯрдем. Шоқаҳҳор тоҷики истаравшание мебошад, ки сию ҳафт сол боз дар шаҳри Тошканд кору фаъолият ва зиндагӣ дошта, ҳамин шабу рӯз дар тараддуди таҷлили 60-солагии зодрӯз қарор дорад. Корро дар рӯзномаи "Овози тоҷик" оғоз карда, ба фаъолиятҳои гуногуни адабӣ, аз ҷумла тарҷумонӣ, машғул шуда, беш аз 50 китоби дарсиро аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Айни замон ба сифати мутахассиси Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон фаъолият дорад. Ба гуфтаи эшон, ҳоло дар Ӯзбекистон 310 маҷалла ва 710 рӯзнома чоп мешавад. Дар ин шумор рӯзномаҳо ба забони тоҷикӣ ҳам шомиланд, ки як рӯзнома - "Овози тоҷик" мақоми ҷумҳуриявӣ дорад. Ин рӯзнома ҳафтае ду бор, рӯзҳои чоршанбе ва шанбе чоп мешавад. Рӯзномаи мазкур аз соли 1924 то имрӯз бо номҳои "Овози тоҷики камбағал" (соли 1924), "Овози тоҷик" (солҳои 1924-1931), "Ҳақиқати Ӯзбекистон" (солҳои 1931-1940), "Ӯзбекистони сурх" (солҳои 1950-1964), "Ҳақиқати Ӯзбекистон" (солҳои 1964-1991) ва "Овози тоҷик" (аз соли 1991 то кунун) чоп мешавад.

Дар бозгашт боз бо ҳамон роҳи рафтаамон баргаштем. Аз Тошканд, ҷое ки ба мошин нишастем, то марз расо як соат вақт сарф шуд. Аз гузаргоҳи Фотеҳобод вориди хоки Тоҷикистони азиз гардидем.

Поянда бод дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, ки дӯстони қаринанд!   

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved