• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Бахтиёри МУРТАЗО

Вақте ки саҳифаҳои соли сипаригаштаи рӯзномаи дӯстдоштаамон "Адабиёт ва санъат"-ро варақгардон менамоему маводи публитсистии онро мутолиа мекунем, воқеан ҳам возеҳ мегардад, ки публитсистика дар ин нашрия жанри ҷанговар будани худро комилан анҷом додааст.

 

Соли 2017 дар таърихи Тоҷикистони маҳбуби мо бо навгониҳо ва пирӯзиҳои худ соли фаромӯшнашаванда буд. Кормандони "Адабиёт ва санъат" ҳамвора кӯшидаанд, ки ин рангорангиҳои ҳаёти ҷумҳурии азизамонро дар саҳафоти ҷарида мастур созанду ба диққати хонандагони арҷманд манзур намоянд.

Муҳимтарин воқеаи аҳаммияти байналхалқидошта ибтикори навбатии Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" мебошад, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дар арафаи Соли нави гузашта қабул гардид. Сарвари давлат заҳмати зиёде ба харҷ додаанд, то ки номи кишвари азизи мо ҳамчун кишвари ташаббускор вирди забонҳо гардад, обрӯю эътибори Тоҷикистон баланд бардошта шавад.

Ба ифтихори ҳамин воқеаи оламшумул дар шумораи 2-и ҳафтанома мақолаи хеле пурмуҳтавои публитсистии устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон дарҷ гардидааст, ки басо бамавқеъ ва ҳадафнок аст.

Мақолаи тадқиқотии устоди равоншод, профессор Атахон Сайфуллоев таҳти унвони "Дурборони адабиёт", ки пай дар ҳам дар ду шумора дарҷ гардидааст (№12-13), ба ҳамин масъалаи умумиҷаҳонӣ бахшида шудааст.

"Дар ин ҳуҷҷати муҳимми таърихӣ натанҳо манфиатҳои миллии халқи тоҷик, - менависад устод Сайфуллоев, - балки фикру андешаҳои олӣ ва ғояҳои умумиинсонии башардӯстона, ки аз ҷумлаи ибтикороти байналмилалии Сарвари хирадманди мо Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, равшану возеҳ ифода ёфтаанд".

Устод дар "Дурборони адабиёт" ба китоби муқаддаси "Авасто", "Шоҳнома"-и безаволи Фирдавсӣ ва осори дигар адибони бузурги мо такя намуда, мақолаи пурмазмун ва дилчаспу дилнишин эҷод карда, мавзӯъро хеле дақиқ баррасӣ сохтаанд.

Мақолаҳои Маҷид Салим "Об ҳаёт, ободӣ ва созандагист", "Достони об"-и Сипеҳр ва дигар маводи публитсистие, ки вобаста ба ин мавзӯи муҳим дар ҳафтанома чоп шудаанд, барои мутолиин маълумоти қобили таваҷҷуҳ медиҳанд.

Пешвои миллат дар Паёми порсолаашон Соли ҷавонон эълон намуда буданд. Ин пешниҳоди арзанда ва саривақтӣ дар диёри азизамон рӯҳбаландии бузурги ҷавононро ба амал овард ва ғайрату шуҷоати ононро ба корнамоиҳо баҳри пешрафти Ватани маҳбуб бамаротиб афзун намуд. Ва ин беасос нест, чунки дар кулли соҳаҳои ҳаёти кишвар ҷавонони неруманд ва оқилу доно қаҳрамонона кор мекунанд, дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ пирӯзиҳо ба даст меоранду обрӯи миллати тоҷикро баланд мебардоранд. Ба ин муносибат дар ҳафтанома маводи фаровони публитсистӣ ҷой дода шудаанд, ки ҷавонони саодатманди эҷодкорро мадҳу ситоиш менамоянд. Ҳамчунин, хуб ва матлуб аст, ки "Адабиёт ва санъат" дар Соли ҷавонон аз эҷоди ҷавонон ҳам  намунаҳои зиёд дарҷ намудааст.

Бояд зикр кард, ки аз тарафи Пешвои миллат эълон шудани Соли ҷавонон аҳаммияти бузурги фалсафӣ, тарбиявӣ, ватандӯстӣ, иҷтимоӣ дорад ва ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" ҳам дар баробари дигар нашрияҳо доир ба тарбият ва парвариши ҷавонон ҳамвора бояд саҳм гузорад ва ин амали нек бояд доимӣ бошад.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Ин иқдоми бузургворона ва шоистаи Сарвари давлатамон лоиқи мадҳу ситоиш аст. Халқи тоҷик аслан ниҳоят халқи ҳунарманд мебошад. Дар кишварамон ягон ноҳия ва деҳае нест, ки дар он ҷо намояндагони даҳҳо ва садҳо ҳунарҳои мардумӣ кору зиндагӣ накунанд. Заргарӣ, оҳангарӣ, кулолӣ, гулдӯзӣ, атласбофӣ, алочабофӣ, гаҳворасозӣ, тешасозӣ, табақтарошӣ, сӯзанидӯзӣ, шонатарошӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳо ҳастанд, ки онҳо аз пешинзамон дар байни халқамон арзи вуҷуд менамоянд. Дар бораи ҳар яке аз ин аҳли ҳунар мақолаҳо, очеркҳо, достонҳо навиштан мумкин аст ва ин аҳли ҳунар арзандаи чунин навиштаҳо ҳастанд. Акнун бо ибтикори Сарвари давлат ҳунарҳои мардумӣ ривоҷи беҳтаре пайдо карда, диёрамон ба кишвари сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт.

Арҷгузорӣ ба корнамоиҳо ва далерию фидокории падарону модарони мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аҳаммияти беназири меҳанпарастӣ ва шуҷоату мардонагӣ дорад. Аз ҳамин лиҳоз ҳар як хонандаи ҳафтанома "Тоҷики бебок" (№1) ном очерки шоир, нависанда ва публитсисти бузурги шӯравии рус, дӯсти қадрдони устод Мирзо Турсунзода - Николай Тихоновро, ки ба қаҳрамонию ғаюрии Неъмат Қаробоев бахшида шудааст, бо шавқу дилбастагии зиёд мутолиа менамояд. Чи тавре ки маълум аст, Неъмат Қаробоев дар ҷанги зидди финҳои сафед ширкат варзида, нахустин Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистони азизи мо мебошад. Он вақт дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон низ касе ба ин унвони олӣ мушарраф нагардида буд. Очерк дар шумораи аввали соли 1941-и маҷаллаи "Работница и крестянка" чоп шудааст.

"Неъмат дар майдони ҷанг чолок ва нотарс буд, аз тир як навъ "руст" шуда, ҳаракат карда метавонист. - омадааст дар очерк.

- Ин қадар тирро аз куҷо мепаронда бошанд? - гуфт фармондеҳ, тирандозии душманро дида.

- Ман ҳозир сабабашро фаҳмида меоям, - гуфт Неъмат.

Вай аз паси барфтӯдаҳо ба ақибгоҳи душман рафт. Сонӣ Неъмат аз байни харсангҳои баланд хазида, ба душман торафт наздик мешуд. Оқибат аскарҳои адӯро дид, ки аз пулемётҳои дастӣ ба сӯйи қисмҳои мо оташфишонӣ мекарданд. Аз бағалаш гранатаҳоро гирифта, ба сӯйи онҳо ҳаво дод ва худ дар паси харсангҳо паноҳ шуд".

Вақте ки ба Неъмат Қаробоев унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ доданд, ӯ бо ҳаяҷон чунин гуфт:

"То тавонистам, ҷангидам ва агар лозим ояд, барои Ватан боз меҷангам!"

Дар бораи тарҷумаи ҳамин очерк гуфтан мумкин аст, ки аслан он бо забони равон баргардон шудааст. Лекин дар як ҷойи очерк муаллиф қаҳрамонро чунин тасвир кардааст:

"Неъмат калтакалосҳои чолок ва ҳиллагарро, ки одатан оҳиста ва беовоз дар рӯйи деворҳои ҳавлиҳои Конибодом мехазиданд, ба хотир меовард..."

Ба фикрам, ҳаракати Неъматро ба хазидани  калтакалос ташбеҳ намудан ниҳоят хунук, дағал ва носаҳеҳ баромадааст.

Зимни тарҷума ва таҳрир, албатта, ба ин масъала диққат намудан зарур аст.

Мақолаи дигаре, ки "Саҳифаи рӯшани корнамоиҳои бузург" ном дошта, ба ҳаёти Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов бахшида шудааст (№10), ба қалами рӯзноманигор Аъзам Мӯсоев тааллуқ дорад. Ҳайдар Қосимов ва дӯсти ӯ Қудрат Қаюмов дар колхози "Сохтмони Вахш"-и ноҳияи Октябр кор мекарданд. Баъди оғоз шудани ҷанги зидди фашизм онҳо 7-уми декабри соли 1941 ба таври ихтиёрӣ ба ҳифзи Ватан мераванд. Ҳарду ҳам барои шуҷоату далерӣ дар убури дарёи Днепр бо як фармон ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф мешаванд. Қудрат Қаюмов аз майдони набард барнагашт, Ҳайдар Қосимов соли 1946 ба диёри азиз омада, дар колхоз кор кард, раиси ҷамоат таъйин шуд, боз хидматҳои шоиста кард. Вале дар давраи даргириҳои бемаънӣ Ҳайдар Қосимов 3-юми марти соли 1993 дар синни 70-солагӣ ваҳшиёна қатл гардид.

Ман ин тафсилотро барои он баён кардам, ки ҳаёти пурфоҷиа ва корнамоиҳои ин далерони Ватан ба китобҳо сазоворанд ва ин китобҳо дорои аҳаммияти бузурги худшиносӣ ва меҳанпарастӣ хоҳад буд.

"Имрӯз дар шароити раванди ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои шадиди иттилоотӣ зарурати ҳимояти манфиатҳои давлату миллат, ҳифз, тарғибу ташвиқ ва рушду такмилу арзишҳои миллӣ ба миён омадааст ва бинобар ин, аҳаммияти публитсистика дар замони имрӯза аз ҳарвақта бештар гардидааст", - навиштаанд муҳаққиқони публитсистика, профессорон Мурод Муродӣ ва Масрур Абдуллоев дар мақолаи "Ёдкарди устод Айнӣ: имрӯз қаламкашони тоҷикро мебояд ба публитсистика бештар рӯй биёваранд".

Аз саҳифаҳои "Адабиёт ва санъат" воқиф мегардем, ки дар ҳақиқат адибони ҷӯянда, пажӯҳишгар ва дақиқназари мо ба публитсистика бештар рӯ меоваранд. Маводи публитсистие, ки ба мутолиини сершумор пешниҳод гардидаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд.

Мақолаҳои публитсистии устод Кӯҳзод "Сухани миллатсози Айнӣ", Низом Қосим "Аз Қасри Арбоб то Қасри Миллат", мусоҳибаи Саттор Турсун: "Ман ҳанӯз дар ақидаи худ ҳастам - Пешвои миллати мо сазовори ҷоизаи Нобелии сулҳ мебошанд!", мақолаҳои Гулназар "Ойинаи беғубори ман", Мансур Сайфиддин "Вақти он аст, эй қалам...", С. Фаттоҳзода, Мансур Сайфиддин "Президенти мардумӣ", Ато Мирхоҷа "Субҳи беғуруб" (публитсистикаи манзум), Ф. Раҳимӣ, А. Сатторзода ва дигарон "Ҷашни Сада ва Меҳргон", Юнус Юсуфӣ "Дар саргаҳи Зарафшон" ва "Дар диёри домани гардун", Муҳаммадалии Аҷамӣ "Дар қаламрави баҳор" ва "Фурӯғи чароғи наврӯзӣ", Садриддин Ҳасанзода "Шуълаҳои ёдҳои бачагӣ", Дилшод Раҳимов "Муждаи Наврӯз дар тақвимҳои суннатӣ" ва "Сада нуре аз гулхани афрӯхтаи ниёгон", Толиби Луқмон "Парвонаҳои даври "Чароғи абадӣ", Шералӣ Мӯсо "Рӯзи нур", Султон Одина "Боғе дар домани кӯҳсорон", Обидҷон Саидзода "Парвози сухани миллатсоз" аз ҳамин ҷумла мебошанд ва намунаҳои беҳтарини публитсистика ҳисоб мешаванд.

Иддае аз маводи публитсистие, ки дар боло зикр намудем, ба муносибати ҷашнҳои муҳимтарини мо эҷод шудаанд ва саҳифаҳои ҳафтаномаро ободу рангин кардаанд. Албатта, ин хуб аст, қобили тамҷиду таваҷҷуҳ мебошад.

Лекин инро ҳам қайд кардан зарур аст, ки дар саҳифаҳои "Адабиёт ва санъат" дигар анвои писандидаи публитсистика, масалан, фелетон ба назар намерасад, албатта, агар силсилаи мақолаҳои танқидии Салими Зарафшонфарро истисно намоем, памфлет кам аст. Соли гузашта танҳо як памфлети М. Сабурӣ таҳти унвони "Сурати рӯҳнавозу маънии гӯшхарош" дарҷ гардидааст (№16). Очерк ниҳоят кам чоп шудааст. Ёдам ҳаст, ки мо дар замони шӯравӣ "Литературная газета"- и 24-саҳифагиро дақиқан мутолиа менамудем. Боре дар он мақолаи як нависандаи рус дарҷ гашта буд, ки дар он чунин навишта шудааст: "Дар бораи Самотлор (манбаи нафту гази Русия) аввал очерк навиштам, бар асари сафарҳои минбаъда ин очерк ба роман табдил ёфт". Дар очерк сюжет ҳаст, фардияти забон риоя мешавад ва аз ҳама муҳимаш очерк проблема дорад. Бинобар ин, эҷоди очерк ба адиби ҷавон сабақомӯз ва мактаб ҳам хоҳад буд.

Дар Тоҷикистони азизи мо ҳоло Самотлор набошад ҳам, сохтмонҳое ҳастанд, ки бо Самотлор аз нигоҳи арзиш  ҳамсанганд. Зимнан ба қарибӣ дар минтақаи Сари Қамиши ноҳияи Шаҳринав Самотлори ҷумҳурии мо низ зуҳур хоҳад кард. Иншоаллоҳ, бо ҳидояти Пешвои миллат Самотлори тоҷикон манбаи бузурги нафту газ хоҳад шуд.

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37