• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Сарчашмаҳои бақодидаи хаттии таърихию адабӣ, дастовардаҳои мутааддиди ҳафриёти бостонӣ ва таҷрибаи тўлонии рўзгори инсонӣ гувоҳанд, ки банӣ - башар аз ибтидои зиндагонии оқилонаву мустақилонаи худ, дар баробари ҳифзу нигаҳдории нангу номуси фардиву хонадониву зодбумӣ ва эҳтиёту таҷлилу бузургдошти муқаддасоту муҳассаноти маънавию мафкуравии худ, ҳамора ҷодаи душворгузару мушкилписанди илму донишро паймуда, фарҳангу хирадро беҳин ганҷу сарвати анборидаи хеш донистаанд ва доноиву тавоноиашонро файзу баракати илму ҳунар шумурда, дили пирашонро зи дониш барно ҳисобиданд.

 

Устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ҳазору анд сол пеш аз мо ба ҳамин маъно таъкиду ишораткунон фармудааст:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон

Рози донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг-андар ҳамебингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту

ҷавшан аст!

Хушбахтона, халқи мутақаддиму мутамаддини ориёитаборамон аз қадимулайём дар қатору табори ҳамон «мардумони бихрад» мақому қарори сазоворе гирифта, «рози донишро ба ҳар гуна забон гирд овардаву гиромӣ доштааст» ва, бидуни шакку шубҳа, «то ба санг-андар ҳамебингоштааст» ва бо ҳамин донишу ҳунари волову куҳанбунёди худ аз овони «Авасто»-ву «Занд»-у «Позанд»-у «Аржанг»-у ҳамингунаҳову баъд аз онон дар ҷараёни таваллуду ташаккул ва рушду такомули тамаддуни башарӣ нақшу ҳиссаи бебадилу беназире гузоштааст.

Оре, «ин ҳақиқат, ки мо дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтаем, хоҳиши худнамойии мо нест; ҳақиқате нест, ки мо онро исбот карданӣ бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи инсоният ҳамин гуна ҷараён гирифтааст, ки мо (тоҷикон – А. Р.) дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтаем» (Бобоҷон Ғафуров).

Аз ҳамин манбаъу маншаъи барбунёду ростин ва қавибунлоду бофарин илҳому иқдом бардошта, шоири маъруфамон Лоиқ Шералӣ фармудааст:

Эй Шарқ,

Ту ибтидои лавҳу қаламӣ,

Дарвозаи Офтоби зарриналамӣ!

Албурз, ту ё обидаи Фирдавсӣ,

Ё минбари шеъру шоирони Аҷамӣ!

Бидуни шакку тардиде, мо – тоҷикон аз ҷумлаи ҳамин шарқиён – ибтидову поягузорони лавҳу қалам, балки пешраву пешсафу пешоҳангони фарҳангу тамаддуни ховариву башарием, ки мероси ғановатманди моддиву маънавии оламшумули ниёконамон аз он гувоҳиву далолати раднопазир медиҳад.

Ба иборати воқеъбинонаву ифтихорангези Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон, «миллати мо чун кўҳсоронаш асоратнописанд буда, бо фазлу хирад, озодманишӣ ва зиндагии беолоиш умри ҷовидон ёфтааст».

Алҳақ, ҳар тоҷики худшиноси ҷаҳон имрўзҳо метавонад аз суханони болои Ҷаноби Олӣ ва фахрияи зерини шоири номӣ Ғаффор Мирзо рўҳу тавон бардоштаву ҳамора ба забон овараду сарбаландона бигўяд:

Тоҷикам ман,

Куҳнабунёдам, ки аз ҳар решаам

Миллате, халқе ба дунё омаду

                                     шуд мустақил!

Навдаҳову хадраҳоям ёди хешӣ

                                             мекунанд

Аз Халиҷи Форс то Помир,

                                     то дарёи Нил!

Хушбахтона, насими ҷонофарини истиқлол дарвазиду ҷисми хоболуди моро ба таҳрик оварду мақому мароми миллату давлатдориамонро дигарбора тағйиру таҳким бахшид ва орзуи ширини деринасоли аҷдодамонро ҷомаи амал пўшонида, собит намуд, ки дар ҳақиқат,

Неъмате беҳтар зи озодиву истиқлол нест,

Бе чунин неъмат касе озодаву хушҳол нест!

«Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту нуҳ сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рўз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдориамон маҳсуб мешавад.

Мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ, бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ, тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурў нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем. Яъне, таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд» (Эмомалӣ Раҳмон).

Аз рўзҳои нахустини соҳиби истиқлоли сиёсӣ гардидани Тоҷикистони азизамон Эмомалӣ Раҳмон – ҷавонмарди ғаюру ҷасури нав сарвари кишвари харобу ҷангзада ва мардуми хору низор интихобшуда гаштаву баргашта ба гўши ҳуши ҳамдиёрони пошу парешонамон мерасонд, ки истиқлолиятро ба даст овардан ҳанўз кифоя нест; онро ҳимоя кардан, таҳким бахшидан, ба камол расондан лозим аст, ки душвор коресту муҳлати дурударозеро тақозо мекунад.

Пешвои муаззам зина ба зина, оҳиставу санҷида миллату мамлакатро аз вартаи ҳалокату нобудӣ берун оварду дар ниҳояти амр, дар муддати кўтоҳе, дар қатори милалу мамолики мутараққии ҷаҳон қарорашон дод.

Бино бар шаҳодати Владимир Путин – яке аз сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳон, дар овони соҳибистиқлолӣ «Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст ва, бешубҳа, дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрўи баланд мебошад».

Албатта, сарвари донову тавонои мо дар арсаи талошу муборизаҳо ба хотири шуҳратеву сарвате умру ҷони азизашро дар хатару гарав нагузоридааст: табиатан, ҳар амалеро мукофотеву ҳар ранҷеро ганҷе дар пай аст, ки чунин анҷоми деҳқониву боғбонии кори хайру савобро мардуми соҳибтаҷрибаи тоҷик хуб медонанд:

Дарахте, ки парвардӣ, омад ба бор,

Бибинӣ бараш ҳам кунун дар канор!

Ҳамин аст, ки мардуми заршиносу сипосгузори тоҷику ҳамдиёрони дигарамон фарзанди ҷоннисору сазоворашонро ҳақдоронаву асосмандона Пешвояшон интихоб карданд, зеро хуб медонистанду мефармуданд, ки «Бе Пир марав, ки дар бимонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ!». Барҳақ,

Миллатеро гар набошад пешво,

Мехурад дар зиндагонӣ пешпо!

Чунин интихоби мунсифонаву оқилона ва ҳадафманду дурбинонаи мардуми Тоҷикистонро худиву бегона, дуру наздик айни мантиқу матлаб ҳисобидаву аз он пайравиҳо карданду доранд.

«Мо саҳми Эмомалӣ Раҳмонро, – изҳори назар доштааст Нурсултон Назарбоев – яке аз сиёсатмадорони дигари машҳури олам, – дар таҳкими ваҳдати халқи тоҷик, рушди кишвар, ҳамчунин, дар рушди сиёсиву иқтисодӣ, баланд арзёбӣ мекунем. Дар ин давраи кўтоҳи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои калон ноил шуда, узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт».

Шоистаи таҳсину сарафрозиҳост, алалхусус, аз ҷониби аҳли илму донишу фарҳангу ҳунари кишвар, ки Пешвои муаззами миллатамон аз ҳамон ибтидоҳо, дар тўли сӣ соли соҳибистиқлолӣ, ба ҳамаи душвориву мушкилоти пешомада нигоҳ накарда, дар баробари тамоми соҳаҳои дигари ҳаёту иқтисоди мамлакат, ба ривоҷу пешрафти донишу маърифат ва маданияту санъати миллӣ диққату ғамхориҳои доимӣ гумошта, дигарбора моро ба мо шиносонд, хазинаи маънавиётамонро ба маротиб ғанитар гардонд, дараҷаи худогоҳиву худшиносӣ ва савияи маърифату маданияти шаҳрвандиамонро мусовӣ ба мардуми мутамаддини ҷаҳони муосир намуд.

Дар муддати кўтоҳи таърихӣ машҳури оламу муаррифии оламиён гардонидани Саразму Ҳулбуку Ҳисору Истаравшану Кўлоб, «Шашмақом»-у «Фалак»-у Наврўзу чакану атласи тоҷикон, эҳёи шодвораҳои Садаву Меҳргон, таҷлилу бузургдошти ҷашнвораву солгираҳои Борбад, Имоми Аъзам, давлати Сомониён, Устод Рўдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Ҷалолиддини Румӣ, Сайфи Исфарангӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Саййидалии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Саййидои Насафӣ, Кавкабии Бухороӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Шамсиддини Шоҳин, Туғрали Аҳрорӣ, Устод Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Лоиқ Шералӣ, Убайд Раҷаб, Аминҷон Шукўҳӣ, Ашўр Сафар, Файзулло Ансорӣ, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ ва дигарон аз ҳамин аҳдофи наҷиби худогоҳиву худшиносӣ ва ҳувийяти милливу таърихӣ бархурдоранд.

Таълифи рисолаҳои бунёдие чун «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Ҷаноби Олӣ ва нашри силсилакитобҳои донишмандони бузургамон дар ин ҳошия, дар қатори осори беназири устод Айниву Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторову Нуъмон Неъматов ва дигар муаррихони номӣ омили вусъати ҷаҳонбиниву густариши донишҳои гуманитарии ҳамдиёрону ҳамзабононамон гардидаанду мегарданд.

Аз нигоҳи бардурусти Пешвои раҳнамоямон, «Омўхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки барои шукуфоии фардои ҳар миллату давлат зарур аст. Яъне, миллат бояд аз гузаштаи худ сабақ гирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад».

Пешвои фарҳангсолорамон, пеш аз ҳама, ба ҳолату ҷараёни нигаҳбониву тозадорӣ ва суфтакориву тозакории забони тоҷикӣ, ки забони модарии милёнҳо тоҷику тоҷикзабони рўйи замин, асосу заминаи қавибунёди тамоми навиштаҳои онон аст, ҳамеша диққату ғамхории вижа зоҳир намуда, пайваста, дар баробари Модару Ватану Китобу Истиқлолу Ваҳдат, азизу мукарраму покиза нигаҳ доштану чун гавҳараки чашм эҳтиёташ карданро тақозо мекунанд.

Мувофиқи мушоҳидаи барҳақи эшон, «Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони ҳамзамонамон осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид».

Ҳамчун олими варзидаву фаҳмида ва жарфоназару оянданигар Ҷаноби Олӣ ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва нашру таҳқиқи мероси ниёконамон ҳам диққату пуштибонии доимӣ гуморида, камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдоштаро дилсўзонаву салоҳмандона аёну баён мекунанд ва роҳи ислоҳашонро далелмандона нишон медиҳанд.

«Олимону донишмандони моро зарур аст, – омадааст дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, 26.12.2019), – ки  ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омўзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандўстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рў овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ пайиҳам аз дасти чоп берун омадани мунтахабу куллиёти осори суханварони бузургу маъруфамон, алалхусус, тазкираи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб», ки дар ҷаҳони тоҷику форсизабонон назиру собиқа надорад, «Силсилаи осори исломӣ», беҳин офаридаҳои баргардону тарҷумашудаи олимону адибони ҷаҳону ҳамзабони бурунмарзӣ, фаровон адабиёти бадеъиву таълимӣ (монанди «Китобхонаи мактаб»), ки ҳамчунин ҳидоятгару мададгори нашрашон Ҷаноби Олӣ мебошанд, далели равшану гўёи самарабахшии сиёсати ҷории фарҳангии давлату ҳукумату Пешвои гавҳаршиносу маърифатпарвари мостанд.

Бунёди силсилаи китобхонаву осорхонаҳои муқарнас, театру кинохонаҳои муҷаҳҳаз, мақбараву маҷмааҳои мунаққаш, баргузории озмунвораҳои бардавоме чун «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст...», «Фарҳанги миллат – ҳастии миллат», маъракаи ҷолиби «Корвони китоб» ва монанди инҳо низ авомили муассири миллатсозу фарҳангофарин буданашонро зоҳиру собит медоранд.

Дар ин замина, дар давоми севу ним соли гузашта – аз даврони ба фаъолияти мустақилона пардохтани Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки меросдору давомдиҳандаи кори собиқ Институти овозадори шарқшиносии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ва яке аз доротарин ганҷинаҳои дастнависи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба ҳисоб меравад, ба ифтихори 30-вумин солгарди истиқлоли кишвари азизамон силсилаи осори ниёкон ва рисолаҳои тадқиқотиву маҷмўаи мақолаҳоро ба табъ расонд, ки тазкираи «Шоирони Мовароуннаҳр (аз Устод Рўдакӣ то Устод Айнӣ)», «Китоб-уш-шифо» (Фанни сездаҳум андар баёни илоҳиёт)-и Абўалӣ ибни Сино, «Девони ашъор»-и Ибни Ямини Фарюмадӣ, «Маҷмўаи расоили манзума»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Девон»-и Калими Кошонӣ, «Куллиёт»-и Миробид Саййидои Насафӣ, «Девони ғазалиёт»-и Фахрии Ҳаравӣ, «Ғазалиёт»-и Васлии Самарқандӣ, «Девони ашъор», «Лайливу Маҷнун», «Туҳфаи дўстон» ва «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Шамсиддини Шоҳин, «Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб»-и Раҳматуллоҳи Возеҳ, «Манозир-ул-кавокиб» ва «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш (2 ҷилд), «Куллиёт»-и Абдулҳайи Муҷахарфӣ (2 ҷилд), «Лутфи қалам» (гулчини ашъор)-и Зоҳир Аҳрорӣ, рисолаҳои тадқиқотии Ҷўрабек Назриев – «Саййидо – суханвари нодирагуфтор» ва «Мактабии Шерозӣ – сарояндаи ишқномаи куҳан», «Абдулҳайи Муҷахарфӣ ва мақоми адабии ў» (коллектив), А.М. Хуросонӣ – «Ҷозибаи калом», Франсис Ришар – «Дастнависҳо – сарчашмаи таҳқиқоти таърихӣ ва фарҳангӣ», Қ. Искандаров, Р. Давлатов, Р. Абдуллоев – «Афғонистони имрўз: омилҳои дохилӣ ва хориҷии ҷангу сулҳ», маҷмўаи мақолаҳои Амрияздон Алимардонов – «Махозин-ут-таҳқиқ» (қ.1), «Мероси хаттии Осиёи Марказӣ: натиҷа ва паёмадҳои омўзиш» (коллектив), «Авросиёи мусулмонӣ: сармояи рамзӣ дар раванди таърих» (коллектив), «Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ҷилдҳои VІІ-ІX) ва ғ. аз он шумуланд.

Бар илова, ходимони илмии Маркази мероси хаттӣ дар тарғиби донишҳое, ки барои болобурди савияи маърифату маданияти ҳамдиёронамон мусоидат мекунанд, аз роҳи василаҳои ахбори оммаи кишвар (рўзномаву ҳафтаномаву моҳномаҳо ва радиову телевизиону сомонаҳо), ҳамоишу семинару конфаронсу мулоқоту вохўриҳои гуногун аҳлонаву фаъолона ширкат варзида, сиёсати ҷории созандаи Пешвои давлату миллатамонро, ки ғамхору пуштибони бемонанди мероси гаронбаҳои ниёконамонанд, ҳамаҷониба тарғибу ташвиқу дастгирӣ менамоянд.

Суханони пурмуҳтавои зерини Пешвои фозиламон, ки қариби 20 сол қабл аз ин фармуда буданд, раҳнамои ҳамешагии кору фаъолияти эҷодиву ҷамъиятии мостанд: «Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ, мутобиқи давру замон инкишоф додан ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддаси ватандўстонаи ҳар кадоми мову шумост».Чунин андешаҳои коромўзу роҳафрўз, бешак, имрўзҳову сипас фонуси кору фаъолияту рўзгори натанҳо донишманду эҷодкорон, балки дастандаркорони тамоми соҳаҳо ва куллияи ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бошанд. Аз хотир набояд баровард андешаи зерини суханвари барўмандамон Низом Қосимро, ки чанде пеш дар мавриди пешбарии номзадии Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошта буд: «Имрўз ҳар давлати воқеӣ ба киштии Нуҳ монанд аст, ки бораш марзу буми аҷдодӣ, ҳастии миллат, рўҳу равони халқ, одобу ахлоқ, расму оинҳои дар тўли садсолаҳо андўхтаи мардум аст ва танҳо нохудои Худододи бебок ва обутобдида метавонад ин киштиро аз байни тўфону туғёнҳои баҳри пурхавфу бими воқеият, аз даму нафаси наҳангони бераҳму бемуруввати ин баҳр эмину бешикаст ба соҳили муроди мардум бирасонад.

Имрўз чунин шахсияти баркамоли сиёсии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст; Эмомалӣ Раҳмоне, ки ҷони ҷавонашро сипар карда, ин давлату миллатро аз нобудӣ раҳонд, мардумро сарҷамъ ва ба худсозиву давлатсозӣ ҳидоят намуд, кишвару миллат ва таъриху фарҳангашро ба ҷаҳону ҷаҳониён шиносонд ва маҳз бо заҳмату фидокорӣ, аз шарофати самимияти баланду одамияти бегазанд Пешвои ҳақиқии миллат гардид».

Бешак, аз гуфтаи Пешвои пуштибону муттакои хурду калонамон, «Имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад».

Комилан ҷонибдори гуфтаҳои мазкурему ҳамдиёронамонро дар ин лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсози рўзгорамон дигарбора ба худогоҳиву худшиносӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳамдиливу ҳамгаройӣ мехонем. Нашояд аз хотир баровардан, ки

Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,

Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст!

 

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,

Ин ду қувват эътибори миллат аст!

 

Қавмро андешаҳо бояд яке,

Дар замираш муддао бояд яке!

Асрори Раҳмонфар,

ходими калони илмии

Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АМИТ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved