• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегўям.

 

Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт. Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад.

Имрўз мо бо ифтихор иброз медорем, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат барои мустаҳкам гардидани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи осудагии кишвар, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ, рушду тараққиёти давлат ва ободии Ватани азизамон талош менамояд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид. Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зўран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд.

Ин дастаи хоинони миллат ҳатто баъди имзои созишномаи сулҳ низ, ки 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, дар давоми чандин сол ба кирдорҳои нопоку душманонаи худ – тарконидани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террор идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд.

Аз ин лиҳоз, хиёнати содиркардаи роҳбарони ин ҳизби террористиро мардуми Тоҷикистон ва таърихи халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунанд.

Дар ин раванд, мардуми мо, хусусан, наврасону ҷавонон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки ваҳдати миллии тоҷикон саҳлу осон ба даст наомадааст.

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарўзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тўлонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандўст муяссар гардидааст.

Дар робита ба ин, мехоҳам як нуктаи муҳимро бори дигар хотирнишон намоям. Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон созишнома имзо накардаем.

Ҳукумати мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди неруҳои мухолифин ба имзо расонидааст.

Яъне дар даврае, ки барои мардуми куҳанбунёди тоҷик воқеан тақдирсоз буд, ба хотири пешгирӣ намудани фоҷиаи даҳшатноки аз  харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат зарур буд, ки саъю кўшиши бесобиқа ба харҷ дода, наҷоти давлат ва миллатро ба ҳар қимате, ки бошад, таъмин намоянд.

Мо бо дарки амиқи масъулият дар назди сокинони мамлакат ва ояндаи кишвар тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонидем, ки ба ҷангу хунрезӣ хотима бахшида, оромӣ ва суботи сиёсиро ҳамчун тақозои ҳаётӣ ва умеду орзуи ягонаи хурду бузурги Тоҷикистон дар он айёми хатарзову фоҷиабор барқарор намоем.

Дар қадами аввал, мо фаъолияти сохтору мақомоти амалан фалаҷшудаи давлатиро барқарор кардем ва дар ин раванд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамонро, ки ба кишварҳои дуру наздики олам гуреза шуда буданд, ба Ватан баргардонидем. Баъдан ислоҳоти конститутсиониро роҳандозӣ намуда, парламенти касбиро таъсис додем ва ҳамзамон бо ин, ислоҳоту дигаргуниҳои бунёдии иқтисодиву иҷтимоиро оғоз кардем.

Дар натиҷаи қабул ва амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ мо тавонистем, ки бо кумаку дастгирии самимонаи мардуми шарифи тоҷик ҷомеа ва давлатро аз буҳрони вазнини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ бахшида, масири инкишофи минбаъдаи Тоҷикистонро муайян намоем.

Бинобар ин, имрўз бори дигар бо ифтихор иброз менамоям, ки таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи тоҷик аст ва қаҳрамони сулҳу ваҳдати миллӣ низ танҳо халқи Тоҷикистон мебошад.

Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сўи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.

 Нақшаву барномаҳои қабулкардаи мо доир ба рушди миллӣ, ки имрўзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд.

Қобили зикри хос аст, ки сокинони кишвар, хусусан, ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд. Яъне дар раванди ободонии Ватани маҳбубамон имрўз саҳми ватандўстонаи хурду бузурги мамлакат, соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва ҳамватанони бурунмарзӣ торафт бештар мегардад.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои заҳмати софдилонаву содиқонаашон миннатдории самимӣ баён менамоям. Мехоҳам нақши бисёр арзишманди ҷавонони ватандўсти Тоҷикистонро дар ҳимояи дастовардҳои истиқлол, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва ободонии сарзамини аҷдодӣ махсус таъкид намоям.

Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои аҳолиаш ҷавонтарини дунё ба ҳисоб рафта, синни миёна дар он 24 солро ташкил медиҳад ва саҳми ҷавонон ҳамчун неруи созанда дар пешрафту ободии мамлакат ниҳоят арзишманд мебошад.

Бовар дорам, ки хурду бузурги кишвар минбаъд низ таҳти парчами истиқлолу озодӣ тамоми кўшишу талоши худро ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан ва осоиши ҳар як фарди мамлакат сафарбар месозанд.

Бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори Рўзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар як сокини кишвар, пеш аз ҳама, саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved