• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

 

 

Бахтиёр Муртазо

(Пулблитсистикаи "Садои шарқ" дар соли 2015)

 

 

САНГИ СУРХИ

КӮҲСОРИ ТОҶИКОН

(Публитсистикаи «Садои Шарқ» дар соли 2015)

  

Асарҳои публитсистие, ки соли сипаригашта дар саҳифаҳои нашрияи Миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» интишор ёфтаанд, аксар гуногунмавзӯъ ва дилнишину рангин буда, писанди хонандагони сершумор гардиданд. Теъдоди маводе, ки таҳти унвони публитсистика ба табъ расидааст, нисбат ба солҳои пешин зиёданд ва хушбахтона, се нафар муаллифони нав ҳам пайдо шуд. Албатта, барои ин падида кормандони нашрияро самимона табрик мебоист кард.

Дар шумораи якуми «Садои Шарқ» эссеи «Пайки сабз»-и нависандаи шинохта Шералӣ Мӯсо чоп шудааст. «Фурсати муносиб аст, ки муҳимтарин комёбӣ ва навгониҳои соли аспро пешорӯи ту баён созам, – мегӯяд муаллиф ба хонанда. – Он чизе, ки ба даст омад, сохтаву бофта нест, ҳақиқат аст.

 

Дар эссе муҳимтарин рӯйдодҳои сол баён ёфтаанд. Чун анъана Президенти кишвар ба мактаб-интернати рақами якуми шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба тарбиягирандагони он тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Ҳамин гуна тӯҳфаҳо ба донишомӯзони мактаб-интернатҳои шаҳр, ки дар маҷмӯъ, 1265 нафар мебошанд, дастрас гардиданд. Дар суханрониаш, Сардори давлат онҳоро фарзандони азизи худ хонд ва гуфт: «Орзу дорам, шахсони боэҳтиром гардед». Ва инҳо боз як бори дигар гувоҳи онанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсонпарвари бузург ҳастанд.

Дар эссе ҳамчунин аз маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода мешавад, ки Президент баҳри зиндагии осоиштаи мардум барои амалӣ гардидани се барномаи стратегӣ-истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини бехатарии ғизоӣ дастурҳои муфид медиҳанд.

Дар шумораи дуюми нашрия мақолаи илмӣ ва проблемавии Ҳусейн Аброров ва Ойбибӣ Ризоева «Оқсукон – мӯъҷизаи шифокор» ба нашр расид, ки он муваффақияти шоёни «Садои Шарқ» аст. Зеро Оқсукон ягона кӯли шӯри давоӣ дар шимоли Тоҷикистони маҳбуби мо буда, дар ҳудуди ноҳияи Ашти вилояти Суғд воқеъ гаштааст. Ба Офаридгори замину осмон бояд ҳамд бигӯем, ки чунин мӯъҷизаро ба диёрамон ҳадя фармуд. Гили шифобахши ин кӯл дар қатори беҳтарин гилҳои давоии Тамбукан (шаҳри Пятигорск), Одесса, Саки ва дигар дармонгоҳҳои собиқ ИҶШС меистад. Ҳамчунин шӯроби Оқсукон бо хосиятҳои хосси давоиаш кӯли Чади Африқо ва Эйри Австралияро ба хотир меорад. Чунон ки дар мақола зикр ёфтааст.

Дар кӯли Саки ҳанӯз дар замони ҳукумати подшоҳии Рус дармонгоҳ бунёд ёфта буд, ки дар он ҷо танҳо генералҳо ва афсарони олирутба табобат меёфтанд ва хосиятҳои шифобахшии он то имрӯз дар ҷаҳон нодир аст. Дар Қрим ҷиҳати эҳё ва бозсозии Саки масъулин ғамхории вижа зоҳир менамоянд. Мутаассифона, кӯли шифобахши Оқсукони мо, ки дар обаш 93 маводи кимиёвии муфид мавҷуд аст, дар ҳоли ноободӣ ва ҳатто нобудӣ қарор дорад. Гили шифобахши он аз тарафи бемороне, ки аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон меоянд, бераҳмона ғорат мешавад. Аз ин рӯ чораҳои оҷилтарини нигаҳбонӣ ва ободонии он заруранд.

Вақте ки хонанда очерки муаллифи ин сатрҳо Бахтиёри Муртазо ва ҳамқалами ӯ Саидқули Қурбон «Оташи қалби инсон»-ро мутолиа менамояд, ба фаъолияти пурҷӯшу хурӯши Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» Хайрулло Амиралиевич Сафаров шиносо мегардад. Ҳаштуми январи соли ду ҳазору дувоздаҳум номбурда бо фармони Президенти Тоҷикистон Директори генералии ҶСК «НБО Роғун» таъин шудааст.

– Бисёр хурсандам, ки маҳз ҳамин шахс ба чунин вазифаи пурмасъулият сазовор гардид, – мегӯяд Директори техникии ҷамъият Маҳмадсаид Шамсуллоев. – Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ман ӯро ҳамчун роҳбари қолабшикан шинохтам. Дар ҷаласаи нахустине, ки бо сардорони раёсатҳо доир намуд, чунин изҳори ақида кард: байни шумоён дар фаъолияти хизматӣ набояд чизе махфӣ бошад, зеро ҳама кормандони ҶСК «НБО Роғун» ҳастем. Бинобар ин аз хусуси кори ҷамъият бояд пурра бохабар бошед ва ҳамчун кормандони масъул ҳар кадоми шумо дар ҳар ҷо бо сарбаландӣ маълумоти саҳеҳ дода тавонед».

Очерк аз таҳлили амиқ бархурдор аст. Чуноне муаллифон зикр намудаанд, боз қолабшиканиҳои дигари Хайрулло Амиралиевич дар он аст, ки рӯзҳои нахуст чун санадҳоро мутолиа намуд, аз тобеин талаб кард, ки тамоми муомилоту муросилоти таҳрирӣ, гуфтугузори шифоҳӣ байни ҳамкорон бояд ҳатман ба забони ноби давлатӣ сурат бигирад. Навгонии сеюм - фақат иттилооти ҳақиқӣ роҷеъ ба корҳои иҷрошуда; навгонии чорум шунидан ва пазируфтани пешниҳодҳои аҳли кор аз тарафи роҳбар ва баъди баррасӣ қарори саҳеҳ қабул намудан.

Баъди он ки баъзе ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба сохтмони Неругоҳи Роғун шадидан муқобил баромада, эродҳои худро роҷеъ ба иншооти сарнавиштсози кишвари мо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ иброз намуданд, Пешвои миллат бо хирадмандӣ ва дурандешии хоси худашон ба Бонки Ҷаҳонӣ муроҷиат карданд, то ки мутахасиссини ин муассисаи баландмартаба назарияи саҳеҳу шаффофи хешро дар бораи Неругоҳи барқи обии Роғун баён созанд. Оғози фаъолияти Хайрулло Сафаров низ ба ҳамин давра мувофиқ омад. Роҳбари сохтмон ва ҳамкорони пуртаҷрибаи ӯ Маҳмадсаид Шамсуллоев, Мурод Саъдуллоев, Илҳом Асоев бо мушовирони Бонки Ҷаҳонӣ Александро Полмиери, Пол Маринос, Барло Ҷавани, Читериё Симони вохӯрию мулоқотҳо намуда, дар хусуси Неругоҳи Роғун маълумоти саҳеҳ ироа карданд. Омӯзиши Неругоҳи Роғун аз тарафи мутахассиси Бонки Ҷаҳонӣ тақрибан се сол тӯл кашид ва ба ҳамаи мулоқоту муомилот бо ин муҳандисини шуҳратманди ҷаҳонӣ Директори генералии сохтмон Х. Сафаров моҳирона роҳбарӣ намуд. Дар фарҷом мутахассисини Бонки Ҷаҳонӣ пас аз таҳқиқи амиқ ва ҳамаҷониба хулосаи қотеонаи худро иброз доштанд: сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун аз лиҳози техногенӣ, экологӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ба ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамолики поёноб зиёновар нест.

Очерки «Оташи қалби инсон» ин ҷаҳду талошҳоро возеҳу муассир тасвир менамояд. Муҳандисони сохтмони Неругоҳи Роғун ба мушовирони Бонки Ҷаҳонӣ бо далелҳои қотеъ собит намуданд, ки санги сурхи кӯҳсори тоҷикон ба ҳама гуна фишор ва муқовимати об тоб меоварад ва неругоҳ садсолаҳо хизмати ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам кишварҳои поёноби рӯди Омуро анҷом хоҳад дод.

Мақолаи публитсистии «Сарбози ватандӯст»-и Шералӣ Умарзод аз ҳаёти иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, полковники мустаъфӣ Ҷумъа Пӯлодов ҳикоят мекунад. Ҷумъа Пӯлодов зимни таҳсили соли аввал дар омӯзишгоҳи шаҳри Кӯлоб, дар синни 18-солагӣ ихтиёрӣ ба майдони муҳориба меравад ва бо фидокориҳои зиёд Ватанро ҳифз намуда, захмҳо бардошта, ба диёри азиз бармегардад. Амаки Ҷумъа дар ҷабҳаи меҳнат низ бо хизматҳои арзанда номвар мешавад ва ба нафақа баромада, бо фарзандон боғ бунёд менамояд.

«Дирӯзу имрӯзи сарватҳои маъданӣ» - чунин ном дорад мақолаи нависанда Холназари Муҳаббат, ки дар шумораи шашум ба табъ расидааст. Чун ҳамеша бародари ҳамқалами мо Холназари Муҳаббат асарҳои худро олимона навишта, проблемаҳои муҳимтаринро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад. Дар ҳамин мақолаи худ низ ӯ ба манфиати кишвари азизамон масъалаи сарнавиштсозро зикр намудааст. Ба иқтибоси зайл диққат бикунед: «Ҳафриёти минбаъдаи экспедитсия муайян намуд, ки дар ягон гӯшаи Бадахшон олот ва ё абзори чинӣ (яъне хоси мардуми Хитой) пайдо нашуд, ки ин бори дигар даъвои баъзе олимони хитоиро дар хусуси он ки дар замони пеш ин сарзамин гӯё ба қаламрави чиниҳо марбут будааст, рад мекунад. Ба ҳамин маънӣ мақолаи зикршудаи Холназари Муҳаббат ҷиҳати ҳифзи хоки Ватан аҳамияти сиёсию миллӣ дорад.

Солҳои охир нависандаи публитсист Ҳасан Асо роҷеъ ба мавзӯъҳои экологӣ як силсила мақолаҳои тадқиқотӣ навишт. Аз ҷумла мақолаҳои ӯ оид ба атрофу акнофи неругоҳи бунёдшавандаи Роғун дар шумораҳои пешини нашрияи «Садои Шарқ» чоп шуда буданд. Дар шумораи ҳафтуми маҷалла мақолаи нави ӯ таҳти унвони «Маданияти экологии халқи тоҷик» нашр гардидааст. Чи тавре ки маълум аст, мавзӯи экологӣ дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи мавзӯъҳои хеле муҳим маҳсуб мешавад. Бино бар ин асарҳои Ҳасан Асо дар боби экологияи кишварамон аз тарафи хонандагони нашрияи «Садои Шарқ» ҳамеша бо дилгармӣ пазируфта мешаванд.

Дар шумораи ҳаштум очерки Бахтиёри Муртазо ва Саидқули Қурбон «Роғун ва сулолаи нақбканон» интишор ёфтааст. Дар ин матлаб омадааст: Конференсияи комсомолии ноҳияи Файзобод ҷараён дошт. Он вақт Роғун ва Файзобод дар қаламрави як ноҳия буданд. Муҳандис Шулга аз сохтмони неругоҳи Роғун ба Файзобод омада, дар ҳамин ҷаласа суханронӣ мекунад:

– Соли як ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду се Неругоҳи Роғун – сохтмони умумииттифоқии зарбдори комсомолӣ эълон шуд. Вале инро ҷавонони тоҷик сари мӯе ҳам ҳис накарданд, ба назари мо онҳо карахт менамоянд. Барои мисол чанде пеш ду нафар ҷавонписари тоҷикро ба иҷрои корҳои зеризаминӣ – нақбканӣ ва бетонрезӣ қабул намудем. Вале ҳардуяшон ҳам ҳатто як ҳафта тоқат накарда, аз кор гурехтанд.

– Дар ин ҷаласа гули сари сабади ҷавонони ноҳия иштирок доранд, – ба суханаш идома дод муҳандис Шулга. – Шумо як андеша намоед, ин неругоҳи бузург пеш аз ҳама барои ободонии диёратон хизмат хоҳад кард. Аммо дар эъмори он ҷавонони ноҳияатон иштирок намекунанд, ҷавонони дигар минтақаҳои кишваратон ҳам нестанд. Наход ки тоҷикписарони дилу гурдадор набошанд.

Ғиёсиддин ҳамчун котиби ташкилоти комсомолии совхози чорводории ба номи Ҳамзаи ноҳия дар маҷлисгоҳ ширкат намуда, ин суханонро мешунид. Ва ӯ ору номус карда, аз ҳисоби ҷавонони деҳоти Файзобод бригадаи аввалини нақбканони ҷавонро таъсис намуд. Ин бригада то имрӯз фаъолият дорад. Ҳамчунин бо ҳидояти Ғиёсиддин бародарону фарзандон ва ҷиянҳои ӯ ҷамъан дувоздаҳ нафар ба ин сохтмони тақдирсози миллат омада, сулолаи нақбканонро ташкил кардаанд.

Дар шумораи даҳум «Оши палави тоҷикӣ» ном мақолаи доктори илми филологӣ Равшан Раҳмонӣ ва эссеи нависандаи соҳибистеъдод Мирзо Шукурзода «Дурдонаҳои «Зумрад» пешниҳоди хонандагон шудаанд.

Олими донишманд Равшан Раҳмонӣ тамоми вижагиҳо ва асрори парвариши шолӣ ва пухтани навъҳои гуногуни палави тоҷикиро моҳирона тасвир кардааст. Чунин мақолаҳое, ки аз ҳунари қадимаи таббохии мардуми тоҷик ҳикоят мекунанд, мақбули аҳли назар хоҳад шуд.

Эссеи адиби нозуксухан Мирзо Шукурзода аз оғоз диққати хонандаро ба худ ҷалб менамояд. Ба фармуди нависанда «дар осоишгоҳи «Зумрад», аз рӯбандаи одӣ то пешхизмати ошпазхона ва табибони ҳирфавию ҳамширагони шафқат – ҳама ончунон муаддабу ширинзабонанд, ки гумон мекунӣ, на инсони хокӣ, балки фариштагони осмон ё ҳурони биҳиштӣ бо ту сарукор доранд».

Ҳамроҳи муаллиф мо ҳам дар осоишгоҳ қадам мениҳем ва мафтуну тасхири суханони ширин ва муомилаи дилпазиру дилнишини бонувони «Зумрад» мешавем.

– Худоро шукр, ман соҳиби ду шаҳписарам. Ба ғайр аз нағзакак хонондан ва илми олӣ додану ба шоҳроҳи зиндагӣ гуселонидани онҳо дигар ҳеҷ ташвише дар сарам нест, – мегӯяд ходимаи осоишгоҳ Мадина.

Ин орзуҳо воқиан ҳам бисёр муқаддасанд. Кош, ин ҳикматро бонувони дигар маҳалу минтақаҳо низ мешуниданду мувофиқи он амал менамуданд. Ба қавли муаллиф «Қуфли дари ҳама гуна мушкилот бо нармӣ во мешавад дар «Зумрад».

Муаллифи эссе М.Шукурзода мафтуни муносибату муомилаи самимонаи ходимону табибон гардида, фарзандони фарзонаи миллатро ёдоварӣ менамояд. Суханвари бузург Лоиқи зиндаёд, Емелян Пугачёви тоҷик - Ҳабибуллои Калаконӣ, ки чун Фаридуни Заҳҳоккуш салтанати дусадсолаи золимонаи паштувонро вожгун сохт, пеши назараш аст. Ӯ Исфараву «Зумрад»-ро ба гӯшаҳои дигаре аз хоки муқаддаси Ватан – Тоҷикободу Ғарм, Хатлону Вахш мепайвандад. Меҳвари аслии андеша ва пажӯҳиши нигоранда Инсони вораста ва олимақом аст. Ба таври мисол қаҳрамонони ҷанг Сафар Амиршоеву Исмоил Ҳамзаалиевро ёд оварда, чунин менигорад: …Ва ҳар гоҳ савори мошин аз гарданаи Фахробод печида-печида ба домани пурэҳсон, аммо доғи хун гирифтаи Вахши заринрӯ сарозер мешавам, бо ёди дигаре аз родмардони ҷанги Гирмон – Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов оҳи дуди синаи сӯзонам бар фалак мепечад: тоҷик он айём натавонист аз фарзанди Қаҳрамонаш дифоъ кунад!

Бале, дашнаю синони суханони ҳаққонии адиб М.Шукурзода аз ҷавшани ҷони ҳар як тоҷик мегузарад. Офарин бар килки гавҳарборатон! Албатта, хонандагон аз ин панду андарз сабақ меомӯзанд! Мутмаин ҳастем!

Дар шумораи ёздаҳ мақолаи пажӯҳишии доктори улуми таърих Намоз Ҳотамов «Фаъолияти бонкҳо дар Аморати Бухоро», хотираҳои Ҳунарпешаи мардумӣ Холаҳмад Маҷид «Ману созу овоз» ва сафарномаи адибон Мирзо Шукурзода ва Аҳлиддин Ҳисорӣ «Вахш: ман ташнаи муҳаббатам» саҳифаҳои нашрияро зеб мебахшанд. Устод Намоз Ҳотамов фаъолияти нахустини бонкҳо дар Аморати Бухоро бо далелҳо ва хеле шавқангез нигоштааст. Хотираҳои ҳунарпешаи номвар Холаҳмад Маҷид низ ҷолибанд.

Сафарномаи Мирзо Шукурзода, Аҳлиддин Ҳисорӣ «Вахш: ман ташнаи муҳаббатам» барои бо маҷалла ошно намудани хонандаи дар ноҳияҳо будаи нашрия нақши шоиста мебозад. Чунин диду боздидҳоро дар дигар минтақаҳо низ ташкил намуда, сафарномаҳои проблемавӣ навиштан зарур аст, то теъдоди муштариён афзун шавад.

Боиси хушнудист, ки дар шумораи дувоздаҳуми нашрия низ се асари публитсистӣ ҷой дода шудааст. Инҳо: очерки Низом Қосим «Академик Додхоева», сафарномаҳои Холназари Муҳаббат «Амрико кишвари зебо» ва Аҳлиддин Ҳисорӣ «Чанд лаҳза дар донишкадаи Рашт» мебошанд.

Очерки «Академик Додхоева»-и шоир ва нависандаи соҳибистеъдод Низом Қосим ба ҳаёт ва фаъолияти академик Мунаввара Файзуллоевна Додхоева бахшида шудааст. Модари академик Додхоева муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик Онаой Норматова, Корманди шоистаи Тоҷикистон, шахсияти дар вилояти Ленинобод машҳур будааст. Падари ӯ Файзулло Фаёзов низ дар соҳаи кинонамоишдиҳӣ ва китобфурӯшии вилоят хизматҳои арзанда ба ҷо оварда, ба унвони ифтихории Корманди шоистаи Тоҷикистон мушарраф шудааст.

Мунаввара овони хурдсолӣ дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» дар бораи табибу олими машҳури тиб Саъдинисо Ҳакимова мақолаеро хонда, дар дилаш орзуе пайдо шудааст, ки мисли ӯ табиб шавад…

Бо ҳамин ният Мунаввара соли 1964 донишҷӯи Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино шуд.

Яке аз нахустин саҳифаҳои хотироташ ба солҳои аспирантӣ тааллуқ дорад: «Дар ин давраи ҳаётам шахси азиз – муаллиму мураббӣ, олими ҷаҳонӣ, нахустин узви вобастаи академияи илмҳои тиббии СССР аз Осиёи Миёна, доктори илми тиб, профессор Саъдинисо Ҳафизовна Ҳакимоваро дучор омадам. Маҳз бо талқини ӯ табибу муаллиму олим шудам, бо олимони ҷаҳонии соҳа ошноӣ пайдо кардам».

Мунаввара Файзуллоевна роҳи душвори ҷустуҷӯ ва омӯзишро паймуда, қуллаҳои илмро фатҳ намуд. Тинати ҳақталабу мубориз будан ҳамеша ҳамсафари ӯ гаштааст. Мунаввара Файзуллоевна баъди нӯҳ соли номзадӣ дотсент шуд, то унвони профессорӣ боз даҳ сол сипарӣ гашт, байни номзади илм шудану докторӣ расо ҳаждаҳ сол ҷаҳду талош варзидааст.

Ҳамин тавр, Мунаввара Файзуллоевна аз пайи устодаш рафта, барои ёрӣ расондан ба модарони тоҷик ассосиатсияи «Модарии бехавф»-ро таъсис дод. Назари ӯ дар роҳи хизмат ба халқ чунин аст: Одамгарӣ + Масъулият+Дардошноӣ+Дониш+Салоҳият=Духтури комил!

Очерки «Академик Додхоева» беҳтарин очерк дар бораи табиб ва бахшида ба муносибати Соли бузургдошти оила аст.

Сафарномаи Холназари Муҳаббат «Амрико кишвари зебо» дилчаспу хонданист ва аз мутолиаи он хонанда лаззат мебарад. Панду андарзи мақола дар он аст, ки дар ҳеҷ гӯшае аз олам набояд қонуншиканӣ кард, вагарна оқибатҳои он хеле гарон аст.

Барои маҷалла дарҷи навиштаҳои Аҳлиддин Ҳисорӣ «Чанд лаҳза дар донишкадаи Рашт» низ заруранд, зеро бо ҳамин роҳ имкон дорад, ки теъдоди муштариёни маҷалларо афзун намоем.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37