• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁНИ МАМЛАКАТ

19 марти соли 2018 дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ чун анъанаи накуи баҳорӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.

Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми шарифи тоҷик, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни хусравонӣ самимона шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба зиёиёни кишвар нерӯи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу карданд.

Идомаи: МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁНИ МАМЛАКАТ

ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ РУШДИ УСТУВОР

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22.12.2017, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.

Идомаи: ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ РУШДИ УСТУВОР

САТТОР ТУРСУН: “МАН ҲАНӮЗ ДАР АҚИДАИ ХУД ҲАСТАМ-ПЕШВОИ МИЛЛАТИ МО САЗОВОРИ ҶОИЗАИ НОБЕЛИИ СУЛҲ МЕБОШАНД!”

Саттор ТУРСУН: МАН ҲАНӮЗ ДАР АҚИДАИ ХУД ҲАСТАМ…..

- Устод, баъди маросими ифтитоҳи Боғи ба номи Садриддин Айнӣ ман мушоҳида кардам, ки дар он ҷо Ҷаноби Олӣ ба Шумо нигариста, сари мавзӯе бо ҳарорат чизе мегуфтанд… 

- Бисёр суханҳои муассир ва ҳидоятомез гуфтанд. Аз мақоми устод Айнӣ дар адабиёт ва таърихи миллати тоҷик, аз саҳми беназири ин нависандаи бузург дар таъсис ёфтани ҷумҳурии мустақили тоҷикон ҳарф заданд. Гуфтанд, ки ҷавонон бояд аз таърихи халқу диёри худ, аз адабиёти халқи худ хуб огоҳ бошанд, ифтихори миллӣ дошта бошанд ва ин ватанро минбаъд боз ҳам ободтар кунанд. Дар ин асри тӯфонӣ ва бисёр мураккаб, ки абарқудратон, албатта, дасти дароз доранд, ҷавонон ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд, то ки ба бинои ваҳдати миллати мо рахнае пайдо нашавад. Зеро дар ин дунё чизе болотар аз муҳаббат ба Модар ва Ватани хеш нест.

 Пешвои миллат изҳори таманно карданд, ки шаҳрвандони ин диёр озод ва хушбахт бошанд, шабону рӯзон дар боғу боғистонҳо, дар шаҳру ноҳияҳо ҳаёт ҷӯш занад, иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму адабиёт ва фарҳанги мо пеш равад. Ва мо меросбарони шоистаи бузургони (дар таърихи беш аз 1000 сол) хеш бошем.

Сарвари давлат ҳамчунин изҳор доштанд, ки солҳо мегузаранд, умри одамӣ ҳам. Аз ин рӯ, гуфтанд, мехоҳам берун аз дарвозаи шаҳр, ба сӯи Ҳисор, ибтидо аз Боғи маъмулии Ботаникӣ  то нишебии хоҷагии "Ватан"  боғи бузурге бунёд кунам, ки тавонам дар он ҷо намунаи беҳтарин дарахтони дунёро оварда, сарсабз гардонам. Ва ин боғ чун ёдгоре аз ман барои ояндагон боқӣ бимонад.

Идомаи: САТТОР ТУРСУН: “МАН ҲАНӮЗ ДАР АҚИДАИ ХУД ҲАСТАМ-ПЕШВОИ МИЛЛАТИ МО САЗОВОРИ ҶОИЗАИ НОБЕЛИИ СУЛҲ...

БАРАКАТАФЗОИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

Ҷумъа ҚУДДУС, драматург

 

Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ "Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон" хеле саривақтӣ буда, дигаргунии муҳимро дар рўҳия, ҷаҳонфаҳмиву ҷаҳонбинии мардум инъикос мекунад.

Идомаи: БАРАКАТАФЗОИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони аҳли зиё!

Дар оғози сухан мехоҳам тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, кулли тоҷикону форсизабонони дунё ва мардуми кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, инчунин, ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори фарорасии ин ойини хусравонӣ, яъне Наврӯз, ки чанд сол инҷониб ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил мегардад, самимона табрик гӯям.

Идомаи: Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved