• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Дар расми давлатдории муосир Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳуҷҷати муҳими ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ пазируфта шуда, бо фарогирии мавзўъҳо ва ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти халқамон мавриди баррасӣ ва ибрату баҳрабардории умум қарор мегирад. Таваҷҷуҳи халқ ба муҳтаво, мундариҷа ва андешаву мавқеи давлатамон нисбат ба масоили дунёи имрўза, роҳҳо ва василаҳои пешбурду тавсеа бахшидани ҳаёти ҷамъиятӣ, сулҳу ваҳдат, амнияти миллӣ, дарки мавзўъ ва масъалаҳои мубрами он, таъйини самт ва интихоби роҳҳои рушди миллӣ бештару амиқтар мегардад.

 

Дар Паёми нави Президенти мамлакат, ки 26 январи соли равон ироа гардид, мавзўъҳо ва вазифаҳое ба миён гузошта шудаанд, ки соҳибназарон онҳоро идомаи мантиқии созандагию бунёдкориҳои даврони нав меноманд.

Сисолагии истиқлоли давлатӣ қуллаи баланди комёбиву муваффақияти миллати тоҷик ва кулли тоҷикистониён дар даврони навтарин маҳсуб ва ин андеша дар Паёми имсола равшан хонда мешавад. Хушбахтона, самти дурахшони фаъолияти давлату ҳукумати мамлакат -  эҳёи давлатдории миллӣ, рўзгори хушу хуррами халқ, ҳамнавоию ҳамқадам будан бо ҷомеаи мутамаддини башарӣ, ободонии сарзамини аҷдодӣ, марому мақсади сулҳпарваронаву бунёдкоронаи мардумамон тайи ин солҳо дар асарҳои гуногунжанри адибон тобноку муассир инъикос ёфтанд. Аммо инро низ набояд фаромўш намуд, ки вусъати корзору корнамоиҳои халқу давлатамонро танҳо бо осори васеу доманадор, бо назари амиқу дақиқ ва қалами бештар буррову гиро метавон таҷассум намуд. Дар асари бадеӣ бозтоб додани саҳнаҳои азму талоши бемонанди созандагони коргоҳҳои нав, пулу роҳҳо, нақбу неругоҳҳо, биноҳо, бунёди боғҳову заҳмату навовариҳои кишоварзон дар саҳифаҳои тоза ва хотирмону ҷолибу ҷаззоб имрўз хеле зарур аст. Инҳо қаҳрамонони имрўзини адабиётанд. Мо ҳар рўз онҳоро зимни иҷрои корҳои созандагӣ мебинем, бо онҳо дучор меоем, он чиро, ки бо дастони худ сохтаанд, мушоҳида менамоем. Бо иддае аз ин гуна бунёдкорон шояд дар як маҳаллу деҳа ба воя расидаем, паҳлу ба паҳлу таҳсил намудаем, аз дилу нияти поку беғаши онҳо огаҳем.

Он чиз бештар адибонамонро ҷалби таваҷҷуҳ менамояд, ҳидояту роҳнамоиҳои бевоситаи Роҳбари давлат дар мушаххас нишон додани онҳоест, ки бо кору ибтикори хеш, бо нияти поку софии виҷдон, бо ташаббусҳои ватандўстонаву инсонпарварона дар соҳаҳо, бахшҳо ва самтҳои гуногун, вале муфиду самарабахши зиндагӣ барои ободию шукуфоии ватанамон саҳм мегузоранд. Ашхоси созандаву бунёдкоре, ки хушбахтона, бо ҳидояту дастурҳои Роҳбари давлат дар шаҳру ноҳияҳо, гузару маҳаллаву деҳоти мамлакат бо илҳоми саршору азми қавӣ барои пешбурди соҳаҳои гуногун, саноату сохтмон, кишоварзиву маориф, фарҳангу маънавиёт хидмат мекунанд, сафҳояшонро афзун менамоянд, дар сохтмонҳои бузурги аср, бахусус, сӣ соли соҳибистиқлолиамон, бо матонату ҷасорат, хирадмандию шуҷоат корнамоӣ нишон додаанд, аз назари борикбинашон дур намемонанд. Ин гуна шахсиятҳои барўманд бояд бо симои инсонӣ, рафтору гуфтору кирдори пурҳикматашон дар нигоштаҳои адабию бадеӣ тасвир ёбанд. Роҳбари давлат, ки ҳамасола аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз Душанбе то Хатлону Суғду Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон боздид менамоянду бо ҳаёти шаҳрвандон комилан ошно мегарданд, ҳазорҳо ин гуна ҳамватанони азизу гиромиро кашф намуда, заҳмату корнамоиашонро барои мо муаррифӣ мекунанд. Қобили зикр аст, ки онҳо ва мислашон садҳои ватандорони асилу пурғайрат қаҳрамонони нигоштаҳои қаламкашон мегарданд.

Бо ҳама мушкилоте, ки соли сипаришуда дар сайёра ба вуҷуд омад, давлати соҳибистиқлоли мо дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ дар боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва афзоиши неъматҳои моддӣ комёб гардид, худшиносию ҳисси ватандўстии мо тақвият ёфт. Тавре дар Паём омадааст: «Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рўйи низоми содаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўйи таъмини амният ворид гардид».

Дар Паём натиҷаҳои озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баҳои воқеӣ ва арзишманд гирифтанд. Ин озмунҳо, тавре омадааст дар он, «собит намуданд, дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем».

Дар оғози соли нави 2021 Паёми Пешвои миллат ба парлумон барои ҳамаи соҳаҳо, кулли эҷодкорони мамлакат воқеан дастури матонату ҷасорат, садоқату шуҷоатест, ки барои таври барозандаву арзанда истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ неруву такони бесобиқа мебахшад.

Парда Ҳабиб

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved