• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханронии хеш ба муносибати ҷашни  600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ чунин гуфтанд: "Муносибати Ҷомӣ ва Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстӣ ва самимияти пиру мурид, устоду шогирд, бародар бо бародар буд, ки ҳеҷ ғаразе дар худ надошт. Ҷомӣ дӯстиву рафоқати шогирди худ  Навоиро дар  достони "Лайлӣ ва Маҷнун"-аш ба ин маънӣ ба қалам додааст:

Хоcса, ки ба боғи ошноӣ

Бар шохи вафо бувад Навоӣ.

 

Дар навбати худ Алишери Навоӣ дар марги устоди бузургвор ва бародари ҷониаш Абдураҳмони Ҷомӣ марсияи ҷонсӯзе месарояд, ки ҳангоми  қироати он аз забони Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ ҳама мегирянд. Шеъри мазкур   яке аз беҳтарин марсияҳои адабиёти  тоҷикии форсӣ мебошад.

Навоӣ аз ҷумла дар хитоб ба рӯҳи  поки устод  ва дӯсти бузургвори худ  навишта буд:

Ту бирафтиву дили халқи

ҷаҳон зор бимонд,

То қиёмат ба фироқи ту

гирифтор бимонд.

Дӯстӣ ва садоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ, ки дар ин ду мисраъ равшан эҳсос мешаванд, намунаи барҷаста ва ибратомӯзи  дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба шумор меравад…"

Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар аз  шоҳасари "Тоҷикон"-и  Бобоҷон Ғафуров иқтибос оварда  гуфта буданд: "Вақте ки Мавлоно Ҷомӣ вафот намуд, Навоӣ ва дӯстони ӯ  як соли тамом азодорӣ карданд ва Навоӣ ба хотири дӯсту устоди бузургвори худ ба номи "Хамсат-ул-мутаҳаййирин" асаре навишт ва яке аз таълифоти  Ҷомиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кард".

"Решаҳои  дӯстии халқҳои  тоҷику ӯзбек ба қаъри асрҳо рафта мерасад. Дар ин бора андеша кунем, фавран дӯстии  ду  бузург - Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони  Ҷомӣ ба ёд меояд, - навишта буд  арбоби давлатӣ, адиби маъруфи ӯзбек Шароф Рашидов дар сарсухани  китоби Мирзо Турсунзода, ки бо номи "Оташ посбони" соли 1981 ба забони ӯзбекӣ чоп шуд ". 

Шароф Рашидов дар бораи дӯсту бародараш Мирзо Турсунзода  менависад: "Ҳар як давр ташбеҳи шоиронаи худро тақозо мекунад. Вале ҳумои муқаддаси дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек  парвози баланди худро давом дода, намунаҳои эҷоди амиқ халқҳои бо якдигар наздик, азиз ва  муътабарро дар замони нав муҷассам  намуда, онро тараннум менамояд. Худро бо болу пари тиллоии мурғи бахт эҳсос намудан барои ҳар як шоир саодати бузург аст.  Ва бо бовари бузург гуфтан мумкин аст, ки   дӯсти азизам - Мирзо Турсунзода  шоҳпари зебо ва беназири ана ҳамин мурғи бахт мебошад.   

Калимаи "пар"  ду маъно дорад: аввалан - қалам. Вақте ки дар бораи қалам сухан меравад, бовари комил дорам, ҳар як қатрае,  ки аз қалами пургавҳари  Мирзо Турсунзода  чакидааст,  чун дурдона дар  хазинаи фарҳанги халқҳоямон ҷои намоёнро ишғол мекунад. Шеърҳои дилрабои шоири бозаковат ва соҳибдил  аз сарҳадҳои кишвараш гузашта, ба мамлакатҳои дуру наздик парвоз кард.

Шиносии мо аз соли 1949 оғоз ёфт. Он вақтҳо ҳардуи мо ба Иттифоқҳои  нависандагони ҷумҳуриҳоямон раисӣ мекардем. Мирзо Турсунзода дар вохӯрии  нахустин ба ман таассуроти самимӣ ва амиқ гузошт. Арбоби боғайрат ва фаъол, доираи фикру мулоҳизаҳояш васеъ, санъаткори асил будани  ӯ аз нигоҳи тез ва  суханҳои бурро ва ширадораш  маълум шуда меистод. Ман дар бораи Мирзо Турсунзода пеш аз шинос шудан низ бисёр суханҳои нағз шунида, асарҳояшро бо завқ мутолиа  карда будам. Мисраъҳои пурҳаяҷон ва таъсирбахши  ӯ, ки  ба ҷанговарони тоҷик бахшида  буд,   онҳоро бар зидди фашистон  рӯҳбаланд месохт. Шеърҳои пурмазмун ва нафиси шоир, ки ҳарорати граждании онҳо равшан ҳис карда мешуд,  дар дил ҳиссиёти ватандӯстиро ба ҷунбиш меовард, фикрҳои пурмағзи  шоир  шахсро дар ҳайрат мегузошт. Баъди  ба шоир шахсан вохӯрдан  ҳамаи навиштаҳои ӯро аз нав  хондам. Бисёр шеърҳояшро, ки  бо маҳорату ҳиссиёти баланд  навишта буд, такрор ба такрор мутолиа  мекардам.

Соли 1957 дар Тошканд  барои даъват намудани Конфронси якуми  нависандагони  Осиё ва Африқо  кумитаи ташкилӣ таъсис ёфт.  Алоқаи эҷодӣ ва муносибатҳои шахсии Мирзо Турсунзода бо нависандагони тараққипарвари Осиё ва Африқо кори моро аз ҳар ҷиҳат осон гардонд. Зеро  Мирзо Турсунзода  бо асарҳои худ "Ман аз Шарқи озод", "Садои Осиё" ва достони "Ҳасани аробакаш" дар Шарқ маълум ва машҳур буд. 

Дар сафари якҷоя ба мамлакатҳои Осиё ва Африқо чӣ тавр Мирзо Турсунзодаро бо меҳру муҳаббати бузург ва беҳамто пешвоз гирифтани мухлисони шеърро дида, аз дӯсти азизам  фахр мекардам. Ба ӯ гул ва табассум ҳадя намуда, бо хушнудӣ чаппак мезаданд, оламро фаромӯш карда, бо ҷону дил суханрониашро гӯш мекарданд.

Мирзо Турсунзода ба маънои том шоири ҳақиқии ватани худ буд. Ӯ дар шеърҳояш аз иқболи халқи тоҷик ҳарф мезад. Аз муваффақиятҳои кишвараш бо  меҳру муҳаббат сухан мегуфт, бо  ҳиссиёти баланд  онро тараннум мекард. Овози таъсирнок ва даъваткоронаи ӯ дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон шунида мешуд. Зеро қалби шоир аз  меҳру муҳаббати одамони  одӣ, ки ба ӯ доштанд, моломол буд. Иштироки Мирзо Турсунзода дар кумитаи ташкилии таърихии форуми нависандагон, ки моҳи октябри соли 1958 дар Тошканд гузашта буд, муваффақияти онро  таъмин намуд. Дар конфронс бисёр адибони Шарқ ҳозир буданд. Фаъолияти беандоза ва обрӯю эътибори калони Мирзо Турсунзода дар байни адибони Шарқ ва Африқо ҳамфикриро ба вуҷуд овард ва нависандагони ду қитъаи бузургро муттаҳид намуд. Ӯ дар давоми 20 сол раиси  Шӯрои Кумитаи якдилии халқҳои  Осиё ва Африқо  буд. Каломи илҳомбахшу ҷозибадори ӯ дар Деҳлӣ, Қоҳира, Ал-ҷазоир, Стокголм, Конакри, Гавана, Бейрут садо медод.

Сафаре ба Куба, ки бо Мирзо Турсунзода доштам, аз хотир зудуда намешавад.

Барои иштирок  дар он аз 82 мамлакати Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ 512 нафар вакил иштирок дошт. Кори он дар шароити басо вазнин ва мураккаб давом мекард. Душманони сулҳу пешрафт дар байни вакилон низоъ меандохтанд, якдилии онҳоро рахна мекарданд. Аз минбарҳо, ҳуҷраҳо ва кӯчаҳо овозаҳои ғаразнок шунида мешуд. Онҳо  "муттаҳид намудани халқҳои  се қитъа бефоида"  - гӯён иғво паҳн мекарданд. Кӯшиш мекарданд, ки  ин ҷамъомад баргузор нагардад, дар байни вакилон парокандагӣ рӯй диҳад. Муборизи оташин будани Мирзо Турсунзода ба иғвоҳо зарбаи сахт зад. Дар рӯйи замин бори аввал  якдилии халқҳои Осиёю Африқо ва Амрикои Лотинӣ ба вуҷуд омад, ки дар ин ҷода хидмати шоистаи дӯсти азизам Мирзо Турсунзода беназир аст.

Ӯ Мирзои танҳо тоҷикон не, балки Мирзои мо - ӯзбекҳо  низ ҳаст.

Э. Сулаймон

 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved