• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

АБДУЛҲАМИД САМАД


Эссе

Бо гурӯҳе аз аҳли адаб ва дӯстони Ҳабибулло Файзуллои равоншод дар ин моҳ (29.06.1995) ва фасле, ки ӯ бениҳоят хуш дошт меҳмононро дар зодгоҳаш бипазирад, ба Ховалинг раво-нам. Бо вуҷуди афзунии каму кост ва дарду доғи ҳаёт Ҳуку-мати ноҳияи Ховалинг 50-солагии Ҳабибуллои шоирро ҷашн мегирад. Ин фоли нек аз ба эътидол омадани рӯзгор башорат медиҳад. Дар оростани ин ҳамоиш завҷаи Ҳабибулло - Софи-ябону ва писаронаш ҳисса гузоштаанд. Ба ҳайат Соҳиб Таба-ров, Аскар Ҳаким, Гулназар, Ҳадиса, Шариф Шараф, Саидалӣ Маъмур, Абдураҳмон Абдуманнонов, Абдуфаттоҳ Одинаев, Усмон Назир, Шоҳҳайдар Ёдгорӣ ва аҳли байти Ҳабибулло шомиланд. Ба ростӣ, ман ба ҳайси ватандор ё соҳибхона дар дил як каме изтироб ҳам дорам. Аввалан, барои он ки бо ҳидояти пайвандони соҳибҷашн ва хоҳиши дӯстон (охир бар асари нобасомониҳо солҳо боз аз шаҳр берун нарафтаанд!) як рӯз пеш аз даъвати мизбонон ба роҳ баромадем. Мабодо дар пазироии азизон мушкилоте пеш ояд. Ва боз ҷашн чӣ хел мегузашта бошад?

Дертар расидем ба Ховалинг. Мошинҳо дар роҳ вайрон шуданд; чун аз Балҷувон гузаштем, дӯстон ҷо-ҷо лаби чашмаҳо сари по қадаҳ тоза ва ба гуфте чашм сурх карданд. Вале ман бисёр мехостам ҳангоми ғуруби офтоб аз фарози Пуштаи Шаҳид ҳамагон паҳнои сабзу шодоби қадоваи Ховалинг, талу теппаҳои гулпӯш ва сафи санавбарҳои чун арӯсон дилрабояш-ро тамошо бикунем. Зеботарин, марғубтарин манзара. Нозанин ар-арҳо, ки аз вазиши шамоли навозишгар хамёза мекашанд, ҳусну шукӯҳи водиро даҳчанд меафзоянд ва шояд умре дар хотир бимонанд.

 


Усмон Назир, ки ба ин минтақа бори аввал сафар карда-аст, дар фасли тобистон аз рангомезии ҳусни талу теппаҳо дар ҳар гардиш ба ваҷд омада мегуфт: «нисфи ин алафзор дар Масчоҳи мо мебуд, ҳар оила камаш сад бузу гӯсфанд, бист-сӣ гову гӯсола мекард. Умуман, айб аст, ки бо чунин замини фаровони ҳосилхез, азоби нодориву гуруснагӣ   бикашӣ».

Муаллим Соҳиб Табаров гӯё ба ҳамин ишора маътал буд, ки аз ин суханҳо ба хашму алам омада, ҳар қадар суръати мошин афзояд, ба ҳамон шиддат мардуми ландаҳур, танбал, сарсаригарду меҳнатгурезро коҳиш медод.

- Шумо гуман накунед, ки ман ҳамдиёронамро дӯст наме-дорам, - таъкид мекард ӯ ба Аскар Ҳаким ва Усмон Назир. - Аз алам мегӯям ин гапҳоро. Сӣ-чил сол боз менолам, касе ба ҳарфам гӯш намедиҳад...

Аз пеши назари ман сурати марди донишманду соҳибҳуна-ри замон, ба қавли Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Мӯҳтарам «суханса-нҷи волофитрату нуктараси нозуктабиат, дарёдили сонеъзамир, қаламзани бадеъпардоз...», оне, ки зодаи ин хоки пок аст ва бо фазилату истеъдодаш дар қораи Бухоро ғулғула андохта, баъди тавофи хонаи худо ва сайри нисфи ҷаҳон, ба зодгоҳ баргашта, манзили охиратро ин ҷо ёфтааст, Ҳоҷӣ Ҳусайн дур намешуд. Маҳз Ҳоҷӣ пас аз охирин ситораи тобноки назм дар Мовароуннаҳр Шамсиддин Махдуми Шоҳин аз ин қаламрав бархест ва парчами суханро бошарафона барафрошту дар адабиёт нақши устувор гузошт. Ҳазрати Ҳоҷӣ Ҳусайн баъди дидани биёбонҳои сӯхтаи араб диёр ва манзараҳои дилхурӯ-ши онро бо ифтихори беандоза дар достони «Комдӣ ва Ма-дан»-аш ин зайл васф карда:

Рафти сухан бар сари Хатлон бувад, Ҳубби ватан гӯшаи имон бувад.

Замин чун бар фалак н-ояд мубоҳп,


Ки Хатлон халқ кард аз вап илоҳи. Чу Хатлон хиттае кам офарида, Ки фирдавсе ба олам офарида. Чу бинад дидае аз апни инсоф, Риёзе сар зада аз дашти атлоф. Насими фапз бар хокаш вазида, Ғубораш то бихезад, гул дамида. Шамолаш гар бигардад, мушк резад, Ҳавояш чун бихандад, атр безад. Тамошояш бубинанд ҳуриён дӯш, Биҳишт аз ёдашон гардад фаромӯш. Чу наҳри шир ширин обшораш Лаби ширин канори ҷуйбораш...

Пирони рӯзгор, ки ҳазрати Ҳоҷиро дида ва ё аз бобо, би-биву бобокалонашон дар сифоти ӯ шунида буданд, мегуфтанд: марди назарбаланд, шуҷоъ, боғурур будааст. Бемуросо рӯ ба рӯ сухан мегуфтааст. Аз ин ҷиҳат дар ҳама ҷо бадхоҳ пайдо мекардааст. Шояд аз ҳамин ҷиҳат, бо вуҷуди он ки ҳангоми барҳаёт будан китоби ашъораш дар Тошканд нашр шуд, ба ҷуз дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Мӯҳтарам дар «Намунаи адабиё-ти тоҷик» ва «Намунаҳо ...» низ номи Ҳоҷӣ ҷой наёфт. Худи ӯ низ ин ҳолати носозгорашро ҷо-ҷо ба қалам дода:

Зи дасти бетамизиҳои даврон зинда

дар гӯрам.

*   *   *

Мани Ҳоҷп бо дили нотавон чи кунам

шикояти ҳамгинон,

Ки зи заҳри наштари афъиён ба гурез ҳам

нараҳида ман.

Ва Ҳабибулло низ тақрибан ҳамин хел хуву хислат дошт.


Ҳарфи дил дар нуги забон, андешаашро, хоҳ талх бошад, хоҳ ширин, рӯйрост, ҷавонмардона мегуфт. Ва ин ба сараш моҷа-рову хархашаҳое ҳам меовард. Ана ҳамин Ҳабибулло баъди зиёрати хонаи деворҳояш кошикорӣ ва болору вассаҳояш бо намунаҳои нодири хат ва шоҳбайтҳо оро додаи Ҳоҷӣ, ки аз беаҳамиятӣ, балки аз бемаърифатии ҳамдиёрон харобу валан-гор шудааст, армону аламҳои ӯро эҳсос карда, бо номи «Хо-наи Ҳоҷиҳусайн» шеъри ҷонгудозе гуфт. Магар ин фоҷиаи бемаърифатӣ ва ношукрӣ нест, ки як ёдгории нодир ва нақши дасти ҳунарманди беназиру шоирро ҳифз карда натавонистем?

Дар ин деҳа

Фақат як хона нақшин аст,

Фақат як хонаро

Деворҳо пӯшида кошин аст,

Равоқу вассаҳояш

Лавҳаи Беҳзоду Мочин аст.

Ба меҳробаш чу дар авроқ

Тарҳи панди дерин аст.

Ба болораш хати бишкаста,

Бишкаста назарҳоро.

Дар ин ҷо санъати хаттот,

Пинҳон карда пайдоро.

Алиф бо қомати мавзун,

Асо   гашта Масеҳоро

Ва Бедил фош бинмояд,

Ба байте рози дунёро.

Ҷаҳонгардида  Ҳоҷп

Чун муаммо дар муаммо дид.

Амиру шайхро побанди ришва,

Макру савдо дид.

Бихонд илми нуҷуму

Тарҳи некп, фоли фардо дид.


Ба Восеъ хонд аҳсанҳо,

Чу он дасти тавоно дид.

Намуд иншо ба девораш,

Ба кошинҳои гулдораш,

Аз он табъи шарарбораш

Ғазаболуда ашъораш:

«Сад бор бадп кардиву ҳайфи ту наомад,

Некп чп бадп дошт, ки як бор накардп?»

Дар ин деҳа

Фақат дар хонае товуси ҳинду буд.

Дар ин деҳа

Фақат дар ҳавлие як сарви дилҷӯ буд.

Дар ин ҷо нолаи най буд,

Базму рақси оҳу буд.

Дар ин ҷо шеър буду ҳусн буду

Чашми ҷоду буд.

Дар ин деҳа

Кунун як хонае вайрона метобад.

Шикаста сақфу девораш

Магар бегона метобад.

Ба ҳар як вассааш

Шаҳмисраи фарзона метобад.

Харобу хаста чун сайёҳи

Дар афсона метобад...

Подомани қалъаи Балҷувон даме истодем. Беҳрӯз - писа-ри бузурги Ҳабибулло мошинро аз назар гузаронд. Се тан: ду мард ва як пиразан чанд қадам канортар лаби ҷуй нишастаанд. Муаллим Соҳиб Табаров, тасбеҳи каҳраборанг дар даст, аз мошин фуромада, асозанон ҷониби онҳо рафт. Ба ташвиш афтодам. «Ҳоло муаллим корнамоие нишон медиҳад», - гуф-там ба дил. Фурсате пас вай хашмгин баргашта башорат дод:

- Гуфтам, ки ба ҷои нишастан ягон кор бикунед, намеша-


вад? «Ин ҷо ғайри сангчини коре нест», - ҷавоб доданд. Ай мардуми ландаҳур, меҳнатгурез...

-  Муаллим, табиат ба инҳо ҳама чизро муфт додааст: мева,
алаф...

-  Тарафашона нагир, сафедашон накун! Бадбахтиашон ана
дар ҳамин аст! -   мегӯяд муаллим.

Ва бо ҳамин баҳсу мунозираҳо соати нӯҳи шаб ба Хова-линг- диёри чашмаҳои ҷӯшон, ҳавои хушу муаттар, боғзорони нопайдоканор расидем. Меҳмонҳоро чи хел ҷо ба ҷо бикунем?

Ба бинои ҳукумати ноҳия сар мезанем. Хайрият ҳама ин-тизоранд. Раиси ҳукумат, дӯсти деринаву қадрдонам Тоҷидди-ни Рауф бо ҳамон тамкин ва чеҳраи кушоде, ки мероси пада-ри бузургвораш бобои Абдурауф аст, моро гарму самимӣ пешвоз гирифт. Ва ба меҳмонсарои барҳавои боғ бурд. Дар оби зулоли чашма дасту рӯ шуста, яке ҳавои тозаву серун, дигаре ар-арҳои сар ба фалак ё осмони софу ситораҳои рахшонро бо ҳаяҷон меситоид.

- Чӣ қадар тавонед, нафас бикашед. Ҳавои ин ҷо доруст.
Чангу ғубори ифлоси шаҳрро аз шуш берун мекунад, - гуфт
Аскар Ҳаким.

Осмона тамошо бикунеду ситораҳои рахшона! - ба гӯш
мерасид овози пурҳаяҷони Гулназар. - Эҳе, даст дароз бику-
ну ситора бигир...

 

Муаллим Соҳиб Табаров ҳанӯз дар идораи ҳукумати ноҳия дафтари ғафси 96 варақа талаб карду хома. Кормандони соҳаи савдо ба чор тараф давида, ниҳоят ду дафтар ва чанд хомаи худнавис ёфтанд. Муаллим дарҳол ба иншои сафарнома шурӯъ кард. Ман ба ғайрату заҳматписандии эшон аҳсан ме-хонам.

АБДУЛҲАМИД САМАД

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37